logo

иҷтимоиёт

ДАР МОВАРОИ ТАЪРИХ. ШИРИНШОҲ ШОҲТЕМУР ВА ҲАЗОРАИ АБУЛҚОСИМИ ФИРДАВСӢ

 
“Сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад. Имрӯз мардуми кишвар ба худшиносӣ ва барқарор кардани хотираи таърихии хеш беш аз пеш ниёз дорад. Мо бояд аз таърихи гузашта сабақ бигирем ва барои ваҳдати комили миллӣ корҳои бузургеро ба анҷом бирасонем”.   
                                                                                                                                Эмомалӣ РАҲМОН
 
Ҳаёт ва фаъолияти ҷамъиятиву сиёсии Қаҳрамони Тоҷикистон, Шириншоҳ Шоҳтемур, ки аз зумраи афроди меҳанпарасту худшинос ва худогоҳу фидоиёни ибтидои асри ХХ маҳсуб меёбад, мактаби омӯзиш ва намунаи олии пайравии мардумони ватанпарвар ба шумор меравад.
Бобати  нақшу мақоми ин ҷавонмарди муборизу соҳибфитрат дар таърихи халқи тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: «Шириншоҳ Шоҳтемур аз ҷумлаи сиёсатмадорон ва ходимони барҷастаи давлатие буд, ки тамоми қуввату дониш ва неруи маънавиашро барои поягузорӣ ва бунёди давлати миллии тоҷикон равона сохтааст. Ӯ аз рӯзгори пуртазоду пурихтилоф сабақ андӯхта, ҳамчун шахси матиниродаву донишманд, инсони оқилу дурандеш, сиёсатмадори барҷаставу ташкилотчии моҳир ба камол расидааст».
Ҳақиқатан ҳам ин родмарди асил тавонистааст, ки дар ҷараёни умри кӯтоҳи хеш барои ташкили давлати миллии тоҷикон, бедор намудани шуури халқи меҳнаткаш ва ташкили Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳи ҳамсафони дилогоҳаш далерона ва бо шуҷоати хос мубориза намояд, ки дар ҳамон даврони пуртазод ва муборизаҳои гуногуни дохиливу беруна кори басо мураккаб буд. 
Дар бораи ҷонфидоиҳои Шириншоҳ Шоҳтемур академик А. Раҳмонзода дар мақолаи хеш бомаврид таъкид намудааст: “Дар ҳақиқат, Шириншоҳ Шоҳтемур тамоми маҳорат ва истеъдоди фитрии худро барои ташкили давлати миллӣ равона карда, ба хотири барқарор намудани адолати иҷтимоиву сиёсии халқи тоҷик, дуруст муйян кардани мавқеи он дар миёни халқҳои Осиёи Миёна ва қадима будани ин миллати куҳанбунёд кӯшиш ба харҷ додааст. Вай дар баробари ҳаммаслакони хеш ба муқобили қувваҳои тундрав муборизаи беамон бурда, ҳастии халқашро сарбаландона дифоъ кардааст. Ҳамин ҷоннисорӣ ва ҳақталошии ӯ ва ҳамсафонаш имкон доданд, ки Тоҷикистон аввал ба сифати ҷумҳурии худмухтор ва сипас, ба сифати ҷумҳурии мустақил дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёбад ва халқи тоҷик пас аз ҳазор сол соҳиби давлати миллӣ гардад”.
Шириншоҳ Шоҳтемур дар канори дигар хизматҳои таърихиаш дар рушди илму фарҳанг ва матбуоти тоҷик низ саҳми намоён гузоштааст. Аз ҷумла, мавсуф дар поягузории матбуоти тоҷик бениҳоят хидмати бузург намуда, маҳз бо саъйю талошҳои ӯ ва дигар ҳаммаслакони бедордилаш нахустин рӯзномаву маҷаллаҳои тоҷикӣ, амсоли «Шӯълаи инқилоб», «Овози тоҷик», «Бедории тоҷик», «Раҳбари дониш»  нашр гардиданд, ки барои инъикоси адабиёту фарҳанг, ҳаёти сиёсии ҷомеа ва рӯзгори ибратбахши меҳнаткашони давр, шинохти гузаштагони пурифтихорамон саҳми назаррасе гузоштаанд. Ҳамчунин, баргузории ҷашни 1000 - солагии Абулқосим Фирдавсӣ соли 1934 дар шаҳри Душанбе ва нашри мақолоту китобҳо бобати рӯзгору осори гаронарзиши ҳакими тусӣ яке аз ташаббусҳои ҳамин вориси арзандаи ниёгони маърифатпарвари мо буда, аз он шаҳодат медиҳад, ки номбурда ба адабиёту санъат, таъриху фарҳанги халқаш эҳтироми беандоза дошта, барои гиромидошт ва арҷгузорӣ ба онҳо содиқона талош варзидааст. Маҳз бо баргузории ҳамин ҷашн ва нашри мақолоту таҳқиқотҳои судманд, мардумони зиёд аз асолату ғояҳои ватанпарварӣ, далерӣ, шуҷоатмандӣ, хирадмандӣ ва нангу номуси ҷавонмардии гузаштагонамон огоҳӣ ёфтанд. 
Дар бораи  зиндагинома, фаъолияти ҳизбӣ, давлатӣ ва сиёсии Шириншоҳ Шоҳтемур то замони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаву маълумотҳо ва ё таҳқиқотҳо рӯи кор омада бошанд ҳам, пас аз соҳибистиқлолии кишварамон бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ин шахсияти таърихӣ баланд бардошта шуд ва корномаи таърихии ӯ аз нав муаррифӣ гардид. Сипас муаррихон, рӯзноманигорон, аҳли адабу сухан, афроди огаҳ ба иншои матолиб аз ҳаёту фаъолияти инсони мубориз даст заданд ва ин раванд дар арафаи ҷашнгирии 100-солагии қаҳрамон маҷрои тоза касб кард. Рӯзноманигори шинохтаи тоҷик Қурбон Аламшоев дар таҳқиқи рӯзгору фаъолияти мондагори Қаҳрамони Тоҷикистон кӯшиши зиёде ба харҷ дода, паҳлуҳои гуногун ва паси парда қарор доштаи ӯро тавассути таҳқиқоти судмандаш равшанӣ бахшидааст.
Тибқи нигоштаҳои Қ. Аламшоев дар даврони Шӯравӣ муҳаққиқон, суханварон, адибон ва арбобони ҷамъиятиву сиёсии замон монанди А. В. Макашов, В. А. Рудницкий, М. А. Аллахвердов, А. М. Дьяков, Ф. Митрофанов, М. С. Топильский, Х. Дустов, Б. Искандаров, Ш. Юсупов, М. Иркаев, Ш. Султонов, А. Хонов, М. Шерғозиев ва дигарон дар бораи фаъолияти пурсамари фарзанди тоҷик, матонату иродаи вай, ташкилотчигӣ, роҳбари масъулиятшинос ва дӯстдори сарзамину таърихи ниёгон буданаш андешаронӣ намудаанд.
Ҳамин хидматҳои таърихӣ ва ҷоннисории Шириншоҳ Шоҳтемур буд, ки ин абармарди таърих аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони олӣ - Қаҳрамони Тоҷикистон қадр шуда, кору фаъолияти сиёсиву раҳбариаш дигарбора мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор гирифта, бар пояи мадорики таърихӣ мардуми тоҷик аз қаҳрамони хеш шинохти дуруст ҳосил карданд.
 
Маҳмадшо МАҲМАДШОЕВ,
дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд  ба номи академик Бобоҷон Ғафуров


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2021    №: 124    Мутолиа карданд: 516
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед