logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

ШИНОСОӢ БО РАФТИ КОРҲОИ БАРҚАРОРСОЗИИ  ХОНАҲОИ СОКИНОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои барқарорсозии хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон, воқеъ дар маҳаллаи Даминзодаи шаҳри Кӯлоб, боздид ба амал оварданд.
Бояд гуфт, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хати интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр лӯлаҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар диданд.
Тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳрӣ идома дошта, то ба имрӯз 7 хона сохта мавриди истифода қарор дода шудааст.
Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сардорони ду оилаи зарардида  Назаров  Исмоил  ва Азизова Малика калиди хонаҳои истиқоматии навбунёдро, ки аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сатҳу сифати баланд ва тамоми шароити зарурӣ сохта шудаанд, туҳфа намуданд.
Биноҳои истиқоматӣ дар майдони 104 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз се ҳуҷраи истиқоматӣ: ошхона, ҳаммом ва пешдолон иборат мебошад.
Сокинон аз кумакҳои пайваста ва ғамхориҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Президенти мамлакат таъкид доштанд, ки оилаҳои зарардида дар кӯтоҳтарин муҳлат бо тамоми шароиту имкониятҳои зист таъмин мегарданд.
Корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ ва корҳои сохтмонии дигар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандони аз офати табиӣ харобгардида идома доранд.
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то ба имрӯз ба 1725 хоҷагии зарардида ёрии яквақтаинаи хӯрока, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, пиёз, картошка ва дигар маводи рӯзгор расонда шуда, барои барқарорсозии хонаҳои зарардидаашон масолеҳи сохтмонӣ, ба монанди семент, арматур ва тахта дастрас шудаанд.
 
МУЛОҚОТ БО НАМОЯНДАГОНИ ОИЛАҲОИ  ЗАРАРДИДАИ ШАҲРИ КӮЛОБ
15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони оилаҳои зарардидаи шаҳри Кӯлоб мулоқот карданд.
Ҳадафи асосии сафар ба шаҳри Кӯлоб боздид аз ҷараёни корҳои барқарорсозии иншооту манзилҳои бар асари офатҳои табиии моҳи майи соли ҷорӣ зарардида ва шиносоӣ бо вазъи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мебошад.
Таъкид гардид, ки табиати имсола мардум ва кишвари моро бо офатҳои зиёд рӯ ба рӯ сохт, ки ҳамаи онҳо боиси хисороти зиёди молӣ ва, мутаассифона, талафоти ҷонӣ низ гардиданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар натиҷаи боришоти зиёд ва омадани сел рӯзи 11 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрванд ба ҳалокат расида, 43 хона пурра ва 102 хона қисман, 606 иншооти ёрирасон, 4 мактаб ва муассисаҳои томактабӣ, 6 километр роҳ, 10 пул, қариб 25 километр хати интиқоли барқ, 65 пояи оҳану бетонӣ, 7 трансформатор, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 500 метр лӯлаҳои обгузар ва дигар иншооту таҷҳизоти инфрасохтори истеҳсоливу иҷтимоӣ ва коммуналӣ зарар диданд. Инчунин, дар хоҷагиҳои ҳудуди шаҳр ҳазорҳо сар чорво талаф ёфта, қариб 136 гектар майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, ғалладона, сабзавот ва картошка, хароб гардид. Маблағи умумии зарари офати табиӣ 46 миллион сомониро ташкил кард.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки аз рӯзҳои аввали рух додани ин ҳодиса Ҳукумати мамлакат аҳолии зарардидаи шаҳри Кӯлобро бо ёриву ғамхорӣ фаро гирифта, доир ба рафъи оқибатҳои он андешидани чораҳои заруриро оғоз кард. Аз ҷумла, ба ҳамаи оилаҳои осебдида -  1725 хоҷагӣ ба таври фаврӣ кумакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрокворӣ, ҷиҳози хона, сарулибос, масолеҳи сохтмон ва сӯзишворӣ дастрас карда шуданд.
Сохтмони 43 хонаи истиқоматии бар асари офати табиӣ пурра зарардидаи шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, инчунин, бо саҳми ташкилоту муассисаҳо оғоз гардид, ки то 20-уми августи соли ҷорӣ ба анҷом расонда шуда, бо ашёву лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин гардида, ба аҳолии осебдида супурда мешавад. Имрӯз ҳашт хонаи навбунёд ба оилаҳои зарардида супурда шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи имрӯза ба вазорату идораҳо, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб супориш доданд, ки хонаҳои навро барои оилаҳои пурра зарардида дар муҳлати муқарраргардида ва бо сифати баланд ба истифода супурда, минбаъд корҳоро дар самти пешгирӣ кардани оқибати офатҳои табиӣ, аз ҷумла омода намудани инфрасохтори дахлдор, сари вақт огоҳ кардани аҳолӣ ва дигар чорабиниҳои заруриро, ба таври васеъ ба роҳ монанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат бо назардошти саҳми бисёр арзишманди сокинони шаҳри Кӯлоб дар рушди кишвар, ҳифзи сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва махсусан, барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои иҷтимоии онҳо ҳамеша эътибори аввалиндараҷа медиҳад.
Мавриди зикр аст, ки мардуми шарифи шаҳри Кӯлоб, дар баробари корҳои барқарорсозии иншооти бар асари офати табиӣ зарардида, дар қатори тамоми сокинони мамлакат ба хотири сазовор ҷашн гирифтани 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободониву бунёдкориро вусъат бахшида истодаанд.
Ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ аз 873 иншооту биноҳои ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ пешбинигардида 800 иншоот сохта, ба истифода супурда шудааст, ки 92 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Сарвари давлат бо итминон изҳор доштанд, ки дар муҳлати то ҷашн боқимонда роҳбарону масъулон, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва ҳар як сокини шаҳр корҳои бунёдкориву ободониро вусъат бахшида, ҳамаи иншооти ба нақша гирифташударо бо сифати баланд ба истифода месупоранд.
Ҳукумати мамлакат ба масъалаи пешрафту ободии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар намудани шароити зиндагии сокинони он ҳамеша эътибори хосса зоҳир карда, дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмин кардани рушди иҷтимоиву иқтисодии он аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 3,5 миллиард сомонӣ равона намудааст. Бо мақсади рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии шаҳри Кӯлоб ва беҳтар гардондани сатҳи зиндагии мардум Ҳукумати мамлакат Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро барои солҳои 2020 - 2025 қабул намудааст, ки дар доираи он амалисозии 221 лоиҳа ба маблағи қариб 7 миллиард сомонӣ пешбинӣ гашта, татбиқ шуда истодааст.
Дар ин робита, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб вазифадор гардиданд, ки ҷиҳати сари вақт ва босифат амалӣ кардани барнома ва бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта ҳамкориро бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша густариш бахшида, иҷрои ҳадафу вазифаҳои дар барнома пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.
Роҳбарони шаҳр, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва масъулони соҳа аз Президенти мамлакат супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бо назардошти вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, хусусан заминҳои президентӣ ва наздиҳавлигӣ ва гирифтани 2 - 3 ҳосил, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва маҳсулнокии чорво ва дар маҷмӯъ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва захира намудану боз ҳам беҳтар таъмин кардани талаботи бозори истеъмолӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимоди комил иброз доштанд, ки дар ин раванд мардуми сарбаланд ва далеру ғаюри шаҳри бостонии Кӯлоб мисли ҳарвақта саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар мулоқот оид ба рафти иҷрои корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, бунёди манзилҳои истиқоматии сокинони аз офат зарардида, таъмини маводи озуқа ва масолеҳи сохтмонӣ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ Нурмаҳмад Аҳмадзода ва раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ҳисобот доданд.
Супоришҳо ба роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳри Кӯлоб оид ба бунёду таҷдиди роҳҳо, чароғонкунии хиёбонҳо, корҳои ободонию созандагӣ ва вусъати корҳои кишоварзӣ дода шуданд.
Дар охири мулоқот баъди суханронии Президенти мамлакат як гурӯҳ сокинони шукргузори шаҳри Кӯлоб баромад карда, ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи таваҷҷуҳу ғамхориҳо ва талошҳову ташаббусҳои созанда баҳри беҳбуди шароити зисти мардум изҳори сипос намуданд. Онҳо Сарвари давлатро бовар кунонданд, ки минбаъд низ дар рушду пешрафт ва ободию шукуфоии сарзамини аҷдодӣ бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаи Ҳукумати мамлакат, саъю талош хоҳанд кард.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ № 59 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара ташриф оварданд.
Ҳадафи ташрифи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз бахшидан ба фаъолияти як қатор иншооти нав, шиносоӣ бо рафти ҷамъоварии ҳосилу гузарондани кишти такрорӣ ва мулоқот бо фаъолон мебошад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара, нахуст, бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 59-ро ифтитоҳ намуданд.
Бино аз ду қисм ва чор ошёна иборат буда, масоҳати қитъаи замини он наздики ду гектарро дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, он барои 1240 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.
Муассисаи нави таълимӣ дорои синфхонаҳои фанни физика, кимиё, биология ва компютерист, ки бо 25 компютер, 24 ҷуфти мизу курсӣ ва таҷҳизоти лабораторӣ барои гузарондани озмоишҳо таъмин мебошад.
Фароҳам овардани шароит имкон медиҳад, ки ҳавасмандии насли наврас дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои аз худ кардани илмҳои дақиқ бештар шавад.
Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарон бо дастгоҳҳои адрасбофӣ, қолинбофӣ, мошинҳои дӯзандагӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнат барои писарон бо асбобҳои дуредгарӣ, тахтабурӣ ва коркарди оҳан муҷаҳҳазанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор гирифтани бинои нави муассисаи таълимиро дар доираи сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат баҳри рушди соҳаи маориф муҳим арзёбӣ намуда, насли наврасро бо истифода аз чунин шароити муосир барои омӯзиши илмҳои замонавӣ ҳидоят карданд.
Ҷиҳати баланд бардоштани қобилияти зеҳнии хонандагон, муассиса аз синфхонаҳои шоҳмот, толори замонавии варзиш, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона иборат аст.
Дар толори варзиш толибилмон метавонанд бо тенниси рӯи миз, обу тоби бадан, волейбол ва баскетбол машғул шаванд.    
 Дар бинои қаблии муассиса норасоии ҷойҳои нишаст барои хонандагон ва набудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи насли наврас аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб мерафт. Мактаби куҳна ҳамагӣ шаш синфхона дошт. Ҳамасола зиёдшавии шумораи хонандагон дар маҳаллаи 11, деҳоти Корези ноҳияи Данғара ва бештар шудани талабот ба омӯзиши илмҳои замон бошад, заруратро барои бунёди чунин муассисаи таълимӣ тадриҷан дучанд менамуд. Ҳаминро ба инобат гирифта, соли 2019 бо ҷалби сармоя сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 оғоз гардид. 
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба корҳои сохтмонӣ  баҳои баланд дода, омӯзгоронро барои истифодаи пурра аз имконият ва масъулиятшиносӣ ҷиҳати таълиму тарбияи наврасон вазифардор намуданд.
Ҳамзамон, дар шафати бино майдончаи зебову замонавии варзиш ба истифода дода шуд.
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 бо сохти меъмории замонавӣ бунёд ёфта, дар саҳнаш гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мешаванд. Ҳамчунин, бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ дар саҳни муассиса бо баландии 17,5 метр Парчами давлатӣ парафшон буда, гирду атрофи он бо сохти меъмории замонавӣ оро ёфтааст.
Бартарӣ додан ба истифодаи масолеҳи сохтмонӣ аз истеҳсолкунандагони ватанӣ агар аз як ҷониб сифати беҳтари корро таъмин намуда бошад, аз ҷониби дигар ин дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба фаъолияти бахши хусусӣ дониста мешавад.
Ифтитоҳи бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 59 дар маҳаллаи 11-и деҳоти Корези ноҳияи Данғара дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, имкон медиҳад, ки хонандагон дар шароити муосир донишҳои замонавиро аз худ намоянд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ НАВИ ШУЪБАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Данғараро мавриди истифода қарор доданд.
Он  бо  тарҳи  муосир ва нақшу нигори миллӣ сохта шуда, туҳфаи арзандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои кормандону мутахассисони ин ниҳод ба ҳисоб меравад.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои маъмурӣ аз 5 ошёна, таҳхона, 25 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, осорхона, ташхисгоҳ, китобхона, меҳмонхона, мавзеи зебо барои истироҳат ва машғулиятҳои варзиши сабук ва иншооти ёрирасон иборат аст. 
 Сохтмони иншоот моҳи октябри соли 2018 оғоз гашта, фармоишгар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар рафти корҳои сохтмонӣ 70 нафар коргару мутахассиси маҳаллӣ иштирок карда, он дар муҳлати пешбинишуда бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳуҷраҳои барҳавои корӣ бо мизу курсиҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои лозимаи соҳавӣ таъминанд.
Дар шуъба ташхисгоҳ, маҷлисгоҳ, гӯшаи олами ҳайвоноти нодир ва набототи Тоҷикистон, китобхона барои мутолиаи ашъору асарҳои илмию бадеӣ ва соҳавӣ бо шароити зарурӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир мавҷуд аст.
Президени мамлакат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҷиҳати роҳандозии тадбирҳои тарғиботӣ байни аҳолӣ барои тозагии муҳити атроф ва ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гӯшаи олами ҳайвоноту наботот, ки ба таври сунъӣ сохта шудаанд ва имкониятҳои экологии Тоҷикистон муаррифӣ гардид.
Дар китобхонаи шуъба гӯшаи Президент таъсис ёфта, дар он асарҳои мондагори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳои тозанашри илмию бадеӣ, ки беш аз 2 ҳазор нусхаро дар бар мегиранд, ҷамъоварӣ гардидааст, ки кормандон аз он метавонанд босамар истифода намоянд.
Дар ошёнаи 5-уми бинои шуъба бо мақсади истироҳату фароғати кормандон меҳмонхонаи замонавӣ ва толори васеъ барои гузарондани чорабиниҳои байниидоравӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири хизматрасонӣ мебошад. Ҳуҷраҳои меҳмонхона барҳаво ва бо тарҳи зебо сохта шуда, бо шароити мусоид, аз ҷумла рахти хоб, ҷевон, яхдон, телевизор ва мебелҳои замонавӣ, таъмин мебошанд.
Қисми болои бино макони зебои тамошобоб ва истироҳат барои кормандону меҳмонон аст. Дар он, ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим ва машғулият ба варзиши сабук, шароити арзанда муҳайё шуда, кормандон метавонанд дар вақтҳои фориғ аз кор ба намудҳои гуногуни варзиш машғул шаванд.
Дар доираи корҳои ободонӣ гирду атрофи бино сафолакпӯш гардида, гулҳои рангоранги мавсимӣ ва зиёда аз 100 бех ниҳоли ороишӣ шинонда шудааст, ки ба намои берунаи бино зебоии хосса зам мекунад.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМИИ “КОЛЛЕҶИ ТИББӢ - ИҶТИМОӢ”
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Корез муассисаи таълимии “Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ”-ро ифтитоҳ намуда, бо шароити корию хизматрасонии он шинос шуданд.
Муассиса дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи тантанаҳо ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Фаррух Самизода бунёд гардида, дорои шароити мусоиди таълимӣ мебошад.
Масоҳати он 0,1 гектарро ташкил дода, аз 7 ошёна, таҳхона, 25 синфхонаи барҳавои таълимӣ, ҳуҷраҳои корӣ, китобхона, синфхонаи компютерӣ ва  иншооти ёрирасон иборат мебошад. Ҳамаи синфхонаҳо ва ҳуҷраҳои корӣ бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мизу курсиҳои наву замонавӣ таъминанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни шиносоӣ аз шароити муосири муассисаи нави таълимӣ ва суҳбати самимӣ бо омӯзгорон, таъкид сохтанд, ки дар шароити пешрафти илму техника беҳтар намудани шароити хуби таълимӣ ва, дар ин замина, омодакунии мутахассисони касбӣ дар соҳаи тандурустии мамлакат муҳим мебошад ва дар ин самт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ марҳила ба марҳила амалӣ мегарданд.
Муассиса имкони қабули 720 донишҷӯро дар як баст дошта, дар он донишҷӯён аз рӯи 4 ихтисос – ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, момодоягӣ ва дандонсозӣ омода мешаванд.
Дар таҳхонаи коллеҷ бо шароити мусоид ҳуҷраҳои кории мудирони кафедраҳо, омӯзгорон ва дигар кормандон ҷойгиранд. 
Дар ошёнаи якум ва дуюми бино синфхонаҳои барҳавои дандонсозӣ, анатомия, ҳамширагӣ, фарматсевтӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кимиё, китобхона ва дар ошёнаҳои дигар ҷиҳати дар шароити хуб таҳсил намудани донишҷӯён синфхонаҳои таълимӣ бо имкониятҳои муосири илмомӯзӣ бунёд гардидаанд.
Дар ҳуҷраи дандонсозӣ дастгоҳи муосир мавҷуд аст, ки тавассути он таҷрибаи илмию назариявӣ иҷро мегардад.
Ҳуҷраҳои корӣ ва синфхонаҳои таълимии муассиса бо системаи гармидиҳӣ пайваст буда, дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин мешавад.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои оғози сохтмони бинои нави хобгоҳ барои 320 донишҷӯ санги асос гузоштанд. Аз рӯи тарҳ, хобгоҳ 9-ошёна сохта шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин мегардад.
Маврид ба таъкид аст, ки соҳибкорон ва шахсони ватандӯсти ноҳияи Данғара дар пайравӣ ба иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои ободониро дар деҳот ва маркази ноҳия вусъат мебахшанд, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назаррас ва шукӯҳу шаҳомати хосса истиқбол гиранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкор Фаррух Самизодаро барои саҳм гузоштан дар тадбирҳои ободонӣ шоистаи таҳсин хонданд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ, гирду атрофи бино бо дарахтони сояафкан ва гулҳои рангоранги мавсимию ҳамешасабз оро ёфта, намои шабонаи иншоот бо насби чароғакҳои равшандиҳанда ба симои ноҳия зебоии дигар зам менамояд.
 
БА ИСТИФОДА СУПУРДАНИ КОРГОҲҲОИ ИСТЕҲСОЛИИ АГЕНТИИ  ТАЪМИНОТИ АМВОЛИ МАХСУС 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавоти Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Дар коргоҳи мазкур 20 мутахассис фаъолият дошта, нӯшоба, шарбат, мураббо, дар маҷмӯъ, беш аз 14 намуд маҳсулот аз зардолу, шафтолу, олуча, себ, хурмо, помидор ва ғайра истеҳсол мегардад.
Инчунин, хатҳои технологӣ имкон медиҳанд, ки аз ҳисоби захираҳои консентрати меваҳои ватанӣ ва бо ворид намудани консентрати мевагиҳои тропикӣ, аз қабили афлесун, мандарин, манго ва дигар меваҳои ситрусӣ, дар ҳамаи фасли сол истеҳсоли шарбатҳои гуногун ба роҳ монда шавад. Дастгоҳу таҷҳизот аз Украина оварда шудааст.
Ба хотири захираи маҳсулоти истеҳсолии корхона, анборҳо бунёд шудаанд, ки ин имкон медиҳад дар ҳамаи фасли сол маҳсулоти ҷавобгӯи талабот ва дорои сифати баланд пешниҳоди сокинон шавад.
Биноҳои истеҳсолӣ ва инфрасохтори он мутобиқ ба талаботи замони муосир бунёд ёфта, дорои имконияти мусоиди кору фаъолият мебошад.
Ҳамчунин, ҳамин рӯз намоишгоҳи маҳсулоти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолии Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид.
Дар намоишгоҳ 14 намуд макарон, орд, кансерва, шарбату афшура, мураббо, маҳсулоти ширӣ, гандум, лӯбиёиҳо, картошка, макка, мурғ, тухм ва сарулибоси низомӣ барои сарбозон пешниҳод шуд.
Ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ дар назди агентӣ имкон медиҳад, ки солона беш аз 20 дарсади маблағҳои буҷет сарфа гардида, дар баробари бештар дастрас намудани маҳсулоти ғизоӣ, ҳамзамон, сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо маҳсулоти худии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин шаванд.
Мавриди зикр аст, ки айни замон дар Агентии таъминоти амволи махсус 12 корхонаю хоҷагиҳои ёрирасон, ки самти фаъолияташон соҳаҳои кишоварзию саноатӣ мебошад, амал менамояд.
Корхонаҳои назди агентӣ дорои 97 ҳазору 195 гектар замин, аз ҷумла 2280 гектар замини обӣ, 984 гектар лалмӣ, 536 гектар боғу токзор, 58 919 гектар чарогоҳ ва 5 гектар гармхонаи доимоамалкунанда, мебошанд.
Дар доираи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат баҳри ноил гаштан ба ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегӣ ва тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, Агентии таъминоти амволи махсус бо зерсохторҳояш иқдом гирифтааст, ки ҷиҳати бунёди иншооти муосири истеҳсолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ин самт саҳми арзанда гузорад.
Сарвари давлат, зимни ифтитоҳи иншоот ва шиносоӣ бо маҳсулоти истеҳсолӣ, масъулонро вазифадор намуданд, ки ба сифати коркарди маҳсулот таваҷҷуҳи бештар дода, бо истифода аз имконоти мавҷуда ва дастгириҳои ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди соҳаро таъмин созанд.
 
МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТАНИ КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ РАВҒАН 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғарғараи деҳоти Корез бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ “Файзи Алӣ”-ро ба истифода доданд.
Иншоот аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Сайфиддин Файзализода дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат бунёд шуд.
Иқтидори лоиҳавии корхона дар як шабонарӯз коркарди 25 тонна ашёи хом ва омода намудани 3,5 тонна равған мебошад.
Пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он, 30 сокини маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардид.
Хати истеҳсоли равған аз дегҳои бухорӣ, сехи равғантозакунӣ, омода намудани қуттиҳои пластикӣ ва бастубанд иборат буда, равғани рустанӣ дар зарфҳои пластикии 1, 2, 3 ва 5-литра гирифта мешавад.
Корхона бо мақсади таъмини талаботи сокинон бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ва дорои сифати баланд таъсис ёфта, дар он аз зағир, рапс, офтобпараст, сиёҳдона ва чигит равған истеҳсол мешавад.
Мувофиқи нақшаи пешбинишуда, ашёи хом барои истеҳсоли равғани ҷавобгӯи талабот, дар асоси шартномаҳои ҳамкорӣ, аз хоҷагиҳои кишоварзӣ дастрас мешавад.
Дастгоҳу таҷҳизоти корхона аз ширкатҳои бонуфузи Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардидаанд.
Баъди ифтитоҳи корхона, Сарвари давлат дар намоишгоҳ бо маҳсулоти корхона шинос шуданд. Иттилоъ доданд, ки равғани дар корхона истеҳсолшуда дорои сифати баланд буда, бо маҳсулоти корхонаҳои ватанию хориҷӣ рақобатпазир мебошад.
Қобили зикр аст, ки талаботи солонаи сокинони ҷумҳурӣ ба равғани рустанӣ 126 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад ва айни замон дар ҷумҳурӣ 41 корхонаи истеҳсоли равғани рустанӣ бо иқтидори 160 ҳазор тонна фаъолият менамояд.
Дар ноҳияи Данғара дар доираи тадбирҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бомаром идома дошта, ба ин васила, дар беҳтаршавии инфрасохтори деҳоти ноҳия ва баланд гаштани сатҳи некуаҳволии мардум қадамҳои устувор гузошта мешавад.
Соҳибкори маҳаллӣ Сайфиддин Файзализода низ бо ҷонибдорӣ аз ташаббусу роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саҳм гузоштан дар ободии як гӯшаи Ватан иқдом гирифт, ки аз ҳисоби даромадҳои софи корхона иншооти муосири саноатӣ бунёд намуда, дар пешрафти соҳа ва таъмини сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор ҳиссаи хешро гузорад.
Ба хотири зебоии муҳит, ҳамзамон, коргарон атрофи иншооти истеҳсолиро сафолакпӯш карда, гулу бутта ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ шинондаанд. Бино бо тарҳу услуби хоси меъморӣ бунёд ёфта, гирди он чароғон гардидааст.
Дар ҳамин ҷо, ҳамчунин, ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсоли маводи шустушӯӣ, хишти пухта, мебел, дару тирезаҳои пластикӣ, бетон, бинои коллеҷи тиббӣ, маркази саломатӣ, муассисаи таълимӣ, боғчаи кӯдакона ва биноҳои истиқоматии баландошёна муаррифӣ шуд.
Сарвари давлат бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.
Корхонаи маводи шустушӯӣ дар назди корхонаи равғанбарорӣ сохта шуда, беш аз 12 намуд мавод истеҳсол мекунад. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз 1,5 тонна маводи шустушӯӣ мебошад.
Корхонаи истеҳсоли хишти пухта дар масоҳати 15 гектар бунёд гардида, иқтидори солонаи он 2 миллиону 500 ҳазор доннаро ташкил медиҳад.
Тибқи лоиҳа, дар корхонаи мебел ва дару тирезаҳои пластикӣ истеҳсоли миз, курсӣ, ҷевон, рахти хоб, дару тирезаҳои пластикӣ ва дигар ашёи зарурӣ ба роҳ монда мешавад.
Чуноне иттилоъ дода шуд, бунёди иншооти соҳаи саноат имкон медиҳад, ки дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ, наздики 100 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин шавад.
Мувофиқи лоиҳа, коллеҷи тиббӣ дуошёна буда, барои бо таълим фаро гирифтани 100 донишҷӯ ва маркази саломатӣ бо 20 кати хоб пешбинӣ шудааст.
Муассисаи таълимӣ барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 1280 нафар хонанда ва боғчаи кӯдакона барои 120 нафар бунёд мегардад.
Мавриди зикр аст, ки иншооти мазкур бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони бонангу номуси ноҳия дар доираи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат сохта мешаванд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи корхонаҳо ва шиносоӣ аз лоиҳаҳои нав, иқдоми созандаи соҳибкорони ватаниро шоистаи таҳсин хонда, таъкид доштанд, ки бунёди чунин  иншоот имкон медиҳад, ки инфрасохтори ноҳия беҳтар гашта, сатҳи некуаҳволии мардум бо таъсиси ҷойҳои нави корӣ баланд гардад.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ КАСБИЮ ИҶТИМОИИ ХУСУСИИ ТИББӢ  ВА МАРКАЗИ БАРҚАРОРСОЗИИ “НУРИ ТИБ” 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ғиҷоваки деҳоти Пушинг муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб”-ро ба истифода доданд.
Иншоот аз шаш ошёна ва таҳхона иборат буда, дар майдони 1,7 гектар, дар кӯтоҳтарин муҳлат ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бахтиниссо Маҳмадова ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд гардид.
Дар ошёнаи якуми он нуқтаи қабули беморон, се озмоишгоҳ, ҳуҷраҳои ултрасадо, амрози даруна, ҷарроҳӣ, дандондармонӣ, доругузаронӣ, хатна, бемориҳои қалб, занона ва ҳамшираи калони тиб ҷойгиранд.
Ошёнаи дуюми бино дорои ҳуҷраҳои таваллуд, бемориҳои занона, навзодон, баъди таваллуд, ташхиси беморон ва доругузаронӣ мебошад.
Дар ошёнаи сеюм ҳуҷраҳои ҷарроҳӣ, баъди ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, захмбандӣ ва бистаринамоӣ мавҷуданд.
Ошёнаи чоруми бино барои беморони амрози даруна пешбинӣ шуда, аз ҳуҷраҳои табибон, доругузаронӣ, физиотерапевтӣ, 9 ҳуҷра барои беморон бо 18 кати хоб ва ҷой барои истироҳати маризон иборат аст.
Ошёнаи панҷуми биноро барои барқарорнамоии саломатӣ – физиотерапевтӣ махсус гардондаанд.
Дар ошёнаи шашум дар синфхонаҳои илмомӯзӣ, компютерӣ бо 15 компютер ва ҳуҷраи омӯзгорон бо фарогирии зиёда аз 150 нафар донишҷӯ шароити мусоид  фароҳам овардаанд.
Дар таҳхонаи бино 3 ҳуҷраи бахшҳои ронандагӣ бо 40 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои лойдармонӣ дар масоҳати 200 метри мураббаъ ҷойгиранд.
Илова бар ин, дар паҳлуи бинои асосӣ бинои 4-ошёна сохта шудааст, ки дар ошёнаи якум ошхона, дорухона, ҳуҷраҳои гиёҳдармонӣ ва нозири минтақавӣ ҷой гирифтаанд. Дар иншоот барои омӯзгорон ва донишҷуён 60 ҷойи хоб мавҷуд аст.
Барои ба талаботи замон ҷавобгӯ гардондани иншоот муосиртарин дастгоҳу таҷҳизоти соҳавӣ дастрас гардидаанд.
Дар фасли сардӣ барои бо гармӣ таъмин намудани иншоот системаи гармидиҳии бо ангишт фаъолияткунанда насб гашта, саҳни бино ободу зебо карда шудааст.
Муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии “Нури тиб” дар доираи тадбирҳои ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҳисоби даромади софи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд ёфт.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншооти мазкур имкон медиҳад, ки ҷавонони деҳот ба таълиму тарбия ва касбомӯзӣ ҷалб шаванду сокинон бе харҷи зиёдатӣ дар маҳали худ ба табобат фаро гирифта шаванд.
Зимни ба истифода супурдани иншоот, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми бунёдкоронаи соҳибкори ватаниро шоистаи таҳсин хонда, ба сифати корҳои сохтмонӣ, шаклу услуб ва дигар тадбирҳои анҷомёфта баҳои баланд доданд. Президенти мамлакат мутахассисони соҳаи тандурустиро барои дар сатҳи баланд ба аҳолӣ расондани хизмати тиббӣ ҳидоят карданд.
 
ИФТИТОҲИ МАЙДОНИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Данғара майдони Парчами давлатиро мавриди истифода қарор доданд.
Майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таҷлили сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёд гардида, дар он барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон шароити мусоид фароҳам овардаанд.
Масоҳати майдон се гектар буда, аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти ноҳия бо ҷалби мутахассисони ватанӣ ва бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст.
Баландии сутунпояи Парчами давлатии Тоҷикистон 70, дарозии матоъ 18 ва паҳноияш 9 метрро ташкил медиҳад.
Роҳравҳои майдон дар масоҳати беш аз 6 ҳазору 500 метри мураббаъ сафолакпӯш шуда, дар он 86 чароғи равшанидиҳанда насб гардида, барои истироҳату фароғати сокинону меҳмонон ва сайёҳон курсиҳои нишаст гузошта шудаанд.
Дар ин ҷо як фаввораи чоркунҷашакли тариқи мусиқӣ фаъолияткунанда низ бунёд ёфт, ки дарозии он 12 ва паҳноияш 8 метр буда, дорои 96 нуқтаи обпошӣ мебошад.
Инчунин, атрофи боғи майдон бо 8 ҳазору 900 ниҳоли ҳамешасабзи арчаи навъи туя иҳота шуда, дар ҳудуди он зиёда аз 600 дарахти ороишии нодир шинонда шудааст. Масоҳати сабзкоришуда 190 метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар доираи сиёсати варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади ҷалби бештари ҷавонону наврасон ба варзиш ва солимгардонӣ дар ин ҷо майдончаҳои футбол ва бозии кӯдакон сохта шудааст, ки ҷавобгӯи талаботи замони муосир мебошанд.
Масоҳати майдончаи футбол 800 ва майдончаи бозии кӯдакон 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Майдончаи бозии кӯдакон барои истироҳату фароғати хуби дӯстрӯякон дорои таҷҳизоти дилхушӣ мебошад.
Ба хотири мунтазам об мондани ниҳолҳо ва гулу буттаҳои ороишӣ хатҳои об, обанбори захиравӣ дар ҳаҷми 50 метри мукааб ва 3 насоси обкашӣ насб гардидааст.
Майдони Парчами давлатӣ барои сайругашти рӯзонаву шабонаи сокинону меҳмонон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни фарҳангӣ-фароғатӣ мувофиқ мебошад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баробари ифтитоҳи иншооти мазкур, таъкид намуданд, ки дар маркази ноҳияи Данғара қомат афрохтани Парчами давлатӣ нишони олии гиромидошт ва арҷгузорӣ ба арзишҳои волои давлатдорӣ буда, барои боз ҳам баланд бардоштани ҳувияти миллӣ ва ҳисси ватандӯстию ватанпарастии насли ҷавон ва, дар маҷмӯъ, кулли сокинони ноҳия нақши муҳим мебозад.
 
РОҲАНДОЗИИ БЕМОРХОНАИ ВИЛОЯТИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи маркази ноҳияи Данғара бинои беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятиро, ки бо тарҳи муосир бунёд шудааст, ба истифода доданд.
Бино ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, аз 5 ошёна иборат аст.
Корҳои сохтмонӣ дар муддати кӯтоҳ бо заҳмати софдилонаи мутахассисону сохтмончиёни ватанӣ бо сифати баланд ва тибқи талаботи меъмории муосир анҷом ёфт.
Тибқи лоиҳа, беморхона аз 200 кат иборат буда, барои ташхису табобат ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ шароиту имкониятҳои васеъ дорад.
Ошёнаи якуми беморхона 18 ҳуҷраи корӣ дошта, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ ҷойгиранд. Дар ошёнаи дуюм 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобатию кӯдакона мавҷуд буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳазанд.
Иншоот бо дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар давраи пандемияи COVID – 19 бунёд гардида, барои сари вақт табобат кардани маризоне, ки ба бемориҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудаанд, шароити муосир фароҳам омад.
Ошёнаи чоруми беморхона аз 29 ҳуҷра иборат буда, дар он бемориҳои зардпарвин ва касалиҳои сироятии махсусан хавфнок табобат мешаванд. Дар маҷмӯъ, беморхона дорои қариб 120 ҳуҷра барои маризон мебошад.
Дар ошёнаи панҷум кафедраи бемориҳои сироятии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҷойгир буда, бо тамоми дастгоҳу лавозимоти таҳсил таъмин мебошад. Дар беморхонаи мазкур табибони соҳибтаҷриба ба кор ҷалб шуда, аз ин пас, онҳо донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро самаранок истифода мебаранд ва беморонро сари вақт табобат мекунанд. Оянда аз ҳисоби хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ба беморхона табибони ҷавони донишманду лаёқатманд ба кор ҷалб мешаванд.
Ҳангоми боздид аз беморхона, табибон ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхориҳои ҳамешагиашон нисбат ба кормандони соҳаи тиб, махсусан дар шароити пандемияи ҷаҳонӣ, изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз табибон даъват ба амал оварданд, ки ҳангоми фаъолият бо беморон, пеш аз ҳама, хушмуомила бошанд, зеро онҳо бештар аз дигарон ба муомила ва сухани хуб муҳтоҷанд, яъне табиб ҳам бо дорую дармон ва ҳам бо рафтору гуфтор бояд беморро муолиҷа кунад. 
Акнун табибон бо истифода аз таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ, ки дар ин ҷо бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муҳайё гардидааст, фаъолияти худро дуруст ба роҳ монда, ба мардум хизмати босифати тиббӣ мерасонанд.
Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани беморхонаи махсусгардондашудаи сироятӣ, дар оянда кори табибонро ҷиҳати пешгирӣ, муоина ва муолиҷаи маризиҳои хавфноки сироятӣ боз ҳам босамар хоҳад кард.
Бо дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати мамлакат ва амалисозии барномаҳои миллӣ соҳаи тандурустӣ дар ҷумҳурӣ, бахусус ноҳияи Данғара, рушду пешрафт карда, дар натиҷа, сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ беҳтар гардид, ки яке аз ҳадафҳои афзалиятноки давлат ба шумор меравад.
Дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардани муассисаи нави тиббӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати кишвар ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Данғара мебошад.
 
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ТАЪМИНОТ  ВА ТАШХИСИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Файзбахши деҳоти Оқсу бинои маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.
Зимни шиносоӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки марказ дорои шуъбаҳои бактериологӣ, серология, фитосанитарӣ, карантинӣ ва тухмӣ мебошад. Ҳуҷраҳои корӣ ва ёрирасон бо компютер ва дигар лавозимоти зарурӣ таъминанд, ки ин омил дар оянда барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти мутахассисони марказ мусоидат менамояд.
Корҳои сохтмонӣ дар иншоот моҳи марти соли 2019 оғоз ёфта, қариб 40 сокини маҳаллӣ бо ҷои кори мавсимӣ ва маоши хуб таъмин гардид. Фармоишгари бунёди марказ Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо тарҳи муосир ва сифати баланд сохта шудааст.
Марказ аз таҳхона ва 5 ошёна иборат буда, бо тарҳи нав ва унсурҳои миллии муосири шаҳрсозӣ бунёд гашт.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз кормандони ин ниҳод дар бинои куҳна фаъолият доштанд.
Бинои нав ва озмоишгоҳҳои замонавии он бо технологияи пешрафтаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисӣ муҷаҳҳазанд. Мутахассисон бо истифода аз имкониятҳо сари вақт ҳамаи хӯроквориҳоро аз ташхис гузаронда, дар бораи таркиб ва бехатарии онҳо хулосаи дақиқ пешниҳод менамоянд.
Дар бино ташхисгоҳи бехатарии озуқаворӣ ва озмоишгоҳҳо, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият ва меҳмонхона ҷойгир мебошанд.
Бинои марказ ду маҷлисгоҳи замонавӣ бо 100 ҷойи нишаст дорад. Ошхона бо 50 ҷои нишаст дар таҳхона ҷойгир аст.
Дар марказ беш аз 50 мутахассиси соҳибмаълумот фаъолият менамояд ва бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ ва ҳифзи солимии шаҳрвандон ҳамарӯза таркиби маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, меваю сабзавот ва амсоли инҳоро месанҷанд. Ҳамзамон, дар озмоишгоҳҳо тухмиҳои зироати кишоварзӣ ва рустаниҳо санҷида мешаванд.
Бинои Маркази таъминот ва ташхиси бехатарии Кумитаи озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара ба ифтихори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Ҳифзи солимии ҷомеа, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифати аз ҷиҳати экологӣ тоза дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вобаста ба ин қонун ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд, ки яке аз онҳо Барномаи бехатарии озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019 – 2023 ба ҳисоб меравад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳангоми шиносоӣ ба шароити муҳайёгардида, ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ҳангоми суҳбат бо кормандон таваҷҷуҳи онҳоро ба таъмини амнияти озуқаворӣ, назорати доимӣ ва бехатарии маҳсулоти истеъмолӣ, ки шарти муҳими солимии мардум ба ҳисоб меравад, ҷалб намуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолият дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Дар доираи тадбирҳои ободонӣ, роҳравҳои атрофи бино сафолакпӯш гардида, дар саҳни бино зиёда аз 3000 гулу буттаҳо ва беш аз 100 дарахти ҳамешасабзу ороишӣ шинонда шудаанд.
 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ХАТИ ОБИ НӮШОКӢ 
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи аввали лоиҳаи хати оби нӯшокии деҳаи Боғпарвари деҳоти Оқсуро мавриди истифода қарор доданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тоб додани ҷумак ба фаъолияти марҳилаи аввали ин шабакаи обрасонӣ оғоз бахшиданд.
Марҳилаи аввали иншоот, ки дар доираи татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” бо дастуру ҳидояти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” амалӣ шуд, 7 ҳазору 240 нафар аҳолии деҳаҳои Боғпарвар, Чаманистон ва Баҳори ноҳияи Данғара бо оби тозаи нӯшоӣ таъмин шуданд. 
Об аз канали калони дуюми Данғара тариқи насосҳои махсус аввал ба ду ҳавзи ғунҷоишашон 250 метри мукааб ворид гардида, пас аз безараргардонӣ, ба ҳавзи ғунҷоиши 500 метри мукааб интиқол ёфта, баъдан, ба аҳолӣ тақсим мегардад.
Масофаи хати оби нӯшокӣ 1 километру 400 метр буда, тариқи ду лӯлаи обгузари қутрашон 160-миллиметра оварда шуд.
Дар марҳилаи аввал барои анҷоми корҳои сохтмонӣ, аз қабили бунёди чоҳҳои амудӣ, ҳавзҳои захираи об, васлу насби таҷҳизот ва лӯлаҳои қутрашон гуногун 3 миллиону 600 ҳазор сомонӣ харҷ гашт. Ҳамзамон, барои фаъолияти муназзами ин шабакаи муосири обрасонӣ  трансформатор бо тавоноии 250 киловолт-ампер насб гардид.
Сохтмони он моҳи феврали соли равон дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) оғоз гардида, дар муҳлати муайяншуда бо сатҳу сифати баланд анҷом ёфт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳу сифати корҳои анҷомёфта изҳори қаноатмандӣ намуда, ба масъулон ҷиҳати дар марҳилаи дуюм низ бо сифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва кашидани хати оби нӯшоӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.
Аз рӯи маълумоти масъулони КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” дар марҳилаи дуюми лоиҳа, тибқи дастуру супоришҳои Сарвари давлат, бо насби 2 насоси обкаш зиёда аз 9 ҳазору 300 сокини деҳоти Оқсу бо оби ошомидании босифат таъмин мешавад.
Барои татбиқи лоиҳа, ки 2 марҳиларо дар бар мегирад, зиёда аз 555 миллион сомонӣ сарф хоҳад шуд ва солҳои наздик мушкилоти норасоии оби нӯшоӣ дар деҳоти мазкур бартараф мегардад.
Айни замон дар ноҳияи Данғара барои сол ба сол беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшоӣ дигар лоиҳаҳо низ мавриди татбиқ қарор доранд.
Бо татбиқи ин лоиҳа, маҷмӯан, 2 ҳавзи калони захираи об ва дигар иншооти зарурӣ бунёд гардида, наздики 20 ҳазор сокини маҳаллаҳои Оқсу бо оби нӯшоии аз лиҳози экологӣ тоза таъмин мешаванд.
Лозим ба таъкид аст, ки то инҷониб сокинони се деҳаи номбурда аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд ва, акнун, бо ташаббуси Сарвари давлат ин мушкилии онҳо роҳи ҳалро пайдо намуд.
Ҳамзамон, аз ҷониби КВД “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ба масофаи 1 километр роҳи деҳаи Боғпарвар мумфарш шуд.
Сокинони деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара иқдоми мазкурро туҳфаи арзишманди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили Ҷашни Ваҳдати миллӣ маънидод карданд.
 
МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТАНИ БОҒИ  ФАРҲАНГӢ - ФАРОҒАТИИ “СИМУРҒ” ДАР ДЕҲОТИ ОҚСУИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
16 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара боғи фарҳангӣ - фароғатии “Симурғ”- ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Салимов Ромиш дар масоҳати 7 гектар, бо дарназардошти талаботи муосир ва санъати баланди меъморӣ бунёд карда шудааст.
Дар ҳудуди боғи фарҳангӣ - фароғатӣ ду майдончаи варзишӣ барои футбол, волейбол, нуқтаҳои махсус барои теннис, майдончаи бозии кӯдакон ва наврасон, маркази ҷавонон, қаҳвахона, ошхона бо 60 ҷойи нишаст, ҳавзҳои шиноварӣ барои наврасону калонсолон, ҳавзи моҳипарварӣ ва барои доир намудани барномаҳои фарҳангӣ нуқтаи махсус сохта шуда, баҳри истироҳату фароғати кӯдакон 12 атраксиони замонавӣ насб гардидааст.
Иншооти мазкур аз ҷониби мутахассисони ватанӣ бунёд гардида, дар рафти сохтмон масолеҳи сохтмонии дорои сифати баланд истифода шудааст.
Дохили боғи фарҳангӣ-фароғатӣ пурра сабзазор гардида, барои хуррамгардонӣ 11 ҳазор бех ниҳоли нодири сояафкану ороишӣ ва гулу буттаҳо шинонида шудааст.
Нигоҳубини ниҳол ва гулу буттаҳо ба таври муосир обрасонӣ гардида, роҳравҳои боғи нав бо санъати баланди меъморӣ низ сафолакпӯш гардидааст.
Ҳудуди боғро 18 фаввораи хурду бузург, ки бо шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд шудааст, зебу зиннат ва шаҳомати бузург мебахшад.
Ҳамчунин, дар дохили боғ композитсияҳои бадеӣ-ҳайкалҳои палангу уштур, гавазну оҳу, санҷобак, кабк, товус ва дигар ҳайвоноту парандагон насб карда шудааст. Муҷассамаи қаҳрамонони филмҳои тасвирии кӯдакона, кузаву хумҳои сафолини бо гулу буттаҳои нодир ороёфта, ба ҳусни боғ зебогии дучанд зам намудааст.
Гирду атрофи иншооти нав пурра панҷарапӯш гардида, даромадгоҳи он низ бо санъати баланди меъморӣ оро дода шудааст.
Иншооти нави замонавӣ бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ аз ҷониби соҳибкори ватанӣ дар доираи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд карда шуда, дар баробари ободу зебо гаштани як гӯшаи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамзамон баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани иншоот 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин иншооти фарҳангиро дар доираи ҷашнҳои миллӣ туҳфаи арзанда ва намунаи ибрат номида, масъулонро барои нигоҳубини он вазифадор намуданд.
Ҳамчунин, Сарвари давлат таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба татбиқи қонунҳои амалкунанда ва нақшаву ҳидоятҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.
Пас аз бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатии “Симурғ” сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкони мусоиди истироҳату фароғат пайдо карданд. Ҷавонону сокинони саодатманди ноҳия бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат ва фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол сайругашт намуда, ғизои маънавӣ мегиранд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти фарҳангӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мулоқот намуда, ба онҳо сарулибоси мактабӣ, мукофоти пулӣ ва ширинӣ тақдим намуданд.
Даҳҳо нафар ятим аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз сиёсати ғамхорона ва падаронаи Пешвои муаззами миллат баҳравар гаштанд.
Зимни мулоқот Сарвари давлат таъкид доштанд, ки қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, барои дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ба воя расидани онҳо тамоми имконотро муҳайё сохтааст.
Дар ин росто ҷавобан ба ғамхориҳои роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз онҳо талаб карда шуд, ки бо истифода аз имконоти фароҳамовардашуда илмҳои замони муосирро аз худ намуда, номбардори Ватани хеш бошанд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 17.06.2021    №: 121    Мутолиа карданд: 2791
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед