logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
МУАММОИ «ШОҲАСАР»
1. Асари машҳури академик Бобоҷон Ғафуров. 2. Ҳаммаънои вожаи  «аллома» 3. Муҳимтарин маъхазе, ки доир ба таърихи қадимтарини Осиёи Миёна маълумот медиҳад. 4. Номи қадимаи Амударё. 5. Сипаҳсолори  суғдӣ, ки муқобили Искандари Мақдунӣ диловарона ҷангидааст. 6. Шоир, мусиқидон, наққош ва арбоби намоёни замони Темуриён. 7. Асосгузори  давлати  Сомониён. 8. Муродифи истилоҳи «қӯшун». 9. Биное, ки Улуғбек соли 1428 барои муайян кардани ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ сохта буд. 10. Муродифи калимаи «султон». 11. Исми модари аллома Бобоҷон Ғафуров. 12. Китоби якуми «Авесто», ки маънояш назру ниёз аст. 13. Яке аз давлатҳои аҳди Ҳахоманишиҳо. 14. Империяи бузурге, ки Бохтар дар замони Кӯшониён бо он робитаҳои тиҷоратӣ дошт. 15. Фавти кадом шоҳи Салҷуқиён боиси парокандагии он давлат гашт. 16. Пойтахти сарзамини Хатлони бостонӣ. 17. Машҳуртарин шоҳи давлати Кӯшониён. 18. Шакли дигари навишти калимаи «адл». 19. Миллат дар Осиёи Марказӣ.
Алиҷон САФАРӢ, шаҳри Кӯлоб
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ФАРОҒАТ» АЗ 4 ИЮНИ СОЛИ 2021
1. Миршакар. 2. Рубоб. 3. Баҳорӣ. 4. «Ирфон». 5. Наримон. 6. Нахӯдак. 7. Китоб. 8. «Баҳористон». 9. Нишон. 10. Нома. 11. «Анбоз». 12. Забон. 13. Насим. 14. Мусича. 15. «Ахтарон». 16. Назокат. 17. «Тобистон». 18. Наврӯз. 19. Зулҳиҷҷа. 20. Аминона. 21. Аср. 22. Рақс. 23. Суманак. 24. Кобул. 25. Лӯҳросп. 26.Пӯлодӣ. 
 
 
БАҲСИ БЕСОБИҚАИ СУДӢ.
Вазъи тағйирёбандаи ҳаво телевизионро дурӯғгӯ кард
Бонуе дар Исроил як шабакаи телевизиониро барои пешгӯии нодурусти обу ҳаво ба суд дод ва 1000 доллари ИМА ҷуброн гирифт.
Баҳси судӣ вобаста ба он буд, ки телевизион вазъи ояндаи ҳаворо гарму офтобӣ пешгӯӣ мекунад. Вале вазъ баръакси ҳол мешавад – ҳавои сарду боронӣ. Бону дар суд арз мекунад, ки телевизион ӯро ба иштибоҳ бурда, зери борони шадид қарор додааст. Дар натиҷа ба зуком гирифтор шуда, чанд рӯз ба кор рафта наметавонад ва барои дармону барқарории саломатиаш маблағ сарф кардааст.
Аҷиб ин аст, ки суд даъвои ӯро қонеъ гардонд.   
Таҳияи ШОҲОНА
 
 
ШОУ ВА ПЕШРАФТИ ТЕХНОЛОГИЯ
Аз Бернард Шоу мепурсанд, ки аз пешрафти технология то чӣ ҳад қаноатманд аст?
- Аз ин зиёд намешавад, - мегӯяд ӯ, - ба шарофати технологияи ҳозиразамон имрӯз мо метавонем чун парандаҳо дар осмон парвоз кунем ё чун моҳӣ зери об дар шино бошем. Ба фикри ман, вақти он расидааст, ки на дар осмон ва на дар қаъри об, балки дар рӯи Замин одамвор зиндагӣ карданро бояд омӯзем.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
Ман, ки даҳонамро калон кушода, то дар роҳрав аз назар ғоиб шудани шинелпӯш аз паси ӯ нигоҳ карда монда будам, нохост бадбахтии худамро ба хотир оварда, ба худ омадаму аз дар чашм канда, ба калони милитсионерон нигоҳ кардам ва дидам, ки ӯ чашмашро ба ман дӯхтааст.
Аммо акнун қиёфаи ӯ ба куллӣ тағйир ёфта буд, дигар на бадқаҳр менамуд ва на хашмгин. Тамом осуда шуда буд. 
* * *
Об аз сарчашмаи сидқу сафо нӯшидаем,
Дар гудози оташи меҳру вафо ҷӯшидаем.
То бадар созем бухлу кинаро аз синаҳо,
Рӯ ба сӯи олами боло ба ҷон кӯшидаем.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 4 ИЮНИ СОЛИ 2021:
 
Чингиз Айматов,  Низомии Ганҷавӣ
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
"МЕЛОЧ"
Хонуми хеле зебо, вале бемаҳорате, ки аз мусиқӣ бӯ намебурд, пеш аз оғози нахус-тин консерташ аз оҳангсози машҳури олмонӣ Иоганнес Брамс маслиҳат мепурсад, ки чӣ хел мухлисонро ба худ моил кунад? 
Брамс ба қаду қомат ва чеҳраи дилфиреби ҷавонхонум бодиққат назар андохта, пасон мегӯяд:
-Ба гаронтарин салон рафта, худро боз ками дигар оро диҳед, дар саҳна зеботарин куртаи фармоиширо пӯшед ва кӯшиш кунед, ки яллақоси ангуштарину гарданбандатон чашми мухлисонро кӯр кунад...
 -Устод,- бо зарба эътироз мекунад “ҳунарманд”,- ман маслиҳати ҷиддӣ мехоҳам, шумо бошед, вақти маро бо “мелоч” гирифта истодаед.
-“Мелоч” ҳунари шумо аст хонуми зебо, ман танҳо мехоҳам онро бо ҷомаи рангин пӯшонам, то мухлиси бечора набинад,- китф дар ҳам кашида мегӯяд оҳангсоз. 
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
БОЗ ЯК МАРДИ  САХОВАТПЕША
Майкл Ҷексон, сарояндаи шинохтаи амрикоӣ, зимни таҳқиқоти дар соли 1997 гузарондашуда, машҳуртарин шахс дар ҷаҳон эътироф гардид. Ӯ 290 ҷоиза дорад ва ихлосмандони савту навояш зиёда аз як миллион нафарро ташкил медоданд. 
Ғайр аз ин, Майкл 17 маротиба шомили Китоби рекордҳои Гиннес мешавад, ки ин натиҷа то ҳол бесобиқа аст. Ӯ ҳамагӣ 51 сол умр мебинад. Тайи зиндагиаш зиёда аз 2 миллиард фитааш ба фурӯш рафта, аз сармояи ҳангуфташ  400 миллион долларро ба камбизоатон хайр намудааст.
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
ШУҲРАТИ ТОҶИКБАЧАИ ҒАЙРИОДӢ
Абдурозиқи  17-сола, туфайли намуди зоҳирии ғайриодиву дилрабоии кӯдакона ва, пеш аз ҳама, аз ҳисоби истеъдоди табиии мусиқидонӣ ва паҳн кардани наворҳои видеоӣ дар кишвар  ва берун аз он маъруф гардид. 
Имрӯзҳо наворҳои  видеоиашро на танҳо миллионҳо нафар дар сомонаҳои интернетӣ тамошо мекунанд, балки ӯ дорои ихлосмандони зиёде дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мебошад. Абдурозиқ дар Instagram  822 ҳазор обуначӣ дошта, наворҳояш дар шабакаи иҷтимоии You Tube миллионҳо тамошобин доранд ва, акнун, ӯ иштирокчии комилҳуқуқи шоу-бизнеси ҷаҳонӣ гардидааст.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
 
БЕТОЛЕЪ
Нафаре бори нахуст дар умраш аз шаҳри Бирмингем ба пойтахти Англия – Лондон сафар кард. Вақте ки ба марказ расид,  сӯзишворӣ ба охир расиду мошин истод. Ронанда, ки Лондонро ба хубӣ намедонист, мошинашро дар канори роҳ монда, аз пайи дарёфти бензин рафт. 
Бечора ҳатто пай набурд, ки нақлиёташро дар рӯбарӯи қароргоҳи Сарвазири Британияи Кабир гузоштааст. Вақте ки ӯ баргашт, дид, ки ба ҷои мошин як тӯда оҳанпора хобидааст. Чаро? Зеро кормандони амният гумон кардаанд, ки ифротиён нақлиётро бо маводи тарканда гузошта рафтаанд ва барои пешгирӣ аз  амалиёти террористӣ мошинро безарар гардонданд. 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
ДУ ШОХ
Мегӯянд, ки боре шоира Маҳастии Хуҷандӣ бо сабабе ба маҷлиси Шоҳ Султон Санҷар дер меояд. Мувофиқи таомул, ҳар нафаре, ки ба ҳузури шоҳ дер меомад, бояд се қадаҳ май менӯшид. Аз ин рӯ, пеши ӯ се ҷом гузоштанд. Чун Маҳастӣ ду ҷоми майро нӯшиду ӯро барои  бардоштани қадаҳи сеюм даъват карданд, хитобан ба шоҳ мегӯяд:
Шоҳо, зи манат мадҳу сано бас бошад,
З-ин аврати бечора дуо бас бошад.
Ман гов наям на шох дархӯрди ман аст,
Гар гов туӣ, шох дуто бас бошад.
Таҳияи Муҳаммад САИДВАЛӢ
 
 
РЕКОРДИ НАВ
Тибқи иттилои сомонаи lenta.ru сокини Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Госиаме Ситхоули 37-сола 10 фарзанд (7 писару 3 духтар) ба дунё овард. 
Чуноне зикр мешавад, ин рекорди нави ҷаҳонист. 
Табибон гуфтаанд, ки айни замон ба хотири ҳифзи ҳаёти кӯдакон, онҳо тайи чанд моҳ дар инкубатор нигоҳ дошта мешаванд. 
Мавриди ёдоварист, ки рекорди қаблиро низ африқоӣ гузоштааст. Соле пеш бошандаи Ҷумҳурии Мали Ҳалима Сиссеи 25-сола нуҳ фарзанд ба дунё оварда буд.
Аз русӣ тарҷумаи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 
 
ПАНДЕ БАРОИ АНДЕША 
Боре омӯзгори пуртаҷриба ҳини дарс ба талабагон чунин гуфт: 
- Азизон, чун соҳиби мартаба шудед, ҳаргиз ғарра нашавед. Ба одамон на аз рӯи зоҳир, балки ботин баҳо диҳед. Ба ин воқеа гӯш диҳед ва шумо аз мақсади суханам пай хоҳед бурд. Гап сари он аст, ки рӯзе ду нафар бо либоси одиву назарногир  ба вохӯрии президенти Донишгоҳи Ҳарвард Чарлз Элиот омаданд.  Котибаи ӯ  ба онҳо нимнигоҳе карду гуфт:
- Президент тамоми рӯз банданд ва  шуморо қабул карда наметавонад. 
- Боке нест, интизор мешавем,- ҷавоб доданд онҳо. 
Оқибат сарвари муассиса, аз ноилоҷӣ, меҳмонони "якрав"-ро қабул намуду матлаб пурсид. 
-Писаре доштем, ки орзуи донишҷӯи Ҳарвард шудан дошт. Вале умр вафо накард,- гуфтанд волидон, -мехоҳем ба хотири ӯ дар ин ҷо ёдгорие созем. 
- Чӣ хел? Ин номумкин аст,- эътироз намуд  Чарлз Элиот
-Мо гузоштани пайкараро дар назар надорем. Мехоҳем ба номи ӯ Ҳарварди дигар бунёд намоем. 
Президент бошад, ба либосҳои нимдошти онҳо назар мекарду шубҳа дошт, ки магар онҳо аз уҳдаи гуфтаашон мебароянд, аз ин рӯ, хомӯширо ихтиёр кард. Волидон чун диданд, ки мурод ҳосил намегардад, рафтанду дар наздикии шаҳри Поло-Алтои иёлати Калифорния донишгоҳи навро бунёд намуда, ба шарафи яккаписарашон Стэндфорд ном монданд.  Ҳоло он ба 30-гонаи донишгоҳҳои беҳтарини дунё шомил аст. 
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
ҶАВОНИ ТОҶИК  ДАР ҲАРВАРД ВАЗИФА ГИРИФТ
Фаридун Назаров ҳанӯз аз хурдсолӣ ба донишандӯзӣ майлу рағбати беандоза дошт ва дар ин ҷода кӯшиш менамуд, ки комёб гардад.  Маҳз ҳамин саъю кӯшишҳояш буд, ки  ӯ соли 2008 ба яке аз маъруфтарин муассисаҳои таълимии олии дунё – Донишгоҳи  Ҳарварди Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дохил шуд. 
Таҳсил дар ин донишгоҳ ӯро ба мартабаи баланд расонд, зеро донишу лаёқаташ аз назарҳо дур намонд ва ӯро  ба вазифаи директори молиявии Ассотсиатсияи донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи Ҳарвард интихоб карданд.
Дар баробари ин, имрӯзҳо Фаридун Назаровро ҳамчун соҳибкори ботаҷриба низ мешиносанд. Ӯ дар самти таъмини донишҷӯён ва таҷрибаомӯзон бо манзили истиқоматӣ  собиқаи беш аз 10-сола дорад. Инчунин, ба воситаи сомонаи 4stay.com ба муҳассилини донишгоҳу коллеҷҳо ёрӣ мерасонад.
Қобили зикр аст, ки Фаридун Назаров, ҳамзамон, менеҷери ALM ва номзади илм дар Ассотсиатсияи донишҷӯён-хатмкунандагони Донишгоҳи Ҳарвард мебошад.
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
Зиндагӣ маро панди озодвор дод: танҳо баъди паси сар намудани як теппа хоҳем фаҳмид,ки теппаҳои зиёде барои боло рафтан вуҷуд доранд.    
Нелсон Мандела
Тарҷимаи Нигина РАҲМОН
 
 
ФАКТҲОИ ҶОЛИБ  ДАР БОРАИ ФИЗИКА
Сӯхтани  ҳидроген дар ҳаво боиси пайдоши об мешавад. ***
Суръати неруи барқ баробари суръати рӯшноӣ (300 ҳазор километр дар як сония) мебошад. ***
Ранги сафед рӯшноиро инъикос мекунад, ранги сиёҳ бошад, онро ба худ мекашад.
***
Системаи офтобӣ на аз 9, балки аз 8 сайёра иборат аст.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
БЕЧОРАНОЛӢ
Як умр аз чизе норозиед ва гумон мекунед, ки ҳама бар зидди шумоянд? Дар ин маврид Стив Сиболд, муаллифи китоби «Фикру андешаи сарватмандон», мегӯяд, ки аз чунин одамон комёбиро набояд интизор шуд. Бинобар ин, агар сарватманд шудан хоҳед, бечораҳолӣ накунед, зеро шумо бо ин амали худ нобовариро ба бор меоред, аз ин рӯ, дигарон аз  шумо рӯй мегардонанд.
Ба ақидаи равоншиносон нафари сустирода дар нокомӣ танҳо монеаро мебинаду шахси бағайрат аз хатоҳои худ ибрат мегирад ва имкониятҳои навро мебинад. 
Таҳияи Матлуба ШАРИФОВА
 
 
АЙНАКИ ГАРРИ ПОТЕР 
БА МУЗОЯДА ГУЗОШТА ШУД
 29 июн – 1 июли соли равон дар шаҳри Лос-Анҷелеси ИМА ширкати Prop Store ашёҳои филмҳои фантастикии машҳуртарини оламро ба музояда мегузорад. 
Матт Труэх, менеҷери Prop Store, иброз доштааст, ки, аз ҷумла дар он айнак ва чӯбчаи сеҳрноки Гарри Потерро ба фурӯш мебароранд. Чуноне иттилоъ дода мешавад, нархи ибтидоии ҳар яки онҳо 50 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи ташкилкунандагони музояда, маблағи бадастомада ба эҳсонкорӣ равона хоҳад шуд.
Тарҷумаи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
ОЁ МЕДОНЕД…
Миёни дигар маҳсулот бензин серфурӯштарин  ба ҳисоб меравад.
* * *
Ба ҳисоби миёна тӯли умр инсон 60 560 литр об менӯшад.
* * *
Ҳайати Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Сан-Марино ҳамагӣ 12 нафарро ташкил медиҳад.
* * *
Нарасидани ҳаво боиси ба хоб рафтани одам мегардад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
ҶАЗИРАИ МАСНУӢ ДАР НЮ – ЙОРК
Ҷазираи маснӯии болои рӯдхонаи Гудзон дар қисми ғарбии Манхэттен маҳали нави диққатангези Ню - Йорк гардид. Иншоот ба худ номи Little island –ро гирифт.
Масоҳати ҷазира қариб 10 ҳазор метри мураббаъ буда, сохтори он аз 132 элементи лоланамуд иборат мебошад. Дар ҷазира парк, ҷодаҳои гаштугузор, чаманзор ва амфитеатр бо 700 ҷойи нишаст мавҷуд аст. 
Тарҳи ҷазираи маснӯӣ кори дизайнери бритонӣ Томас Ҳезервик буда, миллиарддори амрикоӣ Барри Диллер бошад, ҷиҳати бунёди он тақрибан 260 миллион доллар харҷ намудааст.
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
АСРОРИ ЗИНДАГИИ ОСУДА
Аз марди хонаводае мепурсанд, ки чӣ тавр ба шумо муяссар шуд, ки ягон маротиба бо ҳамсаратон ҷанҷолу хархаша накардаед?
Ӯ мегӯяд:
- Вақте ки оиладор шудам, бо завҷаам шарт бастам. Агар занам бубинад, ки ман сахт дар ғазабам, зуд ба ошхона меравад ва то ором шуданам намеояд. Ман ҳам дар навбати худ, агар бинам, ки занам асабонист, зуд ба боғи назди ҳавлӣ мебароям ва то ором шуданаш, барнамегардам.
Инак, расо 50 сол боз дар боғ зиндагӣ дорам!
Таҳияи Лашкар ШАРИФЗОДА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.06.2021    №: 117    Мутолиа карданд: 2126
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед