иқтисод
РОҲ ВА ИҚТИСОД. ДУ РИШТАИ ЯК МАСЪАЛАИ МУҲИМ
Дар системаи хоҷагии халқ нақлиёт нақши калидӣ дорад. Дар ин маврид файласуфи англис Фрэнсис Бекон се омили асосие, ки давлатро ғанӣ мегардонад, зикр кардааст: замини ҳосилхез, тараққиёти саноат ва интиқоли озодонаи одамон ва маҳсулот.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми кӯҳсори Осиёи Марказӣ, дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакаҳои рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакаҳои нақлиётии Россия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири шоҳроҳи кӯтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Чин бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст.
Аз лиҳози он ки дар марҳилаи нави рушди иқтисодиёти кишвар инфрасохтори нақлиётӣ ба таъмини вазифаҳои стратегии рушди иқтисодиёт дар мавриди интиқоли дохилию берунӣ мутобиқат надошт, зарурати муайянсозии тамоюли рушди инфрасохтор дар ҳамбастагӣ бо дигар вазифаҳои стратегии рушди мамлакат пеш омад.
Бо мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёд, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншооти нақлиётӣ ба анҷом расиданд ва боз ҳам идома доранд.
Бояд гуфт, ки амалӣ шудани баъзе нақшаҳо дар доираи ин ҳадафи стратегӣ барои рушди кишвар ва ҳамкориҳои он бо кишварҳои минтақа имкониятҳои зиёд фароҳам оварданд. Барои иртибот бо Афғонистон шаш пул дар дарёи Панҷ сохта шуд. Дар бобати таҷдиди фурудгоҳҳо корҳои зиёд ба анҷом расиданд. Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 8,5 миллиард сомонӣ идома дорад.
Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм - Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат - Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаи Хумб - Ванҷ бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук - Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз ёфтанд.
Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе - Бохтар, Ҳуҷанд- Исфара, Кӯлоб - Шамсиддин Шоҳин, Шкев - Қалъаи Хумб, Кӯлоб - Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, то Ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.
Вазорати нақлиёт якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зиддитарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби “Истиқлол” тадбирҳои мушаххас андешиданд ва ҳоло сохтмон идома дорад.
Танҳо дар се соли охир тибқи нақшаи бунёдкорӣ ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид шуданд. Масалан, Муҳиб Бобоҷонов, сокини 80 - солаи ноҳияи Рашт, якҷо бо фарзандонаш соли гузашта 42 километр ва имсол 16 километр роҳро навсозӣ карда, толори варзиш, пул, чоҳҳои обкашӣ ва чор хонаи истиқоматӣ барои маъюбон ва оилаҳои камбизоат сохта, ҳоло ба масофаи 10 километр хати оби нӯшокӣ кашида истодааст ва мақсад дорад, ки дар шаҳри Душанбе як корхонаи бузурги нассоҷӣ бунёд намояд.
Дар баробари ин, баҳри ташаккули пурраи шабакаи дохилӣ ва таъмини дастрасии ҳамаи минтақаҳои ҷумҳурӣ ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ дар асоси тадқиқоти гузарондаи коршиносон барномаи вижае то соли 2025 таҳия гардидааст, ки амалисозии он истифодаи имкониятҳои интиқолро зиёд ва боиси кам шудани вақту хароҷоти нақлиётӣ мешавад. Тибқи барномаи мазкур, бунёду таҷдиди беш аз чор ҳазор километр роҳ ва 576 пул ба маблағи 4,4 миллиард сомонӣ дар назар аст.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ бори дигар сохтмону таҷдиди роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан, пулҳо, нақбҳо, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётиро таҳлилу баррасӣ карда, мутобиқ бо стандартҳои байналмилалӣ сохтани онҳоро таъкид намуданд. Ин албатта, моро муваззаф мекунад, ки дар самти омодасозии мутахассисони баландпоя ва амалӣ сохтани лоиҳаҳо саҳми худро гузорем.
Рашид ДАВЛАТШОЕВ,
Шаҳрбону ОДДИЕВА,
омӯзгорони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик
М. С. Осимӣ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 22.06.2021 №: 124 Мутолиа карданд: 1281