logo

сиёсат

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО РОҲБАРОНИ ҲАЙАТҲО - ИШТИРОКЧИЁНИ ВОХӮРИИ 16-УМИ КОТИБОНИ ШӮРОҲОИ АМНИЯТИ КИШВАРҲОИ АЪЗОИ СҲШ

23 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳо - иштирокчиёни вохӯрии 16 - уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхайро ба ҳузур пазируфтанд.
 
Дар мулоқот мушовири Сарвазири Ҳиндустон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Довал Аджит, ёрдамчии Президент – котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қазоқистон Асет Исекешев, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Қирғизистон Марат Иманкулов, мушовири Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ Юсуф Моид, котиби Шӯрои амнияти Федератсияи Россия Николай Патрушев, котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода, муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бобур Усманов ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Ҷумъахон Ғиёсов иштирок карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун раиси кунунӣ дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нишасти имрӯзаи сарварони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзо аҳамияти калон медиҳад.
Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар муборизаи дастҷамъона бар зидди шиддати таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, сепаратизм, радикализми динӣ, хатарҳои афзоиши ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии силоҳ ва маводи мухаддир, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай метавонад дар таъмини амнияти минтақавӣ ва таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзо дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, нақши муҳим дошта бошад.
Дар мулоқот ҳамкории кишварҳои аъзо дар самти таъмини амнияти боэътимоди иттилоотӣ, муборизаи муштарак бар зидди ҷиноятҳои киберӣ ва вобаста ба вазъи пандемияи коронавирус масъалаҳои амнияти биологӣ ва озуқаворӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин, вазъи имрӯзаи низомиву сиёсии Афғонистон ва тамоюлҳои ташвишовари шиддат гирифтани он мавриди таваҷҷуҳи хоссаи ҷонибҳо қарор дошт.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни вохӯрии 16-уми котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай барори кор орзу карда, бо итминон изҳор доштанд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза дар марҳилаи муҳими омодагӣ ба саммити Душанбе дар соли 2021, пурсамар хоҳанд буд ва барои пешрафти масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ хидмат хоҳанд кард.
 
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2021    №: 126    Мутолиа карданд: 584
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед