logo

иҷтимоиёт

ТУРСУНЗОДА ВА ОЗОДИИ ШАРҚ

Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» - и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба фаъолияти эҷодӣ ва сиёсии устоди бузургвор Мирзо Турсунзода чунин суханони мондагоре ба сабт расидааст: «Мирзо Турсунзода на танҳо чун шоири шаҳир, балки ба сифати арбоби бузурги давлатӣ ва ҷамъиятию сиёсӣ, ба ҳайси раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар тамоми олами мутамаддин шуҳрат дошт. Ӯ ба ин ташкилоти ҷамъиятии байналмилалӣ бист сол оқилона сарварӣ карда, дар таҳкими пайванди дӯстӣ ва робитаҳои адабии мардумони ду қитъаи муборизи сайёра - Осиё ва Африқо хизматҳои шоиста баҷо овард».
Чун ба таърихи мустамликадории давлатҳои пурзӯри Аврупо менигарем, мебинем, ки сокинони бумии кишварҳои Африқову Осиё бар зидди бардагии худ пайваста муқовимати сахт нишон медоданд ва ҷунбишҳои озодихоҳии онҳо дар марҳилаҳои гуногун гаҳе шакли ҷангҳои хунини тӯлонии зиддиистеъмориро мегирифтанд. Дар байни солҳои 1825 - 1898 шӯришҳои зидди мустамликадорони Ҳолландия дар ҷазираи Яваи Индонезия (1825 - 1830), Фаронса дар Алҷазоир (1832-1847) Британия - дар Ҳиндустон (1857 - 1859), Мисру Судон  (1881 - 1898) намунаи онҳо мебошанд.
Пас аз пош хӯрдани хилофати Араб, дар шимоли Африқо кишварҳое чун Миср, Ливия, Марокаш, Тунис ва Алҷазоир, ки  дар асри XVI ба салтанати Туркияи усмонӣ тобеъ буданд, дар ибтидои асри XVII бо суст шудани ҳукуматронии Туркия идораи ҳукумат дар дасти феодалони маҳаллӣ афтида буд.  Дар ибтидои садсолаи XX инқилобҳои Эрон (солҳои 1905 - 1911), Туркия (1908), Хитой (1911 - 1913), хуруҷи ҳаракати миллӣ - озодихоҳӣ дар кишвари Ҳиндустон (1905 - 1908) аз он гувоҳӣ медоданд, ки дигар кишварҳои Шарқ чун пеш намехоҳанд дар зери зулму истибдоди истеъморгарон бошанд. Ва мустамликадорони Аврупо ҳилаву найрангҳои нав ба нав меҷустанд, ки ҳукмронии худро аз сари шарқиён барнадоранд. Чуноне соли 1906 Конгресси миллии Ҳинд (Ҳаракати миллӣ - озодихоҳии Ҳиндустон) ҳуқуқи худмуайянкунии миллии хешро дархост намуд, аммо дере нагузашта ҳукуматдорони Британия тавонистанд дар байни онҳо ҷудоӣ эҷод кунанд. Англисҳо соли 1905 бо назардошти боварҳои динии мардумонаш Банголаро ба иёлатҳои мусалмонӣ ва ҳиндуӣ ҷудо карданд. Онҳо аз зиддиятҳои ҳиндӣ - мусалмонӣ кор гирифта, эътирозҳои сиёсии мусалмононро зидди ҳиндиҳо дастгирӣ намуданд ва соли 1906 Лигаи мусалмонони Ҳиндустонро созмон доданд. Ҳамзамон, ҳиндиҳо дар ҷавоб ба ин амр «Ҷамоати дини шарафманди Ҳинд» - ро бунёд намуданд. Бад - ин тартиб англисҳо тазодҳои дар заминаи боварҳои динӣ мавҷудбударо ривоҷу таҳрик дода, бо истифодаи неруҳои мусаллаҳ шиддати ҳаракати миллиро поён фароварданд. Аммо мавҷҳои ҳаракатҳои миллӣ - озодихоҳӣ бо ин ором нагирифтанд ва дар авохири солҳои 40 - ум ва солҳои 50 - уми садсолаи гузашта бо бунёди як силсила давлатҳои мустақили рӯ ба инкишоф анҷом пазируфтанд. 
Бояд ба ин нукта аҳамият дод, ки дар оғози асри XX дар Шарқ якчанд давлатҳои калон, монанди Япония (императории Тсин), Хитой (императории Мин), Ҳиндустон (императории муғулҳои бузург), Эрон (Форс) ва Корея вуҷуд доштанд. Суръати инкишофи илмиву иқтисодӣ дар Осиё нисбат ба Аврупо ниҳоят суст ҷараён дошт. Мустамликасозии Аврупо боиси  иллатҳои асосии вопасмонии ин кишварҳо гардида, ба миён омадани ҳаракати зиддиистеъморӣ ва зиддифеодалиро сабабгор буд. Муборизаи даҳсолаҳои халқҳои Шарқ озодӣ ва истиқлолияти давлатии Ҳиндустон, Индонезия, Бирма, Миср ва монанди он мамлакатҳои дигари Осиё ва Африқоро таъмин намуд. Акнун дигар садои Осиёи «аз хоби гарон» бедор ва мубориз аз минбарҳои баланди ҷаҳон шунида мешуд. Фарҳехтагони адабиёти ҷаҳон ин озодии мардумони Шарқро дар асарҳояшон сутуда, аз минбари нишастҳо ва форумҳои пуршукӯҳи байналмилалӣ дар мавриди озодии Шарқ суханрониҳо мекарданд. Беҳтарин офаридаҳои адибони он рӯзгор аз тарафи ташкилотҳои байналмилалӣ ва кишварҳои сулҳпарвар мавриди қадрдонӣ қарор ёфта, шоирону нависандагони барҷаста ба монанди Мирзо Турсунзода (Тоҷикистон), Файз Аҳмади Файз (Покистон), Николай Тихонов, Мустай Карим, Александр Чаковский (Россия), Расул Ғамзатов (Доғистон), Нозим Ҳикмат (Туркия), Шунитӣ Кумар (Ҳиндустон), Халилуллоҳи Халилӣ (Афғонистон), Сайид Нафисӣ, Фаррухии Яздӣ, Мирзода Ишқӣ (Эрон) гули сари сабади адабиёти ҷаҳон буданд. Бояд таъкид кард, ки аз миёни шоирони шинохтаи шарқсаро номи устод Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмади Файзи покистонӣ вирди забони суханшиносон ва озодихоҳони ҷаҳон гаштанд ва ин ду сухансарои фарҳехта шоистаи баландтарин унвонҳои ҷаҳонӣ дониста шуданд; устод Мирзо Турсунзода сазовори ҷоизаҳои байналмилалии ленинӣ ва Ҷавоҳирлол Неҳрӯ ва Файз Аҳмади Файз сазовори ҷоизаи байналмилалии ленинӣ, «Барои мустаҳкамсозии сулҳи байни халқҳо» ва ҳангоми зиндонӣ будан дар ватани хеш, чанде пеш аз марг, ифтихорманди Ҷоизаи Нобел гардид.  
Устод Мирзо Турсунзода авҷгирии ҳаракати миллӣ - озодихоҳии мардумони Осиё ва Африқоро дар яке аз мақолаҳояш, ки дар китоби «Ҳаёт, қаҳрамон ва адабиёт» (Душанбе, “Ирфон”, 1957) ба чоп расида, чунин арзёбӣ намудааст: «Харитаи ҷаҳон торафт бештар тағйир меёбад, дар он мамлакатҳои нав ба наве, ки аз асорати коллониализм озод гардида, ба роҳи тараққиёти мустақилона қадам ниҳодаанд, пайдо мешаванд. Нахустин конференсияи ҳаракати ҳамраъйии Осиё ва Африка соли 1957 дар Қоҳира баргузор гашта буд ва он вақт Миср яке аз аввалин давлатҳои қитъаи Африка буд, ки аз зери ситами коллониализм қомат баланд мекард. Ҳоло системаи нангини коллониалистӣ торафт  бештар  ба  сӯи  нестӣ ғуруб мекунад ва боиси ғазабу нафрати халқҳои саросари ҷаҳон қарор гирифтааст». 
Устод Мирзо Турсунзода беш аз 20 сол Шӯрои умумиҷаҳонии сулҳро сарварӣ мекард ва хизматҳои ӯро ҳамчун яке аз асосгузорони фаъоли ин ҳаракати обрӯманди ҷаҳонӣ ба назар гирифта, намояндагони кишварҳои Осиё ва Африқо махсус қайд карда мегуфтанд: «Мирзо Турсунзода тимсоли муборизаи халқҳои Осиё ва Африқо барои озодӣ ва истиқлолият аст». Дар ҳақиқат  офаридаҳои  ин фарзанди фарзонаи тоҷик, илҳомбахши муборизаи халқҳои Шарқ барои истиқлолият, сулҳ, оромиву осудагӣ гардида буд. «Қиссаи Ҳиндустон» - и устод дар баробари ба чоп расидан аз марзҳои Иттиҳоди Шӯравӣ берун шуда, дар мамлакатҳои Шарқ машҳур гашт.  «Ман аз Шарқи озод», «Садои Осиё», «Духтари муқаддас», «Аз Ганг то Кремл» ва силсилашеърҳои дигари устод дар муборизаи озодихоҳонаи халқҳои Шарқ нақши чашмрас доштанд.
Адиби фарҳехта дар бедории миллии Осиё ояндаи дурахшони мардумони яке аз қитъаҳои бузурги Заминро дида, бо як рӯҳияи баланди инсонпарварӣ онро дар достони «Садои Осиё» (1956), бозгӯ менамояд:
Осиё гӯяд сухан,
Овози онро бишнавед!
Мавҷи дарё, ғурриши баҳри дамонро бишнавед! 
Шоири чирасухан аз бедории мардумони Осиё ба ваҷд омада бо як эҳсосоти дардолуд бо суханони оташин ранҷу бардагии ин мардумони мазлумро сурудааст:
Аз даруни синаи деҳқон дилеро кандаанд,
Саркашонро дар таги чоҳи сияҳафкандаанд.
Духтари даҳсоларо дар деги ҷӯшон пухтаанд.
Метавонам оварам ин қиссаҳоро чанд - чанд...
Устод меҳри бепоёни худро ба Осиё ҳамчун меҳр ба модар дониста, худро саросар «суруди Осиё» хонда, аз осиёӣ будани хеш бо ифтихор мегӯяд:
Осиё монанди модар меҳрубонастӣ маро, 
Муҳраи меҳри дилу беҳтар зи ҷонастӣ маро
                                 ***
Ман суруди Осиёям, қитъаи огоҳдил,
Қитъае, ки кард қомат рост аз болои гил. 
Шоири бузург бо ифтихору боландагӣ дар силсилашеърҳои «Ман аз Шарқи озод» эълом медорад, ки ӯ низ бо тамоми ҳастии худ аз Шарқ аст, вале аз Шарқи озод - аз Шарқе, ки духтараш дигар он мушти пари ба тарабгоҳи амирон афканда намебошад, бо он чеҳраи чун гули наврустаи зебои шарқӣ, олудаи гарди хазон намебошад. Онҳо китобу дафтар ба даст илм меомӯзанд, аз тарси хурофотиёни тангназар чодари сиёҳ ба сар намекунанд ва ҳамрадиф бо мардон маҷлисороӣ мекунанд:
Занону духтарон ҳам дар миёншон,
Нишаста мисли мардон шоду хандон.
* * *  
Занону духтарони некрӯзӣ
Ҳама машғул дар маҷлисфурӯзӣ.
Устод  бартарии  зиндагии мардумони сарзамини Шарқи худро дар нисбат ба зиндагии мардумҳои дигари Шарқ  дар он мебинад, ки дар ин ҷо орзуи деринаи падарон - соҳиби Ватани миллии худ гаштан муяссар шудааст, вале дар он ҷо шабурӯз ваҳшимаобон нифоқе барангехта, мардумонро ноорому ноосуда месозанд. Дар ин ҷо дари мактаб ба кӯдакон кушода, онҳо барои бардошти матлаб бо роҳи дурахшон равонанд, вале дар он ҷо кӯдак дар сари роҳ барои пайдо кардани пораи ноне «бо қуттии худ дар хиёбони лаби баҳри Кабуд», пойафзоли ҷанобонро пок мекунад ва ё бо ароба лордеро мекашонад. Ва шоири барҷаста бо чунин намунаҳо фарқи Шарқи худро аз Шарқи дигарон менамоёнад:
Чунин аст фарқи ману фарқи ту!
Чунин аст Шарқи ману Шарқи ту! 
Устоди некбин бо боварии пурра бар он буд ки дигар қитъаи Осиё бедор шудааст ва дар ин марзу бум ҳамеша сулҳ пойдор хоҳад буд ва шарқиён низ чун кишварҳои Аврупо рӯ ба инкишофи илму техника ниҳода, дар як замони кӯтоҳ ба дастовардҳои чашмгир мерасанд:
Осиё ҳамроҳи Африқо сухан оғоз кард,
Бо ду дасти худ дари иқболи худро боз кард.
Дар ин ҷо мебояд пурсише ба миён гузошт, ки оё Шарқе, ки аз он мавҷи дамони ҳаракати миллӣ - озодихоҳияш устод Мирзо Турсунзода ва як насли шоирони инсонпарвару додхоҳи ҷаҳонро ба ваҷд оварда буд, тавонист дар гулистони умеди миллионҳо одамони некхоҳу некманиши ҷаҳон гулҳои зебою хушбӯяшро бипарваронад? 
Ин пурсиш, ки ба зиндагии имрӯзаи мардуми Шарқ  дахл дорад, таҳлил ва дарёфти  дигареро мехоҳад, ба монанди: «оё шоирони имрӯз дар мавзӯи озодии Шарқ суханофаринӣ мекунанд ва сарнавишти Шарқ барояшон то чӣ андоза арзиш ба нигариш дорад?!». 
 
 
Зафар МИРЗОЁН, 
мушовири ректори 
Донишгоҳи давлатии Кӯлоб 
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 546
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед