logo

туризм

САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ ОМИЛИ ПЕШТОЗИИ ИҚТИСОДИСТ

Масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати давлатии соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои сайёҳӣ дар вилоят Суғд, саҳми сайёҳии экологӣ дар ҳифз ва муаррифии объектҳои табиӣ, таъмини бехатарии сайёҳон ҳангоми сафар, сайёҳии зиёратӣ дар муаррифии объектҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, омода намудани мутахассисони соҳаи сайёҳӣ, имкониятҳои ташкили хатсайрҳо бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди самараноки фаъолияти сайёҳӣ дар конференсияи миллии сайёҳӣ таҳти унвони “Сайёҳии дохилӣ – омили рушди иқтисодӣ”, ки дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Чорабинӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади татбиқи ҳадафҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуд. Дар кори ҳамоиш намояндагони Кумитаи рушди сайёҳӣ, вазорату идораҳо, суъбектҳои хизматрасони сайёҳӣ ва ВАО ширкат варзиданд.
Муовини раиси шаҳри Панҷакент Муҳаммадсодир Сафарзода иброз дошт, ки шаҳри бостонии Панҷакент барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва этнографӣ, инчунин, сайёҳии экологӣ мусоид мебошад. Дар ҳудуди шаҳри Панҷакент беш аз 350 ёдгории таърихӣ, манзараҳои нотак-рори табиӣ, мавзеъҳои истироҳатию сайёҳӣ, ба монанди Кӯликалон, Ҳафткӯл ва ғайра мавҷуданд. Дар ин минтақа сайёҳон бештар ба хатсайрҳои кӯҳӣ таваҷҷуҳ менамоянд. Барои ин гурӯҳҳо дар мавзеъҳои машҳури Ҳафткӯл ва Кӯликалон пойгоҳҳои пазироии сайёҳон бо ҳама шароити созгор ташкил шуда, ҳоло бунёди нуқтаҳои қабули сайёҳон дар хатсайрҳои кӯҳӣ идома доранд. Итминони комил дорем, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди мақомоти дахлдор, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, соҳибкорон ва дигар сохторҳои дахлдор татбиқи амалии хешро пайдо намуда, дар рушди сайёҳӣ дар минтақаҳо такони ҷиддӣ мебахшад ва соҳа марҳила ба марҳила ба яке аз соҳаҳои муҳими иқтисодиёт табдил меёбад. 
Абдукарим Қурбонзода, намояндаи Кумитаи рушди сайёҳӣ бо баёни тавсияҳо оид ба беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар сатҳи маҳал таъкид дошт, ки таҳия ва чопи маводҳои таблиғотии соҳа барои ҷалби сайёҳон ва муаррифии мавзеъҳои тамошобоби минтақа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме мабошад, ки бояд рафъ шаванд. Новобаста аз он ки ширакатҳои сайёҳӣ бо назардошти хатсайрҳо ва барномаҳои хеш маълумотҳо таҳия ва нашр мекунанд, талабот ба маълумоти вобаста ба объектҳои хизматрасонӣ хеле зиёд боқӣ мемонад. Агар мо ҳамагӣ 1000 дона маълумот нашр намоем, талабот вобаста ба гардиши сайёҳон ба минтақаҳои сайёҳии мамлакат бамаротиб меафзояд. Бино ба натиҷаҳои як таҳлил, ки Кумитаи рушди сайёҳӣ анҷом дод, муаррифгари асосии захираҳои сайёҳии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма мебошанд. Дар ин замина бо ташаббуси кумита дар соли равон инфотуру пресс - турҳо ба минтақаҳои сайёҳии  Кӯлобу дараи Ромит ва водии Зарафшон ташкил гардида, чунин чорабиниҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ роҳандозӣ мегарданд. Инчунин, яке аз воситаҳои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳӣ метавонанд шабакаҳои иҷтимоӣ бошанд. Ин воситаро ҳар нафари ватандӯсту соҳибфарҳанг метавонад, мустақилона пеш гирад.
Шодмонқул Сангинов, раиси ширкати сайёҳии «Саёҳати Ҳафткӯл» зимни баромади худ дар конференсия бо таассуф изҳор дошт, ки агар 10 нафарро пурсем, ки Хафткӯлро дидаед, ҷавоби нуҳ нафарашон не хоҳад буд. Бинобар ин, мо мехоҳем сайёҳиро аз рушди сайёҳии дохилӣ шурӯъ намоем. Ба ин Ҳукумати мамлакат, Кумитаи рушди сайёҳӣ, шуъбаи рушди сайёҳии вилоят ва бахши сайёҳии шаҳр ҳам аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Ҳоло ки сарҳадҳо бастаанд, бо роҳи рушди сайёҳии дохилӣ метавонем каме ҳам бошад, ширкатҳои сайёҳиро дастгирӣ кунем. Хуб мешуд, ки чунин семинарҳо дар пойгоҳҳои сайёҳии Артуч ё Ҳафткӯл доир мешуданд ва бо ин ширкатдорон дар баробари иштирок дар конфронс аз мавзеъҳои зебои табиӣ дидан мекарданд. 
Дар кори ҳамоиш, ҳамчунин, масъулони мақомот ва роҳбарони субъектҳои хизматрасонӣ вобаста ба имкониятҳои мусоиди ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ дар шаҳри Панҷакент, иқтидори табиӣ, экологӣ, аграрӣ ва таърихию фарҳангии шаҳр ҳамчун омили рушди туризми экологию аграрӣ ва имкониятҳои ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ мубодилаи афкор намуданд.
 
Шаҳноз ҚУРБОН,  «Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2021    №: 126    Мутолиа карданд: 6814
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед