logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН – ӮЗБЕКИСТОН: ДАР МАСИРИ ДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГӢ

Амсилаи Регистони Самарқанд, лаъли бо нақшу нигори шарқӣ ороишёфта ва кандакориҳо дар чӯб, ки аз ҷониби Роҳбарони олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфа гардидаанд, имрӯзҳо диққати бештари тамошогарони намоиши «Тоҷикистон – Ӯзбекистон: дар масири дӯстӣ ва созандагӣ» - ро ҷалб менамоянд. 
Намоиши мазкур бахшида ба сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шакват Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 июни соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони вазорату идораҳо ва сафорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон баргузор гардид. 
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки раванди дӯстиву бародарии мо дар давраи ба истиқлолу озодӣ расидани Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав баромад. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон кишварҳое мебошанд, ки на танҳо аз рӯи мавқеи ҷуғрофӣ, балки таърихан низ ҳамқисматанд. Миёни тоҷикону ӯзбекон умумиятҳои зиёде вуҷуд дорад. Тақдири умумии таърихӣ, дину оинҳои ягона, арзишҳои фарҳангии муштарак, урфу одатҳо, пухтупаз, сарулибос,  анъанаҳо, ҳатто дар мусиқӣ низ ягонаанд.  
Дар таҳкими раванди дӯстӣ миёни ин ду ҳамсоякишвар ва миллатҳои ба ҳам бародар саҳми роҳбарони ду кишвар - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев хеле бузург аст. Бинобар ин, дар оғози намоиш  тавассути аксҳо дастовардҳои  солҳои охир бадастомада дар ин самт муаррифӣ гардиданд. 
Меҳмонон як қатор экспонатҳои нодир, аз қабилӣ мусаввараву нимпайкара, китобу аксҳо, гулдону арғумонҳо, қолинҳои дастбоф бо акси Абдураҳмонӣ Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки аз дастовардҳои ин ду халқи таърихӣ дар масири дӯстӣ ва созандагӣ қисса мекунанд, дидан намуданд. 
Ҳамзамон, мавзеъҳои таърихии Тоҷикистону Ӯзбекистон тавассути мусаввара ва китобу маҷаллаҳо тарғиб гардида, дар маркази намоиш пайкараи дӯстон – намояндагони адабиёти ин ду миллат, устоду шогирд Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ гузошта шудааст.  Робитаҳое, ки ин ду халқи ба ҳам дӯсту бародарро боз ҳам қаринтар месозанд, дар ҳоли густариш ҳастанд. Таъсиси марказҳои фарҳанги миллӣ дар Душанбе ва Тошканду муассисаҳои таълимӣ, нашри рӯзномаҳо бо ду забон, ташрифи намояндагони кишварҳо, ташкили сафарҳои эҷодӣ, рӯзҳои фарҳангӣ, намоиш ва конфронсҳо аз ин қабиланд. Тамошогарон  метавонанд то 20 июн аз намоиш баҳраманд шаванд. 
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 666
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед