logo

фарҳанг

КАБӮТАРИ СУЛҲ

Мирзо Турсунзода бо андешаҳои олии мутамарказ дар меҳвари умумиинсонӣ, арзиш ва ҳифзи сулҳ дар ҳимояи манфиатҳои аҳли заҳмат, ҳисси масъулият нисбат ба тақдири инсоният, дар роҳи таҳкими рафоқат ва дӯстии халқҳои мамлакатҳои Осиёву Африқо хидматҳои беназир ба сомон расонда, тавассути фаъолияти адабиву фарҳангӣ ва иҷтимоӣ бо ҳиссу масъулияти инсондӯстона гомҳои устувор ниҳодааст.
 
Баҳсҳо андар шоҳкориҳои безаволи бузургони фарҳангу адабиёти тоҷик дар саҳифаҳои таърих чун як чароғи равшан машъалафрӯзанд, ки миллати тоҷик тӯли қарнҳо ин хидматҳои бузургро аз қалб ва забони худ ба фаромӯшӣ надода, чун як мероси пурбаҳои миллӣ аз насл ба насл интиқол медиҳад. 
Бо ифтихор мебояд ёдовар шуд, ки Мирзо Турсунзода аз ворисони асили миллати тоҷик маҳсуб ёфта, дар мавқеи муносиб аз дидгоҳи дӯстӣ ва рафоқат миёни халқҳо дар вазъияти муҳим барои дифоъ аз миллати тоҷик роҳро ба сӯи халқу кишварҳои  Осиёву Африқо боз намуд. 
Зиндагиномаи устод Мирзо Турсунзода ба ҷуз аз ходими давлатию ҷамъиятӣ будан, инчунин, шоир, драматург, мунаққид, олим, мутарҷим, фолклоршинос муаррифӣ мешавад, ки аз арбоби санъати сухан будан ва аз нуҳуфта будани қудрати бузурги инсондӯстиву сулҳпарварӣ дар вуҷудаш далолат мекунад. 
Мирзо Турсунзода дар мавриди ишқи Ватан бо чунон гармӣ ва самимияте сухан мегӯяд, ки зикри номи Ватан ба ходими давлатию ҷамъиятӣ будани шахсияти ин абармард гувоҳӣ дода, парвози илҳомаш ба қуллаҳои баланд расида, шӯру валвалаи амиқе дар қалбҳои мардум эҷод кардааст ва дар ояндаҳо низ хоҳад намуд. Ӯ ба ҳайси як инсони комил ва ходими давлатӣ мекӯшид то халқи тоҷик аз ҳурофот ва буҳрони ранҷҳои инсонӣ раҳоӣ ёбад.
Мирзо Турсунзода дар натиҷаи сафарҳояш ба Деҳлӣ, Исломобод, Париж, Варшава, Вена, Қоҳира, Стокголм, Хелсинки, Доруссалом, Ҷакарта, Конакри ва дигар шаҳрҳои ҷаҳон чун шахсияти барҷастаи фарҳангию иҷтимоӣ, ҷонибдори сулҳ муаррифӣ шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистону халқи тоҷикро ба оламиён ҳамчун халқи башардӯст муаррифӣ менамуд. Ин гуфтаҳои шоири вассофи сулҳ дар шеъре таҳти унвони «Ватан» сафар кардану ҷаҳондиданҳои ӯро чунин бармало намудааст:
Баҳор омад, зи умрам боз як соли дигар 
бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар 
бигзашт.
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан 
будам,
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар 
сафар бигзашт.
Сафарҳои  Мирзо Турсунзода  ба кишварҳои хориҷӣ, ки фарогири 25 мамлакати хориҷӣ мебошад, гувоҳи онанд, ки  дар ин кишварҳо вохӯриву суҳбатҳои шоир бо адибони маъруф сурат гирифта, паҳлуҳои гуногуни услуби эҷодии шоир такмил ёфта, шеъри ӯ рӯҳияи умумибашарӣ пайдо намудааст.
Шоири тоҷик баъди иншои силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» ба офаридани асарҳои калонҳаҷм, аз ҷумла ашъори «Ман аз Шарқи озод», достонҳои «Ҳасани аробакаш», «Садои Осиё», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин», «Роҳи нури Офтоб», «Аз Ганг то Кремл» ва силсилаи ашъори «Дастовез» пардохт. Масъалаҳои ахлоқи инсонӣ, эҳтиром ва садоқат дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода ҷойгоҳи махсусро касб намуда, аз ватанхоҳӣ, меҳнатдӯстӣ, эҳтирому якдигарфаҳмӣ ва васфи сифатҳои шоистаи инсонӣ ҳарф мезанаду барои хубтару беҳтар ошкор сохтани масъалаҳои панду ахлоқӣ аз тасвирҳои тамсилӣ фаровон истифода мекунад. Мисоли равшани ин дар шеърҳои «Дурахши қуллаҳо», «Дарахти булут», «Ток ва замин», «Инсон ва кӯҳ» тасдиқи худро пайдо намудаанд. 
Масъалаҳои панду ахлоқ дар муносибати шоир пайванди азалӣ бо  анъанаи адабиёти классикии тоҷик доштанро бозгӯ намуда, эҷодиёти суханвари вассофи сулҳро пурмаънотару мондагор рӯи коғаз овардааст. Мирзо Турсунзода дар заминаи фаъолияти иҷтимоиву фарҳангӣ ҳам, замоне ки раёсати Иттифоқи нависандагон ва узвияти ҳақиқии Академияи илмҳоро бар уҳда дошт, ин рисолатро бошарафона анҷом дод ва кӯшид нафаронеро тарбият намояд, ки меросбари ин суннату оине, ки аз нубуғи миллати тоҷик ҳарф мезанад, бошанд.
Асарҳои Турсунзода аз қабили «Садои Осиё», «Ҳасани аробакаш», «Ҷони ширин», силсилаи ашъори ба модар бахшидашуда, «Қиссаи Ҳиндустон» ба бештар аз 50 забони  халқиятҳои ҷаҳон тарҷума ва мунташиру мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, бар пояи бисёре аз достонҳои устод филмномаҳову намоишномаҳои синамоиву театрӣ ва асарҳои зиёди симфониву операвӣ таҳия ва ба маъраз гузошта шудаанд.
Мирзо Турсунзода парчами ҳифзу гиромидошти нангу номи миллати тоҷикро, ки аз устод Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ ба мерос гирифта буд, дар миёни қавмҳо ва миллатҳои дигар бо тавоноӣ ва қудрати бемонанду хастагинопазираш мисли машъали дурахшоне болои сар нигоҳ дошту бо иззату икроми зиёд онро ба наслҳои минбаъда бо як эҳтиром беолоиш расонд. Имрӯз мо бояд арҷгузор ва гиромидори мероси шоистаю арзандаи таъриху фарҳанги гузаштаи худ бошем, то ояндагон бо некию ифтихор аз мо ба хотир оваранд ва чун устод Мирзо Турсунзода дар қалбу  ёдҳои тоҷикону халқҳои Осиёву Африқо абадзинда боқӣ бимонем. 
 
Ҳабибулло САТТОРОВ,
сармуҳаррири нашрияи “Омӯзгори ҷавон”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 1751
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед