logo

сиёсат

ИФТИТОҲИ ЯК ҚАТОР ИНШООТИ МУҲИМ БО ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол» 
12 июн сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома ёфт.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар кӯчаи Ҷӯра Зокири шаҳри Хуҷанд бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистони хусусии «Хуршеди Истиқлол»-ро ба истифода доданд. Он дар масоҳати 24 садяк замин қомат афрохта, барои 240 кӯдак пешбинӣ мегардад.
Боғча аз ҷониби оилаи Асатуллоевҳо дар заминаи пуштибонӣ аз иқдомҳои созандаи давлату Ҳукумати мамлакат ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи 3 миллион сомонӣ сохта шуда, бо тамоми шароити зарурии таълиму тарбия таъмин мебошад.
Бунёди иншооти мазкур дар доираи татбиқи нишондодҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ буда, дар ҷалби бештари кӯдакон ба тарбияи томактабӣ мусоидат мекунад.
Бунёди кӯдакистон соли 2019 оғоз ёфта, 30 нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин буд.
Кӯдакистон аз 2 бинои 3 - ошёна иборат мебошад ва 9 синфхонаву як қатор ҳуҷраҳои ёрирасон дорад. Ҳамаи синфхонаҳо тибқи талаботи имрӯза ҷиҳозонда шудаанд.
Омӯзиш дар кӯдакистон ба забонҳои, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, барои таълиму тарбияи насли наврас мураббияҳои соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Дар маҷмӯъ, беш аз 30 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин гашта, оянда бо роҳандозии омӯзиши забони чинӣ боз ҷойҳои нави кор фароҳам мешаванд.
Биноҳо бо тамоми таҷҳизоти муосири омӯзишӣ, техникӣ ва бехатарӣ таъмин буда, роҳравҳои дохили иншоот бо расмҳои қаҳрамонони афсонаҳои кӯдакона оро ёфтаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аснои шиносоӣ бо шароити тарбияи насли наврас, бо тарбиятгирандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо тақдим карданд.
Бо мақсади ҷалби кӯдакону наврасон ба зебоипарастӣ, фарҳангдӯстӣ ва солимгардонӣ, кӯдакистон дорои толорҳои мусиқию варзишӣ низ мебошад. Боғча, ҳамзамон, нуқтаи тиббӣ, ҳуҷраи логопед ва ошхонаи барҳаво дорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулону мураббияҳо бинои хуштарҳу замонавии кӯдакистонро туҳфаи арзишманд дар арафаи таҷлил аз 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод карда, даъват ба амал оварданд, ки барои тарбияи кӯдакону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ бо истифода аз шароити мавҷуда тамоми малакаю маҳорати худро равона созанд.
Дар саҳни муассиса 9 айвонча бо талаботи муосири баргузории машғулиятҳо сохта шуда, инчунин, ҳавзи оббозӣ ва гӯшаи табиати зинда ҷойгиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсисдиҳандагон барои дастгирии ташаббусҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат изҳори миннатдорӣ карда, амалисозии ин гуна иқдомҳои наҷибро омили муҳим дар самти ноил гардидан ба ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 маънидод намуданд.
 
Ба истифода додани бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»
12 июн дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Мавриди зикр аст, ки он дар гузашта вайрону валангор буд. Бо дастуру ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои нав мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонии Хадамоти давлатии «Муҳофиза» дар вилояти Суғд бунёд гардида, барои кормандон шароити мусоиди фаъолият фароҳам омад.
Бинои нав аз панҷ ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 55 ҳуҷраи корӣ ва иншооти ёрирасон мебошад.
Дар китобхонаи Хадамоти давлатии «Муҳофиза» садҳо нусха китоби гуногун, аз ҷумла адабиёти бадеӣ ва илмию соҳавӣ, мавҷуданд. Мутобиқ ба талаботи замони муосир, компютерҳо гузошта шудаанд, ки фарогири ҳазорҳо нусха адабиёти электронӣ буда, кормандон фориғ аз кор ба мутолиаи асарҳои илмию бадеӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ машғул мешаванд.
Зимни шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо имконияту шароити мавҷуда маълум гардид, ки бинои хадамот мутобиқ ба талаботи замон ва бо назардошти меъёрҳои хизмати ҳарбӣ бунёд ёфта, бо муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз аст.
Дар ин ҷо, ҳамзамон, таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёти хизматӣ, ду анбори сарулибоси низомӣ, толори варзиш, хобгоҳ барои 15 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст ва дар ҳар ошёна ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуданд.
Маҷлисгоҳи он 140 ҷойи нишаст дошта, дорои ҳама гуна воситаҳои техникӣ, аз қабили монитор, дастгоҳҳои тақвияти овоз ва таҷҳизот барои гузарондани видеоконфронсҳо мебошад, ки шароиту имконоти муҳайёгардида дар пешбурди кору фаъолияти кормандони ин сохтори низомӣ нақши басо созгор хоҳад бозид.
Ҳамзамон, ҷиҳати сарсабзу хуррам намудани муҳити атроф дар ҳавлии бино беш аз 100 ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шудааст. Дар баробари ин, аз ҳисоби маблағҳои хизматрасонӣ, роҳи мошингарди кӯчаи Мақсудҷон Танбӯрӣ, ки ҳолати ногувор дошт, дар масоҳати 2 ҳазор метри мураббаъ таъмир гардид. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити мавҷудаи иншоот баҳои баланд дода, кормандони Хадамоти давлатии “Муҳофиза”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба истифодаи самараноки имконият ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуданд.
 
Ифтитоҳи бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо 
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Он дар маҳаллаи Темурмалик бо таври замонавӣ бунёд гардида, аз 5 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Дар шафати бинои асосии марказ иншооти ёрирасон бунёд ёфтаанд.
Бино тибқи нақша-чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуд.
Дар таҳхона шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак ва ҳуҷраи ташхиси пойафзол ҷойгиранд.
Шуъбаи санҷиши воситаҳои ченак аз озмоишгоҳҳои санҷиш ва андозагирии воситаҳои ченаки гармоӣ-техникӣ, ташхиси таҷҳизоти барқӣ, санҷиш ва андозагирии ченаки вазн, санҷиши воситаҳои ченаки геометрӣ, санҷиши воситаҳои ченаки электромагнитӣ, санҷиши воситаҳои ченаки басомадҳои радио иборат буда, ҳар кадоми он бо технологияи навтарини  соҳа  пурра таъмин мебошад.
Гуфта шуд, ки дар шуъба зиёда аз 20 номгӯи ташхис гузаронда мешавад ва дар он мутахассисони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб гардидаанд.
Маҷлисгоҳ бо 100 ҷой ва ошхона бо 40 ҷой дар ошёнаи якум ҷойгиранд. Дар ошёнаҳои дуюм, сеюм ва чорум ҳуҷраҳои кории маъмурият ва шуъбаҳои марказ қарор гирифта, кормандон бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъминанд. Дар марказ толори конфронс низ мавҷуд аст.
Озмоишгоҳи ташхиси хӯрокворӣ, маҳсулоти кишоварзӣ, нуриҳои минералӣ ва бактериологии марказ дар ошёнаи панҷум аз ҳуҷраҳои микробиологӣ, ташхиси ғалладонагиҳо ва маҳсулоти аз он истеҳсолшаванда, спектроскопӣ, физикӣ-химиявӣ, муайян намудани организми генашон тағйирдодашуда, ташхиси металлҳои вазнин, тайёркунии намуна, нигоҳдории намуна, анбори нигоҳдории реактивҳои химиявӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат мебошад.
Бахши нозироти пахта ва пилла ва озмоишгоҳи маҳсулоти нафтӣ дар бинои алоҳида буда, он ҳам бо таҷҳизоти навтарин ҷиҳозонида  шудааст.
Дар озмоишгоҳ ташхиси сӯзишвории дизелӣ, бензин, равғанҳои муҳаррикӣ, моеи хунуккунанда ва ғайра гузаронда мешавад.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иншоот аз ҳисоби даромадҳои Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд дар мавзеи бекорхобида мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Маврид ба зикр аст, ки то бунёд гардидани бинои нав марказ дар се бинои алоҳидаи аз ҳамдигар дур фаъолият мекард. Акнун, ҳамаи бахшҳои марказ дар як бинои зебо, боҳашамат ва дорои шароити муосиру мусоид ҷой гирифт, ки дар пешбурду рушди соҳа, таъмини сатҳ, сифат ва суръати хизматрасониҳо мусоидати амиқ менамояд.
Дар ҳавлии бино ва атрофи он гулу дарахтони ороишӣ ва ҳамешасабз шинонда шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иҷрои корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, истифодаи самараноки имконоти мавҷуда ва таъмини бехатарии ҳаёт ва саломатии аҳолиро дар ҳамаи самтҳо муҳим маънидод карданд.
 
Ба истифода додани корхонаи истеҳсоли ғалла 
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди ғаллаи  ҶДММ “Хубҷамъ - Инвест”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи он бо намунаи маҳсулоти корхонаи навбунёд ва гурӯҳи коргоҳҳои истеҳсоли ғалладонагӣ, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, шинос гаштанд. 
Корхона тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ба истиқболи шоистаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Илҳом Рабиев бунёд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки зимни мулоқот бо соҳибкорони ҷумҳурӣ, 14 октябри соли 2019, соҳибкор ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ташкили ду корхонаи нави саноатӣ иқдоми худро баён дошта буд. Инак, бо гузашти муҳлати на чандон тӯлонӣ, бо истифода аз имконияту имтиёзҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумат ба бахши хусусӣ корхонаи нави истеҳсолӣ сохта шуд. 
Барои бунёдаш 85  нафар бо ҷойи кор таъмин гардида, корҳои сохтмонӣ дар сатҳи баланд  ва бо риояи меъёрҳои меъморӣ  амалӣ гаштанд. Он дорои хати муосири истеҳсоли орд мебошад.
Масоҳати корхона, бо фарогирии як коргоҳи дигар ва иншооти ёрирасон, 5 гектар буда, арзиши иншоот, бо назардошти таҷҳизоти насбшудаи сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд, 53,3 миллион сомониро ташкил дод. Аз ин ҳисоб 18,7 миллион сомонӣ барои харид ва васлу насби таҷҳизот сарф гардид.
Дар коргоҳ идоракунии раванди истеҳсолот ба таври худкор ба роҳ монда шудааст. Иқтидори истеҳсолии сехи коркарди гандум ва истеҳсоли орд дар як шабонарӯз  650 тонна гандум  мебошад. Гандум ва ғалладонагиҳо ба коргоҳ тариқи роҳи оҳани инфиродӣ,  ки аз тарафи соҳибкор бунёд ёфт, дастрас мегарданд.
Дар як вақт дар анбори корхона то 30 ҳазор тонна гандум захира ва нигоҳдорӣ мешавад. Тибқи шартномаҳои баимзорасида, гандум ва донагиҳо аз Қазоқистон  ва Федератсияи Русия ворид мешаванд. 
Баробари ба истифода додани корхона, 200 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори мусоид ва маоши хуб таъмин шуд.
Дастандаркорон иқдом гирифтанд, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши халтаи ордро аз 240 сомонӣ то 200 сомонӣ поён фуроварда, ба фурӯш гузоранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкорро намунаи барҷастаи ватандӯстӣ ва саҳмгузории фаъоли бахши хусусӣ дар шукуфоии бештари Ватан маънидод карда, дастур доданд, ки ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва арзиши дастраси он таваҷҷуҳи хос зоҳир шавад.
Муассисони ҶДММ “Хубҷамъ-Инвест”, инчунин, тасмим гирифтанд, ки то Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳамин минтақа корхонаи истеҳсоли хӯроки омехтаи чорворо бунёд намоянд.
Соҳибкор барои дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайваста бобати равнақи бештари соҳибкории истеҳсолӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён кард.
 
Ба истифода додани Корхонаи истеҳсоли равғани 
ҶДММ “Хубҷамъ - Инвест” 
12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коргоҳи истеҳсоли равғани рустании ҶДММ “Хубҷамъ-Инвест”-ро дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки аз тарафи соҳибкор Илҳом Рабиев бунёд гардидааст, ифтитоҳ бахшиданд.
Сарвари давлат фаъолияти корхонаро дар шароити имрӯзаи бозори истеъмолӣ судовар маънидод карданд.
Коргоҳи коркард ва истеҳсоли  равған бо маблағи 21,1  миллион сомонӣ сохта шуда, барои воридоти технологияи истеҳсолӣ 14,5 миллион сомонӣ сарф гардидааст. 
Корхонаи мазкур дар пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии Тоҷикистон эъмор гашта, нишонаи татбиқи амалии саноатикунонии босуръати кишвар дониста мешавад. Иқтидори истеҳсолиаш дар як шабонарӯз коркарди 50 тонна чигит ва офтобпарастро ташкил медиҳад. Дар кишвар он ягона корхонаи инноватсионӣ мебошад, ки истеҳсоли равғани покгардондашуда дар чанд марҳила, ба монанди  раванди безараргардонӣ, сафедкунӣ, сарднамоӣ ва бандубаст намудани онҳо, сурат мегирад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкор дастур доданд, ки сифати маҳсулот тариқи ташхиси ҷиддии озмоишгоҳӣ ва дигар равандҳои ҳатмии истеҳсолӣ ба роҳ монда шавад.
Тазаккур дода шуд, ки истеҳсолот аз покгардонии равған оғоз шуда, он, дар навбати худ, аз 4 марҳила иборат аст.
Дар корхона 100 нафар бо шуғли доимӣ таъмин гашт. Аксари коргарон дорои малакаи баланди касбианд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси соҳибкор Илҳом Рабиевро, ки бо ҳисси баланди меҳандӯстӣ тавонист дар ду корхонаи нави саноатӣ 300 ҷои нави кор ташкил намояд, намунаи ибрат хонданд.
 
Машварати корӣ бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд
Нимаи дуюми рӯзи 12 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир карданд.
Зимни он натиҷаҳои фаъолияти бахшҳои муҳими иқтисодии вилоят дар панҷ моҳи соли 2021, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи барномаҳои давлатӣ, амалисозии ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ҷараёни корҳои созандагию ободонӣ ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, вазифаҳо барои давраи оянда муайяну мушаххас гардиданд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади истиқболи сазовори ин ҷашни муқаддасу бузург дар шаҳру ноҳияҳои вилоят то имрӯз бунёду навсозии 6967 иншооту биноҳо ба итмом расид, ки 91,9 дарсади нақшаро ташкил медиҳад.
Барои расидан ба ҳадафҳо, роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, вазифадор шуданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳо ва бо ҷалби соҳибкорону шахсони саховатпеша, инчунин, аҳолӣ ҷиҳати вусъати корҳои боқимонда ва бо сифати баланд ба анҷом расондани онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони вилоят аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 40,5 миллиард сомонӣ, аз ҷумла тавассути амалисозии зиёда аз 50 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ, 25 миллиард сомонӣ равона шудааст.
Ҳамзамон, дар доираи Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят барои солҳои 2016 – 2020-ум 192 лоиҳа ба маблағи 7,8 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, дар барномаи навбатӣ барои солҳои 2021 – 2025 татбиқи 243 лоиҳаи дигар ба маблағи 11 миллиард сомонӣ пешбинӣ мешавад.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки дар ҷараёни татбиқи барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоиву иқтисодӣ мушкилоти вобаста ба истифодаи ҳамаҷонибаи имконияту захираҳои мавҷударо бартараф карда, ба ин васила, барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинони вилоят мунтазам чораҳо ҷӯянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ҳадафҳои муайяннамудаи Ҳукумати мамлакат ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки бо ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ инфрасохтори иҷтимоиву истеҳсолиро беҳтар намуда, ташкили коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ, бунёди маҷмааҳои саноатӣ, агросаноатӣ ва технопаркҳои замонавиро боз ҳам густариш диҳанд.
Вобаста ба иҷрои босифат ва саривақтии буҷет, ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он, инчунин, масъулони вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки ҷиҳати бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда дар самти иҷрои нақшаи қисми даромади буҷет ва баланд бардоштани самаранокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ қариб 1,5 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 фоиз зиёд мебошад.
Бонкҳои давлативу саҳомӣ ва дигар ташкилотҳои қарзии низоми бонкии мамлакат вазифдор гаштанд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарз ба бахши соҳибкории истеҳсолӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он супориш гирифтанд, ки фаъолияти худро вобаста ба татбиқи ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар дар самти ташкили корхонаҳои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ тақвият бахшида, доир ба таъмини гуногунсамтии истеҳсолот тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ҳамзамон, зарур дониста шуд, ки якҷо бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва дигар вазорату идораҳои марбута барои ба кор даровардани иқтидорҳои истифоданашудаи корхонаҳои саноатӣ ва корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигарондашуда ва ивазкунандаи воридот чораҳои қатъӣ андешида шаванд.
Илова бар ин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав вазифадор гардид, ки якҷо бо роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва сармоягузорон барои ҳарчи зудтар ба роҳ мондани коркарди ниҳоии маҳсулоти соҳаи саноати истихроҷ иқдом гиранд.
Вобаста ба вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҷиҳати коҳиши таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди кишвар дастур дода шуд, ки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, барқарор кардани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, истифодаи самараноки заминҳои мавҷуда, васеъ ба роҳ мондани кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёндани ду – се ҳосил ва бунёди гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ таваҷҷуҳи махсус равона сохта, тадбирҳои мушаххас ва саривақтӣ андешанд.
Роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо маваззаф шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорвопарварӣ ва корхонаҳои парандапарварию моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, инчунин, бо дарназардошти хушксолие, ки идома дорад, ҳарчи бештар истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва боз ҳам беҳтар таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ тамоми имконияту захираҳоро сафарбар созанд.
Чуноне дар машварат таъкид гардид, ба хотири афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар роҳбарони сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки ҷиҳати таъмини нишондиҳандаҳои рушди содирот, махсусан маҳсулоти коркардшудаи дорои арзиши баланди иловашуда, тадбирҳои мушаххас андешанд.
Барои рафъи мушкилоти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла бахши маориф, роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор гаштанд, ки якҷо бо Вазорати маориф ва илм ҷиҳати ҳалли мушкилоту масъалаҳои вобаста ба муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла бо истифода аз имкониятҳои соҳибкорон ҳарчи бештар бунёд намудани муассисаҳои томактабӣ, ҳавасмандгардонии омӯзгорони ҷавон, иҷрои босифати барномаҳои соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати таълим, чора ҷӯянд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ супориш доданд, ки якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои он барои бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва миёнаи тиббӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустии вилоят, баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ва сифати хизматрасонии тиббӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд.
Ҳамзамон, раиси вилоят ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳои он муваззаф гардиданд, ки бо бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ, дастгириву ҳавасманд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид сохтани заминҳои нав барои таъсиси ҷойҳои нави кор, пешгирии барҳамхӯрии минбаъдаи ҷойҳои кор, паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат тадбирҳои мушаххас андешанд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба масъалаи иҷрои ҳатмии дастуру супоришҳои роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастовардҳои шоиста сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб карда, бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва фаъолон бо азму талоши созанда барои амалисозии ҳадафҳои бобарор талоши бештар ба харҷ медиҳанд.
Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарони як қатор шаҳру ноҳияҳо ҳисобот доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2021    №: 118    Мутолиа карданд: 790
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед