logo

иҷтимоиёт

МО ВАТАНДОРЕМ!

“Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале бойгарии асосии он фарзандони бонангу бономус ва бофарҳарнгаш мебошанд”- гуфтаанд,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳар соҳибватане, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватанаш бетараф  нест, ҳар тоҷике, ки миллати хешро дӯст медорад ва ҳар падару модаре, ки ояндаи фарзандони худро дар Тоҷикистони озод,  обод ва осоиштаю рушдкарда  дидан мехоҳад, посдори ин амалҳои созанда, сабақомӯз ва ибратбахш  аст. Маҳз ба ҳамин хотир, навиштану сабти ин ҳама дар хотираи  таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсии миллат зарурат пайдо менамояд.  
Миллате ки таърих ва гузаштагони худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки  ба қадри бузургон ва қаҳрамонони худ мерасад.
Оре, ояндаи орому осоиштаи ватанамон, сарзамини ободу зебо аз  ҷавонони соҳибмаърифату донишманд, боодоб, ташаккулёфта, ватандӯст, поквиҷдону бошаъну шараф вобаста аст. Мо - ҷавонони  Тоҷикистон  узви ҷомеа буда, бо ғаму дарди ин давлат шарикем.
Пеш аз ҳама, мо шукронаи ваҳдату истиқлолияти кишварамонро мекунем, зеро мо дар фазои ободи Ватан озодона зиндагӣ дорем.
Дар ҳамин ҳол, вақтҳои охир мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва камбудиҳои ҷавонон  ақидаҳои ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ мафкураи  ҷавонони моро табоҳ  менамоянд, ки баррасӣ намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест. Поён рафтани  меъёрҳои ахлоқии ҷавонон яке аз мушкилоти асосии ҷомеаи муосир ба шумор меравад. Вақте ки муомилаи ҷавонон  пур аз алфози қабеҳ ва суханони дурӯғ мебошад, амалашон нигароникунанда мегардад. Хатари дигаре, ки ба ҷомеа, алалхусус, ба  ҷавонон таҳдид месозад, ин густариши фаъолияти ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ мебошад. Хатари таҳдиди онҳо бо ғояи таъсиси хилофати ягона  аз байн бурдани режимҳои давлатии мавҷуда, бо даъват ба ҷиҳод ва  амалҳои зӯроварӣ алоқаманд мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ҷараёнҳои  мазкур аз тамоми василаҳо истифода менамоянд.
Ба ақидаи бештари коршиносон, ҷавононе, ки ба ин роҳ равона  мегарданд, ақида ва дониши кофии диниву дунявӣ  надоранд. Бояд гуфт, ки илму дониш чун чароғи тобонест, ки дар зулмати ҷаҳолат (нодонӣ) дурахшида,  роҳнамо  ва мададгори инсон  дар  зиндагӣ  мегардад.
Инсон дар  ҳама давру  замон эҳтиёҷ ба тарбия  дорад. Бояд ҷаҳони  маънавии  насли  наврасро бо  ҳадафҳои  нек  пурра ва  мунаввар сохта, онҳоро  барои хизмати сазовор  ба  ҷомеа  тарбия намуд.
 
Хусрав ШЕРХОНЗОДА,
котиби маҷлиси суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе    


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2021    №: 116    Мутолиа карданд: 640
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед