logo

иҷтимоиёт

САФИРИ СУЛҲУ АМНИЯТ

Солҳои 70 – уми асри гузашта. Ман дар мактаби миёна таҳсил доштам. Рӯзе  ҳамроҳи падар ба бозори ноҳияи Шаҳринав рафтем. Падар маро ба мағозаи китобфурӯшӣ бурда гуфтанд: «Кадом китобро хоҳӣ, харида медиҳам, интихоб намо!» Қатори чанд китоб маҷмӯаи шеъру достонҳои Мирзо Турсунзодаро соҳиб гардидам. Баъдтар ҳамин китоб ҳамсафари доимиам гардид. Пайваста шеъру достонҳои устодро аз ёд мекардам. Аксари шеърҳое, ки имрӯз медонам, аз ҳамон китоб аст.
Турсунзода дар назарам ба як шахси азиз табдил ёфта буд. Падар мегуфтанд: «Мирзо ҳамсинну соли ман аст». Ҳамчунин, яке аз шеърҳоро ба ман нишон дода, ана ҳаминро хон мегуфтанд. Он шеърро баланду бурро мехондам. Падар барои ин корам «офарин» - гуфта, маро ситоиш мекарданд, ки ин хеле рӯҳбаландам мекард. Баъдан шеърҳои устод дар мушкилтарин лаҳзаҳо, аз ҷумла ҳини хизмат дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, тасаллобахши дилам буданд.
Ҳангоми довталабӣ ва айёми донишҷӯӣ аз ҳамдиёри устод Мирзо Турсунзода будан фахр мекардам. Лекин баъдтар фаҳмидам, ки эҷодиёти устод, фаъолияти бисёрҷабҳаи ӯ чун Офтоб ба тамоми манотиқи Тоҷикистони азиз як хел шаъшаапошӣ менамудааст…
Бале, ҳамсолҳои ман ва ҳам наслҳои аз мо калонтару баъдина бо шеъри Мирзо Турсунзода тарбия ёфтаанд. Аз ашъори ӯ ғизои маънавӣ мегирифтанд. Бозор Собир ин маъноро хеле хуб баён намудааст:
Шеъри ӯ дар ёди мо аз кӯдакӣ омад ҳанӯз,
Шеъри ӯро нӯши ҷон бо шири модар 
кардаем.
Ҳақ ба ҷониби устод Абдулҳамид Самад аст, ки дар бораи Мирзо Турсунзода мегӯяд: «Устод ҳамрадифи бузургтарин шоирону фозилони замон буд, балки аз рӯи вазифаву масъулият корвонкашу машъалбардори ҳаракати сулҳу истиқлолхоҳӣ дар саросари Осиёву Африқо ба шумор мерафт: ҳар ҷое ҳозир мешуд рӯи даст мегардондандаш. Ва ҳангоме аз минбари бузургтарин кунгураҳои дунё аз ҷониби як мамлакати бузург овози марғуладори ӯ аз хусуси озодӣ, инсоф, меҳру шафқат, зарурати истиқлоли халқҳои олам баланд мешуд ва дар байни ин суханрониҳои пурҳарорат ӯ калимаи тоҷик ё панду андарзеро  аз классикони адабиётамон ба забон оварда, аз фазилату хирад ё фалсафаи  инсонпарваронаи онҳо ёд мекард, сари мо аз ифтихор ба осмон мерасид. Охир ҳар тоҷики худогоҳ ҳақ дошт ифтихору шукр бикунад, ки миллаташ чунин фарзанди бохирад, гарданфароз, шердилу тавоно дорад ва ӯ байни намояндагони давлатҳои абарқудрат бо ҷилои истеъдоду заковат, бо ҷасорату нангу ори беамсол гули сари сабад аст, анъана ва маслаки башардӯстонаи нобиғаҳои илму адаби тоҷикро идома дода, барои аз асорату разолат раҳидани мазлумон талош меварзад. Воқеан, он замон на ҳар каси соҳибмансаб ҷуръати аз минбарҳои баланд бо ифтихор аз бартарии хираду фарҳанги зотии хеш ҳарф заданро дошт».
Бо тақозои вазифа дар бораи ҳаёту фаъолияти адабию ҷамъиятии устод дар расонаҳои хабарӣ хабару мақолаҳо навиштаам. Мақолаҳои  «Васфи зодгоҳ дар эҷодиёти шоир», «Мирзо Турсунзодаро мехостанд тамоман ба Маскав фиристанд», «Ӯро дар ҳама ҷо дӯст медоштанд» ва ғайраҳо.
Бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 110 - солагии устод Мирзо Турсунзода куллиёти ашъори ӯро дар ҳамкорӣ бо олимону шоирон ва фарзандони устод нашр намудем. Қариб 97 дарсади осори назмии устодро гирдоварӣ намудем. Имрӯз ҳам баҳри такмилу пурра шудани ашъори гаронбаҳои устод Турсунзода саъю кӯшиш дорем.
Қариб 40 сол боз осори насрии устод, мақолаю суханрониҳояшон пурра ҷамъоварӣ нагаштааст. Вақти он аст, ки осори насрии устод дар шакли китоби алоҳида нашр гардад. Чунки имрӯз ҳам ақидаю пешниҳодҳои устод Мирзо Турсунзода барои пойдории сулҳу амният дар тамоми ҷаҳон муфид ва манфиатбахш мебошанд. Ҳамчунин, хотираҳои дӯстону шогирдони устод, ки имрӯзҳо дар рӯзномаву ҳафтаномаҳо дарҷ гардида истодаанд, дар шакли китоби алоҳида нашр мешуд, нуран алонур мебуд. 
Дар ин самт иқдоми Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро ҷиҳати ташкил намудани озмуни махсус ҷиҳати тарғибу ташвиқи осори гаронбаҳо ва фаъолияти давлативу сиёсии устод, ки бемуҳобо онро метавон байналмилалӣ арзёбӣ намуд,  лоиқи таҳсин медонам. Агар таълифоти дар доираи ин озмун рӯикоромада низ дар шакли маҷмӯаи алоҳида дастраси хонанда гардад, кори хайре хоҳад буд.                                                                     
 
Ҳотам РАБИЕВ, рӯзноманигор
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 568
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед