logo

сиёсат

САФАРИ РАСМИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ТОҶИКИСТОН

10 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар майдони Қасри миллат, ки ба хотири пазироии меҳмони олиқадр идона оро ёфта буд, баргузор гардид.
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштани сарварони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарварони ду давлат анҷом ёфт.
 
МУЛОҚОТУ МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН
Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду густариши муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев оғоз ёфта, дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ду кишвар идома ёфт.
Зимни музокироти сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон  дар мулоқоти хоса дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил, тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои байнидавлатии ду кишвар баррасӣ шуда, оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи  ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт. Ҳамчунин, самтҳои минбаъдаи корҳои дарпешистода ҷиҳати таъмиқ ва васеъ намудани муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Ӯзбекистон муайян карда шуданд.
 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки сафари расмии Сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон барои рушди тамоми соҳаҳои муносибатҳои ҳамкории ду кишвар такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.  
Дар оғози музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамтои худ ва тамоми мардуми ӯзбеки бародарро бо ҷашни дар пешистодаи сисолагии соҳибистиқлолии давлатии Ӯзбекистон самимона шодбош гуфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди устувори рушди ҳамкории ду кишвари бародарро дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, дар бахши амниятӣ махсус таъкид карда, бори дигар ба Президент ва Ҳукумати Ӯзбекистон барои ёрӣ дар шакли доруворӣ ва таҷҳизот, инчунин, беморхонаи сайёр дар давраи душвори пандемияи нави коронавирус, изҳори миннатдорӣ намуданд.
Дар вохӯрӣ ба робитаҳои муваффақонаи ҷонибҳо дар заминаи сохторҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони ҳамкории Шанхай, Фонди байналмилалии наҷоти Арал ва дигар сохторҳои бисёрҷонибаи ҳамкорӣ ишора карда шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ, ки дар арафаи сафари расмии Президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вилояти Хатлон баргузор гардид, баҳои баланд доданд.
Пешвои миллат зикр карданд, ки натиҷаҳои ин форум ва дар маҷмӯъ, гуфтушунидҳо дар сатҳи олӣ аз мавҷудияти имконоти бузург барои тавсеаи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, шаҳодат медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳаҷми умумии маблағҳои созишномаҳо, лоиҳаҳо ва шартномаҳои тиҷоратии байниҳукуматӣ, ки ба имзо расидаанд ва дар чорчӯбаи сафар имзо мешаванд, ба зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ мерасад.
Зимни муҳокимаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нав, ки ба баланд бардоштани нишондиҳандаҳои тиҷорат ва тавсеаи ҷанбаҳои дигари ҳамкориҳои ду кишвар нигаронда шудаанд, табодули афкор сурат гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо дар бораи лоиҳаи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тахминии 320 мегаватт ва таъсиси як ширкати муштараки сармоягузорӣ, андеша ронданд.
Ба ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Сарварони ду давлат ба фаъолияти корхонаи муштараки “Артел Авеста Электроникс” (Artel Avesta Electronics), ки соли гузашта ифтитоҳ ёфт, баҳои баланд доданд. Дар зимн, ҷонибҳо масъалаҳоро дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак, аз ҷумла дар заминаи корхонаҳои соҳавии саноати сабук, хӯрокворӣ, маъдан ва металлургияи рангаи Тоҷикистон, инчунин, дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ баррасӣ карданд.
Зимни вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ шуданд. Ҷонибҳо ҷиҳати дастгирии тарафайн дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои соҳаи кишоварзии ду кишвар барои истеҳсоли маҳсулоти асосии хӯрокворӣ ба мувофиқа расиданд.
Дар ҷараёни музокирот дар ҳайати васеъ сарварони давлатҳо ҳисоботи роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори ҷонибҳо дар бораи ҳолат ва дурнамои корҳо дар соҳаи тиҷоративу иқтисодиро шуниданд.
Дар рафти мулоқот ба доираи васеи ҳамкориҳои ҷонибҳо дар соҳаи фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоиву фарҳангии тоҷикони аҳолии Ӯзбекистон изҳори миннатдории махсус карданд.
Дар доираи ҳамкориҳои судманд дар соҳаи фарҳанг ба хотири таҳкими дӯстии асил ва самимии мардумони ду кишвар, ки таърихи қадима доранд, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оид ба ҳаёту фаъолияти ибратбахши нобиғаҳои адабиёту фарҳанг Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ як филми пурмазмуни таърихӣ таҳия намоянд.
Ҳангоми баррасии мавзӯъҳои минтақавӣ ба масъалаҳои мубориза бо терроризми байналмилалӣ, экстремизм, радикализми динӣ ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ диққати зарурӣ дода шуд. Ҷонибҳо дар бораи вазъи низомиву сиёсии Афғонистони барои ду кишвари ҳамсоя, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи неруҳои эътилофи байналмилалӣ аз қаламрави он мубодилаи афкор карданд. Зарурати ҳамоҳангсозии минбаъдаи кӯшишҳои ҷонибҳо барои барқарор кардани сулҳу субот дар Афғонистон таъкид шуд.
Зимни муҳокимаи масъалаҳои минтақавӣ Пешвои миллат ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, ки ба вазъи захираҳои оби минтақа таъсир мерасонад, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ин росто, ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи эълони Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва муайян кардани санаи солонаи Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо, инчунин, таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ишора гардид. Ба ҳамкории фаъоли минбаъдаи ду кишвар дар пешбурди ин ташаббусҳо изҳори умед шуд.
Дар охири мулоқот Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дӯстони ӯзбекистонӣ барои дастгирии ҳамаҷонибаи раисии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай миннатдорӣ изҳор карданд.
 
ИФТИТОҲИ МАҶОЗИИ ИНШООТИ ДӮСТӢ
10 июн дар толори сафеди Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар вазъияти тантанавӣ бо пахши тугмаи рамзӣ ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоӣ - бинои мактаби таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо 200 катро дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар доираи муносибатҳои ҳасанаи давлатҳо ва бо ташаббусҳои созандаву иқдомҳои саховатмандонаи сарварони давлатҳо аз тарафи ҳукуматҳои ду кишвар бунёд шудаанд, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мактаби муосири таҳсилоти умумӣ барои 1400 хонанда дар ду баст дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир, варзишгоҳ, толорҳои варзиш, синфхонаҳои фаннӣ, ошхонаи барҳаво ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад. Ин даргоҳи илму маърифат туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фарзандони сокинони шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон мебошад, ки бо нишони эҳтироми баланду самимӣ нисбат ба мардуми кишвари дӯсту ҳамсоя, бунёд шудааст.
Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар он барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир фароҳам оварда шудааст.
Маҷмааи тандурустӣ 19 шуъба дошта, бо таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ пурра муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки барои ташхиси дақиқу муолиҷаи саривақтии беморон муҳим мебошад.
Бо таъмини чунин шароити муосир акнун сокинон дар маҳали зисти худ бо харҷи камтарин маблағ ва сарфаи вақт табобат мегиранд. Ин дастрасӣ ба хизматрасонии муосири тиббӣ, пешгирӣ ва аз байн бурдани бемориҳои гуногун, аз ҷумла касалиҳои сироятӣ, фавти модару кӯдак, дар шароити муосир ва бо риояи қоидаҳои гигиению санитарӣ расондани ёрии аввалияи тиббӣ мебошад.
 
МАРОСИМИ ИМЗОИ САНАДҲОИ НАВИ ҲАМКОРӢ 
10 июн, пас аз анҷоми музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳузур ва бо иштироки сарварони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон имзо гузоштанд.
Сипас, дар ҳузури сарварони давлатҳо санадҳои зерин ба имзо расиданд:
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Complex Mining Solution”- и Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба таъсиси “Ширкати сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон”;
- Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва  Ҳукумати  Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони биноҳои намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 августи соли 2018;
- Протокол дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон аз 9 марти соли 2018;
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022;       
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир ба  таъсис  додани  ҷамъияти саҳомии муштарак, омодасозии арзёбии техникӣ - иқтисодии сохтмон ва истифодабарии ду неругоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамлу нақли транзитии борҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Ӯзбекистон;
- Харитаи Роҳ барои рушди ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2021-2022.
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ, 36 ҳуҷҷат ба имзо расид.
Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарварони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохӯриро неку назаррас арзёбӣ карданд.
 
БОЗДИДИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН АЗ ТАБИАТИ НОТАКРОРИ ТОҶИКИСТОН
10 июн дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари Ҷумҳурии дӯсту ҳамсояи Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ташриф оварданд.
Дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карданд.
Дар ҳақиқат боду ҳавои фораму обҳои тозаи ин мавзеъ ба рӯҳи инсон ҳаловат мебахшанд. Ин макон бо фазои мусоид ва табиати сабзаш макони мулоқот, сайругашт ва тамошои меҳмонони сатҳи олӣ, аз ҷумла сарварони давлатҳои хориҷӣ, гардидааст.
Ҳадаф аз баргузор кардани сайругашти шомгоҳӣ - муаррифии мавзеъҳои зебову нотакрори кишвари биҳиштосоямон мебошад.
Мавриди зикри хос аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо анъанаҳои олии меҳмоннавозии тоҷикона маҳбубияти хосса дошта, ҳар як меҳмони Тоҷикистонро самимона пазироӣ менамоянд.
Меҳмоннавозии анъанавии тоҷикон аз қадим хусусиятҳои хоси дӯстонаю самимияти баланд дошта, кишвари мо дар олам, ҳамчунин, бо таомҳои хушлаззати миллӣ маъруф аст ва Тоҷикистон бо сарватҳои табиӣ, бахусус обҳои мусаффо ва меваю сабзавоти шаҳдбораш, кишварест нотакрор.
 
ОРДЕНИ “ЗАРРИНТОҶ” ДАРАҶАИ I БА ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
Шоми 10 июн дар маҷмааи давлатии “Кохи Борбад” дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар муҳтарам Шавкат Мирзиёев: “Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар вазъияти тантанавӣ бо мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонда шуд.
 
ИШТИРОКИ САРВАРОНИ ДАВЛАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР БАРНОМАИ ФАРҲАНГИИ “ШОМИ ДӮСТӢ” 
10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд.
Чорабинии мазкур бо суханронии сарварони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев оғоз гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом - Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои дӯстии мардумони мо аз қаъри таърих реша мегирад ва он бояд бо талошу ташаббусҳои муштараки халқҳо то абад поянда бимонад.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипосу қадрдонӣ карданд.
Дар баромади худ сарварони давлатҳо оид ба идомаи анъанаи неки муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ, ҳамсоягӣ, хешу таборӣ ва рушду густариши ҳамкории гуногунҷанба ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар андеша ронда, баргузории консерти устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистонро таҳти унвони “Шоми дӯстӣ” намунаи беҳтарини ҳамкории фарҳангӣ маънидод намуданд.
Макони баргузории чорабинии фарҳангӣ - толори Кохи Борбад бо иштироки сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз самимияту дидори мардумони бо ҳам дӯсти ду кишвари ҳамсоя фазои тозаи идона дошт.
Баъди суханронии сарварони давлатҳо чорабинии фарҳангии “Шоми дӯстӣ” бо барномаи рангину пурмуҳтавои аҳли фарҳангу санъати ду кишвар, ки тараннумкунандаи дӯстии мардумони Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад, идома ёфт.
 
МАҲФИЛИ ДӮСТӢ ДАР БӮСТОНСАРОЙИ ШАҲРӢ
Шоми 10 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, дар бӯстонсаройи шаҳрӣ зиёфати ғайрирасмӣ орост, ки бо фазои гарму самимиаш ба як маҳфили дӯстӣ табдил ёфт.
Меҳмонони олимақом аз меҳмоннавозии гарми тоҷикӣ, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, басо шоду мамнун шуданд.
Дар бӯстонсаройи шаҳрӣ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, ҳамчунин ба дарахтони мевадиҳанда ва сояафкану ороишии боғчаи атрофи қароргоҳ, ки аксараш аз ҷониби худи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон шинонда шудаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2021    №: 117    Мутолиа карданд: 755
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед