logo

сиёсат

СИЁСАТИ ҶАВОНОН. АВЛАВИЯТ БА ДОНИШАНДӮЗӢ

Дар мулоқоти навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони фаъоли кишвар, ки дар соли таърихӣ ва фаромӯшнашавандаи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, фаро гирифтани ҷавонон ба шуғли доимӣ аз мавзӯъҳои асосӣ маҳсуб меёфт. 
 
Роҳбари мамлакат ба масъалаи мавриди назар таваҷҷуҳ намуда, чунин гуфтанд: «Дар кишвари мо захираи асосии иқтисодӣ ва меҳнатиро насли ҷавон ташкил медиҳад, яъне аз панҷ чор ҳисса ё 80 фоизи аҳолии аз лиҳози иқтисодӣ фаъ-ол ҷавононанд. Ҳар сол дар кишвар зиёда аз 180 ҳазор нафар ба бозори меҳнат ворид мешавад, ки аксари онҳоро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар кишвари мо тайи даврони соҳибистиқлолӣ беш аз як миллиону 150 ҳазор, аз ҷумла танҳо соли 2020-ум 193 ҳазор ҷойи корӣ таъсис дода шудааст. Мо ин равандро идома дода, тамоми чораҳоро андешида истодаем, ки ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё созем. Таъкид месозам, ки аз шумораи умумии ҷойҳои кории таъсисдодашуда зиёда аз 70 фоизаш барои ҷавонон мебошад». Яъне, бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон яке аз роҳҳои муассири рушди иқтисодӣ ва дар айни замон, омили кам шудани содиршавии ҷиноят ва дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби онҳо мебошад.
Бо назардошти ҳалли мушкилоти вобаста ба шуғли ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш вазифадор шуд, ки якҷо бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯйхати ҷавонони бешуғлро таҳия намуда, дар иртибот ба супориши Сарвари давлат то соли 2025 соҳибкасб намудани ҷавонони то 25-сола ва, махсусан, бо роҳи зиёд кардани курсҳои касбомӯзӣ чораҳои мушаххас андешанд.
Вохӯрӣ  мо ҷавононро бори дигар водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш ба харҷ диҳем, то соҳибмаърифат шавем. Зеро яке аз сабабҳои асосии майл пайдо кардани ҷавонон ба хурофот, ифротгароӣ ва радикализми динӣ маҳз бесаводист. Зуҳуроти номатлуб ва хатарноки зикршуда тафаккури мардум, хусусан наврасону ҷавонони камтаҷрибаро заҳролуд карда, онҳоро ба ҷаҳолат мебарад, зиндагии ҷомеаро тираву торик месозад ва боиси қафомонии давлат аз роҳи пешрафт мегардад. Роҳбари давлат такроран таъкид намуданд, ки хурофот ҷаҳолат аст ва ҷаҳолат ба инсон ғайр аз бадбахтӣ чизи дигаре дода наметавонад.
Инчунин, Пешвои муаззами миллат таъкид доштанд, ки ҷавонон  бояд бештар ба илмҳои муосир рӯ биоранд. Масалан, имрӯз бисёр кишварҳо техникаву технологияҳоро аз давлатҳои аз лиҳози илму техника пешрафта  мехаранд. Пас барои чӣ мо наметавонем, ки иқтидори зеҳнии худро ба кор андохта, техникаву технологияҳои заруриро эҷод ва истеҳсол намоем, то ин ки дастнигари дигарон набошем? Аз ин лиҳоз,  ҷавонон мебояд босаводу маърифатнок бошанд. Ҳамчунин, дар ин масъала нақши падару модарон муҳим буда, вазифаи онҳо танҳо ба дунё овардани фарзанд нест, балки тарбия ва фароҳам намудани шароит барои таълим ва рушди фарзанд аст. 
Дар иртибот ба ин, мутахассисон бар он ақидаанд, ки барои ба камол расондани ҷавонони  лаёқатманду  соҳибистеъдод,   забондон ва донандаи  технологияҳои муосир, пеш аз ҳама, муҳайё сохтани шароити мусоиди маишӣ ва донишандӯзӣ нақши ҳалкунанда мебозад. Имрӯзҳо мутаассифона, баъзе падару модарон фикри ҳамаи чизро мекунанд, ғайр аз муҳайё кардани шароити зарурӣ барои таҳсилу саводнок шудани фарзанди худ ва ин корро ба мактабу омӯзгор ҳавола мекунанд, ки ин проблема якҷониба ҳалли худро намеёбад.
Ҳар мулоқоти Роҳбари давлат барои мо – ҷавонон дарси тарбиявӣ, худшиносию худогоҳӣ ва ватандӯстӣ аст.  Пас, мо дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бояд дар ҷодаи таҳсили илм ва аз бар намудани технологияҳои ҳозиразамон саъй намуда, бо дониши худ  дар рушду равнақи Ватани азизамон саҳми бориз гузорем. 
 
Нигина РАҲМОН, «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2021    №: 125    Мутолиа карданд: 630
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед