logo

иҷтимоиёт

ШАҲРИ ОРМОНҲОИ ШИРИНШОҲ. ДУШАНБЕ ЧӢ ГУНА АЗ ДЕҲАИ ХУРД БА ЯК ШАҲРИ ЗЕБО ТАБДИЛ ЁФТ?

Душанбе – шаҳри орзуву ормонҳои ширини Шириншоҳ Шоҳтемур, Қаҳрамони  Тоҷикистон, аз рӯзҳои нахустин чун пойтахти Тоҷикистон бунёд ёфтанаш, ӯро ба оғӯш гирифт. Шоҳтемур дар бунёди ин шаҳр, инфрасохтори он хишти аввал гузошта, беҳтарин лаҳзаҳои ҳаёти  кӯтоҳаш дар ҳамин ҷо сипарӣ шудаанд. Ӯ 25 - сола буд, ки чун намояндаи расмии  ҳукумати  марказӣ ба ин ҷо омад. 
Қурбон Аламшоев, муҳаққиқи рӯзгор ва фаъолияти сиёсӣ-давлатии  Шириншоҳ Шоҳтемур, зикр мекунад, ки «аз байни аъзои Кумитаи инқилобии Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аввалин нафаре, ки ба таври  расмӣ ба Душанбе омадааст,  Шириншоҳ Шоҳтемур буд». Муҳаққиқ бо такя ба ҳуҷҷатҳои бойгонӣ дар асараш «Шоҳтемур – номуси миллат» овардааст, ки дар маҷлиси аввалини Кумитаи инқилобии навташкилёфтаи Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (7 декабри соли  1924) дар баробари даҳ масъалаи ҳаётан муҳими ояндаи Тоҷикистон масъалаи кӯчондани Кумитаи инқилобӣ ба маркази ҷумҳурӣ – Душанбе низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Баъди муҳокимарониҳо Кумитаи инқилобӣ, аз ҷумла чунин қарор қабул кард: «Узви Кумитаи инқилобӣ рафиқ Шоҳтемур барои омодасозии биноҳо барои Ҳукумат ва муассисаҳои марказӣ ба шаҳри Душанбе сафарбар карда шавад, барои кӯчондани дастгоҳи марказӣ ва  ташкили пойтахт ӯ бо маблағи 10000  рубл таъмин карда шавад.
Дар вақти набудани ӯ иҷрои вазифаҳояш дар ҷои кор ба зиммаи  рафиқон Қурбӣ ва Нисор Муҳаммадов гузошта шавад...».
Ҳарчанд дар қарори мазкур Душанбешаҳр ном бурда шуда бошад ҳам,  тавре Павел  Лукнитский дар  китобаш – «Тоҷикистон» (соли 1957)  менависад, он солҳо Душанбе ҳанӯз шаҳр набуд. Дар ин ҷо боқимондаи як деҳаи қадимӣ вуҷуд дошт, ки он ҳам дар натиҷаи муҳосираи чандинмоҳаи дастаҳои босмачигарии Иброҳимбек ва Эшони  Султон ва муқовимати онҳо бо аскарони сурх хеле хароб шуда буд. Агарчӣ бо такя ба тасвири афсари рус Литвинов, ки соли 1894 ба Бухорои Шарқӣ омада будааст,  П. Лукнитский  нуфузи  Душанберо он солҳо  андаке зиёдтар аз 500 хонавода гуфта бошад ҳам, дар  соли 1924 дар ин ҷо ҳамагӣ 42 хонавода бо 250 нафар зиндагӣ мекардааст. 
Вақте ки Шоҳтемур чун намояндаи Ҳукумати шӯроҳо ба Душанбе омад, дар ин ҷо ба ҷуз бинои гарнизони 13-уми полки тирандозии кӯҳӣ (дар ҷои собиқ бинои Осорхонаи миллии Тоҷикистон) дигар ягон иморати хиштину деворҳояш сафедкардашуда ба  назар намерасид. Машкобҳо ба сокинони Душанбе бо машкҳо аз дарё об мекашонданд. Дар тамоми  Душанбе як фонуси каросинӣ мавҷуд буд, ки он ҳам дар як канори бозор даргиронда мешуд. Умуман, инфрасохтори Душанбе ба талаботи  шаҳрсозӣ мутобиқат  намекард. Вале Шириншоҳ Шоҳтемур ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, тавонист  Душанберо дар муддати кӯтоҳ барои қабули Ҳукумати миллӣ омода намояд. Ӯ, ки аз байни халқ баромада буд, бо бошандагони деҳа ва гирду атрофи он зуд забон ёфта, аз байнашон барои сохтмони иншооти аввалини  шаҳри оянда коргарон, устоҳои гулдастро ба кор ҷалб намуд. Тавре Павел Лукнитский менигорад: «Сохтмони  «қишлоқи наркомҳо» дар ҷои тамоман холӣ сар шуд». Аввалин ошхонаи ҷамъиятӣ, хобгоҳ, амбулатория, касалхонаи хурд, мактабҳои ибтидоӣ, нашриёти давлатӣ бунёд меёфтанд. Корвони уштурҳо таҳти посбонии аскарони сурх аз дашту кӯҳҳо гузашта, ба Душанбе асбобҳои хоҷагии қишлоқ, озуқа, мол, доруворӣ, масолеҳи бинокорӣ меоварданд. Пас аз як сол дар пойтахти Тоҷикистон мактаби русии чорсинфдор, курси семоҳаи муаллимтайёркунӣ, курси ходимони  советӣ, адлия ба кор сар карданд. 28 нафар нахустин омӯзгорони тоҷик дар аввалин курси муаллимтайёркунӣ омода шуда, дар се мактаби  ибтидоии якумини типи нави пойтахт 120 кӯдакро ба  таълим  фаро гирифтанд. Сохтмони якумин неругоҳи барқи дизелӣ, осиёб, заводҳои равғанбарориву собунпазӣ оғоз ёфт. Хонаҳои истиқоматӣ, кӯчаҳо, роҳҳо бунёд мешуданд, аэродром дар беруни шаҳр самолёт қабул мекард. Роҳи  оҳан ҳам ба Тирмиз расида, торафт ба Душанбе наздик меомад. Шабакаи обёрӣ ташкил шуда, аввалин ниҳолҳо шинонда мешуданд. Заводи пахтатозакунӣ ҳам ба кор даромад. Аҳолии Душанбе аввали соли 1925 ба 5600 нафар расид.
Баҳори соли 1925 роҳбарияти Кумитаи инқилобӣ ва вазоратҳо ба Душанбе омаданд. Бо ҳамин номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар таърихи нави Тоҷикистон чун шахсе, ки Душанбе – пойтахти давлати тоҷиконро чун деҳа қабул карда, ҳамчун шаҳр ба роҳбарияти Кумитаи инқилобӣ супурд, абадан сабт гардид.
15 марти соли 1925 дар Душанбе воқеаи дигари таърихӣ – ботантана эълон гардидани ташкили Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии  Сотсиалистии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст. Ба Душанбе ҳайати намояндагон аз тамоми манотиқи Тоҷикистон омада расиданд. Ҳайати намояндагони Помир бо роҳбарии раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони навтаъсис Сайфулло  Абдуллоев дар муддати 2 моҳ худро ба пойтахт расонд. Барои намояндагон аз Панҷакент лозим омад, ки бо ин мақсад яку ним моҳ, аз  минтақаҳои наздиктар бошад, дар ним моҳ ва аз он ҳам камтар роҳ  паймоянд. Дар назди ҳозирон барқияи табрикии Котиби  генералии Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Иттиҳоди Шӯравӣ И. В. Сталин ироа шуд: «Салом ба меҳнаткашони Тоҷикистон – ҷумҳурии нави шӯравӣ дар назди  дарвозаи Ҳиндустон... Шумо ворисони арзандаи ниёгони худ ҳастед, ки парчами  озодиро дар дасти худ мустаҳкам нигоҳ медоред...».
Баъди 12 сол, 28 феврали соли 1937, Шириншоҳ Шоҳтемур, раиси КИМ -и Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар Анҷумани  фавқулодаи Шӯроҳои ҷумҳурӣ  аз он солҳо ёдовар шуда, зикр кард, ки чӣ тавр тоҷикон тавонистанд  дар як муддати кӯтоҳ дар ҷои холӣ пойтахти давлаташонро бунёд кунанд. Ӯ бо фараҳмандӣ ва ифтихор гуфт, ки акнун пойтахти  мамлакат дорои фурудгоҳ, роҳи оҳан, роҳҳои автомобилии асфалтпӯш, кӯчаву хиёбонҳои зебо, хонаҳои бисёрошёна, мағозаҳо, бозорҳо, фабрикаву заводҳо буда, сохтмони  иншооти калон, мисли комбинати бофандагӣ ва заводи семент оғоз ёфтааст... 
Дар ин ҷо мактабҳои бисёр, беморхонаҳо, мактабҳои олӣ фаъолият дошта, китобҳо, рӯзномаву маҷаллаҳои гуногун нашр  мешаванд...
Ин тақрибан 85 сол пеш буд. Имрӯз Душанбе хеле  пешрафта аст. Насли имрӯз барҳақ аз он ифтихор дорад, ки пойтахти кишвари азизамон босуръат тараққӣ карда, ба шаҳри зебое табдил ёфта, воқеан, зебандаи маркази ҷумҳурӣ мебошад. Пойтахти мамлакатамон – шаҳри Душанбе бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иқдомҳои нав ба нави раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ рӯз ба рӯз гулгулшукуфон гардида, ҳусни нав мегирад, ки муҷиби сарфарозии ҳар як тоҷику тоҷикистонист. Имрӯз аз кӯчаву хиёбонҳои гулпӯши пойтахти кишварамон, ки хишти аввали онро Қаҳрамони Тоҷикистон – Шириншоҳ Шоҳтемур гузошта, бо саъю кӯшиши фарзандони фарзонаи миллатамон намои дилкашро касб кардааст, гузар карда, беихтиёр ба забон меорам:
Аҷаб шаҳри дилороӣ, Душанбе,   
Хаёлам, зеби дунёӣ, Душанбе. 
         
Дилрабо РАҶАББЕКОВА,
ноҳияи Шуғнони ВМКБ
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 23.06.2021    №: 125    Мутолиа карданд: 844
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед