иқтисод
ХАТЛОН. СОҲИБКОРОНИ ТОҶИКУ ӮЗБЕК ЗАМИНАҲОИ ҲАМКОРИРО БАРРАСӢ КАРДАНД
Дар доираи густариши ҳамкориҳои мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар маркази вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор гардид. Ҳамоиш нахуст бо пазироӣ ва истиқболи гарму самимии меҳмонону иштирокчиён аз тарафи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва фаъолони вилоят сурат гирифт.
Дар оғози форум имконоти корхонаҳои саноатӣ, номгӯ ва иқтидори истеҳсолии онҳо, намунаи масолеҳи сохтмонӣ, саноати сабук, маҳсулоти кишоварзӣ, комплекси агросаноатӣ, энергетика, хизматрасонӣ, маводҳои доруворӣ, гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва дигар захираҳои табиии вилояти Хатлон муаррифӣ карда шуд.
Дар намоишгоҳ намояндагони тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон вобаста ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Зикр гардид, ки тайи солҳои охир бо ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар ба сатҳи сифатан нав баромада, баргузории чунин чорабиниҳо, ки ба рушди ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, ҷалби сармоя ва воридоти технологияи муосир ба тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба такон бахшида, барои густариши ҳамкориҳои минбаъда заминаи мусоид фароҳам хоҳад овард.
Қисми дигари расмии Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Ӯзбекистон дар кохи фарҳанг ва иттилооти шаҳри Бохтар доир гардид. Дар кори он нахуст Давлаталӣ Саид, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, ин тадбирро дар самти тақвияти фаъолияти соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, истифодаи сармараноку оқилонаи имконоти ҳамкориҳо, баланд бардоштани сатҳи муомилот байни истеҳсолкунандагон, коркард ва содироткунандагони маҳсулоти саноатӣ ва дар ин замина мусоидат ба афзоиши имконоту иқтидор ва ҳаҷми содироти маҳсулот байни ду кишвар муҳим арзёбӣ кард.
Иттилоъ дода шуд, ки дар форум намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва соҳибкорони 13 минтақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок намуда, бо муҳокимаи роҳҳои рушди ҳамкориҳои минбаъда, шароиту имконоти инкишофи муомилоти савдо ва равобити иқтисодии ду халқи бо ҳам бародар ва дӯстро дорои дурнамои нек арзёбӣ намуданд.
Дар навбати худ роҳбари ҳайати расмии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Сардор Умурзоқов ҷониби Тоҷикистонро барои пазироии сатҳи баланд, изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки ин баҳамоӣ аз иродаи қавӣ ва сиёсии роҳбарони ду кишвари дӯст сарчашма мегирад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки ҷониби Ӯзбекистон аз вохӯрии имрӯза интизориҳои зиёд дошта, изҳори итминон намуд, ки ҳадафҳои гузошташуда дар самти ҳамкориҳои иқтисодӣ дар сатҳи лозима амалӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки давоми як соли охир гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 500 миллион доллари ИМА расида, ҷонибҳо тасмим доранд, ки гардиши савдои дуҷонибаро дар соли ҷорӣ то 1 миллиард доллари амрикоӣ расонанд. Аз ҷумла, дар чор моҳи соли равон гардиши савдо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 30 фоиз афзоиш ёфта, 133 миллион долларро ташкил дод. Қайд гардид, ки бо вуҷуди мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар робита ба паҳншавии пандемия, соли 2020 робитаҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар қатъ нагардид.
Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода зикр қайд кард, ки соҳибкорӣ яке аз омилҳои калидии пешрафт, инкишофи муътадили иқтисодиёт ва соҳаи иҷтимоӣ мебошад.
Форуми байниминтақавии сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки дар баррасӣ ва таҳкими масъалаҳои рӯзмарраи мустаҳкамшавии ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ саҳми назаррас дорад, дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти асил, минбаъд доимӣ гардида, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳад намуд.
Дар доираи форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон дар услуби соҳибкор бо соҳибкор доир гардид, ки дар натиҷа санадҳои нави ҳамкорӣ дар самтҳои бунёди корхонаҳои шарикӣ, истеҳсоли трансформаторҳо, шартномаи фаъолиятҳои шарикӣ, содироти масолеҳи сохтмонӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон, бунёди боғҳои интсенсивӣ дар масоҳати 10 гектар ва дигар созишномаҳо ба имзо расонда шуд.
Иштирокчиёни форум ба рушди муносибатҳои тарафайн ва имзои созишномаву шартномаҳои тарафайн, ки фарогири тамоми самтҳои иқтисодӣ мебошанд, баҳои баланд дода, ҷиҳати дар оянда баргузор намудани ҳамоишҳои соҳибкорону сармоягузорони ду кишвар ба мувофиқа расиданд.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 19.06.2021 №: 123 Мутолиа карданд: 1107