logo

фарҳанг

ДУ РӮЗИ ХОТИРМОНИ ЯК АСР

Бо ин ки аз умри устод Мирзо Турсунзода 110 сол сипарӣ гаштааст ва наздики 44 сол ҷисман бо мо нест, ҳанӯз ҳам маҳбубияту шуҳраташ андаке ҳам кам нагардидааст. Баръакс, муҳаббаташ ҳамасолаву ҳамарӯза дар дили дӯстдорони шеъри нобу олияш меафзояд.
 
Баргузории озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон– рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ва ҷамъбасти он ин ҳақиқати бебаҳсро бори дигар собит сохт. Воқеан, ғайричашмдошти мо ин озмуни ҷумҳуриявӣ ба озмуни байналмилалӣ табдил ёфт. Матлабҳои ирсолнамудаи муаллифон аз кишварҳои Россия, Ӯзбекистон, Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон ҳама саршори меҳру муҳаббат, самимияту садоқат ба ин шахсияти таърихӣ ва хидматҳои мондагору шеъри асилаш буданд. Мисолҳои оварда аз ашъори шоири тавонои тоҷик ин ҳақиқатро таъкид менамуд, ки маҳсули эҷодаш ҳанӯз ҳам дархӯри дардҳои замон ва муҳаббаташ ба мардуми ҷаҳон мебошад. Дар гӯшу зеҳни мо, махсусан ин байтҳои устод бо овози нарму ширадораш садо медоданд:
То тавонӣ, дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубонро гум макун.
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосонкункасонро гум макун.
Халқи олам дӯст бо мо гаштааст,
Ваҳдати халқи ҷаҳонро гум макун.
 
Озмун ва ҷамъбасти он бо ин дӯстон шукӯҳи дигар гирифт, ки як умр аз хотирҳо нахоҳад рафт. Ин шоири оламшумул пас аз 110 сол боз тавонист, ки сабабгори ҷамъоварии дӯстон бигардад ва мақоми ваҳдату якдилиро бори дигар бозгӯ бикунад.
Ҷамъбасти ин маъракаи муҳими сиёсиву фарҳангӣ дар арафаи Ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ бисёр мувофиқ, мақсадноку пурманфиат буд. Ин ҳақиқат боз аз нав собит гашт, ки устод Мирзо Турсунзода бештару беҳтар аз ҳама шоири ваҳдатсаро мебошад, барои истиқлол, сулҳ ва пойдории он саъю талошҳои зиёду хотирмон кардааст. 
Ҳамроҳи шахсиятҳои маъруфи кишвар, ғолибони ин озмун дар ноҳияи Шаҳринав дар пояи ҳайкали устоди зиндаёд 18 июни соли равон расми гулгузорӣ анҷом пазируфт. Меҳмононро намояндагони сокинони ин ноҳия бо гулу гулдастаҳо ва нону намак пешвоз гирифтанд. Аз симои ҳар яке самимият ва муҳаббат ошкор буд. Бо устод Мирзо Турсунзода ифтихор менамуданд ва шеърҳои ӯро қироат мекарданд.
Устоди равоншод на танҳо ин мавзеъ, яъне водии Ҳисор, балки тамоми Тоҷикистонро ба ҷаҳониён шиносонду шуҳрат бахшид.
Қурбоналӣ Раҳмонзода, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷумҳурият», Ҷаббор Носирзода, раиси ноҳияи Шаҳринав, Шарифҷон Ҷумъазода, раиси шаҳри Ҳисор, зимни суҳбату вохӯриҳо аз мақоми воло, хидматҳои мондагор ва шеъри ноби устоди зиндаёд ёдовар шуданд ва таъкид доштанд, ки арҷгузорӣ ба ин шахсияти беназири таърихӣ вазифаи ҳар нафар шаҳрванди кишвар ва дӯстдору ҷонибдори сулҳу ваҳдат, истиқлоли комил маҳсуб мешавад. Ҳамчунин, бо шукргузорӣ таъкид шуд, ки мо насли хушбахте ба шумор меравем, ки амалӣ гардидани орзуҳову ормонҳои ин фарзонафарзанди миллат ва ҷаҳонро шоҳид шудаем.
Дар ҳақиқат, устод Мирзо Турсунзода муваффақ гардид, ки ба қитъаҳои бузурги олам – Осиёву Африқо башорати сулҳу ваҳдатро бидиҳад ва дар бедориву хештаншиносии сокинонаш саҳми бориз бигирад.
Ҳузури Масрур Абдуллозода, мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, устодоне чун Низом Қосим, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Абдулҳамид Самад, Нависандаи халқии Тоҷикистон, Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон, Убайдулло Раҷабов, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, Зафар Мирзоён, Раҷабалӣ Қудратзода, Ҷумъахон Темурзода, Субҳони Аъзамзод, Амина Шарофиддинова (Ӯзбекистон), Шаҳрияи Аҳтамзод, Сурайё Ҳакимова, Саидмурод Расулӣ, Қурбоналӣ Раҳимов, Сулаймон Эрматов, Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар (Афғонистон), Тоҳир Мамадризоев ва дигар адибону рӯзноманигорону пажӯҳишгарон ба маҳфилҳо шукӯҳи тоза бахшиданд. Бо таъкиди онҳо, воқеан, устод Мирзо Турсунзода узви ҳар хонадони мо гардидааст. Бо шеъри ӯ ба воя расидаем ва ин сарзамини азизу Ватани маҳбубамонро дӯст доштаем. Бо шеъри ӯ дарёфтаем, ки ҷаҳон дар он рӯзгори пешин чӣ гуна буд ва халқи мазлуми Осиёву Африқо барои озодӣ, истиқлол чӣ тавр талош варзиданд ва дар ин роҳ ҳатто аз марг ҳарос надоштанд. Албатта, ин маҳбубият ва ҷойгузинӣ дар дилҳо барои устод табиист. Худ ҳам дар ин маврид содаву равон, бе ҳеҷ такаллуф, баён доштааст:
Касе, ки боварии халқро арзанда 
мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро 
зебанда мегардад.
Аҳли адабу сиёсат ва рӯзноманигорон, ҳамчунин, иброз доштанд, ки «бузургонро бузургони дигар поянда медоранд». Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хидматҳои шоиставу мондагори Мирзо Турсунзодаро барои миллат ва пойдории сулҳу ваҳдату истиқлол дар ду қитъаи бузурги олам бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон қадрдонӣ намуданд.
Ошноӣ бо қалъаи Ҳисор ва таърихи он бозгӯи ин ҳақиқат буд, ки устоди равоншод дар чӣ гуна мавзеъ ва давраи пуртаҳлука ба дунё омадаву муддате зистааст.
Фардои он рӯз, яъне 19 июн, озмун дар кохи барҳавои «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода ҷамъбаст гардид.
Пеш аз он бо ашёи нодиру таърихии осорхонаи шаҳр ошно гардидем.
Дар ин шаҳр низ сухан аз устоди зиндаёд ва шеъри ӯ буд.
Парвиз Акрамзода, раиси шаҳр ва Фахрия Бобоҷонзода, муовини раиси шаҳр, зимни ёдоварӣ аз хидматҳои беназири устод иброз доштанд, ки барои ҳар сокини ин макон боиси ифтихор мебошад, ки шаҳр номи Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзодаро дорад. Ҳамчунин, суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро иқтибос намуданд: «Шеъри Мирзо Турсунзода - шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ намунаи дурахшони хизмати содиқонаи як фарди зиёӣ ба нафъи халқу Ватан мебошад».
Маврид ба зикр мебошад, ки дар  ҳама ҷо - чи Ҳисору Шаҳринав ва чи Турсунзода барномаҳои фарҳангӣ пурмуҳтаво  ва дар сатҳи баланд омода гардида буданд. Сурудҳо бар матни ашъори Мирзо Турсунзода маҳфилҳоро шукӯҳи тоза мебахшиданд.
Барномаи дигари фарҳангӣ дар лаби рӯди Қаратоғ, рӯди дӯстдоштаи устоди шеър, доир гардид.  Беихтиёр дар ин ҷо бо дидани ин рӯди мусаффо, ки оби ҷонфизо ҳам дорад, зам-зама намуданд:
Рӯди ман, олам дигар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон,
Сарзаминат пурсамар шуд, ту ҳамон астӣ, ҳамон.
 
Ҷамъбасти озмун ин ҳақиқатро бори дигар собит сохт, ки устод Мирзо Турсунзода бо халқ буд ва халқ бо ӯ аст. Ҳамчунин, кору рӯзгораш барои ҳама намунаи ибрат ва дарси хештаншиносист. Аз ин хусус тамоми иштирокдорон, ғолибони озмун гуфтанд. Иқдому ташаббуси навбатии рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав бисёр хуш пазируфтанд ва ба баргузории чорабинии мазкур баҳои баланд доданд. Воқеан, ин ду рӯз, рӯзҳои таърихӣ ба шумор мераванд ва нақшашон дар хотирҳо барои як умр мемонаду зудуда намешавад.
 
Абдулқодири РАҲИМ, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2021    №: 126    Мутолиа карданд: 1803
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед