Хабарҳо
Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Канслери Олмон Ангела Меркел зимни гуфтугӯи телефонӣ бо Президенти Россия Владимир Путин вобаста ба бадбахтиҳо ва азобу шиканҷаҳои бешумор, ки режими фашистии Олмон бо оғози ҷанг ба сари мардуми шӯравӣ овард, изҳори ҳамдардӣ намуд,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
ТАСС. Ҳафтаи гузашта дар ҷаҳон зиёда аз 2,5 миллион мубталоёни коронавирус ва 64 ҳазор ҳолати марг ба қайд гирифта шуд. Дар муқоиса бо ҳафтаи пешин, беморӣ 6 дарсад ва фавт 12 дарсад коҳиш ёфтаанд, - хабар медиҳад СҶТ.
Мир24. Дар пойтахти Қазоқистон маҳдудиятҳои карантиниро сахттар месозанд. Бо қарори комиссияи байниидоравӣ тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо ва мағозаҳо пеш аз муҳлати муқаррарӣ маҳкам мешаванд ва шаҳрвандони эмнашударо метавонанд ба ҷои кор роҳ надиҳанд.
ТАСС. Дар ИМА мардеро бо гумони таҳдид кардан ба куштори Президенти кишвар Ҷо Байден ва аъзои Конгресс дастгир намуданд. Дар ин бора Вазорати адлияи ИМА хабар медиҳад.
Баёни ақида (0) Санаи нашр: №: Мутолиа карданд: 991