logo

иҷтимоиёт

ГИРОМИДОШТИ ФАРЗОНАФАРЗАНДИ ТОҶИК АЗ ЭРОН ТО ҲИНДУСТОН

Устод Мирзо Турсунзода нисфи умри хешро дар сафар, баҳри пойдории сулҳу осоиш дар ҷаҳон гузаронд. Дар масъалаи тарғиби дӯстӣ ва инъикоси он аз пешқадамтарин адибони на танҳо Тоҷикистону Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳон буд. Шоир ончунон ба сарнавишти Шарқ робита дошт, ки мавзӯи озодиро дар ин қисмати ҷаҳон дар достонҳои алоҳидааш тасвир кардааст.
Ӯ замони Шӯравӣ аз арбобони ангуштшумори сиёсию давлатие буд, ки дар ИҶШС ва берун аз он нуфузу эътибори баланд дошт. Тоҷикон  бо номи ӯ ҳамеша ифтихор мекунанд.
Ин аст, ки дар асоси пешниҳод ва супориши Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон имсол дар радифи Ҷашни миллии кишвар - 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз таҷлили саду даҳсолагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана идома дорад. 
На танҳо дар кишвари мо, балки дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия низ чанде пеш ба поси хотири шоир ду барномаи фарҳангӣ гузаронданд. Дар чорабинӣ Имомуддин Сатторов, сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, Михаил Швидкой, намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ, Павел Кузмин, директори генералии Китобхонаи адабиёти хориҷӣ ширкат варзида, аз хидматҳои мондагори устод Мирзо Турсунзода дар роҳи сулҳ ҳарф заданд. Ҳамзамон, номаи табрикии муовини вазири фарҳанги Федератсияи Россия Олга Яриловаро ба ҳозирин қироат намуданд.
Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ шоир ва тарҷумони маъруфи рус Михаил Синелников дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти ҷаҳон маърӯза хонд.
Ҳамчунин, 20 майи соли ҷорӣ ҳамоиши байналмилалии маҷозии "Сарояндаи сулҳу дӯстӣ" - ро Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ (ЭКО) дар ҳамкорӣ бо сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон  баргузор намуд. 
Доктор Абҳай Кумар Сингҳ, устоди Донишгоҳи Роҳилханди Ҳиндустон устод Мирзо Турсунзодаро  дӯсти воқеии мардуми Ҳиндустон номид ва нақши беназири ашъори устодро дар ифшои дардҳои иҷтимоии ин сарзамини бостонӣ махсус таъкид кард. Донишманди ҳиндӣ дар ин ҳамоиш аз эҳтироми самимии мардуми огоҳи Ҳиндустон нисбат ба ном ва шахсияти Мирзо Турсунзода сухан гуфта, осори ӯро дар васфи Ҳиндустон бахше аз мероси адабии мардуми Ҳинд хонд.
Осорхонаи миллии Деҳлӣ низ барои гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши аксҳоро доир намуд.
Дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бахусус дар шаҳри Самарқанд, маҳфили ширу шакар бо иштироки донишмандону суханшиносон ва сарояндагон гузаронда шуд.
Дӯстону ҳамзамонон, шогирдону алоқамандон ба як овоз тазаккур медоданд, ки устод Мирзо Турсунзода рамзи сулҳу дӯстӣ, иттиҳоду ҳамбастагӣ ва машъалафрӯзи фарҳангу адаби тоҷикон ва тоҷикистониён дар ҷаҳон аст.
 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2021    №: 119    Мутолиа карданд: 571
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед