logo

сиёсат

ИСТИҚЛОЛ ВА ТАҲАВВУЛ ДАР АФКОРИ ҶОМЕА

Истиқлолияти миллии Тоҷикистон имкониятҳои беназире барои ҳамгироии миллӣ ба паҳнои ҷаҳонӣ оварда истодааст. Таҳаввули мафкуравии ҷомеаи Тоҷикистони азизамонро шахси ҷасур, масъулиятшинос ва кафили Конститутсияи миллӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаматарафа дастгирӣ намуда, барои пайвастани арзишҳои ватанӣ ва ҷаҳонӣ дурнамои нав ба нав кушода истодаанд. Дарвоқеъ, сулҳу субот мағз ва муҳтавои рушди ҳар мамлакати мутамаддин буда, қобилияти пайвастани саривақтии қувваҳои солими сиёсӣ ва илмӣ-эҷодии шаҳрвандӣ аз ҳамсоягарии бомаърифат ғизои маънавӣ мебардорад. Агарчи Тоҷикистон бо бунёди Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин пайвандро ҳанӯз аз соли 1996 қонунӣ гардонд, ин гуна навоварӣ дар ҳамгироии илмии бевоситаи минтақавӣ ва байниминтақавӣ давраи нав кушода бошад ҳам, ҳамсоягарии бомаърифат, яъне пайвастани сиёсат ва фарҳанги ҳамсоягарӣ, аз 10 - уми моҳи равон такони тозае гирифт. Мо, мутахассисони соҳаи тадқиқоти татбиқии Осиё ва Аврупо, чунин иқдоми ду сарвари давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар: Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёевро ҳамчун намунаи ибрат ба тамоми минтақаи Осиёӣ Марказӣ ва берун аз он арзёбӣ намуда, мутмаинем, ки чунин сиёсати байнидавлатӣ уфуқҳои нави иртиботҳои байнифарҳангии ҷаҳони имрӯзро мекушояд.
Бешубҳа, навигариҳо дар тадқиқоти татбиқӣ, ҳамчун заминаи эҷодгарӣ, аз ҳамсоягарии бомаърифат сар зада, дар ҷамъомадҳои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки ҳар ду дар Тоҷикистон баргузор мегарданд, муҳокима хоҳанд  гашт. Дар айни ҳол низ, ҳамсоягарии минтақавӣ ва байниминтақавиву байнифарҳангӣ дар созмонҳои мухталифи ҷаҳон ва тавассути лоиҳаҳои гуногун муҳокима гашта, насли нави магистрантҳо ва аспирантҳои ҷаҳони имрӯзро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ тайёр намуда истодаанд. 
Яке аз лоиҳаҳои байналмилалӣ ва байнидонишгоҳӣ, ки бо унвони COMPASS, яъне Бунёди Огаҳонаи Устувори Ҳамсоягарӣ ва Осиёи Марказӣ тӯли се сол дар 5 кишвари ҷаҳон, яъне Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Беларус ва Бритониёи Кабир амалӣ гашта истодааст, ба таваҷҷуҳи созмонҳои давлатӣ ниёзманд мебошад. Амалӣ гаштани ин соҳа аз таҷдиди назар ба бурду бохти садаи 20 ва рушди дастовардҳои он, ҷавобан ба талаботҳои асри 21, аз муҳокимаҳои илмӣ-сиёсӣ дар Парлумони Аврупо, дар Брюссел соли 2018 шурӯъ шуда, дар идораи байналмилалии Лондон давом ёфта буд. Баҳсҳое, ки аз тарафи намояндагони 6 донишгоҳи номии АвруОсиё барои шинохтани усулҳои нави ҳамгироии илмӣ-маърифатӣ бо сиёсатҳои зуд тағйиршавандаи ҷаҳонӣ аҳамияти хосе дошт, санҷиши ҷиддии иқтидори ҳамгироӣ барои аксари мо, донишмандон ва муҳаққиқон гашт.   Инҷониб дар ин ҷамъомадҳои байналмилалӣ аз дастовардҳои аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон сухан карда, аз сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудам.  
Агарчи донишмандони ИДМ барои ҳамгироии илмӣ то андозае замина фароҳам оварда бошанд ҳам, ҳамгироии илмӣ-тадқиқоти кишварҳои СҲШ ба такмили назарияҳои ҳозир эҳтиёҷ дорад. Мушкил дар он аст, ки тадқиқоте, ки имрӯз оид ба рушди СҲШ ба назар мерасанд, характери иқтисодӣ ва сиёсӣ дошта, тадқиқоти татбиқии байнифарҳангӣ дар он камтар ба назар мерасанд. Хуб аст, ки талаботи замони ҳозир аз таҷдиди назар ба иртиботҳои байнифарҳангии Роҳи Абрешими таърихӣ аз тарафи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дарк карда шуд ва лоиҳаи нави ҷаҳонӣ бо номи “Роҳи нави  Абрешим” дар барномаҳои ЮНЕСКО ба миён омад. Чунин имконот дар конфронси байналмилалии “Мусиқии Роҳи Абрешими Нав дар сулҳофаринии Осиёи Марказӣ, бахшида ба 100-солагии устод Зиёдулло Шаҳидӣ” дар Душанбе соли 2016 бо ташаббуси ЮНЕСКО баргузор гашт, вале мо натавонистем намунаҳои се операи се кишвар: Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Хитойро, ки тақрибан дар як замон офарида шудаанд, ба ҷомеаи шаҳрвандӣ пешкаш намоем. Бо вуҷуди он, ифтихор аз он дорем, ки аввалин маротиба рақси Комдеро аз операи “Комде ва Мадан’ раққосаи ҳиндӣ аз ИМА иҷро кард. Чунин ҳамкориҳои байнифарҳангии кишварҳои Хитой, Осиёи Марказӣ, Аврупо/ИМА барои рушди муносибатҳои байналмилалӣ бештар хоҳанд шуд.  
Ҳоло ки муҳаққиқони пешрафтаи Аврупо ва, умуман, Ғарб, дар ҷустуҷӯи арзишҳои маънавӣ қарор гирифтанд, муносибатҳои бозории хешро дар ҷаҳони муосир бояд тағйир диҳанд. Сиёсати нави ҳамсоягарии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ва, умуман, Осиёи Марказӣ, ба ин ҷустуҷӯҳои муҳаққиқони ҷаҳони имрӯз ҷавоби саҳеҳ дода метавонад.  
 
Мунира ШАҲИДӢ, 
фарҳангшинос, узви Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди факултаи муносибатҳои байналмилалии ДМТ, узви вобастаи донишгоҳи Кембриҷи Бритониёи Кабир, роҳбари гурӯҳи миллии GCRF COMPASS
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2021    №: 125    Мутолиа карданд: 632
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед