logo

иқтисод

ЗАМИН. ЧАРО ОН ҲАМЕША МАВЗӮИ БАҲС АСТ?

Чаро шаҳрвандон замини минтақаҳои хавфнокро тасарруф карданд? Тайи солҳои охир чанд дарсади ниёзмандон бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гаштанд? Дар фонди замини баъзе шаҳру ноҳияҳо барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ имконият несту ҳазорҳо нафар дар навбатанд. Чӣ бояд кард? Сабаби аз гардиши кишоварзӣ берун мондани беш аз 20 ҳазор гектар замини корами обӣ дар чист? Заминҳое, ки бистсолаҳост ташналабанд, кай шодоб мегарданд? Суҳбати хабарнигори рӯзнома бо раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода атрофи ин ва дигар паҳлуҳои масъала сурат гирифт, ки пешкаши шумо менамоем. 
 
- Муҳтарам Ориф Хоҷазода, пешгирии қонунвайронкунӣ  дар  самти истифодаи  замин  аз  таъкидҳои  пайвастаи Пешвои миллат аст ва ахиран низ моҳи январи соли равон зимни маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат дар ин хусус ба Шумо ва роҳбарони сохторҳои марбута дастуру супоришҳо доданд. Тавре аз маълумоти Прокуратураи генералӣ бармеояд, соли гузашта қонуншиканӣ дар ин самт афзудааст. Бо ин мақсад дар назди Прокуратураи генералӣ раёсати қонунгузории назорати замин таъсис ёфтааст. Мехостам суҳбатро аз ин нукта оғоз бахшем.
- Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба истифодаи самараноку оқилонаи замин нақша – чорабиниҳо тартиб дода, ҷиҳати назорати истифодаи ҳифзи замин, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои партову холимонда, азхудкунии заминҳои нав, инчунин, корҳои заминсозию кадастри замин, топографию геодезӣ, харитасозӣ, делимитатсия ва демаркатсияи сарҳад, бақайдгирии молу мулки ғайриманқул мунтазам корбарӣ менамояд. 
Кумита бо Прокуратураи генералӣ вобаста ба пешгирӣ ва бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар самти замин ҳамкории зич дорад. Таъсиси раёсати назорати иҷрои қонунгузории замин дар сохтори ин ниҳод ҳамкории моро боз ҳам тақвият бахшид. Аз ҷумла, танҳо дар семоҳаи аввали соли 2021 мутахассисони кумита дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 58 муроҷиату парвандаи маъмуриро вобаста ба риоя нагаштани қонунгузории замин дар маҳалҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
 
57 ДАРСАДИ НИЁЗМАНДОН БО ЗАМИНИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ТАЪМИН ГАШТАНД, ВАЛЕ... 
- Бо замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани аҳолӣ аз самтҳои афзали сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар аст. Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 то инҷониб қариб 32 ҳазор гектар замини наздиҳавлигӣ барои эҳтиёҷмандони шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ ҷудо гардида, наздики 22 ҳазори  он  тақсим  шуд. 30 дарсад барои бунёди инфрасохтори зарурӣ пешбинӣ гардидааст. Тавре маълум аст, инфрасохтори бархе аз мавзеъҳо то ҳол мукаммал нестанду баръакси ин, шаҳрвандон ба ҷойҳое, ки дорои шароити зистанд, намераванд... 
- Ҳамагӣ 7 фоизи ҳудуди Тоҷикистонро ҳамворӣ ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, талаботи сокинон бо қитъаи замин аз ҳисоби заминҳои корами лалмӣ ва чарогоҳҳо қонеъ гардонда мешавад. Ин мавзеъҳо, ки дорои инфрасохтор нестанд, масъалаи фароҳамсозии шароити зисту зиндагониро дар онҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо бар дӯш доранд. Яъне, бояд мақомоти маҳаллӣ сарчашмаҳои маблағгузориро пайдо ва инфрасохтори заруриро муҳайё созанд. 
Бо ҷудо шудани ин заминҳо 57 дарсади ниёзмандон бо қитъаи замин таъмин гаштанд. Вале масъала паҳлуи дигар ҳам дорад. 3 - 4  сол  пеш дар шаҳри Истаравшан бо шароити лозимаи зист шаҳраки Баҳористон бунёд ёфт. 3015 эҳтиёҷманд соҳиби замин шуд. Аммо то ҳол сохтмони манзилҳо пурра оғоз наёфтааст. Дар шаҳраки Сайҳуни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳам вазъ ҳамин хел. Аз ин бармеояд, ки замин ба дасти эҳтиёҷманд нарасидааст. Мо марҳила ба марҳила ин масъалаҳоро омӯхта истодаем. Тибқи қонунгузорӣ, дар сурати давоми се сол истифода нашудан, бо муайян кардани сабабу омилҳои ҷойдошта бояд замин бозпас гирифта шуда, ба ниёзмандон дода шавад.   
 
АҲОЛИРО БОЯД БА МИНТАҚАҲОИ КАМОДАМ КӮЧОНД
- Дар фонди замини баъзе аз шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Шаҳринав, барои ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ имконият несту ҳазорҳо нафар дар навбатанд. Эҳтиёҷи сокинони ин шаҳру ноҳияҳо чӣ гуна бароварда мешавад? Ва дар аксар шаҳру ноҳияҳо ҳолатҳое низ ба назар мерасанд, ки як шаҳрванд дар соли аввали муроҷиат замин мегираду дигаре солҳо навбат мепояд ва муродаш хеле дер ҳосил мегардад.
- Дар ноҳияи Шаҳринав бо қарори болозикр 186 гектар замин барои 4200 нафар ҷудо гардид. Аз он 137 гектар ё 73 дарсади замини пешбинишуда ба эҳтиёҷмандон тақсим шуд. Ҳамагӣ 49 гектари дигар боқӣ мондааст.
Сабаби асосии ба қитъаи замини ҷудошуда нарафтани шаҳрвандон аз маркази ноҳия дур будани он ва нофароҳамии инфрасохтор арзёбӣ мешавад. Чуноне дар боло зикр намудем, бо сабаби камии заминҳои ҳамвор, яке аз роҳҳои бо қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ таъмин намудани шаҳрвандон аз минтақаҳои сераҳолӣ, ки фонди замини наздиҳавлигӣ надоранд, ба ҷойҳои нисбатан камодам кӯчондани онҳост. Масалан, ба ноҳияҳои Данғара, Носири Хусрав ва Хуросон талабот ба қувваи корӣ зиёд асту кӯчондани аҳолӣ манфиатовар хоҳад буд. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳоро лозим аст дар ин самт чораҷӯӣ намоянд.
Ҳамзамон, маврид ба ёдоварист, ки моҳи ноябри соли 2010 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №603 «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳо оид ба амалӣ намудани қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гирифтан ва ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо додани қитъаи замин» барои ба гурӯҳи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин гузарондани онҳо» ба тасвиб расид. Дар асоси он, барои танзими масъалаҳои вобаста ба замин ва тақсимоти шаффофу одилонаи он дар шаҳру ноҳияҳо комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд. Онҳо тибқи тартиби муқарраргардида ба эҳтиёҷмандон тақсимоти қитъаи замини наздиҳавлигиро ба роҳ монда, барои қабули қарори дахлдор ба раисони шаҳру ноҳияҳо пешниҳод менамоянд. 
 
- Бо вуҷуди ин, хилофи қонунгузорӣ ба тасвиб расидани қарорҳо кам нестанд...
- Бале, дар баъзе мавридҳо аз тарафи раисони шаҳру ноҳияҳо қарорҳо оид ба ҷудо ва ё вобаста намудани қитъаҳои замин хилофи талаботи қонунгузорӣ ба имзо мерасанд. Аз ҷумла, дар ин давра кумита бо пешниҳоди сарнозири давлатии истифода ва ҳифзи замин барои беэътибор донистани 60 қарори собиқ раиси ноҳияи Рӯдакӣ ва 15 қарори раисони деҳоти Сарикиштӣ, Чоргултеппа ва Чоряккорони ноҳия, ки хилофи қонунгузории замин қабул гардида буданд, пешниҳод ирсол намуд.
 
БУНЁДИ МАНЗИЛ ДАР МИНТАҚАҲОИ ХАВФНОК
БЕХАТАРИРО КӢ КАФОЛАТ МЕДИҲАД? 
-Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ба ҷуз тасарруфи замин, зери хатҳои баландшиддати барқ, атрофи каналу роҳи оҳан ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ низ ба назар мерасад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ бошад, аз ин дар изтироб аст, зеро дар ин ҳолат бехатарии бархе аз шаҳрвандон зери суол қарор мегирад. Баҳри пешгирии чунин ҳолатҳо чӣ чораҳо андешида мешаванд?
-Назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин яке аз самтҳои асосии фаъолияти кумитаро ташкил дода, танҳо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 3313 ҳолати қонунвайронкунии замин ошкор ва барои бартарафнамоии он 3235 дастур дода шуд. Инчунин, нисбат ба 2994 ҳолат парвандаи маъмурӣ тартиб ёфта, ба маблағи 1383448 сомонӣ қарори ҷаримабандӣ қабул гашт. Барои додани баҳои ҳуқуқӣ ва маҷбуран ситондани маблағи ҷаримаҳо мутаносибан 272 ва 26 маводро ба мақомоти прокуратура ва Хадамоти иҷро ирсол намудем. 2151 ҳолати қонуншиканӣ ё 64 дарсади он дар маҳал ҳалли худро пайдо кард. 
Сарфи назар аз ин, аз ҷониби шаҳрвандон дар зери хатҳои баландшиддати барқӣ ва атрофи каналу роҳҳои оҳан бунёд намудани хонаҳои истиқоматӣ, ки он ҷо зиндагӣ ихтиёр кардаанд, боиси нигаронист. Ҳарчанд назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ба зиммаи мақоми ваколатдор - Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ вогузор шуда бошад ҳам, вале бе ҳамкории мунтазам ва назорати қатъӣ дар маҳал амалӣ намудани ин амр ғайриимкон аст. Танҳо бо ҳамкории зичи раисони ҷамоату маҳаллаҳо, муҳандис - заминсозон, нозирони минтақавии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳо, шуъбаву бахшҳои меъморӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба додани қитъаҳои замин ва дигар мақомоти масъул пешгирии чунин ҳолатҳо даст хоҳад дод. 
 
ЗАМИНҲОИ КОРАМ АЗ КИШТ БЕРУНАНД, ЧАРО?
- Дар баробари ин, тақсимоти заминҳо аз рӯи гурӯҳҳо, ҳарчи бештар ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои кишт ба хотири афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ аз таъкидҳои доимии Пешвои миллат аст, ки дар паёмҳояшон ба ин масъалаҳо аҳамияти аввалиндараҷа медиҳанд. Соли гузашта аз ҷониби кумита комиссия ташкил ёфта, вазъи мавҷударо омӯхт. Аз хулосаи кори комиссия мегуфтед.
- Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ истифодаи самараноку оқилонаи заминро, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлисҳои Ҳукумат ва мулоқоту вохӯриҳояшон бо сокинон баён доштаанд, таҳти назорати доимӣ қарор додааст.
Мувофиқи ҳисоботи солонаи замин, ба ҳолати 1 январи соли ҷорӣ  1352 гектар замини аз гардиш берунмонда, аз ҷумла 817 гектар замини обӣ, аз худ карда шуд. Афзун бар ин, дар ин давра 157 гектар замини лалмӣ шодоб гашт. 
Тибқи супориши роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, аз ҳисоби кормандони Вазорати кишоварзӣ, кумитаҳои ҳифзи муҳити зист, андоз, ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданию намояндагони прокуратураи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, ҳолати воқеии истифодабарии заминҳои корами обиро дар шаҳру ноҳияҳо мавриди омӯзиш қарор доданд.
Дар пайи омӯзишу таҳлилҳо маълум гашт, ки 20523 гектар замини корами обӣ бинобар аз кор баромадани шабакаҳои обкашӣ, кандашавии хатҳои алоқа бо сарчашмаҳои обгирӣ, камшавии дебети об ва хушкшавии чашмаҳо ҳамчун заминҳои корами лалмӣ истифода мешавад. 
 
- БЕШТАР ДАР КАДОМ МИНТАҚАҲО?
- Аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Деваштич, Фархор, Ёвон, Рӯдакӣ ва Файзобод чунин заминҳо зиёданд. Барои барқарор намудани шабакаҳои обёрии заминҳои болозикр, ба низом даровардани нақшабандии кишт ва аз ҳисоб баровардани майдони заминҳои корами обии аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, пешниҳодҳои худро манзури мақомоти дахлдор намудаем.
- Тибқи маълумот, аз 6644 гектар замини аз гардиши кишоварзӣ берунмонда соли гузашта ҳамагӣ 1650 гектар ба кишт фаро гирифта шудааст. Бо кадом сабабҳо заминҳои боқимонда ба гардиш ворид нашуданд?
- Ҳарчанд сол ба сол майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда кам шуда истода бошанд ҳам, то ҳол ин масъала ба пуррагӣ ҳалли худро наёфтааст. Соли гузашта дар кишвар 4994 гектар замини корам, аз ҷумла 4566 гектар замини корами обӣ бо сабабҳои шӯразанию ботлоқшавӣ, норасоии оби полизӣ, аз кор баромадани шабакаҳои каналу иншоотҳо аз гардиши кишоварзӣ берун мондаанд. Аз ҷумла, дар вилояти Хатлон 1314 гектар замини корами обӣ, дар вилояти Суғд 1954 гектар замини корам, аз он 1688 гектар обӣ, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 324 гектар корами обӣ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 1402 гектар замини корам, аз он 1240 гектар обӣ. 
Мо тамоми сохторҳои маҳаллиро муваззаф намудаем, ки дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда, бо ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ чораҳои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онро пайдо намоянд.
 
691 ГЕКТАР ЗАМИНИ ДЕҲОТИ ЭСАНБОЙ 20 СОЛ БОЗ ОБРО НАДИДААСТ КУМИТА ЧӢ ТАДБИР МЕАНДЕШАД? 
- Кумита роҳҳои камхарҷи азхудкунии заминро омӯхта истодааст. Аз ҷумла, бо ин роҳ дар назар аст заминҳои ноҳияҳои Фархору Қубодиён аз худ шаванд. Бо ин мақсад боз чӣ нақшаҳоро рӯи даст доред? 
- Айни ҳол корҳои барқароркунии шабакаҳои обёрӣ дар ноҳияи Ховалинг ҷараён дошта, соли ҷорӣ дар назар аст 13 пойгоҳи обкашии амудӣ барқарор, 500 гектар замин шодоб ва 20 гектар замини нав аз худ шавад. Корҳои ба гардиши кишоварзӣ вориднамоии 400 гектар замин дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор корҳо ҷараён доранд. Инчунин, барои азхудкунии 635 гектар замин ва ба гардиши кишоварзӣ даровардани 193 гектари дигар дар мавзеи Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён корбарӣ шуда истодааст.
Илова бар ин, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ масъалаи беҳтарнамоии ҳолати милеоративии заминҳои ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Муъминободро мавриди омӯзиш қарор додем. Аз рӯи таҳлилҳо, бинобар фарсудагии таҷҳизоти пойгоҳи обкашии Хоҷабулбулон дар деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ беш аз 691 гектар замин бист сол инҷониб аз оби полизӣ маҳрум аст. Тибқи ҳисоби мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, маблағи обёрии он 985 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Муъминобод бошад, барои беҳтар кардани ҳолати милеоративии заминҳо, барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ ва гузарондани ду хати лӯлаи баландфишори қутраш 530 мм ба масофаи 1600 метр 2,4 миллион сомонӣ лозим меояд. Бо ин ҳолати обёрии зиёда аз 400 гектар замин беҳтар шуда, ба гардиши кишоварзӣ ворид мегардад. 
Ҳамин тариқ, харҷи ба гардиши кишоварзӣ даровардани ин заминҳо аз рӯи ҳисоби пешакӣ беш аз 6 миллион сомониро ташкил медиҳад. Бо ҳал шудани масъалаи маблағгузорӣ имкон даст медиҳад, ки вазъи милеоративии 1604 гектар замин беҳтар гардида, 635 гектар замини нав аз худ шавад. Мувофиқи таҳлилҳо, дар пайи ин тадбир 4500 ҷойи кории нав таъсис меёбад, ки дар пешрафти иқтисодиёти кишвар ҳиссаи арзанда хоҳанд гузошт.
 
- Ташаккур барои суҳбат!
 
Меҳрангез ҚОДИРОВА,
"Ҷумҳурият"
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2021    №: 125    Мутолиа карданд: 1688
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед