logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ВА ШАРОФ РАШИДОВ – ДУ ШАҲПАРИ СИМУРҒИ ДӮСТӢ

 
Арбоби давлатӣ ва нависандаи соҳибистеъдод Шароф Рашидов дар таърихи фарҳанги халқҳои тоҷику ӯзбек чун тарғибгари садоқатманди дӯстиву бародарӣ шинохта шудааст. Ӯ дар Даҳаи адабиёт ва санъати Тоҷикистон дар Ӯзбекистон (соли 1968) барҳақ гуфтааст: «Халқҳои тоҷику ӯзбек бародарони қарин, ҳамсояҳои неку наздиканд. Тақдиру қисмати халқҳои мо аз қадим ба ҳам пайвастанд. Ин дӯстӣ решаҳои чандинасра дорад» (Рашидов Ш. "Чун офтоб дурахшон. Таронаи дӯстӣ." Тошкент, 1968, с.12).
Бахусус, дӯстиву ҳамкории эҷодии ӯ бо Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода шоистаи ибрат мебошад.
Шароф Рашидов ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд аз эҷодиёти Мирзо Турсунзода хабардор буд. Асарҳои калони манзуми ин суханвари соҳибистеъдод «Манзараҳои Хуҷанд», достонҳои «Офтоби мамлакат», «Хазон ва Баҳор»-и ӯро бо ҳавас мутолиа менамуд. 
Ниҳоят, соли 1949 ин ду суханвари соҳибтабъ бо ҳам шинос мешаванд. Онҳо он замон ба Иттифоқи нависандагони кишварҳои худ раисӣ мекарданд. Дар ин хусус Шароф Рашидов дар мақолаи “Дӯсти ман, бародари ман”, ки ба сифати сарсухан дар китоби Мирзо Турсунзода бо номи «Оташ посбони» (соли 1981, ба забони ӯзбекӣ) чоп шудааст, овардааст: «Шиносоии мо соли 1949 оғоз ёфт, ки мо ҳар ду он вақт раиси правленияи Иттифоқи нависандагони республикаҳои худ будем. Мирзо Турсунзода аз ибтидо ба ман таассуроти хубу амиқ гузошт. Ӯ марди серғайрат ва фаъол буд, назари фароху ақли гиро дошт ва санъаткори ҳақиқӣ буданаш ҳис карда мешуд.
Ман аз ин пеш ҳам дар хусуси Мирзо Турсунзода бисёр суханони нек шунида, асарҳояшро хонда будам. Каломи оташин ва пурэҳтироси ӯро дар хотир доштам. Шеърҳои дар ниҳоди худ ҳарорати баланди гражданидоштаи ӯ дар дил ҳиссиёти комили ватанпарвариро бедор мекарданд ва бо амиқии фикр касро ҳайрон менамуданд. Акнун, баъди бо ӯ шахсан шинос шуданам, тамоми чизҳои то он вақт навиштаи шоирро хонда баромадам. Баъзе шеърҳояшро гаштаю баргашта мехондам, ки онҳо ниҳоят моҳирона навишта шуда буданд”.
Инчунин, Шароф Рашидов бо қаноатмандӣ зикр менамояд: “Соли 1957 комитети ташкилӣ оид ба даъвати конференсияи якуми нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо дар Тошкент таъсис ёфт. Маро шарафе муяссар гардид, ки раиси ин комитет бошам. Мирзо Турсунзода яке аз фаъолтарин аъзои ин комитет буд. Равобити эҷодӣ ва алоқаи шахсии ӯ бо аҳли адаби тараққипарвари мамлакатҳои Осиё ва Африқо аз бисёр ҷиҳат кори моро сабук кард».
Шароф Рашидов сафари худро бо шоири ҷаҳонгашта ба Куба ин тавр ёд мекунад: “Дӯсти тоҷикам Мирзо Турсунзода ба рӯҳияи халқи баҳодур ва меҳмондӯсти Куба, ки ҳафтсолагии инқилобро ид мекард, нигоҳ намуда, аз шодӣ сараш ба осмон мерасид, чеҳрааш гул-гул мешукуфт. Ӯ дар бораи дидаю шунидаҳояш бо рӯҳи баланд нақл мекард, ҳар замон ба даст қалам гирифта, дар дафтарчааш тез-тез сатрҳои нав менавишт. Дар қалби ҳассоси шоир шеър таваллуд мешуд”. 
Минбаъд бо саъю кӯшиши ин ду суханвари асил, шакли аз ҳама пурсамари ошноии ду миллат – тарҷумаи бадеӣ ба роҳ монда мешавад. Бо далолати Мирзо Турсунзода романҳои рӯҳпарвари Шароф Рашидов «Ғолибон» ва «Мавҷҳои пурқудрат» аз ҷонибии Фотеҳ Ниёзӣ ба тоҷикӣ бо маҳорати баланд тарҷума мешаванд. Маҳз бо талоши онҳо моҳи майи соли 1968 Даҳаи адабиёт ва санъати тоҷик дар Ӯзбекистон пурмазмуну хотирмон мегузарад.
Имрӯз дар Хона-музейи устод Мирзо Турсунзода дар шаҳри Душанбе даҳҳо мактубҳо аз адибони ӯзбек Ғафур Ғулом, Зулфия, Комил Яшин, Ҳамид Ғулом ва дигарҳо маҳфузанд. Дар байни онҳо номаҳои Шароф Рашидов муътабаранд. Ин мактубҳо оқилонаву шоирона таълиф ёфта, аз онҳо меҳру самимияти ӯро нисбат ба шоири бузурги Шарқ Мирзо Турсунзода пай бурдан душвор нест.
Тарҷумаи «Таронаи Кашмир»-и Шароф Рашидов аз ҷониби Мирзо Турсунзода ҳанӯз соли 1958 дастраси хонандагони сершумор гардида буд.
Воқеан, дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории эҷодии Мирзо Турсунзодаву Шароф Рашидов ибратбахш буда, моро бо суннатҳои файзбахши дӯстии адабӣ ва азалии халқҳоямон ошно месозад. Шароф Рашидов барҳақ навиштааст: “Ҳар як давру замон ташбеҳи шоиронаи худро тақозо мекунад. Вале мурғи муқаддаси дӯстии байни тоҷикону ӯзбекон парвози баланди худро давом дода, халқҳои ба якдигар қадрдонамон ва маданияти нави онҳоро, ки беҳтарин падидаҳои эҷоди халқро аз замонҳои қадимтарин ғун карда омадааст, тараннум менамояд. Худро пари ин мурғи бахт ҳис кардан, барои ҳар як шоир саодати бузургест. Ва бо камоли дилпурӣ метавон гуфт, оне ки ман имрӯз дар васфаш суханронӣ мекунам, яке аз зеботарин шоҳпарҳо ҳисоб меёфт. Калимаи “пар” ду маъно дорад, ки як маънояш қалам аст. Вақте ки сухан дар бораи қалами адиб меравад, ман бовари комил дорам, ки тамоми чакидаҳои килки гуҳарбори Мирзо Турсунзода ба хазинаи маданияти тамоми халқҳои мамлакатамон абадӣ дохил мегардад”.
Имрӯз вақт аст, ки ин суннатҳоро идома диҳем ва парвози симурғи дӯстиро дар фазои Тоҷикистону Ӯзбекистон таъмин намоем.
 
Абдусалом САМАДОВ,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 578
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед