logo

сиёсат

ИДОМАИ САФАРИ РАСМИИ ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Субҳи 11 июн Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар идомаи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри бостонии Хуҷанди вилояти Суғд ташриф оварданд.
Меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарият ва намояндагони аҳли ҷомеаи вилояти Суғд бо риояи анъанаю суннатҳои хоси ҳамсоягӣ, дӯстию рафоқат ва меҳру муҳаббат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Иродаи сиёсии роҳбарони ду давлат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар муносибатҳои байни Тоҷикистону Ӯзбекистон марҳилаи навро оғоз бахшид.
Соли 2018 гузаргоҳҳои сарҳадии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ифтитоҳ гардид. Мулоқотҳои дуҷониба ва гуфтушунидҳо, сафарҳои давлатии сарварони ду давлат, имзои созишномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ миёни кишварҳои дӯсту бародар ва таъмини рафтуомади озоди шаҳрвандон ба таҳкиму густариши ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, гуманитарӣ ва илмӣ-фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон замина гузоштааст. Дар доираи созишномаҳои байнидавлатӣ робитаҳои минтақавии вилоятҳои ду кишвар дар соҳаҳои гуногун инкишоф меёбанд.
 
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо фаъолони вилояти Суғд
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Қасри фарҳанги "Арбоб" бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд. 
Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимияти хос меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёевро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, бо хушнудӣ таъкид доштанд, ки ҳар як вохӯрии ҷонибҳо ва баррасии робитаҳо барои таҳкими шарикии стратегӣ саҳми босазо мегузорад.
 - Ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон бо умумиятҳои ҳудудӣ, ҷуғрофию таърихӣ ва фарҳангии ду мамлакати ба ҳам дӯсту ҳамсоя асос ёфта, таърихи чандинасра доранд. Рушду таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон на танҳо барои ояндаи халқҳои мо, балки барои таъмини сулҳу субот ва амният дар тамоми минтақа низ аҳамияти стратегӣ доранд,- гуфтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин, Сарвари давлати Тоҷикистон дар бораи мавқеи ягонаву устувори давлатҳо ва мардумони ду мамлакат барои идомаи рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ андешаронӣ намуда, зикр сохтанд, ки ҷонибҳо бо истифода аз бовару эътимоди байниҳамдигарӣ барои ноил гардидан ба татбиқи тавофуқоти пешин саъй хоҳанд кард.
Таъкид шуд, ки халқҳои мо, қатъи назар аз мушкилоти зиёд ва рӯйдодҳои таърих, ҳамеша барои ҳифзи анъанаҳои неки дӯстӣ ва бародарӣ талош меварзиданд ва беҳтарини онҳоро то имрӯз нигоҳ доштаанд. Дарвоқеъ, тоҷикон ва ӯзбекҳо ҳамеша ба таҳкими риштаҳои дӯстию бародарӣ кӯшиш мекарданд ва садоқати худро бо ин арзишҳо собит намуданд. Намунаи возеҳи ин гуфтаҳо муносибатҳои дӯстона ва бародаронаи Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ мебошанд.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз пазироии гарму самимӣ, дӯстона ва бародаронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми тоҷик изҳори хушҳолӣ ва сипос карданд.
Ҷонибҳо бо қаноатмандӣ изҳор доштанд, ки кушодани ҳамаи гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва барқарор сохтани ҳаракати мунтазами нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳану ҳавоӣ  ба манфиати соҳибкорон ва мардумони мамлакатҳо буда, ҷиҳати ривоҷу равнақи муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ шароити мусоид фароҳам овард. 
Густариши равобити фарҳангию гуманитарӣ ва мунтазам баргузор намудани чорабиниҳои фарҳангию ҳамоишҳои илмӣ бо иштироки адибону олимон ва арбобони фарҳангу санъати ду мамлакат аз мавзӯъҳои дигар ва муҳими мулоқот бо аҳли зиё ва фаъолони вилояти Суғд ба ҳисоб мерафт.
Пас аз суханронии сарварони давлатҳо, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус ва сокини ноҳияи Деваштич Наврӯза Мамирова баромад карда, барои фароҳам овардани шароиту имконот дар самти рафтуомади озодонаи шаҳрвандони ду мамлакат, рушди саёҳату тиҷорат ва дигар тадбирҳои зарурӣ, ки боиси баҳамоии халқҳои тоҷику ӯзбек гардид, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев изҳори сипоси амиқ намуданд.
 
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум»
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Гулистон аз ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" дидан намуданд. Корхона тӯли 60 соли фаъолият бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.
Нахуст, сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 дар доираи Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020 аз Белгия, Олмон ва Франсия таҷҳизоти истеҳсоли риштаи полипропилении пати қолин оварда, васлу насб шудааст. Дар ин хати истеҳсолӣ 70 нафар, асосан, занону духтарон, фаъолият мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ашёи хом барои истеҳсоли қолин аз хориҷа ворид мешуд ва баъди ба кор андохтани таҷҳизоти нав имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом барои истеҳсоли қолин дар дохил ба роҳ монда шавад. Ин дастовард барои корхонаи "Қолинҳои Қайроққум" арзишманд аст. Иқтидори хати истеҳсоли ришта дар як моҳ 300 тоннаро ташкил медиҳад. Бо ин иқтидор ҷамъият корхонаҳои дигари истеҳсоли қолинро дар ҷумҳурӣ бо ашёи хом, аз ҷумла ришта, таъмин менамояд.
Роҳандозии истеҳсоли ашёи хом, хоса ришта, ба таъмини кори мунтазами истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозор, коҳиш ёфтани арзиши аслии он, инчунин, таъсиси ҷойҳои нави кор мусоидат намуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманди ду давлат, қисман ашёи хом барои истеҳсоли ришта аз Ӯзбекистон ворид мешавад.
Ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев иттилоъ доданд, ки ояндаи наздик содироти маҳсулоти тайёр, яъне қолин, аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон роҳандозӣ мегардад, зеро дар ин самт тамоми заминаҳо муҳайёанд.
Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос гаштанд. Бояд, таъкид кард, ки дар заминаи таваҷҷуҳи рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 инҷониб ба корхона дастгоҳи муосири тортании ширкати «Мир Макина»-и Туркия, 7 дастгоҳи пешқадамтарини бофандагии ширкати «Ван-де-Вил»-и Белгия, хати экструзионӣ барои истеҳсоли риштаҳо ва дигар таҷҳизоти хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи Олмон, Белгия, Туркия, Франсия, Ҷопон ва Россия ворид шуданд.
Агар то даврони соҳибистиқлолӣ маҳсулнокии меҳнати як корманд дар корхона 1384 метри мураббаъро ташкил медод, пас, ҳоло ин нишондод ба зиёда аз 5960 метри мураббаъ баробар мебошад. 
Ҳаҷми истеҳсолот дар ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" сол ба сол зиёд мегардад. Тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар корхона 957,9 ҳазор метри мураббаъ қолин истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020-ум  347,4 ҳазор метри мураббаъ ё 56,9 фоиз зиёд аст. Дар ин давра тавлидоти ришта ба 730,21 тонна расид, ки дар муқоиса ба соли гузашта 308 тонна  ё 72,9 фоиз бештар мебошад.
Дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тавассути монитор шароити мавҷудаи биноҳои маъмурию маишӣ муаррифӣ шуд. Барои кор беҳтарин шароитҳо фароҳаманд, зеро биноҳои маъмурию маишӣ аз таъмир баромада, бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гаштаанд.
Зикр гардид, ки соли 2019 барои хизматрасонии кормандон ду автобуси истеҳсоли Ӯзбекистон дастрас шуд ва ин омил дар пешбурди фаъолияти корхона заминаи мусоид гузошт.
Айни замон дар корхона 500 нафар фаъолият дорад, ки 47 дарсадаш занонанд.
Иқтидори истеҳсолӣ ва технологияи имрӯзаи корхона имкон медиҳад, ки  ҳамаи дархости харидорон, чи аз ҷиҳати аз дизайн, коллексия ё ҳаҷм, дар муддати кӯтоҳтарин иҷро шавад. Алҳол иқтидори истеҳсолии солонаи корхона 3 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад.
 Дар идомаи боздид аз ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз намоишгоҳ, ки дар он номгӯи зиёди маҳсулоти тайёр ва ашёи хом барои истеҳсоли қолин ба маъраз гузошта шуд, боздид ба амал оварда, ба сифати истеҳсолот ва рақобатпазирии он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар баҳои баланд доданд. 
Инчунин, дар он номгӯи зиёди қолинро бо ҳаҷм, шакл ва тарҳи гуногун намоиш доданд. Боиси тазаккур аст, ки айни замон дар ҶСК "Қолинҳои Қайроққум" зиёда аз 2000 намуд қолин бо нақш, андоза ва тасвирҳои гуногун истеҳсол мешавад. Дар қолинҳои нави корхона нақшу нигори миллӣ омехта бо санъати муосир, мавзеъҳои зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон тасвир ёфтаанд. Дар гӯшаи алоҳида қолинҳоеро ба маъраз гузоштанд, ки дар онҳо расмҳои шахсиятҳои барҷастаи ду миллати бо ҳам қарин – тоҷику ӯзбек, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, инчунин, мавзеъҳои таърихию сайёҳии ду кишвари дӯст таҷассум ёфтаанд.
Дар ҳамин ҷо ба сарварони давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар – Тоҷикистону Ӯзбекистон интернет-мағоза ва нуқтаҳои фурӯши қолинҳо намоиш дода шуд. Интернет-мағозаи корхона соли 2020 ташкил гардида, ҳадаф боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба харидорон мебошад. Тавассути интернет-мағоза харидорон имкон доранд, осон ва бо нархҳои дастрас қолин интихоб намуда, фармоиш диҳанд ва дар муҳлати кутоҳ дастрас намоянд. Нуқтаҳои фурӯши корхона, қатъи назар аз мавзеи ҷойгиршавӣ, дорои имконияти васеи интихоби маҳсулотанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, рушди истеҳсолот, тавсеаи ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориҳоро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, муҳим шумурданд.
 
Боздиди Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз НБО “Қайроққум”
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз мавзеи Баҳри Тоҷик, ки обанбори НБО “Қайроққум” мебошад, боздид ба амал оварданд.
Обанбори Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” яке аз калонтаринҳо дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дарозиаш то 65 километр, паҳноияш аз 8 то 20 километр ва масоҳати сатҳи меъёрии иншоот 512 километри мураббаъро ташкил медиҳад. Ҳаҷми обанбор 3 миллиарду 413 миллион  метри мукааб буда, он ба истеҳсоли неруи барқ ва обёрии заминҳои кишоварзии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон нигаронда шудааст.
Таъкид гашт, ки Тоҷикистон солҳост дар раванди геополитикии истифода ва тақсими одилонаи захираҳои обӣ талоши амиқ ба харҷ медиҳад. Инчунин, давлати мо, алалхусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббусҳои созандаи худ дар роҳи расидагӣ ба мушкилоти марбут ба об дар ҷаҳон мақоми шоистаро соҳиб шуда, чорумин ибтикори глобалии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои об – Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ мегардад. Ҷумҳурии мо аз оғози соҳибистиқлолӣ бо дарки нақши калидиаш дар захираҳои обӣ ва энергетикии минтақа дар раванди ҷаҳонӣ фаъолияти муассир дорад.
Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз татбиқи муваффақонаи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар мамлакат ёдовар шуда, мавқеи кишвари моро дар иртибот ба муҳимияти амалишавии ин тарҳҳо, ки ҳамагӣ аз аҳамияти минтақавӣ бархӯрдоранд, махсус таъкид карданд.
Меҳмони олимақом –  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳангоми боздид аз ин макони дилфиреб, бори дигар ҳавасмандии Ӯзбекистонро бобати шарикӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштараки гидроэнергетикӣ бо Тоҷикистон баён намуданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 обанбор мавҷуд буда, ғунҷоиши ҳар кадомаш аз 0,028 то 10,5 миллиард метри мукааб об мебошад. Обанборҳо захирагоҳҳоеанд, ки ҳам обро ҳифз мекунанд ва ҳам бо таҳшинии лойқа, об тозаву мусаффо мешавад. Захира шудани об дар обанбор имкон медиҳад, ки ҷараёни он ба таври шабонарӯзӣ ва солона танзим гардад, то ҳам заминҳои кишоварзӣ обёрӣ ва ҳам заминҳои нав аз худ шаванд. Обанборҳо дар шаклгирии ҷараёни об нақши муҳим доранд. Ба қавли коршиносони масоили глобалӣ, як роҳи асосии рафъи камбуди об дар минтақа, дар навсозии обанборҳои куҳна мебошад.
Таъкид гардид, ки дар умум меҳвари сиёсати обиву энергетикии давлати моро таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи захираҳои обии фаровони кишварамон ташкил медиҳад.
Гуфтан ба маврид аст, ки қисми зиёди заминҳои кишоварзии Ӯзбекистон аз ҳисоби захираи оби обанбори неругоҳи “Қайроққум” обёрӣ мешавад, ки намунаи барҷастаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар самти истифодаи одилонаи захираҳои обии мамлакати мо мебошад.
Бо назардошти муҳимияти масъалаи навсозии иншооти амалкунандаи гидроэнергетикӣ, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соли 2019 таҷдиди НБО «Қайроққум» оғоз ёфт. Мувофиқи ҷадвал, муҳлати навсозӣ 57 моҳро дар бар мегирад.
Тибқи қарордоди баимзорасида, маблағи татбиқи лоиҳа 153,6 миллион доллари ИМА буда, марҳила ба марҳила таҷдиди таҷҳизоти асосию ёрирасони неругоҳ, дастгоҳи тақсимкунандаи 110 кВ ва таъмиру барқарорсозии иншооти гидротехникии он бо зиёд намудани иқтидори неругоҳ аз 126 мВт то ба 174 мВт, пешбинӣ мегардад. 
То ба имрӯз дар доираи лоиҳа, як қатор корҳои таҳқиқотии топографӣ, геофизикӣ, геотехникӣ, андозагирии қисми обгузар ва бетонии неругоҳ, таҳқиқоти қисми зериобӣ, озмоиши модели турбина, азназаргузаронии ҳолати зериобии таҷҳизоти гидромеханикӣ ва қисми бетонӣ, гирифтани намунаҳо барои гузарондани озмоиши лабораторӣ, лоиҳакашии муфассал доир ба таҷҳизоти ёрирасон, корҳои омодасозӣ, тартиби нақшаҳои бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, нақшаи таҳия ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва нақшаи сифат иҷро гардидаанд.
 
Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» 
11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» ташриф оварда, бо таҷрибаи хоҷагидорон аз наздик шинос шуданд.
Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» соли 2008 тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфта, масоҳаташ 631 гектарро ташкил медиҳад.
Хоҷагидорон бо истифода аз таҷрибаи пешрафта ва риояи маданияти истифодабарии замин дар 402 гектар зардолу, 24 гектар шафтолу, 33 гектар себ, 6 гектар гелос, 12 гектар олу, 16 гектар ток ва дигар навъи дарахтони мевадиҳанда парвариш мекунанд.
Кормандони муассиса дар нигоҳубини боғу токзор таҷрибаи ғанӣ дошта, бо истифода аз шароити мусоид ҳамасола дар сардхона ба миқдори зарурӣ маҳсулот низ захира мекунанд.
Дар боғ сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулот мавҷуд буда, 80 нафар бо кори доимӣ таъмин аст ва  60 каси дигар мавсимӣ ба кор ҷалб мегардад.
Бунёди боғҳои интенсивӣ барои хоҷагидорони муассиса имкон медиҳад, ки сол ба сол истеҳсоли меваҳои хуштаъму лазизро бештар намоянд ва пешниҳоди бозори истеъмолӣ кунанд.
Дар майдони гелоси муассиса, асосан, навъи маҳаллии барвақтӣ, бурлат ва кордия парвариш мешавад, ки ба иқлими минтақа тобовар буда, барои содирот низ хеле мувофиқ мебошад. 
Иттилоъ доданд, ки соли гузашта боғдорон 7 тонна гелос истеҳсол карданд. Ҳамчунин, дар ин давра хоҷагидорон зиёда аз 580 тонна зардолу, 120 тонна себ, беш аз 15 тонна олу, наздики 5 тонна бодом ва, дар маҷмӯъ, 780 тонна мева ба бозори истеъмолӣ бароварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев таҷрибаи боғпарваронро дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» шоиста арзёбӣ карда, дар вазъияти имрӯзаи ҷаҳон, ки норасоии маводи озуқа дар бархе аз давлатҳои ҷаҳон мушоҳида мегардад, ба манфиат шумурданд.
Пешниҳод шуд, ки оянда барои ривоҷу равнақи соҳаи боғдорӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятнок ва муҳими таъмини талаботи дохилии кишварҳо бо истеҳсолоти худӣ мебошад, бо иштироки доираи васеи хоҷагидорони ду давлат дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат» семинарҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шаванд.
Тайи солҳои охир хоҷагидорони мамлакат ҳамкориро бо боғдорони Ӯзбекистон густариш бахшида, аз ҳамдигар таҷриба мегиранд. Сарварони давлатҳо бо такя ба ин муносибот зикр доштанд, ки омӯзиши таҷрибаи ҳамдигарӣ бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ ба таври густурда амалӣ гардад.
Президентҳои ду кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, пас аз шиносоӣ бо таҷриба ва фаъолияти хоҷагидорони Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», дар ҳамин ҷо аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, нонӣ ва қаннодии аҳли заҳмат дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ кишоварзони 14 шаҳру ноҳияи вилоят беҳтарин навъи маҳсулот, аз ҷумла анвои гуногуни мева, сабзавот, полизӣ ва ғалладонагиро, ба меҳмонони олиқадр муаррифӣ намуданд.
Иттилоъ доданд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят то 1 июни соли равон зиёда аз 1 миллиарду 100 миллион сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, хоҷагидорон соли равон ба маблағи 31 миллиону 375 ҳазор доллари ИМА ба кишварҳои хориҷи дуру наздик маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ содир карданд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 880 ҳазор доллар зиёд мебошад.
Роҳбарони ду кишвари дӯст, аснои боздид аз гӯшаи намоиши меваҳои шаҳдбор, ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштараки коркард ва бандубасти маҳсулоти кишоварзӣ ба масъулони сохторҳои марбута дастуру маслиҳатҳо доданд.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дар соҳаи кишоварзӣ ва фаъолгардонии ҳарчи бештари корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулот аз тадбирҳои муҳими дастгирии хоҷагидорон ва таъмини бозорҳои дохиливу минтақа бо истеҳсолоти худӣ мебошад.
Дар намоишгоҳ хоҷагидорон, ҳамчунин, анвои гуногуни гулу гиёҳҳои шифобахш ва дастовардҳо дар соҳаи занбӯриасалпарвариро ба таври васеъ муаррифӣ карданд.
Дар вилояти Суғд теъдоди оилаи занбӯри асал ба 63 ҳазору 540 баробар буда, соли гузашта 14 ҳазору 60 тонна асал истеҳсолу пешниҳоди сокинону меҳмонон гашт.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аснои суҳбату шиносоӣ бо кори кишоварзон, барои густариши фаъолияти минбаъда ва роҳандозии ҳамкориҳои нав бо хоҷагиҳои кишоварзии ҳамдигар ба масъулон дастуру тавсияҳои судманд доданд.
 
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нимаи дуюми рӯзи 11 июн сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар Тоҷикистон, ки рӯзҳои 10 – 11 июн дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд сурат гирифта буд, бо натиҷаҳои неку бобарор ва созанда барои рушду густариши муносибатҳои ҳамкорӣ, ҳамсоягӣ ва дӯстию бародарӣ ба анҷом расид.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд меҳмони олиқадрро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони олии эҳтирому самимият ва қадршиносӣ гусел карданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев зимни сафар бо Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмӯи васеи масоили дӯстию ҳамкориҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ карданд.
Аз рӯи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва, дар маҷмӯъ, зимни сафари расмӣ 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Истиқбол ва ҳам гусели бошукӯҳи меҳмони олиқадр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишона аз эҳтиром, самимият ва эътимоду бовар нисбат ба Сарвари кишвари дӯсту бародар мебошад.
Бояд гуфт, ки сарварони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон тавонистанд бо иродаи қавии сиёсӣ, хоҳишу талошҳо ва ташаббусҳои созанда мардумони солҳо дар орзуи дидорро ба ҳам расонанд, марзҳову дилҳо ва оғӯши гарм кушода, муносибатҳои ҳамкории ду мамлакатро ба сатҳи шарикии стратегӣ бароранд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баъди анҷоми сафари расмӣ бо як ҷаҳон таассурот аз меҳмоннавозию инсондӯстии хоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пазироии самимии мардуми соҳибфарҳанги тоҷик аз шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба ватан баргаштанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2021    №: 118    Мутолиа карданд: 754
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед