logo

иҷтимоиёт

МИРЗО ТУРСУНЗОДА. ТАНТАНАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ШАҲРИНАВ ВА ҲИСОРУ ТУРСУНЗОДА

Маросими ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон - рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон, фарзанди барӯманди миллат устод Мирзо Турсунзода ба ҷашни ваҳдату ҳамдиливу ҳамгироӣ табдил ёфт. Ҳама аз сулҳу дӯстӣ ва муҳаббати бепоёни Меҳан, ки ормони ҳамешагии шоири сулҳҷӯву озодихоҳ, ваҳдатоин ва ватансаро буд, ёдрас шудаву номаш ба некӣ зикр мекарданд. Тайи ду рӯз: 18 – 19 июни соли ҷорӣ «оламе дар хонаи тоҷик», дар диёри шоир, дар меҳмондории устод Мирзо Турсунзода буд. 
 
«ҶУМҲУРИЯТ» - МЕРОСДОРИ ТАЪРИХ
Бо ҳайати бисёрнафараи олимону адибон, муҳаққиқону мутарҷимон ва публитсистону рӯзноманигорони шинохта зуҳри 18 июн аз Душанбешаҳр роҳ гирифтем ҷониби ноҳияи Шаҳринав. Баъди маросими расмии гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи шоир, дар гулбоғи ба номи устод Мирзо Турсунзода аҳли фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ меҳмононро гарм пазируфтанд. Раиси ноҳия Ҷаббор Носирзода ҳозиринро хушомадед гуфта, бо зикри хидматҳои мондагори шоир барои аҳли башар, аз шинохти Пешвои миллат ёдовар шуд, ки устодро бо самимият ва ифтихори бепоён «ба маънии том шоири халқ ва маҳбуби ҳар хонадон» хондаанд. 
«Ин баҳои олии Пешвои миллат ба ашъори баланд ва хизматҳои бузурги Мирзо Турсунзода ҷиҳати таҳкими сулҳу дӯстӣ ва озодии халқҳо дар арсаи ҷаҳонӣ буда, наслҳои имрӯзу ояндаро водор месозад, ки ба қадри чунин шахсияти таърихӣ расем ва ба мақоми сазовори онҳо пайваста арҷгузорӣ намоем. 
Устод Мирзо Турсунзода парчами гиромидошти нангу номи миллатро, ки аз устодон Садриддин Айниву Абулқосим Лоҳутӣ мерос гирифта буданд, бо хираду заковати азалии хеш тавонистанд ҳифз намудаву ба наслҳои баъдӣ ёдгор гузоранд. Номи тоҷикро то қалби Осиёву Африқо бурданд. Аз ин рӯ, арҷгузорӣ ба ин шахсияти барҷастаи миллат рисолати ҳар як тоҷику тоҷикистонист», - афзуд Ҷаббор Носирзода. 
Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим иқдоми муассисони озмунро дар шинохти дигарбораи шоири шаҳир муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд. «Басо рамзист, ки дар арафаи ҳумоюнҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ бузургдошти қаҳрамонфарзанди миллат доир мегардад. Зеро устод тамоми умри худро ба истиқлолу ваҳдати Тоҷикистон бахшидаанд. Хато намешавад агар гӯям, ки дар адабиёти 100 соли охири мо устод Мирзо Турсунзода вожаи ваҳдатро бисёр зебо ва барҷо истифода бурданд: 
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст, 
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун. 
Ваҳдат, истиқлолият, худшиносиву худогоҳӣ, меҳанпарастӣ ва миллатдӯстӣ вожаҳои муқаддасеанд, ки аз устодони бузург, назири Мирзо Турсунзода ба мо мерос мондаанд ва масъулияти ба ояндагон расондани онҳо бар дӯши мост. Ҷашне, ки рӯзномаи муътабари мо – «Ҷумҳурият» ба ифтихори 110-солагии шоири маъруф баргузор кард, яке аз рукнҳои меросдорӣ ва бузургдошти муқаддасоти миллист», - ибрози андеша намуд Низом Қосим. 
 
ПАЁМИ САБЗИ «ШОМИ ДӮСТӢ»
Дар шаҳри Ҳисор боздиди мо аз сайри қалъаи овозадори Ҳисор оғоз шуд. Бо варақгардонии саҳифаи таърих иштирокдорони озмун, бахусус меҳмонони хориҷӣ, аз шуҷоату матонати фарзандони тоҷик дар ҳифзи марзу бум ва таъриху фарҳанги оламгири мо аз наздик ошно шуданд. Дару девор, сангу хоки ин макон аз таърихи водии паҳновари Ҳисор, ки дар гузашта Шумон ном дошт, қисса мекард… 
Дар идомаи сафар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» доир гашт. Дар расми ифтитоҳи он раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода иброз дошт: «Устод Мирзо Турсунзода аз зумраи адибони номваре ба шумор мераванд, ки бо ҷаҳони андешаҳои ноб барои имрӯзиён аз қаъри таърих паёми сабзи сулҳу сафо, ишқу вафо, матонату мардонагӣ, дӯстдории Ватан ва хештаншиносию баҳамоии миллатро ҳадия оварданд. Дар ҷодаи адабиёт шоҳроҳеро боқӣ гузоштанд, ки тавассути он адибони зиёде ба олами каломи бадеъ ворид шудаву ба мақоми устодӣ расиданд». 
Ба ибрози сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият» Қурбоналӣ Раҳмонзода, дар симои шахсиятҳое, ки аз ин зодбум роҳ ба камоли ҳастӣ гирифтаанд, намоёнтаринашон устод Мирзо Турсунзодаанд. 
- Мову шумо насли хушбахтем, зеро зиндагии идеалие, ки имрӯз ба сар мебарем, аз домони орзуву ормонҳои фарзонафарзандони миллат сарчашма мегирад, - аз нақши тақдирсози абармардони миллат ёдовар шуд Қурбоналӣ Раҳмонзода. 
Меҳмонон ҳама аз дӯстиву бародарӣ сухан мегуфтанд, дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон, Тоҷикистону Афғонистон ва Тоҷикистону ҷаҳон… Амина Шарофиддинова таассуроти фараҳбахши хешро чунин иброз дошт: «Ин озмун озмуни турсунзодасароиву турсунзодашиносист ва ифтихорманд аз онам, ки ба устод Турсунзодаи бузург аз Самарқанди қандманд дуруд меорам. Чӣ хуш, ки ин шом сухан вирди  ваҳдатсароиву шарқсароӣ, баҳамоии минтақаҳои на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои ҳамҷавору ҳамфарҳанг ва хидматҳои устоди башардӯст чарх мезанад. Ба ташаббускорони озмун сипос мегӯям, зеро моро ҳушдор доданд, ки ин саодат, ин неъмат дар натиҷаи дӯстиву ҳамдигарфаҳмист. Мо пайрави Рӯдакием, хирадмандона амал мекунем, чун Фирдавсӣ ба ҳифзи кишвар бо дасту дили гарм омодаем». 
Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло бо самимият иброз дошт, ки: «Шеъри устод Турсунзода баъд аз шири модар дар вуҷуди мо, дар равони мо ҷой дорад. Мо бо ин шеър забон, ватандорӣ, ҳаёт, ишқ, башардӯстӣ, мардиву мардонагӣ ва садоқати инсониро омӯхтем. Устод Турсунзода андак инсон набуданд. Бо вуҷуди бузургӣ, хоксор, фурӯтан ва дар рафтору кирдор ҳам шоирона буданд. Вақте аз сафарҳои дур меомаданд, нони модарро дар оби дарёи Қаратоғ тар карда мехӯрданд ва мегуфтанд, ки луқмае болаззатар аз ин дар ҳеҷ ҷои дунё нест. Дигар ин, ки субҳ нодамида ба баландии Фахробод мерафтанд, ба пешвози Офтоб. Ин рамзи бузург – истиқболи гармӣ пирӯзиҳои зиёдеро ифода мекард, ки устод дар сиришт доштанд. Ҳамин гармӣ буд, ки устод Мирзо Турсунзода бо вуҷудашон қитъаҳоро фатҳ карданд».  
 
ШЕЪРИ ТУРСУНЗОДА – ТАЛҚИНГАРИ ГУМАНИЗМИ ВОЛО
Маросими бошукӯҳи ҷамъбасти озмун рӯзи 19 июн дар Кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода бо шукӯҳу ҷалоли хоса доир гашт. Пиру барнои шаҳр дар як он толорро пур кардаву ба ифтихори фарзанди номдорашон каф мекӯфтанд. 
Дар ифтитоҳи чорабинӣ муовини раиси шаҳр Фахрия Бобоҷонзода чунин иброз дошт: «Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ватан ваҳдату ҳамдилӣ ва ҳаёти осоишта ҳукмфармо буда, дар радифи  тадбирҳо  ҷиҳати  сазовор  пешвоз  гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, инчунин, дар саросари кишвар 110 - солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, шоири маҳбуб, барандаи ҷоизаҳои байналимилалӣ ва давлатӣ устод Мирзо Турсунзода  таҷлил гардида истодааст. 
Шоистаи таъкид аст, ки оид ба шахсият, фаъолияти меҳнатӣ ва ашъори Мирзо Турсунзода муҳтарам Пешвои миллат эҳтироми хоса дошта, ба ифтихори шоир гуфтаанд: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ намунаи дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёнаи баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард». 
Ба таъкиди мушовири бахши  Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур  Абдуллозода, агар ба эҷодиёти гуногунҷанба ва гуногунпаҳлуи  устод  Мирзо  Турсунзода  назар  афканем ва ба фаъолияти ҷамъиятии густурдаи ӯ бингарем, мебинем, ки тору пуди кору пайкори шоир аз тараннуми сулҳу амонӣ, дӯстию ваҳдат, ватандсароиву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ иборат аст. Яъне, он арзишҳои волое, ки ҳамеша барои миллати тоҷик муқаддас буданду ҳастанд ва имрӯз бо сиёсати фарҳангпарваронаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат дар ҳаёти ҳамарӯзаи мо татбиқ гашта истодаанд, асос ё ҷавҳари эҷодиёти шоирро ташкил медиҳад. «Истиқлолхоҳӣ ва меҳанпарастии устод Мирзо Турсунзодаро мо метавонем, қабл аз ҳама, дар ашъори ватандӯстонаашон мушоҳида намоем, ки мегӯянд:
Баҳор омад зи умрам боз як соли дигар бигзашт,
Тамоми зиндагӣ оҳиста аз пеши назар бигзашт,
Ба мисли гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будам, 
Агарчи нисфи умри беҳтаринам дар сафар бигзашт. 
Ба ин монанд мазмунҳои волое, ки дар асарҳои Мирзо Турсунзода васф шудаанд, на танҳо ба насли имрӯза, балки ба ояндагон асрҳои аср дарси хештаншиносиву худогоҳӣ ва гуманизми олиро талқин хоҳанд кард», - гуфт Масрур Абдуллозода. 
 
ҒОЛИБОН МУАЙЯН ШУДАНД
Сипас, ғолибони озмуни мазкур, ки аз 15 март то 15 июни соли ҷорӣ идома ёфта, бо убур кардани марзҳои Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ хусусияти байналмилалӣ касб намуд, муайян гаштанд. Аз 200 матлабе, ки дар қолаби жанрҳои мухталифи публитсистиву  журналистӣ ба рӯзнома ворид гардид, 100 маводи олимону адибон ва омӯзгорону публитсистону журналистони шинохта рӯйи чоп омад, ки беш аз 20 адади он ба қалами муаллифони хориҷӣ, аз кишварҳои ба мо дӯсту бародари Россия, Ҳиндустон, Покистон, Ӯзбекистон ва Афғонистон мансубанд. 
Ҳамин тариқ, Зафар Мирзоён, мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ барои силсилаи мақолаҳо доир ба ҳаёту фаъолияти сиёсиву ҷамъиятии Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода сазовори шоҳҷоиза гашт. Ҷойи якумро Корманди шоистаи Тоҷикистон Раҷабалӣ Қудратзода ва ҷойҳои дувумро устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Субҳони Аъзамзоду журналисти шинохта Ҷумъахон Темурзода сазовор шуданд. Амина Шарофиддинова аз шаҳри Самарқанд ва Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар, муҳаққиқ аз Афғонистон, барандаи ҷойҳои сеюм эълон гардиданд. 
Бо ҷоизаҳои махсуси рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло, узви Иттифоқи нависандагон Шаҳрия Аҳтамзода ва профессор Ҳабибулло Раҷабов қадрдонӣ шуданд. 
Инчунин, Тоҳир Мамадризоев, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб ва драматург, Саидмурод Расулӣ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, адиб ва тарҷумон, Қурбоналӣ Раҳимов, корманди Кумитаи марказии Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф, Додоҷон Рӯзиев, сармуҳаррири маҷаллаи «Фарҳанг ва ҳунар»-и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, Фаридун Фарҳодзод, котиби масъули рӯзномаи «Овози Самарқанд», Ҳабибулло Сатторов, сармуҳаррири рӯзномаи «Омӯзгори ҷавон», Сурайё Ҳакимова, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд», Абдулқодири Раҳим, шоир ва рӯзноманигор, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Қурбон Мадалиев, собиқадори матбуот ва тарҷумон, Сулаймон Эрматов, адиб ва тарҷумон ва Гулнисои Саъдоншо, корманди рӯзномаи «Ҷумҳурият», барои иштироки фаъолона ва нашри матолиби ҷолиб дар озмун бо ифтихорномаҳои рӯзномаи «Ҷумҳурият» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав мукофотонда шуданд. 
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
Суратгир Комрон САФАРОВ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2021    №: 123    Мутолиа карданд: 825
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед