logo

сиёсат

ДАНҒАРА. РУШДИ НОҲИЯ АЗ ФАЙЗИ ИСТИҚЛОЛ АСТ

Имсол мардуми шарафманди тоҷик 24 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳу суботи комил ва бо шукргузорӣ аз сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил менамоянд. Маҳз дар ҳамин рӯз, яъне 27 июни соли 1997 бо талошҳои бесобиқаи фарзанди фарзонаи миллат дар шаҳри Москва Созишномаи умуми истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид. 
Воқеан, ваҳдати миллӣ барои миллати мо дастоварди ниҳоят  пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватан гашта, ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид. 
Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара ҳамасола ин ҷашни бошукӯҳро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ истиқбол мегиранд. Бунёди иншооти таъйиноташон гуногун,  таъсиси  корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ, сохтмони муассисаҳои таълимию тиббӣ ва фарҳангӣ, ба ин васила муҳайё гардидани садҳо ҷойи нави корӣ барои эҳтиёҷмандон аз пешравию шукуфоии ноҳия дар солҳои охир шаҳодат медиҳанд. Раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ, имрӯзҳо дар ҳудуди ноҳия бо ибтикори роҳбарияти олии мамлакат ва бо талошу кӯшишҳои раиси ноҳия Раҳмон Исломиддин Хайриддин амалӣ гашта истодаанд. 
Муҷиби ифтихор аст, ки  дар арафаи ҷашнҳои Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори  сулҳу  ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар доираи сафари кориашон ба вилояти Хатлон ба ноҳияи Данғара (16 – 17 июн) ташриф оварданд. Сарвари давлат як қатор иншооти таъйиноташ гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 59, 25, муассисаи касбию иҷтимоии хусусии тиббӣ ва маркази барқарорсозии «Нури тиб», муассисаи таълимии «Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ», корхонаи истеҳсоли равғани ҶДММ «Файзи Алӣ», коргоҳи истеҳсоли макарон ва коркарди меваю сабзавот, майдони Парчами давлатӣ, боғи фарҳангӣ-фароғатии «Симурғ», биноҳои нави шуъбаи ҳифзи муҳити зист, маркази таъминот ва ташхиси бехатарии кумитаи озуқаворӣ, беморхонаи вилоятии бемориҳои сироятӣ, хати оби нӯшокии деҳоти Боғпарвар ва обанбори оби нӯшокии "Офтобрӯя" ба истифода доданд. Инчунин, маъракаи ҷамъоварии ҳосил дар хоҷагии деҳқонии «Абдулло», кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», намоишгоҳи хоҷагидорону кишоварзони вилояти Хатлон дидан карданд.
Баракати сулҳу оромии ҷомеа ва ваҳдати миллӣ буд, ки соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия рушд ёфтанд. Махсусан, дар соҳаи кишоварзӣ, ки иқлими ноҳия ба он мусоидат мекунад, ислоҳоти соҳа, таҷдиди хоҷагиҳо, ҷорӣ намудани шакли наву замонавии хоҷагидорӣ вусъат пайдо кард. Ҳамин аст, ки ҳар сол ба хориҷи кишвар ҳазорҳо тонна маҳсулоти гуногуни аз ҷиҳати экологӣ тоза содирот мешавад. 
Мо – мардуми сарбаланди ноҳияи Данғара, дар таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстии халқу миллатҳои кишвар рушди иқтисодиёт ва ободиву тараққиёти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон саҳми арзандаи худро гузошта, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат, баҳри татбиқи ҳадафҳои бузурги миллӣ нақши худро мегузорем. 
 
Ҷамшед ШАРИФЗОДА, 
муовини аввали раиси ноҳияи Данғара
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2021    №: 125    Мутолиа карданд: 1179
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед