logo

иқтисод

ФОРУМИ ЗАНОНИ СҲШ. МЕХАНИЗМИ МИЛЛИИ ПЕШРАФТ ТАҲИЯ МЕГАРДАД

Дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» сеюмин Форуми занони Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид. Дар он намояндагони кишварҳои узви созмон -  Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ҳамчунин, доираҳои васеи соҳибкорӣ ва ходимони илмӣ ширкат варзиданд. 
 
Ҳадафи форум таъмини баробарии гендерӣ, фароҳам овардани платформаи муассир барои баланд бардоштани иқтидори занони кишварҳои узви СҲШ ва ба ин васила ноил гардидан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор, инчунин, вусъати ҳамкории минтақавӣ ва саҳмгузорӣ дар пайдо намудани нуқтаҳои нави тамос дар доираи ҳалли масъалаҳои муҳими Платформаи амалиёти Пекин мебошад.
Нахуст, Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири мамлакат доир ба аҳамияти фаъолияти созмони мазкур изҳор дошт, ки он дар давоми 20 сол тавонист миёни кишварҳо ҳамкориро дар самти иқтисод, тиҷорат, илму техника, соҳаҳои энергетика, туризм, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи муҳити зист вусъат бахшад. Кишварҳои дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории Шанхай қарордошта аъзои Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама намуди табъиз нисбат ба занон буда, бештар ба масъалаи баробарии гендерӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, ҳуқуқу озодиҳои зан, баробарҳуқуқии зану мард ва мақому манзалати бонувонро ҳифз мекунанд. Аммо бо вуҷуди ин, дар бисёр мавридҳо ҳанӯз занону духтарон, хусусан занони деҳот, бо зӯроварӣ дар оила ва ҷомеа рӯ ба рӯ мешаванд.
Лаззат Рамазонова, вакили Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон зимни суханронӣ гуфт, ки дар давраи пандемияи COVID – 19, ки ба соҳаҳои афзалиятнок дар кишварҳои узви СҲШ таъсири калон гузошт, дар ин миён бисёр занон низ ба мушкили бекорӣ ва кам гардидани сатҳи даромад, ҳамчунин, зӯроварӣ дар оила дучор шуданд. 
Мувофиқи маълумоти расмӣ, ҳамасола дар ҷаҳон қариб 40 дарсади занону духтарон ба зӯроварӣ ва табъиз рӯ ба рӯ мешаванд. Онҳо дар баробари иҷрои уҳдадориҳо дар тарбияи фарзанд, инчунин, дар пешрафти қариб ҳама соҳаҳо, ба монанди роҳи оҳан, сохтмон ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нақши пешбаранда мегузоранд. 
Дар ин хусус намояндаи давлати Чин зимни гузориш оид ба нақши занон дар ин кишвар мисол овард. Яъне, дар Чин шумораи зиёди занону бонувон дар  полис ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои инсон фаъолият менамоянд. Аз ин рӯ, Шэн Юэюэ, намояндаи федералии занони Чин ҳангоми табодули таҷриба пешниҳод намуд, ки дар самти пешбурди фаъолияти самаранокии занон ба масоили ҷалби онҳо ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд диққати бештар дода шавад. Дар Ҷумҳурии Исломии Покистон бошад, қариб 70 дарсади фаъолияти занону бонувон ба соҳаи маориф рост меояд. Теъдоди занони соҳибкор дар ин кишвар танҳо 8 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, Ҳасан Манги, директори генералии Вазорат оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон зимни гузориши пурмуҳтаво масъалаи фаро гирифтани занонро ба фаъолияти соҳибкорӣ ва баланд бардоштани ҳиссаи онҳо дар парлумони кишварҳои аъзои СҲШ муҳим арзёбӣ намуд. Ба гуфтаи номбурда, дар шароити имрӯза занон дорои иқтидори баланди зеҳнӣ буда, бояд бештар ба мақоми роҳбарикунанда, аз ҷумла ҳамчун вазир ва дар сатҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии давлатҳои аъзои СҲШ, ҷалб карда шаванд. 
Ҳамин тариқ, дар давлатҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, аз ҷумла Тоҷикистон, барои коҳиш додани ҳама гуна зӯроварӣ нисбат ба занон ва духтарон дар оила ва ҷомеа тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Азбаски потенсиали занону бонувони кишварҳои аъзо дар ҳама соҳаҳои афзалиятнок хеле баланд аст, пешниҳод шуд, ки муттаҳид сохтани неруи бузурги занони СҲШ дар ҷавоб ба чолишҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ зарур мебошад. Барои ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ оид ба такмили механизми миллии пешрафти занони дар ҳар як кишвари узви СҲШ оид ба рушди соҳибкории занон, афзоиши ҳиссаи занон дар шумораи роҳбарони корхонаҳо ва саҳомони ширкатҳои калон тавсияҳо пешниҳод гардиданд. 
 
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, 
Лола РИЗОӢ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2021    №: 122    Мутолиа карданд: 1249
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед