logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +

Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БА ИФТИХОРИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
 
ПИРАМИДА – МУАММОИ «СӢ»
1. Нотаи мусиқӣ. 2. Ҳарфи арабӣ. 3. Бинои мудаввари саҳнаи васеъдошта. 4. Унсури кимиёвӣ. 5. Мурғи афсонавӣ. 6. Дарё дар Осиёи Марказӣ. 7. Давлат дар Осиёи ҷанубу шарқӣ. 8. Қисмати забоншиносӣ. 9. Асари Низомулмулк. 10. Гардиши даврии об дар хонаҳои истиқоматӣ. 11. Исми ҳамсари Абулқосим Лоҳутӣ. 12. Шахси сиёсатдор (ҳаммаънои сиёсатдон). 13. Унвони баланди ҳарбӣ дар Шарқ. 14. Пойтахти Ҷумҳурии Коми. 15. Файласуфи Юнони қадим. 16. «… дарёгард». 17. Сухани сеҳрноки Алибобо. 18. Унсури кимиёвӣ. 19. Абуалӣ ибни... 20. Асбоб барои кабобпазӣ. 21. Басе ранҷ бурдам дар ин сол… Аҷам зинда кардам бад - ин пор…
Таҳияи омӯзгори МТМУ № 37, 
деҳаи Чӯянчии ноҳияи Деваштич, 
Қутфулло ЮСУФОВ
 
ҶАВОБ БА МУАММОИ «ШОҲАСАР» АЗ 11 ИЮНИ СОЛИ 2021
1. «Тоҷикон». 2. Нобиға. 3. Авесто. 4. Окс. 5.Спитамен. 6. Навоӣ. 7. Исмоил. 8. Лашкар. 9. Расадхона. 10. Амир. 11. Розия. 12. Ясно. 
13. Ошур. 14. Рим. 15. Маликшоҳ. 16. Ҳулбук. 17. Канишка. 18. Адолат. 19. Тоҷик.
 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
 
Телефон: 238-53-40
Вайбер: 93-547-00-05, 
bzm_701@mail.ru
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
ТОҶИКИСТОН: 
СӢ ЧАРОҒ, СӢ ДАСТАГУЛ...
Шоир, рассом ва суратгири маъруф Иброҳим Хонҷо ба ифтихори Ҷашни 30- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Канада номаи табрикӣ ва шеъри англисии «Тajikistan»-ро иншо карда, ба кишвари мо фиристодааст. Оғози шеър чунин аст, ки тарҷума кардем:
Сӣ чароғ,
Сӣ дастагул - гулҳои роз,
Тобиши сӣ нур аз озодии кишвар,
Бе ҳузури душману бегонагон!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР
 
 
ТУГМА.  ЧӢ ГУНА НИШОНИ ДОРОӢ ШУД?
Пайдоиши тугма таърихи тӯлонӣ дошта, пештар онро барои ороиши ҳар гуна ашё истифода мебурданд. Дар асрҳои XII - XIII дар Аврупо тугма шаклан гуногун шуда, дар сарулибос истифода гардид. 
Дар асрҳои миёна бошад, тугма чунон машҳур гардид, ки ҷузъиёти асосии пероҳани шахсони доро буд. Ҳатто, аз рӯи тугмаҳо мардум  метавонист вазъияти дороии ашрофзодагонро муайян намоянд. Масалан, яке аз либосҳои расмии шоҳи Фаронса Франсискаи I, 13 600 тугма дошт, ки мисолашро таърих ёд надорад. 
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Як-якуним кило барин гир... Камира набин, ҷони ширин. Додот беҳуда дилаша бад кардаст. Ман аз дили соф. Ҳа, ман баъзеҳо барин худхӯрам не. Дар дунё ба одам чӣ даркор аст? Тани сиҳату хотири ҷамъ. Хотири ҷамъ ин пулу мол аст, Занҷири ҷон. Давлатат бошад, — хотират ҷамъ. Дар зиндагӣ чӣ чиз аз марг бадтар аст, гуфта пурсанд, Луқмони Ҳаким ҷавоб додаст — нодорӣ, дасткӯтоҳӣ... 
* * *
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,
Ҳар ҷо, ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.
Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,
То тоҷи наберагони Одам бошӣ.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ»,   АЗ 11 ИЮНИ СОЛИ 2021:
Пӯлод Толис,  Гурез Сафар
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
 
Телефон: 238-53-40
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
“МАЭСТРО”
Нахустконсерти як навозандаи серпулу беҳунар ҷӯр барояд гуфта, Брамси машҳурро барои ҳамнавозӣ таклиф карданд. Брамс чун мебинад, ки ғижакнавоз ҷӯрию ноҷӯрии асбобашро дарк намекунаду аз нота дағалона берун мебарояд, қасдан баландтар менавозад, то камбуди “маэстро”-ро пӯшонад ва муваффақ ҳам мешавад. Вале ғайриинтизор ҳамин ки консерт ба охир мерасад, соҳибҷашн қошу қавоқ гирифта, ба ӯ изҳори норозигӣ мекунад:
- Шумо то ҳадде баланд навохтед, ки ман садои навозиши худро нашунидам.
- Худо гӯед, ки аҳли толор низ овози ғижаки шуморо нашунида бошад,- бо зарба мегӯяд Брамс.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
Шоҳин парандае мебошад, ки қобилияти дидани ҷисми ҳаҷмаш 10-сантиметраро аз баландии 1,5 км дорад.
***
Ҳисси шунавоӣ ва биниши инсон баъд аз пурхӯрӣ коста мегардад.
***
Дар пӯсти себ нисбат ба таркибаш витамин бештар мавҷуд аст.
Ҳамасола Моҳтоб аз Замин 4 см дур мешавад.
***
Ҳар дақиқа дар шабакаи интернет 600 сомонаи нав месозанд.
***
Бо занги соат аз хоб бедор шудан, ба бунияи инсон зарар дорад.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
НЕКӢ БАРМЕГАРДАД
Тирамоҳи соли 1981 дар яке аз таваллудхонаҳои иёлати Калифорния кӯдаки норасо таваллуд шуд, ки 1,5 кг вазн дошт. Имкони зинда мондани кӯдак хеле кам буд. Духтур Майкл Шенон чанд шабонарӯз бо тамоми имконият барои наҷоти ҳаёти ӯ мубориза бурд.
Пас аз 30 сол Шеннон ба садамаи нақлиётӣ дучор омад. Аз бархӯрди сахт мошини Майкл оташ гирифт.
Духтур ҳарчанд ҳаракат кард, то берун ояд, аммо чанбараки  мошин ӯро ба курсӣ зер карда буд. Ӯ аллакай, умедашро аз дунё канд.  Ба наҷоти ӯ оташнишонон омада расиданд.
Афсари хадамоти оташнишонӣ Крис Троки медонист, ки Майклро берун овардан ғайриимкон аст, аз ин рӯ, зуд оташро хомӯш намуд. Наҷотдиҳандагон духтурро аз мошин берун оварда, ба беморхона бурданд. Пас аз чанд рӯз афсари оташнишон ба аёдати ӯ омад. 
- Маро шинохтед? – пурсид Крис.
- Албатта, шумо наҷотдиҳандаи ман ҳастед, – посух дод духтур.
- Не, ин шумо ҳаёти маро наҷот дода будед! Дар хотир доред кӯдакеро, ки 30 сол пеш норасо таваллуд шуду барои зинда монданаш чандин шабу рӯз ранҷ бурдед?
Духтур ҳамаи беморонашро дар хотир надошт, аммо Крис барои ӯ фаромӯшношуданӣ  буд.  
Таҳияи ШОҲОНА
 
 
РОБОТИ НАВРАСИ ТОҶИК ЧӢ КОР МЕКУНАД?
Исломҷон Ҷалилов 16 - сола бошад ҳам, дар озмунҳои зиёди ихтироъкорон иштирок кардаву ҷойҳои ифтихориро соҳиб шудааст. Аробачаи маъюбӣ, асбоби шамолдиҳӣ, роботи забондон ва гаҳворае, ки мушкили занони тоҷикро метавонад сабук кунад, маҳсули тафаккури илмии ӯ мебошад. 
Яке аз дастранҷҳои ин навраси боҳуш роботе мебошад, ки бо се забон сипосгузорӣ мекунад. Исломҷон мегӯяд: «Роботи мо дар оянда шояд мардумро бо чанд забон ҳушдор диҳад, ки партобро на дар роҳраву кӯча, балки дар қуттии махсус андозанд».
Таҳияи Лола РИЗОӢ
 
 
РАССОМ НАОМАД. ЧАРО?
Галереяи рассомии Ҳамбурги Олмон хоҳишмандонро ба намоиш - фурӯши асарҳои рассоми шинохтаи классики итолиёвӣ Ҷованно Баттиста Пиранези даъват кард. Дар даъватнома чунин матн сабт шуда буд: расмҳо дар ҳузури рассом Пиранези ба фурӯш мераванд. Воқеан, Пиранези дар солҳои 1720 - 1778 зиндагӣ ва эҷод намуда буд. Ягон нафар иштибоҳи кормандони галереяро дарк накард. Танҳо се нафақахӯр аз созмондеҳони намоиш - фурӯш пурсиданд, ки санъатвари моҳир дар куҷо бошад, ки ба назар намерасад? Роҳбари галерея, ки ин хаторо ҳанӯз баъди чопи даъватномаҳо фаҳмида буд, бо дидаи пуроб гуфт: «Мутаассифона, ҷаноби Пиранези бемор шуд». 
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ
 
 
АНБАР АЗ ШИКАМИ НАҲАНГ
Моҳигирони яманӣ аз рустои Ал - Хайс дар халиҷи Адан наҳанги мурдаеро дарёфтанд ва ба хотири пайдо кардани анбар (маводи нодиру гаронбаҳое, ки дар атриёт истифода мегардад) вайро дар соҳил чок намуданд. Аз шиками ин ҷонвари обӣ 127 килограмм анбар гирифтанд.
Нархи як килограмм анбар тақрибан 50 ҳазор доллари ИМА мебошад.
Моҳигирон фоидаи бадастомадаро баробар тақсим намуда, ба ҳамдеҳагон низ ёрӣ расонданд. Хонаи нав, мошин, заврақ хариданд ва бархе базми хонадоршавӣ барпо карданд. Дар баробари ин, аз касби дӯстдоштаи худ - моҳигирӣ даст накашиданд. 
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
ШИНОВАРӢ ДАР ФАЗО
Дар Лондон ҳавзи ғайриодиро ба истифода доданд. Вай дар баландии 35 метр байни ду бинои  истиқоматӣ қарор дорад. Умқи «Ҳавзи фазоӣ»  3 метр ва паҳноиаш 25 метр буда, вазнаш бо об 400 тоннаро ташкил медиҳад.
Ҳавз аз моеи беранги шаффоф сохта шудааст ва ҳангоми шиноварӣ дар одамон ҳиссиёте пайдо мегардад, ки  гӯё дар фазо шино доранд. Дар он чанд намуди рӯшноидиҳӣ, майдони барои фароғат мувофиқ, қаҳвахонаи садафак ва, ҳатто, гулхона низ мавҷуд аст. Воқеан, дар ин баландӣ танҳо истиқоматкунандагони ин шаҳрча метавонанд оббозӣ намоянд ва бинобар ин, нархи хонаҳои назди ҳавз аз ним миллион доллар шурӯъ мегардад.
Ҳавзи ғайриодӣ дар дунё аз ҳама калонтарин маҳсуб мешавад.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
«ХАНДИДА БА ГӮР МЕРАВАМ»
Аз оҳангҳои мотамии Брамс, ки рафта-рафта ба мисли нолаи чуғз ба дили ҳама зада буданд, фармоишгар ниҳоят ба дод омаду як пагоҳӣ ғузнаашро кафонд:
- Чаро доим оҳанги зиқӣ меофаред? Илтимос, як бор суруди шӯх нависед, ки мардум бо чеҳраи хандон ба театр биёяд. Шумо ба ин аҳвол бозори маро касод мекунед.
Оҳангсоз, ки, яқинан, чунин ранг гирифтани вазъиятро интизор надошт, «кӯшиш мекунам» гуфта, ҳузури фармоишгарро тарк мекунад. 
Чун аз байн чанд рӯз мегузарад, Брамс бо димоғи чоқ дубора дари театрро мекӯбад:
- Оҳанги фармоишиатонро овардам,- гуфта, чанд варақи сафед ба фармоишгар дароз мекунад.
Бечора фармоишгар, ҳамин ки номи оҳанги навро мехонад ҳуш аз сараш мепарад: «Хандида ба гӯр меравам» ном  мондааст «кашфиёт»-и навашро Брамс, гӯё дар дунё сарлавҳаи дигар намонда бошад.
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ХУН СУПОРИДАЕД?
Аз соли 2005 ҳамасола 14 июн Рӯзи ҷаҳонии донори хун аст. Ин рӯз ба муносибати зодрӯзи ҷарроҳи австриягӣ, барандаи ҷоизаи нобелӣ Карл Ландштейнер, ки аввалин шуда гурӯҳи хунро муайян кардааст, қайд мегардад.
Донор аз калимаи лотинии «donare» гирифта шуда, маънояш тақдим кардан мебошад.
Мақсад аз таҷлили ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳон ба аҳамияти супурдани хун, тозагии он ва ҳамчунин, изҳори сипос ба донорҳо мебошад, зеро донори хун ҷони чандин беморонро аз марг наҷот дода метавонад.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
ЯК ПАНДИ ЛЕВ ТОЛСТОЙ
Барои бовиҷдон зистан бояд талош варзид, печу тоб хӯрд, мубориза бурд, ҳатто агар гоҳо хато ҳам аз мо гузарад. Кореро оғоз кунему муваффақ нашавем, домани кори дигареро гирему боз тавфиқ наёбем, аммо то вопасин нафас муборизаро идома бидиҳем. Фақат сокиту беҳаракат бояд набошем, зеро як ҷо истодану мубориза набурдан аз аблаҳист. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
НАТАЛЯ ПОММЕРШАЙМ: 
«ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН БОЙ АСТ»
Наталя Поммершайм, ҳамсари сафири имрӯзаи ИМА дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм, фарҳанги тоҷиконро чунин тавсиф кард: «Фарҳанги тоҷикон бой асту мардумаш эҷодкор. Сохтмонҳои аҷиб, кандакорию тасвирҳои деворӣ маро ба ҳайрат оварданд. Бо эҳтироми хос салом додани мардумро хеле меписандам.  
Либосҳои миллии шумо зебою ҷаззобанд. Бо ба бар кардани пироҳани тоҷикӣ рӯзҳои ид фараҳбахштар мегузаранд. Мусиқии гӯшнавозу фораме доранд, ҳар субҳ дар ҳавои сурудҳои тоҷикӣ корро оғоз мебахшам».
Таҳияи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 
 
АЗ ОЛАМИ КОИНОТ
Олимони Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Тоҷикистон дар Расадхонаи астрономии байналмилалии «Санглох» 384 соат мушоҳидаи ситораҳои фавқулнавро гузаронда, 6 ҳазор тасвири рақамӣ коркард карданд. Чуноне таъкид мегардад, ин мушоҳидаҳо барои дарёфти муаммои пайдоиши ситораҳо кумак мерасонанд.
Боиси тазаккур аст, ки дар ин хусус ҳанӯз мутафаккири маъруфи шарқи асри XI, фарзанди бузурги миллати тоҷик Абуалӣ ибни Сино таҳқиқот бурда буд. Ӯ барангезиши ситораи фавқулнавро дар китобаш «Аш - Шифо» тасвир карда, далели мавҷудияти онро низ тавсиф намудааст. Имрӯз ин ситора бо номи SN (super nova) 1006 ба қайд гирифта шудааст. Тавсифи амиқ оид ба ситораи нав, саҳми барҷастаи Абуалӣ ибни Синоро дар самти илмҳои табиатшиносӣ тасдиқ менамояд.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
ҶОПОН
ДАСТМУЗДИ МАРД ДАР КИСАИ ЗАН
Дар Ҷопон маоши мард ба суратҳисоби зан гузаронда мешавад.
На ба ҳамаи занҳо, балки ба онҳое, ки бекоранд, маош тариқи корт пардохт мегардад, зеро дар ин кишвар анъанаҳои падарсолорӣ хеле мустаҳкам мебошанд. Ҷомеаи Ҷопон бар ин назаранд, ки зан – хонум, модар ва нигаҳбони хонадон аст. Мард бошад, ризқовар, саробон, роҳандози оила буда, дастмузди бадастовардаашро бояд ба зан бидиҳад.
Мусаллам аст, ки мард ба пул ниёз дорад, бинобар ин, ҳамсар бо назардошти гирифтани буҷаи оила, яъне танзими он барои истироҳат ба мард маблағ медиҳад.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 18.06.2021    №: 122    Мутолиа карданд: 2182
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед