logo

сафарҳо

ИДОМАИ САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ДАНҒАРА

 
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ ОБАНБОРИ  ОБИ НӮШОИИ «ОФТОБРӮЯ» 
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара обанбори оби нӯшоии «Офтобрӯя»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо тоб додани мурвати шоҳлӯлаи асосӣ ба таъминоти аҳолии деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз ба оби ошомиданӣ оғоз бахшиданд. 
Иттилоъ дода шуд, ки оби нӯшоӣ худҷорӣ буда, аз масофаи 1300 метр тавассути лӯлаи полиэтилении қутраш 200-миллиметра ба обанбор интиқол меёбад.  
Бояд гуфт, ки лоиҳаи мазкур дар ду марҳила амалӣ мешавад. Марҳилаи аввал деҳаи Остонаро дар бар гирифта, аллакай, татбиқ гардид. Марҳилаи баъдӣ деҳаҳои Осмондара ва Оламафрӯзро фаро мегирад, ки бо амалишавии он сокинони деҳот бо оби тоза таъмин мешаванд. Дар маҷмӯъ, дар деҳаҳои Остона, Осмондара ва Оламафрӯз 8 ҳазору 470 нафар зиндагӣ мекунад. 
Қаблан, аҳолии ин деҳа аз оби нӯшоӣ танқисӣ мекашид. Акнун, дар партави сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони русто бо оби нӯшоӣ таъмин шуданд. Дар доираи татбиқи марҳилаи аввали лоиҳа, аз обанбори оби нӯшоии «Офтобрӯя» то деҳаи Остона 7 километр хати асосии оби худҷорӣ ва дар шафати кӯчаҳо, дохили бинову иншооти соҳаи маорифу тандурустӣ ва варзишу хизматрасонии деҳа 3,5 километр хати оби тоза кашида шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки иқдоми беназири Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028”, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии 911 хоҷагӣ дар деҳоти кӯҳсори ноҳияи Данғара амалӣ гардид. 
Обанбор дорои биноҳои безараргардонӣ ва такшинкунонӣ буда, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири соҳавӣ ва маводи зарурӣ таъмин мебошад. Иншоот дар масоҳати 0,8 гектар, дар мавзеи хушбоду ҳаво, бунёд ёфтааст. Иқтидори ғунҷоишаш 500 мукааб об буда, он бо усули худҷорӣ ба минтақаи аҳолинишин интиқол меёбад. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони соҳаро вазифадор карданд, ки пайваста дар беҳтар гардондани сатҳи обрасонӣ ба аҳолии деҳот тадбирҳои бетаъхир андешанд ва, дар ин радиф, байни сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба истифодаи сарфакоронаи об низ тақвият дода шавад.
Бояд тазаккур дод, ки обанбори оби нӯшоии «Офтобрӯя» дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва  дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ (2019 – 2021) аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” ва Муассисаи давлатии сарраёсати “Тоҷикобдеҳот” бунёд шуда, ба ин восита, мушкили чандинсолаи сокинони маҳаллаи Остонаи деҳоти Лолазор дар самти таъминоти оби нӯшоӣ ҳалли худро пайдо намуд.   
Марҳила ба марҳила ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ дар мамлакат зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, тайи солҳои ахир дар ин самт бо татбиқи барнома ва нақшаҳои ҳадафманд тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Дар баробари таъмини аҳолӣ бо оби нӯшоӣ, ҳамчунин, то обанбор ба масофаи 1200 метр роҳ мумфарш гардида, барои сокинони маҳаллаҳои атроф шароити арзандаи рафтуомад фароҳам омад. Ҳамчунин, дар дохил ва беруни иншоот гулу буттаҳои рангоранги мавсимӣ ва дарахтони ҳамешасабзу сояафкан шинонда шудаанд.
 
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ  МИЁНАИ УМУМИИ № 25 
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Нурбахши деҳоти  Лолазор  ташриф  оварда,  муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-ро ифтитоҳ намуданд.
Дар саҳни муассисаи навбунёд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хонандагону омӯзгорони ин боргоҳи илму маърифат гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Мавриди зикр аст, ки муассиса дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи таълим барои насли наврасу ҷавон бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ сохта шудааст.
Бино  дуошёна буда, барои 1240 ҷои нишаст дар ду баст пешбинӣ мешавад. Муассиса аз 27 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла фанҳои химия, физика, математика, биология, астраномия, табиатшиносӣ, таълими меҳнат, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, компютерӣ, китобхона, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорону кормандон ва ёрирасон иборат мебошад. Дар муассиса маҳфили шоҳмотбозӣ низ амал мекунад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамшуда баҳои баланд  доданд. Бояд тазаккур дод, ки сохтмони муассисаи таълимӣ моҳи марти соли 2019 оғоз гардида, корҳои бунёдӣ бо ҷалби мутахассисони маҳаллӣ дар фурсати муқарраршуда бо сифати баланд ба анҷом расид. 
Дар ошёнаи якуми муассиса ошхона бо 50 ҷои нишаст мавҷуд аст. Ҳамчунин, барои ба варзиш ҷалб намудани наврасону ҷавонон дар муассисаи таълимӣ толори барҳавову муосири варзиш бо 100 ҷои нишаст барои тамошобинон бунёд ёфт. Дар он, асосан, бозиҳои волейбол ва баскетбол гузаронда мешаванд. 
Бо мақсади баргузор намудани ҷамъомаду чорабиниҳои гуногуни оммавию фарҳангӣ дар ошёнаи дуюми муассисаи таълимӣ маҷлисгоҳи барҳаво бо 150 ҷойи нишаст ҷой гирифтааст, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон суҳбати самимӣ ороста, ба истифода додани муассисаи таълимии замонавиро туҳфаи арзишманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ барои сокинони шарафманду меҳнатқарини деҳоти Лолазор арзёбӣ намуданд.
Президенти мамлакат таъкид карданд, ки омӯзгорону хонандагон аз шароитҳои муҳайёгардида босамар истифода бурда, ба омӯзиши барномаҳои таълимӣ, хусусан фанҳои дақиқ, кор бо техникаю технологияҳои муосир ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, дар доираи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020 – 2040) диққати ҷиддӣ диҳанд.
Омӯзгорону хонандагон бунёди муассисаи нави таълимиро ташаббуси ибратомӯз ва ғамхориҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи илму маориф арзёбӣ намуданд.
Ёдовар мешавем, ки муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25 дар деҳаи Нурбахши деҳоти Лолазор ҳанӯз соли 1936 ба таври ҳашар сохта шуда, куҳна ва ба талабот ҷавобгӯ набуд. Бо назардошти афзоиши аҳолӣ, дар шафати собиқ бинои мактаб синфхонаҳои иловагӣ низ бунёд гаштанд, вале ҳанӯз ҳам хонандагон аз норасоии ҷои нишаст танқисӣ кашида, дар шароити ногувор дарс мехонданд. Инак, бо қомат афрохтани бинои наву муҳташам  мушкилоти ҷойдошта бартараф гардида, орзуи деринаи сокинони деҳаҳои ҳамшафати Нурбахш, яъне Офтобрӯя, Чаманоро ва Гулободи деҳоти Лолазор, ҷомаи амал пӯшид. 
Дар паҳлуи бинои асосии муассиса бинои алоҳидаи дуошёна бо 7 синфхона бунёд шудааст, ки, асосан, барои гурӯҳҳои ибтидоӣ пешбинӣ мегардад. Дар он 336 нафар хонандаи синфҳои 1 – 4 дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешавад. Синфхонаҳо бо мизу курсӣ ва аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳазанд. Тамоми синфхонаҳо, ҳуҷраҳои корӣ ва долонҳои муассисаи нави таълимӣ ба шабакаи гармидиҳӣ, ки тариқи ангиштсанг фаъолият мекунад, пайвастанд.
Масоҳати муассиса 3,2 гектар буда, дар ҳудуди он майдони варзиш ва иншооти ёрирасон мавҷуданд. Ҳудуди иншоот сабзкорӣ ва чароғон шуда, зебою назаррабо мебошад.
Бо мақсади таъмини шароити арзандаи таҳсил барои хонандагон ва рушди соҳаи илму маориф  дар ноҳияи Данғара чун дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чораҳои саривақтӣ амалӣ мешаванд.Танҳо дар ҳудуди деҳоти Лолазор 13 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 5 ҳазору 320 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. 
Ба иттилои масъулон, дар маҷмӯъ, дар ноҳияи Данғара 80 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 4 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият дорад. Литсейи тамоюли техникӣ ба номи Афлотун, Мактаби президентӣ  барои кӯдакони болаёқат ва Гимназияи ҷумҳуриявӣ аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилотие мебошанд, ки раванди таълим дар онҳо ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалист. 
Шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 40 ҳазору 816 нафар буда, ба онҳо 2 ҳазору 123 омӯзгор дарс мегӯяд, ки 960 нафарашро бонувон ташкил медиҳанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи таълимгоҳи нави замонавиро ба омӯзгорону хонандагон таҳният гуфта, аз фароҳам шудани шароити арзандаи илмомӯзӣ  масъулонро барои тарбияи насли ояндаи миллат дар рӯҳияи баланди ифтихори миллӣ ҳидоят карданд.
 
БОЗДИД АЗ КООПЕРАТИВИ ТИҶОРАТИИ «СОМОНҶОН»
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо агротехникаи парвариши зироат ва рафти ҷамъоварии ҳосил дар кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.
Боғдорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти кишоварзони хоҷагиро ташкил намуда, меҳнаткашон баъди омӯзишу мукаммалсозии таҷрибаи илмию амалӣ, асосан, майдони навъҳои ниҳоли дарахтони меваҳояш содиротиро васеъ мекунанд.
Майдони дарахтони гелос, бодом, олу, себ ва нок ба афзоиш ёфтани нишондодҳои истеҳсолӣ ва зиёдшавии ҳаҷми содироти меваҳои дорои сифати баланду таъми лазиз мусоидат намудааст. Ҳосили фаровони себ, олу ва бодом ҳавасмандии хоҷагидоронро барои таъмини рушди дучанди ин самти сердаромади соҳаи кишоварзӣ бештар менамояд. 
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагидорон дар самти риояи агротехникаи парвариши дарахтон баҳои баланд дода, меҳнаткашонро барои бе талаф ҷамъ овардани ҳосил вазифадор карданд.  
Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», дар баробари пешниҳод ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат, имсол зиёда аз 15 тонна гелос ва олу ба хориҷи кишвар содирот намуд.
Дар хоҷагӣ, бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, майдони боғҳои типи нав беш аз пеш васеъ мегарданд. Танҳо соли равон дар кооператив аз ҳисоби дарахтони себ,  чормағз, бодом ва нок дар майдони 50 гектар боғи интенсивӣ бунёд гашт.       
Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат ҷиҳати гирифтани 3 - 4 ҳосил аз як замин, заҳматкашон байни қаторҳои боғ полизӣ, сабзавот, ҷуворимакка, картошка ва дигар намуди зироат киштанд.
Таҷрибаи хоҷагидорон нишон дод, ки истифодаи байни қаторҳои боғ беҳтарин имконият барои афзун гардондани ҳаҷми истеҳсолот, таъмини бозор бо маводи ғизоӣ ва гирифтани самараи бештар аз замин мебошад.
Соли равон бо истифода аз иқлими мусоиди ноҳияи Данғара меҳнаткашони кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» дар майдони 300 гектар кишти полизӣ гузаронданд.
Айни замон ҳосили рӯёндашуда ба бозорҳои шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Бадахшон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз имкониятҳои табиии Тоҷикистон барои афзун гардондани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва, тадриҷан, бештар шудани талабот ба маводи ғизоӣ дар ҷаҳон истифодаи самараноки заминро роҳи ягонаи расидан ба амнияти озуқаворӣ арзёбӣ карданд.
Ин майдонҳои васеи зебо натиҷаи меҳнати кормандони кооператив мебошад, ки имрӯзҳо дар таъмини талаботи бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти тозаи кишоварзӣ саҳми арзанда доранд.   
Риояи агротехникаи кишту парвариш дар майдони ғаллазор боиси  фаровонҳосилӣ шудааст. Меҳнаткашон нақша доранд, ки пас аз ҷамъоварии ҳосил, дар ҷойи он кишти дуюмро ба роҳ монанд.
Ҳамзамон, бо истифода аз имкони мавҷуда ҷамъоварии хӯроки дурушти чорво идома дорад. Кормандони кооператив баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии чорво ва беталаф баровардани он аз зимистон пайваста хӯроки чорво захира мекунанд.   
Дар майдонҳои холишуда сари вақт кишти такрорӣ гузаронда мешавад, зеро истифодаи самараноки замин, аз як қитъа гирифтани 3 - 4 ҳосил ва якдилона меҳнат кардан барои расидан ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҳадафҳои асосии меҳнаткашони кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» ба ҳисоб меравад.
 
БОЗДИД АЗ ҶАМЪОВАРИИ ҒАЛЛА  ДАР ХОҶАГИИ ДЕҲҚОНИИ “АБДУЛЛО”
17 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии “Абдулло”-и  деҳоти Сафобахш ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалла оғоз бахшиданд.
Хоҷагӣ соли 2005 таъсис ёфта, дар ихтиёри худ 88 гектар замини обӣ ва 46 саҳмдор дорад. Саҳмдорони хоҷагӣ ҳар қитъа заминро босамар истифода бурда, ҳамасола ҳосили хуби маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ба даст меоранд.
Тавре ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, тирамоҳ кишоварзони хоҷагӣ дар масоҳати 40 гектар гандуми навъи “Алекс” ва “Краснодар – 99” киштанд ва, акнун, умед доранд, ки аз ҳар гектар замин ба ҳисоби миёна 35 – 40-сентнерӣ ҳосил рӯёнанд. Ба гуфтаи хоҷагидорон, боду ҳавои мусоиди имсола ба ҳосилнокии ғалла ва дигар навъи маҳсулот таъсири мусбат расонд. 
Ҳамчунин, дар хоҷагӣ дар 5 гектар ҷав, 30 гектар пахта, 2 гектар полизӣ, 1 гектар картошка, 2 гектар зироати равғандеҳи маъсар ва 2 гектар юнучқа кишт шудааст.
Ба ҷуз ин, дар 8 гектар боғ бунёд ёфта, дар он дарахтони ҳосилдеҳ, аз ҷумла себу нок, нашпотӣ, гелосу олу ва бодом, парвариш мешаванд. Кишоварзон нақша доранд, ки баъд аз ҷамъоварии ҳосили гандум дар кишти такрорӣ ҷуворимакка коранд. 
Ҳамзамон, дар хоҷагӣ чигити навъи “Флеш” ва “Флора” кишт шуда, пахта нашъунамои хуб дорад. Интизор меравад, ки аз ҳисоби интихоби тухмии баландсифати пахта ҳосили фаровон ба даст ояд.
Ба иттилои масъулон, дар деҳоти Сафобахш 315 хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла 8 кооперативи тиҷоратӣ, мавҷуд аст. Заминҳои деҳот 3 ҳазору 595 гектарро дар бар гирифта, 1 ҳазору 870 гектарашро замини корами обӣ ташкил медиҳад. 
Аҳли заҳмати деҳоти Сафобахш бештар ба ғаллакорӣ машғул буда, имсол дар масоҳати 1 ҳазору 506 гектар замин гандум кишт карданд ва имрӯзҳо маъракаи ҷамъоварии ҳосил идома дорад. Деҳқонон ҳосили дигар навъи маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла сабзавоту полизиро низ ҷамъ меоваранд, то дар ғанӣ гардондани сабади истеъмолии ҷумҳурӣ ҳиссаи шоиста гузоранд.
Сокинони мамлакат дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вобаста ба истифодаи босамари замин, аз ҷумла қитъаҳои наздиҳавлигӣ, иҷро карда, ҳамасола аз як қитъаи замин то 3 ҳосил ба даст меоранд ва барои солҳои минбаъда маҳсулоти ғалладонагӣ, ба монанди гандум, наску нахӯд, мошу лӯбиё ва дигар навъи зироатро захира менамоянд.
Ин таҷриба дар ноҳияи Данғара бармало ба назар мерасад. Малакаи зиёди заминдорӣ ва риояи қоидаҳои агротехникӣ ҳангоми кишту парвариши маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ имкон медиҳад, ки ҳосили дилхоҳ рӯёнда шуда, фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ таъмин гардад.
Мавриди зикр аст, ки кишоварзони ботаҷрибаи ноҳияи Данғара ҳамасола аз ҳисоби кишту парвариш ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат ҳиссаи арзишманд мегузоранд.
 

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2021    №: 123    Мутолиа карданд: 3274
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед