logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРӢ

БОЗДИД АЗ НАМОИШГОҲИ АҲЛИ ЗАҲМАТИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР ДЕҲОТИ ЛОЛАЗОРИ НОҲИЯИ ДАНҒАРА
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии “Ҳусайнӣ” - и деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара аз намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.
Мавриди зикр аст, ки ба 1 июни соли равон дар вилоят 58195 тонна ғалладона, 294844 тонна сабзавот, 34954 тонна картошка, 3111 тонна полизӣ, 10746 тонна мева ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан истеҳсоли ғалладона 102,9, сабзавот 116,4, картошка 109,2, полизӣ 137,5 ва мева 114,4 фоизро ташкил медиҳад. 1998 ҳазор бех ниҳолу кӯчат ва парварда парвариш ёфт.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар соҳаи чорвопарварӣ давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли гӯшт 30,5 ҳазор тонна, шир 114,5 ҳазор тонна, тухм 38 миллион дона, пашм 2502 тонна, пилла 201,2 тонна, асал 23,2 тонна ва моҳӣ 483,1 тоннаро ташкил дода, афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта аз 1,2 то 6 фоизро дар бар мегирад.
Бо мақсади таъмини бозори истеъмолии вилоят ва дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба ҳолати 1 июн дар майдони зиёда аз 314,5 ҳазор гектар кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла 128,2 ҳазор гектар ғалладона, 132 ҳазор гектар зироати техникӣ, аз ҷумла 123 ҳазор гектар пахта, 20,7 ҳазор гектар сабзавот, аз он 10,4 гектар пиёз, 12,3 ҳазор гектар полизӣ, 6160 гектар картошка ва 10,7 ҳазор гектар зироати хӯроки чорво гузаронда шудааст, ки дар маҷмӯъ, нисбат ба дурнамо 101 фоиз ва нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1149 гектар зиёд мебошад.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварии ғалладона идома дошта, ба ҳолати 1 июн аз 128 150 гектар ғалладонагиҳо 15 397 гектар дарав гардида, 4959 тонна ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати мақсаднок истифода бурдани замин ва ба роҳ мондани кишти такрорӣ дар вилояти Хатлон барои ҳосили имсола дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ гузарондани кишти такрорӣ дар зиёда аз 130,2 ҳазор гектар пешбинӣ шудааст, ки ба санаи 1 июн дар хоҷагиҳои кишоварзии вилоят 17502 гектар кишти такрории зироати кишоварзӣ гузаронда шудааст.
Сарфи назар аз натиҷаҳои бадастомада Сарвари давлат хоҷагидорон ва масъулони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро барои афзудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини фаровонҳосилӣ, зиёд намудани содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар, гирифтани ду - се ҳосил аз як қитъа, зиёд кардани майдони кишт ва кишти такрорӣ ва ба даст овардани самараи аз ин ҳам бештар дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.
 
МУЛОҚОТ БО РОҲБАРОНУ ФАЪОЛОН ВА СОКИНОНИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон мулоқот карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Вахш ва Данғараро, ки мақсад аз он боздид аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ, сохтмони манзилҳои истиқоматӣ барои сокинони аз офат зарардида, инчунин, шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ба ифтихори Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ буд, натиҷагирӣ карданд.
Ҳадафи мулоқоти имрӯзаро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳлили вазъи корҳо дар вилоят, аз ҷумла рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати кишвар ва раванди ободкориву созандагӣ, яъне омодагӣ ба Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, маънидод карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вусъати корҳои бузурги ободониву созандагии мардуми заҳматкаши вилояти Хатлон ба ифтихори ҷашни муқаддаси миллӣ, изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки тибқи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ ба муносибати Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят то имрӯз 6960 иншооту биноҳо сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар заминаи онҳо 8900 ҷойи кори нави доимӣ ва 21000 ҷойи кории мавсимӣ таъсис дода шудаанд. Иҷрои нақшаи зикршуда дар вилоят 91 фоиз таъмин гардида, дар иншооти боқимонда корҳо бомаром идома доранд.
Барои таъмини пурраи нақша роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шуданд, ки якҷо бо вазорату идораҳо, соҳибкорон ва аҳолӣ иҷрои корҳои ободониву бунёдкориро тибқи нақшаи тасдиқшуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд.
Мавриди зикр аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо беш аз 51 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Ҳоло татбиқи барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 - 2025 идома дорад, ки дар доираи он амалисозии 345 лоиҳа ба маблағи умумии 7,4 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
То ба имрӯз дар вилоят 80 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи қариб 15 миллиард сомонӣ  амалӣ шудааст. Ҳоло дар ҳудуди вилоят татбиқи боз 36 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ идома дошта, дар доираи онҳо маблағи зиёда аз 5,2 миллиард сомонӣ аз худ гардидааст.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои онро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута ва сармоягузорони ватаниву хориҷӣ татбиқи сифатноки барномаву лоиҳаҳои пешбинишударо дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин намоянд.
Роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва масъулони соҳаҳо вазифадор шуданд, ки камбудиҳои дар самти иҷроиши буҷет ҷойдоштаро сари вақт бартараф намуда, барои рушди бомароми ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, иҷрои нақшаи андоз, афзоиши даромади буҷет ва баланд бардоштани шаффофияту самаранокии хароҷоти он тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дастурҳо, ҷиҳати кам кардани хароҷоти дуюмдараҷа, коҳиш додани ҳаҷми бақияпулиҳои андоз ва қарзи корхонаҳо, идораи босамари амволи давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, афзудани ҳаҷми содирот ва ба ин васила зиёд намудани ҳаҷми воридоти маблағ ба буҷет, инчунин, пардохти саривақтии музди меҳнат ва нафақа, дода шуд.
Дар давоми чор моҳи аввали соли ҷорӣ аз ҷониби низоми бонкӣ дар ҳудуди вилоят 849 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 236 миллион сомонӣ ё қариб 37 фоиз зиёд мебошад.
Сарвари давлат вобаста ба нокифоя будани ҳаҷми корҳо дар ин самт Бонки миллӣ ва дигар ташкилотҳои қарзиро вазифадор карданд, ки барои зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёти вилоят, алалхусус ба бахши истеҳсолӣ, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Вобаста ба нишондиҳандаҳои воқеии соҳаи саноати вилоят ва барои таъмин намудани ҳадафи саноатикунонии босуръати кишвар Сарвари давлат аз роҳбарону масъулони соҳа, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо андешидани чораҳои қатъӣ ва фавриро талаб карданд.
Ба роҳбарони вилоят, шаҳру ноҳияҳои он, Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бори дигар супориш дода шуд, ки ҷиҳати барқарор намудани фаъолияти корхонаҳои аз кор бозмонда, таъсиси корхонаву коргоҳҳои нав, то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, барои татбиқи ин ҳадаф боз ҳам бештар ҷалб кардани соҳибкорон ва сармояи мустақими ватаниву хориҷӣ, дар ин замина бамаротиб афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва таъсис додани ҷойҳои нави корӣ барои сокинони вилояти аз ҳама сераҳолии кишвар чораҳои фаврӣ андешанд.
Инчунин, Вазорати энергетика ва захираҳои об, дигар сохторҳои марбутаи соҳа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он вазифадор шуданд, ки барои истеҳсоли неруи барқ бо назардошти истифодаи пурраи иқтидорҳо, кам кардани талафот ва истифодаи самараноку сарфакоронаи он, инчунин, пурра ҷамъоварӣ намудани маблағи барқи истифодашуда чораҷӯӣ намоянд.
Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо мақсади фароҳам сохтани шароити мусоид барои рушди соҳибкориву сармоягузорӣ, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, воридоти техникаву технологияҳои нав ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дар ҳудуди вилоят се минтақаи озоди иқтисодӣ - “Панҷ”, “Данғара” ва “Кӯлоб” таъсис дода шудааст, ки метавонанд барои баланд бардоштани иқтидори саноатии вилоят саҳми арзанда гузоранд. Вале имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ то ҳанӯз пурра истифода нашуда истодаанд, ки чунин вазъ хеле ташвишовар мебошад.
Вобаста ба ин, Вазорати рушди иқтисод ва савдо якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон вазифадор гардиданд, ки бунёди инфрасохтори зарурии минтақаҳои озоди иқтисодиро ба анҷом расонда, ҷалби сармояи дохиливу хориҷиро барои ташкили фаъолияти истеҳсолӣ дар онҳо, аз ҷумла таъсиси корхонаҳои саноатии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, вусъат бахшанд.
Сарвари давлат бо назардошти вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба роҳбарону мутахассисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он доир ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, аз заминҳои обӣ рӯёндани се - чор ҳосил, афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, коркарди он ва содирот ба хориҷи кишвар, супориш доданд, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор ва бо истифодаи ҳамаи захираву имкониятҳо корро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Роҳбарону масъулони вилоят вазифадор шуданд, ки барои ташкили фермаҳои чорводорию парандапарварӣ, хоҷагиҳои моҳипарварӣ, хушзоткунии чорво, истеҳсол ва захира намудани хӯроки чорво ва таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати соҳа тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.
Бо назардошти вазъи ногувори мелиоративии як қисм заминҳо, роҳбарони вилоят, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш гирифтанд, ки барои беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии заминҳо ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда тадбирҳои фаврӣ андешида, истифодабарии самараноки заминҳо ва шабакаҳои обёриро ҳарчи зудтар таъмин намоянд.
Зимни мулоқот Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди таҳлили вазъи соҳаҳои иҷтимоӣ, вобаста ба рушди ин бахшҳо роҳбарону масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки барои татбиқи босифати барномаҳои дар соҳаҳои иҷтимоӣ қабулшуда тадбирҳои зарурӣ андешида, доир ба ҳолати воқеии корҳо то охири соли 2021 ба Дастгоҳи иҷроияи Президент гузориш пешниҳод намоянд.
Дар охири суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки ҳадафи асосиву ягонаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таъмин намудани рушду тараққиёти кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, зина ба зина беҳтар кардани шароити зиндагии аҳолӣ ва дар ояндаи наздик боз ҳам ободу зебо гардондани ҳар як гӯшаву канори он мебошад.
Бинобар ин, Сарвари давлат бо итминон иброз доштанд, ки мардуми ватандӯст, бонангу номус ва матиниродаи вилояти Хатлон, хусусан бо назардошти вазъи бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони имрӯза минбаъд низ дар ҳифзи дастовардҳои таърихии халқамон, ҳимояи манфиатҳои давлату миллати куҳанбунёдамон бо ҳисси баланди милливу хештаншиносӣ ҳушёру омода хоҳанд буд ва бо заҳмати содиқонаву софдилонаи худ, махсусан дар арафаи сисолагии Истиқлолияти давлатӣ, Ватани маҳбубамонро боз ҳам ободу пешрафта хоҳанд гардонд.
Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ва раисони як қатор шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ба ҳолати 1 июни соли 2021 ба Сарвари давлат ҳисобот доданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2021    №: 122    Мутолиа карданд: 3374
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед