logo

сиёсат

ТОҶИКИСТОН. АЗ ТАШАККУЛИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ТО ҶОЙГОҲИ БАЛАНД ДАР СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

Имсол мардуми шарафманди тоҷик Рӯзи Ваҳдати миллиро чун солҳои қаблӣ дар фазои сулҳу оромӣ ва рӯҳияи ифтихор аз вусъати корҳои созандагӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ таҷлил хоҳанд кард. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли ҷорӣ барои кишвари озоду мардуми азизи мо як давраи хос ба шумор хоҳад рафт, зеро Тоҷикистон дар баробари ин ҷашни миллӣ, ҳамзамон, тантанаҳои ҷашнии 20 - умин солгарди таъсисёбии Созмони ҳамкории Шанхайро роҳбарӣ хоҳад  кард, зеро феълан  Тоҷикистон  раёсат  дар СҲШ- ро ба уҳда дорад, ки аҳолии кишварҳои узви он 43,8 дарсади сокинони сайёраро дар худ фаро мегирад.
Дар ҳоли ҳозир мо бояд ин ҳақиқатро шинохта бошем, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар мисоли оби тоза, нақши фаъол дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ, пеш аз ҳама, ба шукӯҳи сулҳу субот ва ваҳдати дохилӣ бастагӣ дорад. Ва ҳамин омил аст, ки сиёсати хориҷии давлатро қавию устувор намуда, Тоҷикистон дар доираи созмонҳои минтақвию байналмилалӣ ҳамчун шарики боэътимод ва кишвари таъсиргузор дар тасмимгириҳои фароминтақавӣ шинохта мешавад. Далели рӯшани ин гуфтаҳоро мо дар мисоли Созмони ҳамкории Шанхай рақам зада метавонем, ки Тоҷикистон дар шахси Пешвои миллат, ҳамчун яке аз муассисони ин созмони бонуфузи байналмилалӣ аз давраи таъсис то кунун дар таҳкими фаъолияти он нақши мунир гузоштаанд.
Тавре маълум аст, СҲШ дар заминаи Панҷгонаи Шанхай ба майдон омада, то имрӯз  қаламрави  бузургеро  дар  ихтиёр   дорад.  Нақши  Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ташаккул ва таҳкими фаъолияти ин созмон бисёр назаррас буда, кишвари мо дар ҳар саммити он бо пешниҳодҳои созандаву ташаббусҳои нав ба нав баромад мекунад. Чунончи аз Панҷгонаи Шанхай ба Созмони ҳамкории Шанхай табдили ном кардани созмон ҳам бори аввал аз ҷониби Президенти Тоҷикистон садо дода, соли 2001 дар шаҳри Душанбе ба ҳукми амал даромад.
Ташкили  яке  аз  ниҳодҳои  доимоамалкунандаи созмон - Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррорис-тии СҲШ, яке аз пешниҳодҳои судманди Тоҷикистон буд, ки имрӯз бо қароргоҳи доимӣ дар шаҳри Тошканд амал мекунад. Пешниҳоди дигари Сарвари давлати мо ин аст, ки бо ризоияти ҳамаи кишварҳои аъзо дар баробари ду ниҳоди доимамалкунанда (Котибот ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ) ниҳоди сеюми доимамалкунанда - Маркази мубориза зидди маводи мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе созмон дода шавад. Ҳоло интизор меравад, ки ин масъала дар соли раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай аз мавзӯъҳои асосии гуфтугӯи сарварони давлатҳои  узви  созмон дар баробари дигар барномаҳо бошад.
Пешвои муаззами миллат ба раванди тавсеаи фаъолият, мақому эътибори ин созмони бонуфуз чунин баҳо додаанд: «Созмони ҳамкории Шанхай дар муддати кӯтоҳи фаъолияти худ ба омили муҳими сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар муҳлати нисбатан кӯтоҳ заминаи зарурии қарордодию ҳуқуқӣ бунёд ва роҳу усулҳои самарабахши ҳамкорӣ муқаррар карда шуданд. Обрӯю эътибори байналмилалии созмон торафт афзуда, ҳамзамон, равобити берунии он густариш меёбад».
Тавре дар расонаҳо эълон шуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли раёсаташ ба СҲШ барномаи фарогиреро бо беш аз 100 чорабинӣ рӯи даст гирифтааст, ки амалӣ гардидани онҳо ба таҳкими суботу амнияти минтақа, ҳамкории самарбахш дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илму техника, энергетика, нақлиёт туризм, ҳифзи муҳити зист, шукуфоиву пешрафти кишварҳои узв мусоидат хоҳанд кард. 
 
Баҳодур ИСОЗОДА, муовини раиси суди ноҳияи Шоҳмансур


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 672
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед