logo

иҷтимоиёт

«МАНБАИ ОМӮЗИШ»

Китоб дувоздаҳ номаи устоди шодравон Соҳиб Табаров, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакиро дар бар мегирад, ки солҳои 1979 – 1991 таълиф намудааст. Ин номаҳо ҳамагӣ ба номи Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, навишта ва фиристода шудааст.
 
Тавре муаллифони сарсухани ин китоб адабиётшиносони маъруфи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода ва Муртазо Зайниддинзода менигоранд: «Дар мактубҳои ба Абдулҳамид Самадов навиштаи Соҳиб Табаров майлони якҷониба ҷой надорад, бо эътирофи муваффақият ва барори кори эҷодӣ ҷиҳати рафъи носаҳеҳӣ ва шаҳомати бештар пайдо кардани асари таълифшуда, ки ба моли адабиёт табдил меёбад, пешниҳоди ҷолиб низ баён меёбад.» Ин анъана дар байни мунаққидон ва адибони барҷаставу оламшумул вуҷуд дошт. Онҳо дар китобҳои алоҳида ҷамъоварӣ гардидаанд. Аз он муносибати ҳар ду ҷониб ба эҷоди бадеӣ, шинохтани ҳақиқат, ҷаҳонбинӣ ва рушду камолоташон бараъло равшан мегардад. Ҳамчунин, барои таҳқиқи дурусти асари бадеӣ, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, такмили онҳо мусоидат карда метавонанд.
Дар замони навин ин анъанаи некро баъд аз устод Садриддин Айнӣ танҳо ба маънии томаш устод Соҳиб Табаров васеъ идома дод. Устоди шодравон зимни суҳбат бо муаллифи ин сатрҳо дар хусуси ҷамъоварии номаҳояш ба адабиётшиноси чех Иржи Бечка ва нашри онҳо бо таассуф баён дошта буд, ки кош нафаре ба ин иқдом рӯ меовард. Мутаассифона, касе ба иҷрои ин кор машғул нагардид. Инчунин, бисёр номаҳои таълифшудаву фиристодаи ин мунаққид, ки машҳур ба Белинскийи тоҷик мебошад, ҷамъоварӣ нашудааст. Онҳо шояд дар бойгонии шоиру нависандагон маҳфуз бошанд, аммо тақдири ояндаашон ҳамчунон номаълум мемонад.
Нашри ин дувоздаҳ нома як бори дигар моро вазифадор мекунад, ки ба ин иқдоми шоиста рӯ биёрем, дар асоси онҳо рисолаҳо таълиф намоем.
Муаллифони сарсухан барҳақ таъкид доштаанд: «Боиси таассуф аст, ки мунаққидону адабиётшиносон бо таълифи тақризу мақолаҳои сусту бебунёди худ барои гарм гардидани бозори бо ном шоиру нависандагон мадад расонданд. Дар навбати худ ин гуна асарҳо ба зеҳну завқи хонанда таъсири бад расонида, тадриҷан сабабгори дурӣ ҷустани хонандагон аз адабиёт гардид. Фазое роиҷ гардид, ки эҷодкор ё пажӯҳишгари соҳибвазифа ё пушту паноҳдошта ҳар чи нависад, ситоиш мешуду қобилияти бевазифаву бекас, асари арзанда ҳам таълиф намояд, боиси сарзанишу некуҳиш қарор мегирифт.
Ин гуна ишколҳои ба рушди адабиёти ҳақиқӣ халалрасон дар фаъолияти мунаққидии Соҳиб Табаров  шурӯъ аз солҳои 40-уми асри XX мавриди нақди воқеӣ қарор гирифта, тадриҷан ба принсипи кории ӯ табдил ёфт. Ба эътибори гуфтаву навиштаҳои ӯ ҳамин якрӯйӣ, баёни сухани ҳақ, боис ба озори рӯҳии ӯву латма задан ба фаъолияти илмиаш гардидааст.»
Бо вуҷуди ин Белинсийи тоҷик аз раъю роҳи худ барнагашт ва принсипи кору эҷодашро дигар накард. Ҳама саъю кӯшишашро барои адабиёти асили миллӣ равона намуд ва сухани ҳақро саривақт, бе ҳеҷ гуна ғарази шахсӣ, яъне мунсифона, иброз дошт.
Устод Соҳиб Табаров дар китоби худ «Асосҳои назариявии танқиди адабӣ (соли нашр: 1999, соли таълими ин фан 1983) дар хусуси ин гуна номанигорӣ чунин ибрози андеша намудааст: «Руқаот (мактубҳо - А.Р.) чи дар сюжету устухонбандӣ, чи дар санъату поэтика ва чи забону наҳвият бештар хусусияти монологӣ дорад. Сабаби ин дар он аст, ки дар мактуб доимо «ман»-и номанавис иштирок мекунад ва бо ҳамин восита услуб, тарзи баён ва лаҳни муаллифи нома равшан мегардад».
Албатта, ҷойи бас таассуф мебошад, ки ин номаҳо беҷавоб мондаанд. Сабаби инро адиби маъруфу маҳбуб Абдулҳамид Самад барҳақ иброз медорад: «... бо сабаби камҷуръатӣ ва ё истиҳола аз ҷазабаи муаллим, дурусттараш надоштани таҷрибаи номанигорӣ он вақт ба номаҳои устод посух нагуфтаам».
Муроҷиатҳои мунаққид ба нависанда низ самимӣ, бо эҳтироми хос мебошад, ки мавриди омӯзиш ва ибрат низ ҳастанд: «Муҳтарам Самадов!», «Дӯсти азиз Абдулҳамид Самадов!», «Абдулҳамид Самадови муҳтарам!» Охирин номаи устод ба адиб, ки 27 феврали соли 1991 иншо шудааст, бе чунин муроҷиатҳо мебошад. Нома номгузорӣ шудааст, ки он гувоҳ аз эътирофи устодии адиб мебошад: «Устодӣ насибатон бод».
Мунаққиди барҷастаи тоҷик Соҳиб Табаров дар ин нома муносибати худро ба асарҳои нависанда Абдулҳамид Самад, равиши эҷодии ӯ чунин иброз медорад: «Дар охир он ҳақиқатро қайд кардан лозим мешуморам, ки дар замони мо нависандагон хеле бисёр шуданд, ки ин кори хайрест. Эҷод мекунанд, мубориза мебаранд ва ҳатто рақобати эҷодиро дар услубу равия ривоҷ медиҳанд. Аммо Абдулҳамид Самадов барои банда адиби мураббӣ, таълимгар, инсонпарвар буд, ҳаст ва хоҳад монд».
Дар ҳақиқат, мурод аз иншои ин ва ба ин монанд номаҳои Соҳиб Табаров нишон додани роҳу равиши дурусти эҷодӣ, рушди адабиёти миллӣ ва парваришу истеҳкоми ахлоқи шоиста, идомаи анъанаҳои неки мардумамон буд.
 
Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2021    №: 124    Мутолиа карданд: 924
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед