иқтисод
ЁВОН. НОҲИЯЕ, КИ САҲМАШ ДАР ФАРОВОНИИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ АФЗУДАН ДОРАД
Баҳри татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018, № АП – 1059, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Ёвон, корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза гирифтаанд. Тибқи нақша, дар ноҳия бунёди 341 иншооти таъйиноти гуногун дар назар аст, ки то имрӯз 314-тояш мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Вобаста ба ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ба пешвози Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, бо раиси ноҳияи Ёвон Ҷамшед Саидзода ҳамсуҳбат шудем.
НАҚШАИ ДАРОМАДИ БУҶЕТ 108 ДАРСАД ИҶРО ШУД
Зимни мусоҳиба раиси ноҳия Ҷамшед Саидзода иброз дошт, ки давоми панҷ моҳи соли равон ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия 787 миллиону 744,5 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра нақшаи даромади буҷети маҳаллӣ 108,3 дарсад таъмин гардид, ки нисбат ба соли гузашта 19,4 миллион сомонӣ зиёд аст.
ИСТЕҲСОЛ ВА СОДИРОТ МЕАФЗОЯД
Тавре Ҷамшед Саидзода таъкид кард, Ёвон дар самти истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ яке аз ноҳияҳои пешсаф ва, ҳамзамон, аз содироткунандагони асосии маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба шумор меравад. Тайи панҷ моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 626,6 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 85,4 миллион беш мебошад.
ҶДММ «Хуаксин Ғаюр семент», калонтарин корхонаи саноатии ноҳия, дар семоҳаи аввали соли равон 292 021 тонна семент истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 16755 тонна зиёд аст. Ҳамзамон, дар ин муддат ба хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 51 миллиону 500 ҳазор сомонӣ 124 ҳазору 626 тонна маҳсулот содирот намуд. Имрӯз корхона фаъолияти мунтазам дошта, дар он зиёда аз 350 нафар фаъолият дорад.
ОМИЛҲОИ АСОСИИ РУШДИ ЁВОН КАДОМҲОЯНД?
Раиси ноҳия омили асосии рушди ноҳияро дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноат ва фароҳам овардани шароити арзанда барои онҳо унвон кард.
- Зиёда аз 80 дарсади иншооти ҷашнӣ ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватандӯсти маҳаллӣ бунёд мегардад. Ин иқдом идома дошта, сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ барои обод кардани як гӯшаи Ватан камари ҳиммат бастаанд, - изҳор дошт Ҷамшед Саидзода.
ТЕХНОЛОГИЯИ НАВ ВАЗЪИ ЭКОЛОГИРО БЕҲТАР МЕКУНАД
Бо мақсади ҷорисозии технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани вазъи экологӣ, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия лоиҳаи сармоягузорӣ пешниҳод гардида, аз тарафи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дастгирӣ ёфт, ки маблағи он 4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Дар сурати амалӣ шудани лоиҳаи мазкур, сифати хизматрасонии коммуналӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда мешавад ва вазъи экологӣ бамаротиб беҳтар хоҳад гашт.
ТАЪМИНИ АҲОЛӢ БО ОБИ НӮШОӢ
Ҷиҳати боз ҳам хубтар кардани таъминоти аҳолии шаҳраки Ёвон бо оби нӯшоӣ, аз соли 2016 инҷониб ба маблағи зиёда аз 6 миллион доллари ИМА лоиҳаи нав татбиқ мешавад. Соли 2020 марҳилаи аввали он амалӣ шуда, таъминоти аҳолии шаҳрак бо оби ошомиданӣ то андозае ҳалли худро ёфт.
Ба истиқболи Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ хобондани 7,5 километр шоҳлӯлаи баландфишори марказӣ, 2,2 километр шоҳлӯлаи худҷорӣ ва 5,8 километр лӯлаҳои қутрашон гуногун барои васеъ намудани шабакаҳои дохилии шаҳраки Ёвон дар назар аст.
Дар доираи лоиҳа, бо мақсади истифодаи сарфакоронаи оби ошомиданӣ ва пешгирӣ аз талафоти он, дар манзилҳои истиқоматии сокинони маркази ноҳия 3000 ҳисобкунаки об насб шуд. Инчунин, ба КДФ “Обу ташноб ва гармидиҳӣ” 7 техникаи махсуси соҳавӣ дастрас гардида, бинои шабакаҳои обтаъминкунии шаҳраки Ёвон таъмиру тармим мешавад.
КАЛОНТАРИН ПУЛИ НОҲИЯ БАРҚАРОР ГАШТ
Аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло, муассиси гурӯҳи корхонаҳои ҶДММ “Ғаюр”, 2,1 километр роҳи автомобилгарди шаҳраки Ёвон ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ мумфарш шуд. Ҳамзамон, пули калони маркази ноҳия, ки соли 2014 бар асари омадани сел аз байн рафта буд, бо ташаббуси мақомот ва соҳибкорони маҳаллӣ барқарор ва мавриди истифода қарор гирифт.
Пули мазкур дар маркази ноҳия – шаҳраки Ёвон, дар болои дарёчаи Ёвонрӯд, сохта шуда, дарозиаш 64 метр, паҳноияш 20 метр ва иқтидори борбардориаш 80 тоннаро ташкил медиҳад.
СТИПЕНДИЯИ РАИСИ НОҲИЯ БА 80-ТО МЕРАСАД
Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳия ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳанд. Давоми панҷ моҳи соли равон дар шаҳраки Ёвон муассисаи таълимии томактабии хусусӣ барои 315 тарбиятгиранда ва бинои нави таълимӣ иборат аз чор синфхона дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, давоми соли таҳсили 2020 – 2021 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои муассисаҳои таълимӣ 204 компютер, 8 принтер, 14 диапроектор ва 4 тахтаи электронӣ харида шуд.
Дар баробари ин, тибқи дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази ноҳия соҳибкори ватанӣ, роҳбари гурӯҳи корхонаҳои “Ғаюр” Акбар Асадулло муассисаи таҳсилоти томактабии “Ориёна”-ро бунёд кард. Кӯдакистони мазкур аз ду бинои 2 ва 3-ошёна иборат буда, дар он раванди таълим ба 3 забон – тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад.
-Феълан, дар ноҳия бо мақсади ҳавасмандгардонии хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимӣ 60 стипендияи раиси ноҳия таъсис ёфтааст. Ҳар моҳ онҳо 200-сомонигӣ идрорпулӣ мегиранд. Ният дорем, ки теъдоди стипендияро ба 80-то расонем,- илова кард Ҷамшед Саидзода.
ИНШООТИ ВАРЗИШ – МАКОНИ СОЛИМГАРДОНӢ
Баҳри истиқболи сазовори Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳия сохтмони 6 толори варзиш, 12 майдонча ва 1 майдони бозии кӯдакон дар назар аст. Аз ҷумла, бо мақсади ҷалби ҷавонон ба варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, дар деҳаи Даҳана соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Гулов бо дастгирии ҶДММ “Чжунгтсай Моҳир Семент” майдони варзиши болопӯшида бунёд намуд. Майдонча бо сифати баланд ва тибқи талаботи ҳозиразамон эъмор гардида, 160 ҷои нишаст дорад.
Дар саҳнаш барои мошинҳо таваққуфгоҳ сохта шуда, атрофашро ниҳолҳои арча ва гулбуттаҳо оро медиҳанд. Арзиши иншоот беш аз 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
- Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар якҷоягӣ бо сокинони зафарманди он иҷрои дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пайваста сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати иҷрои онҳо аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳанд бурд. Аҳли заҳмати ноҳия кӯшиш менамоянд, ки Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол гиранд, - гуфт дар охири суҳбат раиси ноҳия.
Лашкар ШАРИФЗОДА,
Шаҳбоз АБРОР,
“Ҷумҳурият”
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2021 №: 123 Мутолиа карданд: 1421