фарҳанг
ВАССОФИ ДӮСТИЮ ҲАМДИЛӢ
Ҳар як аср дар ҳошияи таърих ба шакли ангуштшумор нобиғаҳоеро ба миён оварда, дар олам муаррифӣ намудааст, ки бо сифатҳои некбинонаи одамият, хизматҳои содиқона ва шоҳасарҳои ҷовидонаашон дар ақсои олам маъруф ва маҳбуби дилҳо гаштаанд. Яке аз ин нобиғаҳо устоди каломи бадеъ, ҳомии сулҳу амонӣ, ватандӯсти матин, шоири шодравон устод Мирзо Турсунзода мебошад. Дар асри XX миёни аҳли башар ному насаби шоири шаҳир ҳамчун сипаҳсолори назм, мунодии сулҳу дӯстӣ, арбоби барҷастаи давлатӣ, ходими намоёни ҷамъиятӣ вирди забонҳо гардид, ки имрӯз мо аз мероси пурғановати ӯ лаззати маънавӣ мебарем.
Асарҳои ӯ табиӣ ва монанди шабнами сапедадам тару тозаанд. Як хусусияти хоси ашъори Мирзо Турсунзода содабаёнӣ, равонӣ ва оҳангнокии баланди он мебошад, ки дилҳоро ба ҷӯш оварда, ба шунаванда ва хонанда лаззати бадеӣ мебахшад. Аз ин ҷост, ки дилхоҳ хонанда аз мутолиаи ашъори ӯ барои худ баҳрае мебардорад. Ва, нест касе, ки аз эҷодиёти ӯ мисрае аз бар накарда бошад. Доираи биниши шоиронаи устоди калом хеле васеъ буда, аз достони тарҷимаҳолии «Водии Ҳисор» то ба «Қиссаи Ҳиндустон» шурӯъ шудааст. М. Турсунзода шоирест, ки ашъори баландпарвозаш ба қалби миллионҳо одамони поктинати кураи Замин амиқ реша давондааст, зеро шоир дар асарҳои худ нурро бар зидди зулмот гузошта, бахти халқро тараннум кардааст, ба мардуми дар асорати ғуломимондаи дунё роҳи озодиро нишон додааст. Шеърҳои ба сулҳу дӯстӣ, ватанхоҳӣ ва озодии мардуми ҷаҳон бахшидаи устод кабӯтари тезпарвозеро мемонанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистону Иттиҳоди Шӯравӣ берун рафта, тамоми қитъаҳои олам, хусусан кишварҳои Осиёву Африқоро, фаро гирифтанд. Ӯ яке аз меъморони бузурги кохи назми Ватани азизи мост. Ва тавре ки худи шоир мефармояд:
Мо сафар дорем бо амри Ватан,
Бо супоришҳои халқи хештан.
Алӣ Тӯқумбоев, яке аз дӯстони шоир, ба муносибати ҷашни 60 - солагии солгарди устоди зиндаёд барҳақ зикр намудааст: «Муборизи шуълавари сулҳ ва дӯстии байни халқҳо, ватандӯсти бошараф Мирзо яке аз адибони намоёни Шарқи советӣ мебошад, ки асарҳои ӯро танҳо ба забони модариашон бештар аз панҷоҳ миллион нафар мутолиа мекунанд. Назми Турсунзода аз некбинии ҳаёт, боварӣ ба оянда, қувва ва хушнудӣ аз ҳаёт иборат аст. Ӯ ҳамчун шоир – гражданин барои сулҳ ва дӯстии халқҳо собитқадамона мубориза мебарад. Ҳанӯз дар солҳои сиюм, ки ман аз фаъолияти адибони ҷавони тоҷик ба дӯстам, пири адабиёти тоҷик Садриддин Айнӣ суол кардам, ӯ гуфт, ки бисёр шоирони соҳибистеъдоди тоҷик фаъолони мубориза ба муқобили боқимондаҳои феодалӣ мебошанд ва дар қатори аввалинҳо Мирзо Турсунзодаро ном гирифт. Баъдҳо умеди Садриддин Айнӣ пурра ҷомаи амал пӯшид».
Муқоисаи шоиронаи зиндагии мардум дар мамлакатҳои капитализм ва сотсиализм шеърҳои шоирро ҷолибу хонданӣ кардаанд. Ӯ ин назари худро аз овони ҷавонӣ, ки ба солҳои сиюми асри гузашта рост меояд, дар сатҳи байналмилалӣ дар эҷодиёташ ҷой додааст. Ҳанӯз соли 1937 дар шеъри «Зафари халқ» - аш сиёсати хунхоронаи фашизм ва муборизаи мардуми Испанияро бар муқобили он мавриди таваҷҷуҳ қарор дода буд. Ҷаҳонгардию ҷаҳонбинӣ ба шоир имкон фароҳам овард, ки дар эҷодиёти худ ба мавзӯъҳои байналмилалӣ рӯ биёрад. Бахусус, аввалин сафараш ба Эрон (1941), сипас ба Ҳиндустон (1947) ба эҷодиёти шоир тағйироти ҷиддӣ ворид намуд. Чуноне ки дар шеъри «Бозгашт» (аз Ҳиндустон) гуфтааст:
Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.
Хушбахтии Мирзо Турсунзода дар он аст, ки ӯ азизу маҳбуби халқ аст. Мардум шоири дӯстдоштаи худро бо ашъори оламгираш дар дили худ ҷой додаанду хеле дӯст, эҳтиромаш медоранд ва бо ӯ ифтихор мекунанд. Тавре яке аз дӯстони наздики шоир - Александр Прокофев дар ёддоштҳояш нисбат ба шоир гуфтааст: «…Бо Мирзо, ба гумонам, дӯст нашудан мумкин нест, надонам ӯ чи ҷозибае дорад, ки дили одамонро ба сӯи худ мекашад ва ба дӯстон бо тамоми дилу ҷон бо дӯстӣ ҷавоб медиҳад».
Ин абармарди таърихро на фақат дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё, хусусан манотиқи Осиё ва Африқо, хеле хуб мешиносанд ва то имрӯз номи некашро чун муборизи сулҳ ва дӯстии байни халқҳо ба ёд меоваранд. Мардум дар симои ӯ фарди сулҳпарварро медиданду бо ашъори ба васфи сулҳу дӯстӣ бахшидааш зуд мешинохтанд.
Чунончи Муҳаммад Осимӣ як лаҳзаи вохӯрии худро бо як нафар ҳамсафари хориҷии худ хеле хуб тасвир намудааст: «Боре аз Деҳлӣ ба Катманду парвоз мекардам. Дар паҳлуям як марди ҳинду нишаста буд. Ӯ аз ман савол кард, ки аз куҷоям. Ҷавобаш додам, ки аз Иттифоқи Советӣ. Пурсид, ки аз кадом қисмаш. Гуфтам, ки аз Тоҷикистон. Бо тааҷҷуб китф ҷунбонид ва гуфт, ки ин номро нашунидааст. Хостам, Душанберо ном барам. Вале ба худ андешидам, модоме Тоҷикистонро намедонад, Душанберо аз куҷо донад. Баъд аз муддате саволашро давом дода пурсид, ки аз кадом миллат ҳастам. Гуфтам, ки тоҷикам. Боз китф ҷунбонид. Намедонистам, ки чӣ тавр аз куҷо ва аз кадом миллат будани худро фаҳмонам. Пурсидам, ки оё номи Турсунзодаро шунидааст. Дар қиёфаи ӯ якбора ҳаяҷони шодӣ барқ зад.
- О! Турсунзода, Душанбе, Сулҳ. Ин калимаҳоро паси ҳам бо як оҳанги махсус талаффуз карда, аз ҷояш нимхез шуд ва дастамро фишурд ва байни мо суҳбати шавқангезу самимӣ оғоз ёфт. Бори дигар бовар ҳосил кардам, ки ашъори Мирзо Турсунзода аз ошёни худ – сарзамини тоҷикон болу пар кушода бо муаллифи худ – шоири ҷаҳонгашта, мунодии сулҳу озодӣ ва бахту саодат сайри олам мекунад».
«Бузургонро бузургон зинда медоранд», - мегӯяд халқ. Ба ақидаи Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мирзо Турсунзода тафаккури фарогири кураи Замин ва дили дардноке дошт. Шеърҳои Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст». Ин баҳои ҳақиқатнигоронаи Сарвари давлат мақоми устодро барои имрӯзу фардо дар пояи баланд муаррифӣ хоҳад кард. Ин буд, ки бист сол муқаддам - соли 2001 ба устод Мирзо Турсунзода унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Барои миллати тоҷик ифтихор ва шарафи бузург аст, ки чунин фарзонафарзанд дорад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин - дили халқ маъво гирифтааст ва мардум хизмати неки фарзанди маҳбуби хешро қадр ва ҳифз хоҳад кард. Беҳуда нагуфтаанд, ки халқ ба шахси сазовор баҳои баланд медиҳад. Ба ибораи худи шоир:
Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда
мегардад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 15.06.2021 №: 115 Мутолиа карданд: 1699