logo

фарҳанг

БАҲРИ ҚУДРАТ

Тибқи маълумоти марҳум Мавлоно Холмуҳаммади Хаста дар китобаш «Мунтахабу - з - замон», ки ӯ низ аз сарчашмаҳои муътамад ҷамъ оварда ва  нигориш дода, Мирзо Абдулқодири Бедил «пас аз он ки тарки мадраса гуфт, дар ҳалқаи фуқаро ва маҷозиби соҳибдил шомил ва ҳама тан дил гардид. Аввалин шахсе, ки  назари таваҷҷуҳ бар   ҳазрати Бедил гумошт, Шайх Камол,  бародари тариқати Мирзо Қаландар ва муршиди волидаи Бедил, буд».  Дар ин хусус худи Бедил низ  фармудааст. 
 
Дар суҳбати арбоби фазл ҳама гӯш мешуду хамӯш мемонд ва аз он маънӣ мебардошту дарси ибрат мегирифт. Аз ин хусус мефармуданд: «Кош мисли ту сомее ба ҳарфи мо таваҷҷуҳ намояд,  то аз қайди хомӯшӣ  бароем». Ин тавсифи зебову мувофиқ дар бораи Бедиле аст, ки то ба 18 – солагӣ нарасида буд. 
Хок будем, аз баҳори ҷилвае соғар задем,
Дигарон гулчин шуданду мо чаман бар сар задем.
Бедил дар охирҳои соли даҳуми умраш, яъне даҳсолагияш, ки дар мактаб буд, «яке аз рафиқони мактабаш қаранфул зери забон мегузошт ва ҳангоми такаллум аз даҳонаш бӯи хуш ба машоми сомеъ мерасид. Рӯзе ин рубоӣ аз пардаи андешаи ӯ гул кард:
Ёрам ҳар гоҳ дар сухан меояд,
Бӯи аҷибаш аз даҳан меояд.
Ин бӯи қаранфул аст ё нагҳати гул?
Ё роиҳаи мушки Хутан меояд?
Менависанд, ки  дар он  ҳангом бар зидди мункирони табъаш  «ба сози сухан ва изҳор кӯшид». Навиштаҳояшро аз хурдагирон мепӯшид. Аҷаб ин аст, ки аз он  замон садсолаҳо  гузашта ва  ӯ шуҳрати   ҷаҳонӣ касб намуда, аммо аз хурдагирони суханаш ҳеҷ раҳо наёфт, ки наёфт, ҳатто дар замони мо. Ҳамчунон, ба тақлиди  дигарон, ки на ҳама ба Бедил ва каломаш назари нек  доштанд, муғлақбаёнаш медонанду мехонанд. Агарчи  ҳам  Абулмаонӣ дигар на ба тавсиф ниёз дораду на аз хурдагирон метарсаду меандешад, аммо ин гурӯҳ бо донистани ҳақиқати  мазкур дар ин маврид лаб аз сухан гуфтан намебанданд. Баёни «муғлақбаёнӣ» -ро беҳтарин силоҳ  донистаанд ва бар муқобили дигарон низ истифода мекунанд, то ному шуҳрати худро  баландовоза бикунанд. Инчунин,  эълом бидоранд, ки онҳо ба камол расидаанду тамйиз карда метавонанд ва  сараро аз носара мешиносанд. Ва ҳам бисёре аз алоқамандони Бедил ва ашъораш то ба имрӯз дар пайравии ӯ шеър мегӯянд. Ба яқин, ҳеҷ кас, ҳатто бар  пасттарин пояаш  нарасидаанд. Агарчи медонанд, ки  барои мисли Бедил ва дар пояи ӯ шеър гуфтан бояд дар дониш, фаҳмишу дарк ба Абулмаонӣ баробар бошӣ. Аз тариқат огаҳ ва дар ин роҳ бошӣ. Инчунин, мисли Бедил биёиву бо  итминони комил изҳор бидорӣ:
Олам агар диҳанд, наҷунбам зи ҷои хеш,
Ман бастаам ҳинои қаноат  ба пои хеш.  
Алоқамандону дӯстдорони ин шоир бо эътимод изҳор доштаанд, ки  «аввалин каломе, ки ба забони илҳоми тарҷумони Бедил гузашта,  рубоӣ буда».  Аз ин хулоса баровардаанд, ки «пас,  рубоиёти Бедил нисбат ба дигар аснофи ашъораш бояд қавитар ва пурмаорифтар бошад». Дар ин бора худи Бедил  ҳам  фармуда ва ҳақиқатро равшан  намудааст:
Дар сайри рубоиёти Бедил  муфт аст
Дарду ибрат, сулуку  таҳқиқу  маош.
Шоҳ Гулшан, яке аз  орифони Миср, ки соҳиби яксаду бист ҳазор байт ва муосиру шогирди Бедил  мебошад ва ин тахаллусро аз пири худ дарёфта, изҳор доштааст: «Рубоӣ ҳаққи Бедил аст». Ин суханро,  албатта, дар давроне гуфтааст, ки то ба Бедил дигар шуаро дар гуфтани рубоӣ  дасти боло доштанд ва шуҳрати зиёд касб карда буданд. Бешак, ҳар кадом бар ҷойи худанд ва сухан аз ҳақ берун нагуфтаанд. Воқеан, агар  ба дунёи зебову рангини Бедил  ҳар кӣ мехоҳад ворид бишавад ва огоҳӣ аз  «дарду ибрат, сулуку таҳқиқу маош» намояд, бояд «дар сайри рубоиёти Бедил» бо муҳаббат ва  иродати том машғул бишавад. Беҳтар аз худи шоир, Абулмаонӣ кӣ метавонад маслиҳат бидиҳад ва роҳро бинамояд? Ҳеҷ кас.
Тахаллуси Бедил пештар  Рамзӣ буд ва муддати зиёд аз ин тахаллус истифода мекард. «Рӯзе сайри дебочаи китоби «Гулистон» (асари Шайх Саъдии Шерозӣ - А. Р.) менамуд. Чун ба ин мисраъ расид: «Бедил зи бенишон чӣ гӯяд боз?» эҳтизор ва риққаташ рӯ дод ва аз рӯҳи пурфутӯҳи қиблаи Шероз истимдод ҷуста, «Бедил» - ро тахаллуси муборак  қарор дод. Ва маънии ин тахаллус, ки ба фаҳми аксар  дарнамеояд, он аст, ки  чун дилро хотир гуфтаанд, чи ин ҳама хатарот ва авориз аз он ҷо  ҳодис  мешавад. Пас, «бедил» сифате бошад, ки ҳаракат  ба сӯи хатара аз натоиҷи ӯст. Яъне, мавсум сифоти қалб надорад, бедил аст  ва бедил хитоби мустатоби (пок, покизаи – А. Р.) ошиқон ҳам омада». Бедил ба ашъор ва шахсияти Саъдии Шерозӣ  арҷ мегузошт, аз ин рӯ, гуфтааст:
Аз гулу сунбул ба назму насри Саъдӣ қонеам,
Ин маонӣ дар «Гулистон» бештар дорад  баҳор.
Вақте ба камоли уруҷи суханварӣ расид, ин даъво аз ӯ бархост ва ин аз рӯи  ғурур набуд, балки ҳақиқате буд, ки худ нахуст баён дошт:
Баҳри қудратам, Бедил, мавҷхези маъниҳо, 
Мисрае агар хоҳам сар кунам, ғазал дорам. 
Чунин  байтҳои ифтихорӣ дар ашъораш зиёд дида мешавад. Ӯ худ мефармуд: «Ҳазрати  Ҳақ ҷалла  ва ъало қудрати пургӯӣ ва сухантирозӣ он қадар каромат фармуда, ки, агар қалам  бардошта мутаваҷҷеҳи фикри тоза мешавам, ниҳояти рӯзе понсад байт бирасад, лекин муҳтоҷ  ба назари сонӣ хоҳад буд».
Нуздаҳ баҳри арӯз барояш тангӣ кард ва баҳри бистумро эҷод намуд.
Албатта, дар ҳар асру замон гурӯҳе аз муддаиён ва ноқисҳунарон арзи вуҷуд мекунанд, ки дар  ғоиби онҳо мақоми худро болотар муаррифӣ менамоянд, то ба ин васила қадру манзалати аҳли камолро коста бошанд. Дар асл бехабар аз  онанд, ки «баръакс,  ночизӣ ва фурӯмоягии худҳоро дар саҳифаи айём  сабт менамоянд. Ҳатто дар бораи Соиб, ки  асрҳо шеърашро мехонанду  ба ҳунари шоириаш қоил мешаванд ва аз шуҳрати зиёд дар ин муддат бархӯрдор будааст, мегуфтанд: «Агар ханҷар ба синаи ман зананд, беҳтар аст аз он, ки мисраи Соиб пеши ман хонанд». Он замон дар ҳаққи Бедил ин ҳасудону ғаразгӯён  мегуфтанд: «Бедил ғалатгӯи муқаррар аст». Аммо, Шоҳ Гулшан, ки пештар васфаш рафт, изҳор медошт: «Мирзо Бедил  пояе дорад, ки ин «ғалатҳояшро» баъд аз  дусад сол  аҳли луғат ва фарҳанг ба тариқи санад хоҳанд овард. Мо фарз кардем, ки таркибсозӣ  ва лафзтарошӣ, ки номашро «ғалат «гузоштаанд, дар тамоми ашъораш  понсад  ё ҳазор байт хоҳад буд. Ҷавоби бақияи ашъорашро, ки ҳам ба заъми (гумон, тасаввур – А. Р.) муддаиён саҳеҳ ва дуруст бошад, кӣ метавонад дод? Охир, тамоми сад ҳазор байт ғалат нест. Одамӣ  бояд дар ҳар вақт мунсифи   аҳволи худ бошад, то ба он дараҷа бирасад, по ба андозаи гилеми худ дароз накунад ва илло матъуни (сарзанишшуда, мавриди таънаву маломат қароргирифта – А. Р.) арбоби хирад гардад». Шайх Саъдии Шерозӣ ҳам мавриди эродгирии ин гуна муддаиёну ноқисҳунарон будааст, ки  гуфтааст:
Надорад ба сад  нуктаи нағз  гӯш,
Чу заъфе бубинад, барорад хурӯш. 
Ҷои тааҷҷуб  аст, бо он ки ба сухан он эътибори  пешин намонда ва ҳам он камоли балоғат ба мушоҳида  намерасад, аммо муддаиёну  ноқисҳунарон ҳамчунон арзи вуҷуд  мекунанд. Шумораашон дар ин асри фатҳи кайҳон кам нагардида,  балки афзуда  ва ба дидани айби худ кӯр шудаанду ба он маъруф гардидаанд.
Бар ҳимояти ӯ ва мақоми баландаш дар шеъру сухан дӯстдоронаш гуфтаанд: «То форсӣ дар ҷаҳон аст, Бедил зинда аст». Ин суханон  аз Мавлоно Холмуҳаммади Хаста аст:  «Хаста замоне, ки дар Лоҳур будам, рӯзе аз тарафи аср  хидмати Аллома Иқболи марҳум рафтам. Ҷавоне чанд аз мутааллимини олӣ мустафиди суҳбаташ буданд. Музокира аз акобири шуаро ва тарзи афкорашон буд, то Аллома ҳарфи Бедил (раҳ. ) – ро ба миён овард ва бисёр сутуд. Чун шуҳрати  Ғолиб  дар Ҳинд баланд аст, мутааллимин ба ҳайрат афтоданд ва гуфтанд: «Бедил аз Ғолиб ҳам баландтар аст?». Аллома фармуд: «Ғолиб аз муътақидон ва шогирдони мактаби Бедили марҳум аст». Саволкунандагон гуфтанд: «Мардуми Ҳинд қадрдони ҳамчу ашхос мебошанд. Муҷиб чист, ки ин шахс дар пардаи хафо (пӯшидагӣ, пинҳон, махфӣ будан – А. Р.) монда?». Аллома фармуд: «Ба маъние, ки лозим аст, умуман,  мардуми  Ҳинд ӯро нашинохтаанд ва мумкин аст баъд аз панҷоҳ сол  ӯро то як дараҷа бишиносанд».
Бедил худ чи зебо гуфта ва   мурод аз касбу ҳунари  шоирияшро  хушу содаву фаҳмо баён доштааст:
З – ин даст каломе, ки зи мо мешунавӣ,
Ғайр аз  исори хидмати ёрон  нест.
Навиштаанд: «Замоне, ки умри Бедил ба эътибори соли қамарии ҳиҷрӣ болиғ  ба ҳаштод  шуда буд, дар соли 1133 ҳ.қ, савуми сафар (номи моҳ – А. Р.),  вақти  шом барояш таб беш шуд. Алассабоҳи чаҳоруми сафар аз дунё гузашт ва дар саҳни  ҳавлии хеш, ки турбати худро пешгӯӣ карда буд, дафн шуд». Аз  рубоии Бедил аст:
Бар хок бимиру ҳамчунон рав  бар бод,
Маргат сабук аст, бори дӯше нашавӣ. 
Роқимулҳуруф, яъне Мавлоно Холмуҳаммади Хаста,  менависад: «Дар замони иқомати худ дар Деҳлӣ  муддате таҷассус  менамудам, ки турбати Бедилро пайдо кунам. Ҳеҷ кас дар он шаҳр – аз хурду бузург маҳали мадфани ин шахсиятро ба сиҳат вонамуд карда наметавонист...». Оқибат пайдо мекунад. Дар ин хусус менависад: «Рафтам, мазорро дидам, сафҳае муртафеъ аз санги хоро буд. Санг бо мурури айём  зард шуда...». Ин байт аз ӯст:
Чӣ миқдор хун дар  адам хӯрда бошам, 
Ки бар хокам оиву ман мурда бошам. 
 
Таҳияи Абдулқодири  РАҲИМ,
«Ҷумҳурият»
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 1521
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед