logo

сиёсат

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

 
Ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар баробари дигар дастовардҳои намоён дар умури давлатдорӣ низоми ҳуқуқии кишвар низ мутобиқ ба меъёрҳои пазируфтаи ҷаҳонӣ такмил шуда, дар сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқи кишвар дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. 
 
Албатта, таъмини рушди устувор ва таҳаввулоти сохторӣ дар ҳама бахшҳои ҷомеа, аз ҷумла мақомоти судӣ, дар заминаи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (6 ноябри соли 1994) ба миён омад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуда, бори нахуст ҳокимияти давлатиро дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ қонунан муқаррар намуд.
Дар асоси талаботи Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ соли 1995 бобати мукаммалу мустаҳкам кардани мустақилият ва беҳтар намудани фаъолияти ҳокимияти судӣ қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардид. Бо қабули асноди зикршуда фаъолияти судҳои иқтисодию ҳарбӣ ва Суди конститутсионӣ оғоз гардида, ба самаранокии фаъолияти ҳокимияти судӣ асос гузошта шуд.
Тағйироти ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа бамиёномадаро Сарвари давлат, воқеъбинона таҳлил намуда, 14 апрели соли 1997 Фармон «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ»-ро тасвиб намуда, ҳамзамон, дар мамлакат гузарондани ислоҳоти судӣ - ҳуқуқиро зарур шумурданд. Бо имзои ин фармон имконияти муҳайё намудани шароити моддӣ - техникӣ ба судҳо, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши хизматии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ва дар ин замина пойдор гардондани мустақилияти ҳокимияти судӣ ба миён омад. Ин иқдоми саривақтии Пешвои миллат ба беҳбудии фаъолияти судяҳо, қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок баҳри самаранок баамалбарории адолати иҷтимоӣ дар бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ такони бузург бахшида, баъдан замина барои қабул ва марҳила ба марҳила гузарондани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ гашт.
Ташаккули муносибатҳои ҷамъиятӣ - сиёсӣ ва давра ба давра татбиқ намудани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ - ҳуқуқӣ тақозо мекард, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.  Бо  ҳамин  мақсад,  22 июни соли 2003 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд, ки як қисми он ба мустаҳкам намудани мустақилияти ҳокимияти судӣ равона гардида, муҳлати ваколати судяҳо аз 5 сол ба 10 сол зиёд, синни ниҳоии ҳуқуқшиносе, ки ба вазифаи судягӣ пешниҳод мегардад 65-сола муқаррар гардид.
Инчунин, аз тобеияти мақомоти прокуратура баровардани татбиқи чораи пешгирӣ дар намуди ҳабси пешакӣ нисбат ба гумонбаршаванда, айбдоршаванда ва ё судшаванда ва ба ихтиёри ҳокимияти судӣ вогузор кардани ин амали мурофиавӣ эътибори ҳокимияти судиро бамаротиб афзуд. Дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат зимни вохӯрию мулоқотҳояшон бо судяҳо, кормандони масъули мақомоти судӣ ба беҳтар гардидани кори судяҳо доир ба қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок нақши муҳим бозида, дар маҷмӯъ, ба таҳкими фаъолияти мақомоти судӣ мусоидат кардааст.
Равандҳои сиёсӣ дар ҷаҳони имрӯз нишон дода истодаанд, ки давлатҳои алоҳида бо як хатогии хурди сиёсӣ сулҳу ваҳдат ва таъмини амниятро дар дохили кишварашон аз даст дода, ба майдони ҷанг ва бархӯрди манфиатҳои гурӯҳҳои манфиатҷӯ табдил ёфта истодаанд. Ин омилҳои сиёсӣ ба мо ҳушдор медиҳанд, ки роҳу усулҳои ҳифз ва таҳкими абадияти сулҳу ваҳдати миллиро дар кишварамон омӯзем ва сулҳу ваҳдатро дар ватанамон ҷовидонӣ нигоҳ дорем. Пеш аз ҳама, мо бояд ба равандҳои сиёсӣ аз нуқтаи назари таҳлилӣ баҳои дуруст дода тавонем. Ба ҳамаи мақсаду ҳадафҳоямон танҳо дар ҳамон сурате мерасем, ки сулҳу ваҳдат дар кишварамон пойдору ҷовидон бошад. 
 
Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА, 
раиси суди ноҳияи Ёвон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2021    №: 125    Мутолиа карданд: 965
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед