logo

Хабарҳо

«Толибон» гузаргоҳи асосии марзи Афғонистону Тоҷикистонро тасарруф намуданд

Газета. Ру. Ҷангиёни ҳаракати ифротии «Толибон» гузаргоҳи асосии сарҳадии байни Афғонистону Тоҷикистон – бандари Шерхонро дар вилояти Кундуз зери тасарруфи худ дароварданд,- хабар медиҳад шабакаи телевизионии Al Jazeera.
«Дирӯз, пас аз як соати муҳориба «Толибон» бандари Шерхон, шаҳр ва ҳамаи посгоҳҳои сарҳадӣ бо Тоҷикистонро забт намуданд», - изҳор дошт Халиддин Ҳакимӣ, узви шӯрои вилоят.
Ин иттилоъро яке аз намояндагони «Толибон» низ таъйид намуд. Тибқи хабари шабакаи мазкур, баъзе аз хизматчиёни неруҳои амниятии Афғонистон посгоҳҳои худро тарк ва тариқи марз фирор карданд. 
 
 
СҶТ штамми коронавируси ҳиндиро марговартарин хонд
CentralAsia (CA). – Созмони ҷаҳонии тандурустӣ изҳор намуд, ки шакли нави коронавирус – штамми ҳиндӣ, ки онро «варианти делта» низ мегӯянд,  зудтаъсир  мебошад. Он барои нафарони нотавону заиф ва, алалхусус, дар маҳалҳое, ки сатҳи эмкунии зидди коронавирус паст аст, хатарнок дониста мешавад, - менигорад CNBC.
Бино ба ақидаи намояндаи СҶТ Майк Райан, «шакли делта» бештар марговар буда, аз одам ба одам зуд мегузарад ва, билохира, ашхоси заифро мубталои худ мегардонад.
Райан гуфт, ки роҳбарони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ва намояндагони ҷамъиятҳои тандурустӣ аз ҳисоби хайрияву паҳн кардани ваксинаи зидди коронавирус метавонанд барои ҳифзи саломатии чунин одамон ёрӣ расонанд. 
 
Гуфтугӯи телефонии Путин бо Президенти Куба
Газета. Ру. Бо ташаббуси ҷониби Куба гуфтугӯи телефонии Президенти Россия Владимир Путин ва Президенти Куба Мигел Диас-Канел Бермудес баргузор гардид,- хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Бино ба гуфтаи Диас-Канел Бермудес, ИҶШС дар ғалаба бар фашизм саҳми бориз гузошт ва Куба қаҳрамониҳои шаҳрвандони шӯравиро пос медорад.
 
 
Туркия ваксина бар зидди коронавирус офарид
Лента. ру. Президенти Туркия Раҷаб Тайип Эрдоган оид ба кашфи аввалин ваксинаи ватанӣ бар зидди коронавирус бо номи Turkovac эълом дошт, - хабар медиҳад агентии хабарии Anadolu.
Ваксина марҳилаи сеюми озмоиши клиникиро мегузарад. 
Аз рафти эмгузаронӣ Президенти кишвар Раҷаб Тайип Эрдоган тариқи алоқаи видеоӣ назорат мекард.  Ӯ  сарфи назар аз хориҷи мамлакат ворид шудани мавод, муҳимияти мавҷуд будани ваксинаи худиро таъкид дошт.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 1044
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед