logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТӢ оид ба натиҷаҳои музокироти Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, шаҳри Душанбе, 10 июни соли 2021

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Пеш аз ҳама, ман мехостам меҳмони азизамон, дӯстам, муҳтарам Шавкат Миромонович Мирзиёев, инчунин, ҳайати ҳамроҳикунандаи ӯро бори дигар дар Тоҷикистон хайрамақдам бигӯям.
Сафари расмии кунунии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар соли барои кишварҳои мо муҳим - сисолагии Истиқлоли давлатӣ сурат мегирад.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам Шуморо муҳтарам Шавкат Миромонович ва дар шахси Шумо тамоми халқи мамлакати Шуморо бо ин санаи ҷашнӣ дар таърихи муосири Ӯзбекистони бародарӣ табрик намоям.
Натиҷаҳои музокироти имрӯзаро мо ҳамчун зуҳури аёнии саъйи ҷонибҳо барои таҳкими муносиботи чандинасраи дӯстӣ ва ҳамсоягии нек байни ду халқи бародар арзёбӣ мекунем.
Мо масъалаҳои калидии ҳамкориҳои дуҷонибаро дар шакли шарикии стратегӣ ба таври муфассал муҳокима кардем, оид ба мушкилоти мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намудем.
Мо рушди рӯзафзуни муносибатҳоро дар соҳаи сиёсӣ таъкид кардем.
Имрӯз бастаи арзишманди ҳуҷҷатҳо ба имзо расид, ки ба таҳкими заминаи шартномавӣ - ҳуқуқии ҳамкорӣ равона шудаанд.
Дар ҷараёни музокирот ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ ва  иқтисодӣ диққати махсус дода шуд.
Бояд зикр кард, ки дар шаш соли охир ҳаҷми мубодилаи мол байни кишварҳои мо, дар маҷмӯъ, сӣ маротиба афзоиш ёфтааст!
Дирӯз дар вилояти Хатлон Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ муваффақона баргузор шуд. Натиҷаҳои ин форум ва дар маҷмӯъ, музокирот дар сатҳи олӣ нишон медиҳанд, ки барои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ - иқтисодӣ ва сармоягузорӣ имкониятҳои калон мавҷуданд.
Маблағи умумии созишномаҳои байниҳукуматӣ, лоиҳаҳо ва қарордодҳои тиҷоратӣ, ки ҳангоми сафари кунунии Шавкат Миромоновичи муҳтарам ба Тоҷикистон ба имзо расидаанд, ба беш аз як миллиард доллар мерасад.
Дар чаҳорчӯбаи робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ оид ба имкониятҳои татбиқи як қатор лоиҳаҳои нави муҳим мубодилаи ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.
Бовар дорам, ки татбиқи онҳо дар ояндаи наздик имкон медиҳад, ки на танҳо нишондиҳандаҳои муомилоти мол афзоиш ёбад, балки муҳимтар аз ҳама — ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва инфрасохторҳо дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон беҳтар карда шаванд.
Сухан дар бораи сохтмони муштараки ду неругоҳи барқи обӣ дар дарёи Зарафшон бо иқтидори тақрибии 320 мегаватт меравад, ки мо бо Шавкат Миромонович дар ин бора ду сол пеш дар Тошканд маслиҳат карда будем.
Имрӯз Созишнома ба имзо расид, ки иқдомоти муштараки минбаъдаи моро ҷиҳати татбиқи лоиҳаи мазкур танзим мекунад.
Дар ҷараёни музокирот ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат таваҷҷуҳи  махсус дода шуд.
Мо ба фаъолияти корхонаи муштараки «Артел Авеста Электроникс», ки соли гузашта ифтитоҳ шуда буд, баҳои баланд додем.
Мо ба дӯстони ӯзбеки худ пешниҳод кардем, ки дар ташкили корхонаҳои муштарак дар заминаи корхонаҳои фаъоли саноатии соҳавии Тоҷикистон дар соҳаҳои саноати сабук, хӯрокворӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва металлургияи ранга, инчунин, дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ширкат варзанд.
Мо ҳамкориро дар соҳаи таъмини амнияти озуқаворӣ баррасӣ кардем.
Мувофиқа кардем, ки якдигарро дар истифодаи фаъолонаи афзалиятҳои муқоисавии бахши кишоварзии кишварҳоямон барои истеҳсоли маҳсулоти заминавии озуқаворӣ дастгирӣ кунем.
Имрӯз, мо бо дӯстам, дар шакли онлайн маркази тиббии дорои аҳамияти минтақавиро бо 200 кат, ки онро бародарони ӯзбеки мо дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сохтаанд, инчунин, мактаби таҳсилоти умумиро бо 640 ҷои нишасти талабагон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон бунёд шудааст, ба кор андохтем.
Тавре Шумо медонед, соли гузашта дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мактаби нав барои 630 ҷойи нишаст ба истифода дода шуд, ки онро дӯстони ӯзбекамон сохта буданд. Ба қарибӣ мо дар шаҳри Риштони вилояти Фарғона сохтмони як муассисаи томактабиро барои 200 нафар ба анҷом мерасонем. Ин муассисаҳои иҷтимоӣ рамзи дӯстии мо ва дастгирии мутақобила мебошанд.
Мо таҳдидҳои вобаста ба пандемияи коронавирусро  баррасӣ кардем. Дар робита ба ин, ман ба Шавкат Миромонович барои дастгириашон дар шакли кумаки муҳими башардӯстона дар шароити душвори пандемия самимона изҳори сипос менамоям. Халқи тоҷик ба ин иқдом бо дидаи қадршиносӣ менигарад.
Равобити фарҳангӣ ва гуманитарии мо бемайлон рушд мекунад.
Намояндагони доираҳои илмӣ ва академии ду кишвар дар чорабиниҳои ташкилнамудаи ҷонибҳо фаъолона ширкат меварзанд.
Пеш аз сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон як қатор чорабиниҳо, аз қабили мулоқоти вакилони парлумонҳо ва доираҳои тиҷоратии ду кишвар, консерти устодони санъат ва Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор шуданд.
Бовар дорам, ки ин чорабиниҳо ба мо имкон медиҳанд, ки анъанаҳои неки муоширати мутақобиларо байни халқҳоямон, ки решаҳои онҳо ба умқи асрҳо фурӯ рафтаанд, идома диҳем.
Мо миннатдории худро ба Ҳукумати Ӯзбекистони бародар ва шахсан ба Шавкат Миромонович барои таваҷҷуҳи доимӣ ба эҳтиёҷоти иҷтимоӣ - фарҳангии қисми тоҷики аҳолии Ӯзбекистон иброз менамоем.
Аз ҷониби худ, мо низ кӯшиш хоҳем кард, ки барои намояндагони қисми ӯзбеки аҳолии Тоҷикистон шароити дилхоҳ фароҳам биоварем.
Таъмини амнияти минтақавӣ - имрӯз ин масъалаи аввалиндараҷа барои кишварҳои мо ва шариконамон дар минтақа мебошад.
Дар ин замина, мо имрӯз масъалаҳои мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллиро баррасӣ кардем.
Аҳамияти идомаи ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои мутақобилаи хадамоти махсуси мо ва идораҳои соҳавӣ дар ин самтҳо таъкид карда шуд.
Мо вазъи ташвишовари Афғонистони ҳамсояро, аз ҷумла бо назардошти хуруҷи неруҳои низомии эътилофи кишварҳои ғарбӣ, баррасӣ кардем. Мо дар мавриди ин ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба эҳтиёҷот ва мушкилоти ин кишвар набояд коҳиш ёбад ҳамназар мебошем. Мо ба мувофиқа расидем, ки кӯшишҳоро барои дастгирии раванди сулҳи Афғонистон ва мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳамсояи умумиамон идома диҳем.
Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунии Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод мекунад, ки моҳи июли соли равон дар шаҳри Душанбе муҳокимаи маҷмӯи мушкилоти Афғонистон дар сатҳи вазирони корҳои хориҷии  кишварҳои узв ва Афғонистон дар доираи Гурӯҳи тамоси СҲШ - Афғонистон баргузор карда шавад.
Ин платформа, инчунин, барои муҳокимаи Нақшаи чорабиниҳои амалӣ ҷиҳати мусоидат ба барқарорсозии иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон, ки  дӯстони ӯзбек дар доираи СҲШ пешниҳод кардаанд, хидмат хоҳад кард.
Мо ба Ӯзбекистон барои дастгирии раёсати мо дар СҲШ изҳори миннатдорӣ мекунем.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд.
Мо зикр кардем, ки обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт метавонад пайомадҳои манфӣ дошта бошад.
Мо аз дӯстони ӯзбеки худ барои дастгирии ташаббусҳои мо дар бораи эълон намудани соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо сипосгузорем.
Кишварҳои мо дар ин самт дар заминаҳои СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ фаъолона ҳамкорӣ хоҳанд кард.
Дар фарҷом, мехоҳам қаноатмандии амиқи худро аз натиҷаҳои музокироти имрӯза, ки дар фазои ҳамдигарфаҳмии комил сурат гирифтанд, изҳор намоям ва ба меҳмонони азиз будубоши фараҳбахшро дар мамлакатамон таманно кунам.
Бовар дорам, ки сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дӯст ва бародари ман Шавкат Миромонович Мирзиёев дар таърихи ғании муносиботи ду кишвар саҳифаи навро боз хоҳад кард.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2021    №: 117    Мутолиа карданд: 783
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед