logo

иҷтимоиёт

ШОИРИ БАШАРДӮСТ

 
Нависандаи бузурги рус Лев Николаевич Толстой фармудааст: «Сухани шахс сирату сурати инсонии ӯст». Устод Мирзо Турсунзода шоири башардӯст аст. Инсондӯстӣ яке аз хислатҳои беҳтаринашон буд. Ин сифати некашонро хонанда ҳангоми мутолиаи шеъру ғазал, достон ва дигар навиштаҳояшон дарҳол пай мебарад. 
Мусаллам аст, ки Мирзо Турсунзода моҳи марти соли 1947 аввалин бор ба хориҷа, ба сарзамини афсонавии Ҳиндустон сафар карда, дар Конфронси нависандагони мамлакатҳои Осиё ва Африқо иштирок намуданд. Ин сафари шоир қабл аз истиқлолияти миллӣ ба даст овардани Ҳиндустон буд. Дар доираи ин сафар ӯ бо ҳаёти мардуми заҳматкаши ҳинду шинос шуда, таассурот ва диду шуниди хешро дар силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон», «Меҳмони мағрибӣ», «Бозгашт», «Рӯди Ганг», «Тара-Чандрӣ», «Дар ёди кас», «Сайёҳи Ҳинд», «Тоҷмаҳал» ва ғайра ба риштаи назм кашидааст: 
Ба Ҳиндустон сафар кардам замоне, 
Ман аз ин кишвари чун бӯстоне.
Бидидам дар паси кӯҳи Ҳимолой
Замини сабзи зебое саропой.
Агарчи ганҷҳояш пурбаҳоянд,
Валекин мардумони он гадоянд.
Ҳикоят мекунам бо қалби пуршӯр, 
Ҳаёти мардумони зинда дар гӯр.
Равон гаштем бо чандин васила,
Ба назди ҳиндувони ин қабила.
Маро ҳаргиз нахоҳад рафт аз ёд,
Рухи он мардуми мазлуми ношод.
Сиришки дидаҳои ғуссахона,
Дили тири маломатро нишона…   
Шоир ҳаёти вазнини халқи ситамдидаи ҳинд, аз ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ маҳрум шудан ва аз ҷониби империалистон ҷабру ситам дидани онро дида, хеле мутаассир мешавад:
Дар талаби нон шуда ҷамъе ҳалок, 
Хаставу афтода гурӯҳе ба хок. 
Дида ман инро, ҷигарам пора шуд,
Ашк равон аз бари рухсора шуд.
Ин ҳама дар кӯчаи Калкатта буд,
Шаҳри пур аз ҳарзаву сафсатта буд.
Гарчи сари халқ шуд аз ғам сафед,
Пур бувад аммо дили ӯ аз умед.
Устод Мирзо Турсунзода дар ин манзума табиати мафтункунандаи диёри ҳиндувон, олами вуҳуш ва набототи онро тасвир намуда, сипас мустамликадорони англисро, ки дусад сол дар ин сарзамин меҳмони нохонда буданду сарватҳои мардуми онро ба мамлакати худ мекашонданд, зери борони сарзанишу маломат қарор медиҳад ва ба ҷонибдории ҳиндувони ситамдида садо баланд мекунад:
Сар назад аз мағрибии бекарам,
Чизи дигар ғайри ҷафову ситам.
Тир назад мағрибии дилсиёҳ,
Ҷуз ба дили халқ дар ин сайдгоҳ.
Гарчи дусад сол дар ин хона монд,
Боз ба ин оила бегона монд.
Ҳукми вай имрӯз агарчи равост, 
Пояи ин ҳукм вале бебақост.
Шоир, ки муддате аз Ватани хеш дур буд, хоку сарзамин, обу нон, ёру дӯстон, зебоии табиати онро ёд мекунаду пазмон мешавад. Вақте ба хоки Ватан пой мениҳад, шоду масрур мегардад, вале дар кунҷи дил ғами ниҳонӣ дорад:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Бар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Халқи ҳиндуи ситамкашро расон аз мо салом,
Эй суруди ман, агар дорӣ ту ҳам болу паре.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ботантана ба ифтихори 100 – солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, ки 14 октябри соли 2011 баргузор гардид, чунин ёдоварӣ карданд: «Шоири башардӯст дар хонаи дили худ меҳру муҳаббати мардуми заҳматкаши ҷаҳонро ҷой дода буд. Аз ин ҷост, ки сухани пурэъҷози шоир ифодагари рӯҳи замон ва таҷассумгари дарду виҷдони аҳли башар буд. 
Тасодуф нест, ки тақдир ба зиммаи ӯ вазифа ва масъулияти пуршарафро гузошта буд, то мақсаду мароми зиндагиашро ба хизмати дӯстӣ ва бародарии мардуми олам, бахусус халқҳои Осиё ва Африқо, бахшад». 
Мирзо  Турсунзода бо силсилаи ашъори марғуби «Қиссаи Ҳиндустон» ба адабиёти ҷаҳонӣ пайваст ва ба дили мардуми некиродаи дунё роҳ ёфт, зеро ин асари ӯ бо баландии ғоя ва бадеият на танҳо ифодагари ормонҳои мардуми ҳинд, балки мардуми озодихоҳи дунё буд. Аз ин ҷост, ки Мирзо Турсунзода на танҳо ҳамчун шоири маҳбуби халқи тоҷик, балки чун арбоби матиниродаи роҳи сулҳу ваҳдат дар ақсои олам ном баровард.
Баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон, соли 1947 мустамликадорони Англия маҷбур шуданд, ки истиқлолияти Ҳиндустонро эътироф намоянд. Ҳиндустон ба ду давлат - Ҳиндустон ва Покистон ҷудо шуд. Моҳи августи соли 1947 Ҳиндустону Покистон давлатҳои соҳибистиқлол эълон гардиданд. Соли 1950 устод Турсунзода баъди бо адибони шӯравӣ Н. Тихонов, А. Сафронов ва Ойбек ба Покистон сафар кардан, манзумаю шеърҳои «Ман аз Шарқи озодам», «Чашмҳо», «Қиссаи машҳур», «Чароғҳои Ватан»-ро таълиф намуданд, ки ин шеърҳоро мантиқан идомаи «Қиссаи Ҳиндустон» гуфтан мумкин аст: 
Ғоиб аз чашмам намегарданд мазлумон ҳанӯз, 
Теғу шамшеру камону кундаву зиндон ҳанӯз.
Сангдил жандарму фармони сардорон ҳанӯз,
Даҳшатафкан, ларзаафкан ҳайкали хоқон ҳанӯз.
Бисёр шоҳбайтҳои шоир, ки дар васфу тараннуми сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату инсонгароӣ иншо шудаанд, ба ҳикмату зарбулмасалҳо табдил ёфта, вирди забони мардуми форсизабон ва дигар халқу миллатҳои ҷаҳонанд:               
Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
                         * * *
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.              
                         * * *
Ҷони ширин, тоҷи сар кун дӯстро,
Ҷой дар мағзи ҷигар кун дӯстро.
                         * * *
Менависам ман суруди сулҳро бо 
хуни дил,
Бо тапиданҳои ноороми рӯзафзуни 
дил.
Дар бисёр шеъру достонҳо, манзумаву намоишномаҳо ва дигар таълифоти устод Мирзо Турсунзода низ андешаҳои башардӯстонаву сулҳҷӯёнааш ифода ёфтаанд.
 
Саидмурод РАСУЛӢ,
Аълочии матбуоти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 115    Мутолиа карданд: 590
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед