logo

фарҳанг

ОСИЁРО МАН БА ЧАШМИ ХЕШТАН САНҶИДААМ...

1 сентябрро ҳамасола кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ  таҷлил менамоянд. Мушоҳидаҳо, мутолиаи матбуоти даврӣ, нишасту ҳамоишҳои бахшида ба Рӯзи амалиёти иттифоқҳои касаба барои сулҳ дар чанд соли охир нишон дод, ки дар ин рӯз, мо аз хидматҳои фарзанди фарзонаи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода қариб ёдоварӣ наменамоем.
 
Ин дар ҳолест, ки устоди зиндаёд дар муддати  бистсол ба ҳайси Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо фаъолият, хизматҳои шоиста ва мондагореро барои таҳкими сулҳу субот ба ҷо овард.
Дар давоми бист соли фаъолияташ устод Мирзо Турсунзода ба сифати Раиси Кумитаи якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африқо ва сафарҳояш ба ин кишварҳо бо оммаи меҳнаткашон вохӯриҳо анҷом дод, барои якдилӣ ва саҳми иттифоқҳои касабаи ин кишварҳо, ки оммаи заҳматкашонро дар худ, муттаҳид карда буд, дидору мулоқотҳо намуд, имзои дастаҷамъонаи онҳоро барои сулҳу оромиш дар кишварҳояшон ба Кумитаи умумиҷаҳонии сулҳ пешниҳод сохт. Натиҷаи дидору мулоқотҳояшро дар достони «Садои Осиё» ва дигар осораш тасвир кард. Лирикаи сиёсиаш, асосан, амалиёт барои сулҳ буд. 
Шароф Рашидов, ходими давлатии ӯзбек, дӯст ва ҳамсафари устод Мирзо Турсунзода дар ин маврид қайд намудааст: «Ҳаракати халқҳои мамлакатҳои Африка ва Осиё дар зери шиори мубориза барои сулҳ пойдору устувор, барои бехатарӣ ва ҳамкории халқҳо ва прогресси сотсиалӣ сол то сол мустаҳкам мешуд, инкишоф меёфт ва пурқувват мегашт.Дар ин бобат ҳам иштироки шахсии Мирзо Турсунзода, ки дар давоми 20 сол раиси Комитети советии якдилии мамлакатҳои Осиё ва Африка ба ҳисоб мерафт, роли калон бозид. Суханони ҳаяҷоновар ва илҳомбахши ӯ дар куҷоҳое шунида мешуданд! Деҳлӣ, Қоҳира, Алҷазоир, Стоголм,Конакри, Гавана, Бейрут…».
Масалан, дар кишвари Куба то ҳол дар бойгонӣ баромади оташини устод Мирзо Турсунзода дар Конференсияи якуми якдилии халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ мебошад ва ҳам дар бойгониҳои шаҳри Москва нигоҳ дошта мешавад.
3 январи соли 1966 дар Куба аз 82 кишвари қитъаҳои Осиё ва Африқо, Америкаи Лотинӣ 512 вакил дар Конференсияи якуми якдилии халқҳои Осиё, Африка ва Америкаи Лотинӣ бо ҳам омаданд. Чӣ гуна доираҳои иктишофотии кишварҳои Аврупою Амрико мехостанд ба кори конференсия халал расонанд. Танҳо ҷасорати фарзанди фарзонаи тоҷик, устод Мирзо Турсунзода буд, ки кори конференсия муътадил гузарад.
Оё насли имрӯза огоҳ ҳастанд, ки фарзанди фарзонаи миллаташон замоне бо Фидел Кастро, Патрис Лумумба масъалаи сулҳро баррасӣ мекарданд ва фаъолони иттифоқҳои касабаи кишварҳои Ҳиндустон, Ветнам, Куба, Алҷазоир, Конго ва дигар кишварҳои ин се қитъаи олам медонанд, ки  дар саргаҳи истиқлолияти кишварҳояшон сулҳпарваре бо исми шарифи Мирзо Турсунзода қарор дошт?
Имрӯз, ин вазифаи муқаддаси мост, ки дар асри бо суръати иттилоот ва технологияи иттилоотӣ аз бойгонии кишварҳои зикргардида, матни суханрониҳо, аксҳо ва дигар асноди вобаста ба пояҳои таҳкими сулҳро ҷамъоварӣ намоем ва дар осорхонаҳои кишвар ҷойгир намоем, ба насли имрӯза нишон диҳем ва бо ифтихор бигӯем, ки тоҷикон ҳам дар таъмин ва барқарории сулҳ дар қитъаҳои Осиё, Африқо, Америкаи Лотинӣ саҳми бузурге доштанд. Агар имрӯз дар бобати сулҳ, якдилии меҳнаткашон, беҳбуди вазъи иҷтимоияшон пешравие доранд, саҳмгузори он ҳама фарзанди Тоҷикистон-Мирзо Турсунзода низ ҳаст ва хоҳад буд.
Имрӯз ҳар як сокини Чин ва ҳар сокини сайёра ва мо ҳам низ бо ифтихор аз суръати кайҳонии кишвари Чин дар ҳама соҳаҳои мухталиф сухан мегӯем. Аммо, аҳволи халқи Чин ва ҳаёти дурахшони имрӯзии онро 65 сол муқаддам (соли 1956) устод Мирзо Турсунзода дар достони «Садои Осиё» чунин тасвир карда буд:
 
Осиё! Монанди модар меҳрубон астӣ, маро.
Муҳраи меҳру дилу беҳтар зи ҷон астӣ маро.
Осиёро ман ба чашми хештан санҷидаам,
Чеҳраи хандони фарзандони онро дидаам.
Дидаам садҳо нишони мозии манҳусро,
Аз қафои панҷара нолидани маҳбусро.
Аз намоишгоҳи Ханкоу гузарҳо кардаам,
Ёди деҳқонони Чинро дар дилам овардаам.
Ғоиб аз чашмам намегарданд мазлумон ҳанӯз,
Теғу шамшеру камону кундаву зиндон ҳанӯз.
Сангдил жандармаву фармони сардорон ҳанӯз,
Даҳшатафкан, ларзаафкан ҳайкали хоқон ҳанӯз.
Дар намоишгоҳ дидам чорпоя моларо,
Садямоқӣ ҷомаҳои пораи садсоларо.
Аз даруни синаи деҳқон дилеро кандаанд,
Саркашонро дар таги чоҳи сияҳ афкандаанд.
Духтари даҳсоларо дар деги ҷӯшон пухтаанд.
Метавонам оварам ин қиссаҳоро чанд-чанд…
Зинда бошад, зинда бошад, 
ин ҷавондухтар ҳанӯз,
Мебарояд чун шафақ дар пешвози субҳи рӯз.
Ӯ садои Чин бувад, ӯ шуълаҳои Осиё,
Халқҳои рӯи оламро расонад ин нидо:
-Зиндаам, чунки Ватан нӯшид аз оби ҳаёт,
Мегузорад по ба роҳи бахт бо азму субот.
Киштзороне, ки зери бор сар хам кардаанд,
Бо суруди ман суруди тозаро зам кардаанд,
Месароям ман ба базми дӯстдорони замин,
Дар замини навҷавонгардида, дар оғӯши Чин.
 
Имрӯз давомдиҳандаи кори устод Мирзо Турсунзода дар таҳкими сулҳ, Пешвои маҳбубамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Агар дар асри ХХ устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳ дар қитъаҳои Осиё, Африқо ва Америкаи Лотинӣ буд, имрӯз Пешвои маҳбубамон мунодии сулҳ дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон ва ташаббусҳои байналмилалӣ, дар сатҳи ҷаҳонист.
Пешвои маҳбубамон маҳз дар суханронӣ дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 90-солагии устод Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода-шоири бузург ва арбоби барҷастаи ҷамъятӣ» чунин иброз намуданд: «Аслан, орзуи фарзандони бузурги миллат чун Мирзо Турсунзода низ ободӣ ва шукуфоии Ватан, побарҷо будани сулҳу амният дар саросари дунё буд. Мутаассифона, сулҳу амнияти ҷаҳон, ки Мирзо Турсунзода барои он талошҳои зиёд карда буд, ҳоло боз дар зери хатар аст. Қазияи Афғонистон, ки зиёда аз бист сол идома дорад, амнияти на фақат кишварҳои минтақа, балки ҷаҳонро халалдор мекунад». 
Насли имрӯза, яъне ҷавонони даврони истиқлол, бояд бештар аз ташаббусҳои беназари ин ду чеҳраи мондагори миллат огоҳӣ дошта бошанд, ифтихор ҳам намоянд.
Соли 1967 устод Мирзо Турсунзода сазовори унвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ гардид. Рӯзномаи «Правда», ки миллионҳо теъдоди чопӣ дошт, бо устод мусоҳиба намуд. Устод Мирзо Турсунзода чунин гуфта буд: «Мавзӯи озодӣ - мавзӯи марказии эҷодиёти ман буд ва чунин хоҳад монд».
Ҷасорати Мирзо Турсунзода дар ҷодаи сулҳ дар арсаи байналмилалӣ як ҷасорати тоҷикона ва шарқиёна буд. Дар ин бора дӯст, ҳамсафу ҳамсафараш Расул Ҳамзатов чунин навиштааст: «Боре, вақте ки Мирзо Турсунзода дар шаҳри Бейрут дар ҷамъомади нависандагони Осиё ва Африқо аз муборизаи қаҳрамононаи халқи Ветнам бар муқобили ғоратгарони Осиё ва Африқо сухан кард, намояндагони баъзе мамлакатҳо моро бо он айбдор намуданд, ки гӯё мо, нависандагони советӣ, мехоҳем баҳси адабиёт ва маданиятро ба баҳси сиёсат табдил диҳем. Он вақт Мирзо-Раиси Комитети советии якдилӣ бо халқҳои Осиё ва Африқо ва шоири маъруф аз ҷой бархост ва гуфт: «Барои ман санъат ва сиёсат бародарони тавъамонанд». 
Воқеан, устод Мирзо Турсунзода бо оммаи меҳнаткаш, ҷафокаш ва дар асорати зулму ситамдидаи онвақтаи Осиё ва Африқо самияти баланде дошт. Ба кам ходимони намоёни давлатии замони ИҶШС иттифоқ меафтад, ки дар сафарҳои хизматӣ дар хориҷи кишвар бо мардуми одӣ суҳбату мулоқотҳо биорояд, дарди дили онҳоро гӯш намояд. Ҷасорат ва бузургии устод Мирзо Турсунзода дар ҳамин буд, ки новобаста аз вазъи ноороми сиёсии онвақтаи кишварҳои Осиё ва Африқо дар паҳлуи халқи одӣ буд. Масалан, адиби рус Николай Тихонов дар як ёддошташ чунин манзараеро тасвир намудааст: «Мирзо Турсунзода нотиқи шуълавар буд. Овози ӯ дар бисёр шаҳрҳои Осиё, Европа ва Африка танинандоз гардидааст. Ӯро дар минбари конгрессу конференсияҳои байналмилалӣ, дар хаймаи бодиянишон ва қасри роҷаҳо, дар кулбаи бамбукӣ ва хонаи гилин, дар суҳбати деҳқонони хориҷа ва дар саҳроҳои колхозҳои мамлакат дидаанд».
Масалан, имрӯз ва ё аксари хонандаи ин сатрҳо аксҳои Ҷамол Абдулносир, Хуари Бумиден, Секу Туре, Сукарно, Ҷавоҳирлол Неҳру, Фидел Кастро ва дигаронро аз шабакаи интернет дида метавонанд ва медонанд, ки ин шахсиятҳо барои халқҳояшон маҳбубияти зиёдеро то ба имрӯз доранд. Дар осорхонаҳо, бойгониҳои ин шахсиятҳои барӯманди сатҳи ҷаҳонӣ даҳҳо аксҳояшон бо устод Мирзо Турсунзода ҳаст.
Бо дастури Пешвои маҳбубамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол Ҷашни 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода таҷлил мешавад. Таҷлили он дар остонаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун рӯйдоди хеле муҳими фарҳангӣ дар ҳаёти кишварамон арзёбӣ мегардад ва чорабиниҳои вобаста ба ҷашни ин симои дурахшони адабу фарҳанг боиси боз ҳам мустаҳкам шудани ваҳдат ва худшиносии миллӣ мегарданд.
Воқеан, ҳар таҷлили ҷашни шоир падидаи дурахшони инкишофи шуури таърихӣ ва худшиносии миллии халқи тоҷик аст. Бо таъкиди Пешвои маҳбубамон: «Тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус наслҳои ҷавону наврас, бояд донанд, ки ҳаёти пурбаракат, фаъолияти доманадори адабию ҷамъиятии Мирзо Турсунзода ҳамчун фарзанди асили халқ бо равандҳои навсозии мамлакат, озодию истиқлолият ва рушду камоли миллати сарбаланди мо алоқаманд буд».
Дар ҳақиқат, Мирзо Турсунзода ба маънои том шоири асили Ватани худ буд. Ӯ дар шеърҳояш аз иқболи халқи тоҷик ҳарф задааст. Бо  меҳру муҳаббат сухан гуфта, бо  ҳиссиёти баланд  онро тараннум кардааст. Садои тоҷик ва тоҷиконаро дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон бо  меҳру муҳаббати пок ва хеле самимона шунавондааст.
 
Қурбоналӣ РАҲИМОВ, 
корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 1693
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед