logo

фарҳанг

СИМОИ ЗАН - МОДАР ДАР АШЪОРИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Дар ашъори Мирзо Турсунзода симои зани тоҷик бо тасвирҳо, маъниҳои наву тоза, хусусиятҳои хосу нотакрор ва бо шаҳомату хуҷастагиҳои дурахшон  падидор  мегардад. Хусусан, мақоми зани тоҷик дар ҷомеа - дар замони нав бо падидаҳои нав, баёнҳои то ин вақт номаъмул шоиронаву хотирмон тасвир мешаванд. Бубинед, устувории мақоми зан  дар  забони шоир чӣ қадар баэътимод садо медиҳад:
Зан зан асту дар ҳама ҳолат  чу зан мемонад он
Ин муаммоест, ки ҳоҷат ба пурсу пос нест.
Ва “ин муаммо” - ро  шоир худ зуд мекушояд ва дар чаҳор мисраъ тамоми бузургӣ ва хуҷастагиву нотакрории ӯро ба мо нишон  медиҳад:
Зан набошад, зебу зинат нест дар маъвои мо,
Ҳуш дар сар, равшанӣ дар дидаи бинои мо.
Зан набошад, нест дар рӯи замин нақши ҳаёт,
Дон, ки бе зан то абад дар гил бимонад пои мо.
Дар шеъри устод Турсунзода зани тоҷик, ки ҳамеша дар сари оташдону танӯри оташфишон аст, ҳамрадифи оташ аст, оташе, ки моро гарм медорад, оташе, ки хомиҳои моро мепазонад, оташе, ки рӯзгори моро мунаввар медорад, бо оғӯши гармаш ба мо ҳаёт мебахшад:
Зан агар оташ намешуд, хонаи мо сард буд,
Бе чароғи равшане дар шом мемондем мо,
Оташи зан буд, ки мо сӯхтему сохтем...
Зан худ оташ аст, зан посбони оташ аст. Ва оташ дар ин тасвири шоирона воқеан як тазоҳури муқаддас аз чор унсури азал аст, ки бе он зиндагӣ сард хоҳад буд. 
Шоир дар шеъри “Зан агар оташ намешуд” тамоми фазилатҳои дурахшони зан - модарро ба тасвир мекашад. Шоир тасвирҳоеро аз рӯзгор, аз ҳаёти рӯзмарраи зан оварда ба онҳо  маъниҳои барҷастаи шоирона мебахшад:
Лахчаро мекард зан дар зери хокистар ниҳон,
То намонад бе алав дигар танӯру ошдон.
Дар танӯр оташ агар  гулхан шавад, рухсори зан
Сурх мегардад чу кулча ё ба мисли гарм нон.
Аммо ин тасвир тасвири муқаррарӣ ва ин сухан сухани одӣ нест, дар ин ҷо ҳар вожа рамзест, ки маънои таҳтонӣ дорад.  “Лахчаро дар зери оташ ниҳон доштан” маҳфуз доштани ҳама суннату оинҳо, маърифату одобу фазилат ва дигар хуҷастагиҳои миллии мост, ки ин рисолати бузургро маҳз модар бар уҳда гирифтааст. “Бе алав намондани танӯру оташдон” пойдор доштани набзи ҳаёту зиндагӣ дар хонадони тоҷик аст, ки низ ба шарофати заҳматҳои модар аст. “Оташ дар танӯр” меҳру муҳаббати модари тоҷик аст, ки гарму сард, хому пухтаи рӯзгори мо низ вобастаи он аст. Сурхии рухсори зан чун кулча ё ба мисли нони гарм гуфтани шоир низ ишораи рамзӣ ба сарбаландию хушбахтии модари тоҷик аст. 
Ва шеъри устод Турсунзода ба  тасвиру маънидоди зан, мақоми ӯ, таъриху саргузашти ӯ, то  расидан ба озодӣ чи роҳеро тай карданаш рӯшноиҳо меандозад:
Ба ёд орам замонеро, ки ту хомӯш ҳам будӣ,
Парешон дар паси деворҳо рӯпӯш ҳам будӣ,
Ғарибу бенавову кӯҳи ғам дар дӯш ҳам будӣ,
Намуда даст оташкобу мӯ ҷорӯб дар хона,
Гила аз хештан мекардиву даъво зи бегона.
Чӣ қадар фоҷиае ва машаққате баён мешавад дар тасвири “даст оташкобу мӯ ҷорӯб”.
Симои зани имрӯзаи тоҷик низ бори аввал дар шеъри устод Турсунзода бо ҳадафу маъниҳои ҳаётӣ ба тасвир меояд:
Аз зани имрӯзаи мо ҳикмату эъҷоз пурс,
Дар фазои  зиндагӣ кайфияти парвоз пурс.
Аз замин  зан меравад, сайри кавокиб мекунад,
Давраи мо кард занро дар ҳунар мумтоз, пурс.
Як падидаи дурахшон дар шеърҳои ба зан - модар бахшидаи Турсунзода дар он зоҳир мешавад, ки ӯ дар ин тасвирҳо аз суннату амал ва рисолати модарии зани тоҷик наворҳои зебо ва маънидори шоирона месозад ва ба ин васила симои воқеии хирадмандонаи ӯро пеши назари мо меорад, аз қабили:
Гар ба чашми мо намедӯшид модар шири хеш,
Кӯри модарзод дар айём мемондем мо.
Гар намеомӯхтем аз зан раҳу расми адаб,
Бадгуҳар, бадзот, бадфарҷом мемондем мо.
Гар каломи аввалин аз зан намеомӯхтем,
Лаб фурӯ баста ҳама чун лом мемондем мо.
Бале,  ин тасвири фазилати зан - модар тоҷик аст ва шоир барои барҷастагии тасвир аз суннати зебои халқии ба чашми тифл дӯшидани шир хеле зебо ва бамаврид истифода бурдааст.
Бояд гуфт, ки мақоми Турсунзода дар шинохти зан мақомест хеле ҷавонмардона. Аз ин рӯ, вақте сухан аз зан меравад, ӯ  дар ҷамъбасти сухан муроҷиат ба мардон мекунад:
Мард бошӣ, байрақи болои сар кун номи зан,
Сабт дар боби зафар бо хатти зар кун номи зан.
Номи зан то осмон бардор дар болои каф,
Машъали тобанда чун шамсу қамар кун номи зан.
Ва назари Турсунзода ба мавзӯи зан ба андешаи жарфтар фурӯ меравад, ӯ занро ҳамрадифи Замин мебинад, ки инҳо ҳар ду сарчашмаи ҳаётанд:
Чашми ман маҳви ҷамолу ҳусни зан бошад мудом,
Беҳ зи ҳусни зан набошад ҳусни зебои замин.
Аз азал зан бо замин як гашт чун ду модарон,
Бӯи зан ояд машомамро зи ақсои Замин.
Гар намешуд дасти зан, ҳусни замин пайдо набуд,
З-ин сабаб гӯем занро  маҳфилорои замин.
Ва оқибат бояд гуфт, ки мавзӯи зани озоди тоҷик мавзӯи воқеан нав дар шеъри муосири мо  буд, ки маҳз устод Турсунзода тавонист ба он пероҳани муҷаллои бадеӣ бипӯшонад. Ва ин сатрҳои  машҳур ва дар замони худ вирди забони устод Турсунзода метавонанд гувоҳи бебаҳси нақши бузурги ӯ дар офариниши симои зани озоди тоҷик бошанд, ки мисли шиор пешгоми ҳаракати озодиҷӯёнаи занони тоҷик гардидааст:
Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,
Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд.
Мо дидем, ки тасвирҳои шоиронаи устод Турсунзода дар мавзӯи занон ҳама тозагиҳое доштанд, ки бори аввал дар навори шеър омадаанд. Чунин навовариҳо ва тозагониҳоро мо дар ашъори бахшида ба модари устод боз ҳам бештар мебинем.
Маҳз Турсунзода дар симои  зан - модари тоҷик як олиҳаи осмониеро мебинад, ки ба замини муқаддас, ба рӯзгори мо файзу фараҳу баракат овардааст. Ва мушоҳидаҳои ӯ ҳама заминаҳои қавии ҳаётӣ дошта, бебаҳсанд. Дар  шеъри “Дасти модар” тавассути тасвири танҳо дасти пурэъҷози модар тамоми хидматҳои шоистаи модар, хуҷастагиҳои бесобиқаву корномаҳои мардона, сифатҳову заҳматҳои шоистаи модари тоҷикро чунин шоирона ба навор меовараду фаро мегирад:
Бо ҳамон дасте, ки чодар сӯхтӣ,
Гулхани шаъну шараф афрӯхтӣ,
Бо ҳамон дасте, ки боғ оростӣ,
Қасрҳову кӯшкҳо андохтӣ.
Бо ҳамон дасте, ки дар рӯи замин
Бахтро кардӣ ба фарзандат қарин.
Бо ҳамон дасте, ки кардӣ интихоб
Дилпурона давлати олиҷаноб.
Бо ҳамон дасте, ки шабҳои дароз
Чашми шаҳло карда во аз хоби ноз,
Аллагӯён тифлро хобондаӣ,
То саҳар гаҳворааш ҷунбондаӣ ...
Бо ҳамон дасте, ки дастам доштӣ,
Дасти шафқат бар сарам бигзоштӣ...
Чӣ гуна воқеан равону форам, фараҳбахш ва содаву самимона, аммо пур аз маъниҳои баланд ва тасвирҳои олӣ, чун навозиши воқеии дастони ҳалими модар ин мисраъҳо ба дилу равони мо  нармиву гармӣ ва ҳаловат мебахшанд. 
Овардани танҳо ду шеъри устод, ки кайҳо вирди забони мардум шудаанду беҳтарин таронаҳо дар бузургдошти модари тоҷиканд, шеърҳои “Модарам” ва “Дили модар” кифоятанд  собит шавад, ки бори аввал дар назми муосири мо маҳз Турсунзода симои наву муассиру воқеии модари тоҷикро бо ҳама армонҳои модару фарзанд навоварона  бо ҳикояту тасвир  ба қалам додааст.
Шеъри “Модарам” бо нахустин баёнҳои пурэҳтирос аз мағзи дилу ҷигар мегирад:
Тифл мондам аз ту модар, рӯи ту дар ёд нест,
Қомати ту, чашми ту, абрӯи ту дар ёд нест...
ва моро вориди олами  ҳузнангези ҳастии шоир мегардонад.
Дар чанд қитъа шеъри кӯчак як драмаи бузурги зиндагӣ бо ҳама наворҳои рӯзгор таҷассум ёфтааст. “Ҷустуҷӯ аз занҳои пири деҳа, санги  мазори модар”,”гӯш додан ба ҷунбиши ҳар як шохи дарахт”, “рӯ ба рӯ омадан бо гиёҳу сабзаҳои дашт ва ҳамаи онҳое, ки шоҳиди ҳастии модар буданд”... чӣ қадар бадеият ва фоҷиаи марги модарро афзун месозанд ин манзараҳо. Ин ҳунари волои Турсунзода аст, ки  табиатро чунин боварибахш ва муассир ба сухан медарорад:
Рӯд мегуфтам, ки ӯ оби маро нӯшида буд,
Кӯҳ мегуфтам, ки дар оғӯши ман  кӯшида буд.
Ғӯза мегуфтам, ки карбоси маро  пӯшида буд,
Доя мегуфтам, ки бо ман шири гав ҷӯшида буд.
Ва ҳамроҳи тасвири табиат ҳашамати модар бештару бештар падидор мегардад ва меҳру муҳаббати ӯ пурҷилотар, таъсирбахштар намудор мешавад:
Чашма мегуфтам, 
Ки: омад кӯза бар сар пеши ман,
Хор мегуфтам, ки: пояш кард захмин неши ман.
Барқ мегуфто, ки: аз ман буд чашмаш дар гурез,
Абр мегуфтам, ки: буд дар гиряи ман хеши ман.
Ва ин услуби навоваронаи муколама бо табиат,  ба забон даровардани  рӯду кӯҳу ғӯзаву чашмаву хору барқу абр чӣ қадар табиисту самимият  ба шеър мебахшад ва онро пуртасвир месозад.
Ва шоир ба чунин шеъри дардноку пурфоҷиа аҷаб ҷамъбасти  рӯҳафзо меёбад ва боз ҳам гувоҳи рӯҳи қавиву баланд ва лотасхири Турсунзода аст, ки ҳатто аз торикии фоҷиаи муассири инсонӣ нуру рӯшноӣ ба каф берун мебарояд:
Шеър гӯям, ояд аз шеърам садои модарам,
Деҳа гӯям, бар сарам ояд ҳавои модарам,
Солхӯрда гар зане рӯзе дучор ояд ба ман,
Гӯямаш, ки бош, то ҳастам, ба ҷои модарам!
Шеъри дигари устод Турсунзода, ки “Дили модар” ном дорад, дар асл як тасвири бегазанд, як муҷассамаи воқеии симои модари тоҷик бо тамоми бузургӣ, дарду фоҷиаҳои таърихӣ, симои қаҳрамонона, таҳаммул ва хиради бузурги азалист, ки бо рангҳои нозудуданӣ, бо тасвирҳои таъсирбахшу мондагор эҷод гардидааст.
Ва баёну забону ҳунари Турсунзодавор ин шеърро дар ҳадди саҳли мумтанеъ чунон нигошта, ки наметавон онро бо як хондан аз бар накард:
Агар аз гиря кардан об мешуд дил, дили ман буд,
Ба сели ашк мешуд ғарқ манзил, манзили ман буд,
Агар осон намегардид мушкил, мушкили ман буд,
Ба зери мавҷи дарё монда соҳил, соҳили ман буд...
Чунин тарзи ғайричашмдошт ва тозаи баён, ки як олам маъно ва фоҷиаҳои зиндагиро ба ин содагиву равшании баён фаро мегирад,  низ маҳсули табъи саршори устод Турсунзода аст.
 
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2021    №: 118    Мутолиа карданд: 4319
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед