иқтисод
ЭЛЕКТРОМОБИЛ – САМТИ РУШДИ ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили шароити вобаста ба пандемияи COVID - 19 масъалаи аз як қатор давлатҳо манъ шудани воридоти баъзе молу маҳсулотро зикр намуда, зарурати андешидани тадбирҳои заруриро дар ин самт таъкид намуданд. Яке аз тадбирҳои муҳими раҳоӣ аз вобастагии маҳсулоти воридотӣ иваз кардани сӯзишвории нақлиёт ба неруи барқ аст.
Дар робита ба ин иқдоми тайи ду соли охир амалинамудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати ворид намудани нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонӣ ва ба истифода додани он дар пойтахт намуна буда, ин равандро бояд ҳамаҷониба дастгирӣ ва барои ҳарчи бештар тавсеа бахшидани он тадбирҳо андешидан лозим аст.
Вазъияти моҳи марти имсол бо воридот ва таъминоти сӯзишворӣ дар ҷумҳурӣ баамаломада, ки эътидоли ҳаёти ҷомеаро як навъ халалдор намуд, боз ҳам аҳамияти ин андешаро собит месозад.
Самти стратегие, ки метавон атрофи он мулоҳиза кард, ин истифодаи васеи молу маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшуда ба ҳисоб рафта, яке аз ин самтҳо истифода аз электромобилҳо ва дигар воситаҳои нақлиётии барқӣ, яъне истифодаи неруи барқ ба ҷойи маводи сӯхт мебошад.
ШУМОРАИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ МЕАФЗОЯД
Тибқи маълумот (соли 2019) танҳо дар пойтахти мамлакат 559 автобус ва троллейбус, инчунин, 1654 микроавтобус ва 2629 такси, дар маҷмӯъ, 4842 воситаи нақлиёт ба шаҳрвандону меҳмонони пойтахт хизмат мерасонанд.Ҳама воситаҳои нақлиётӣ (дигар ҷанбаҳо ҳанӯз мустасноанд), аз ҷумла ҷамъиятӣ, кишоварзӣ, боркашонӣ ба маҳсулоти нафтӣ ниёз дошта, эҳтиёҷот ба он мунтазам меафзояд.
Соли гузашта 532 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ (тақрибан 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ) ворид шудааст, ки нисбат ба соли 2019 қариб 18 дарсад бештар аст. Ин раванд вобастагии ҷумҳуриро аз маҳсулоти воридотӣ бештар ва эътидоли ҳаёти ҷомеаро халалдор месозад.
БАРҚРО СОДИРОТ МЕНАМОЕМ
Истеҳсоли миёнаи солонаи неруи барқ дар Тоҷикистон, 19,8 миллиард кВт - соатро ташкил дода, дар мавсими тобистон то 3-7 миллиард кВт соат нисбат ба талабот барзиёд истеҳсол мешавад.
Содироти он беш аз 56,4 миллион долларро ташкил додааст (Агентии омор). Минбаъд бошад, ҷумҳурӣ ба содиркунандаи неруи барқ, бахусус барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, табдил хоҳад ёфт.
АФЗАЛИЯТИ ДИГАР: САҲМИ БЕШТАР ДАР ТАТБИҚИ «ИҚТИСОДИЁТИ САБЗ»
Ҷумҳурии мо аз кишварҳоест, ки дар самти истеҳсол ва истифодаи молу маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза аз афзалияти хосса бархӯрдор аст. Дар баробари ин, ҷумҳурӣ метавонад тавассути истифодаи мошинҳои барқӣ татбиқи «иқтисодиёти сабз» - ро бештар воқеӣ гардонад ва мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам болотар барад.
Моҳи сентябри соли 2015 СММ роҳи рушди устуворро то соли 2030 эълон кард. Зиёда аз 150 кишвар ин барномаро имзо карданд, ки тибқи муҳтавои он рушди пайвастаи иқтисодӣ барои вазъи экологии сайёраи мо оқибатҳои фалокатовар дошта, ба ҳар як давлат тавсия дода шудааст, ки якҷо бо бахши хусусӣ харитаи роҳнамунсози коҳиш додани миқдори партоби гази карбон ба атмосфераро таҳия намоянд.
Дар Олмон, Норвегия, Амстердам истифодаи мошинҳои бо маводи сӯхт манъ ва ё нақшаи тамоман даст кашидан аз онҳоро доранд.
ТАҶРИБАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИСТИФОДАИ МОШИНҲОИ БАРҚӢ
Имрӯзҳо истифодаи электромобил - мошинҳои барқӣ дар аксар кишварҳо маъмул шудааст. Тибқи маълумоти Агентии байналмилалии энергетикӣ Норвегия дар рейтинги «кишварҳои пешсафи шумораи мошинҳои барқӣ» ҷои аввалро ишғол мекунад. Аз шумораи умумии мошинҳои нави солҳои 2016 ва 2018 дар Норвегия фурӯхташуда, мутаносибан 60% ва 31% - и онро мошинҳои барқӣ (баландтарин нишондиҳанда дар ҷаҳон) ташкил додааст, ки ин аст.
Дар ду сол воридоти мошинҳои барқӣ (аз Чин, Корея, Гурҷистон, ИМА ва Олмон) ба Ӯзбекистон даҳ маротиба афзуда, соли 2018 он 13 , соли 2019 - 39 ва соли 2020 – 131 (ба маблағи 2,9 миллион доллар) ададро ташкил додааст.
ТРАКТОРИ БАРҚӢ
Пешсолорони саноати ҷаҳонии автомобилсозӣ ва мамлакатҳои бузурги ҷаҳон таваҷҷуҳашонро ба истеҳсол ва истифодаи тракторҳои барқӣ, автобусҳои барқӣ ва ҳатто мошинпартовҳои барқӣ зиёд менамоянд.
Fendt e100 Vario аввалин намунаи трактори барқӣ буда, имкон дорад, ки дар шароити воқеӣ то панҷ соат бо манбаи энергия, тавассути батареяи пуриқтидори 650 В бо иқтидори тақрибан 100 кВт кор кунад.
Тракторе, ки бо батарея кор мекунад, барои ба таври назаррас коҳиш додани партоби дуоксиди карбон - CO2 мусоидат менамояд. Агар хоҷагӣ аз неруи барқароршавандаи худ истифода барад, хароҷоти мошин коҳиш ёфта, партоби CO2 бошад, ба сифр баробар хоҳад шуд. Хароҷоти таъмирсозӣ ва муҳлати давомнокӣ коҳиш меёбад, зеро филтрҳо, равғанҳо, равғани муҳаррик, моеи AdBlue ё сӯзишвории дизелӣ ва бисёр дигари ҷузъҳои марбут ба технологияи анъанавӣ дигар лозим намешаванд.
ИМТИЁЗҲОИ СОҲА
Сирри муваффақияти Норвегия дар имтиёзҳои пешниҳоднамудаи ҳукумат буда, мошинҳои барқӣ аз андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз хариди ин навъ мошинҳо озоданд. Масалан, дар бозори Норвегия мошини навъи Volkswagen eGolf бо муҳаррики электрикӣ нисбат ба намуди муқаррарии мошини Golf бо бензин хеле арзонтар аст.
Дувум, дар минтақаҳои ин кишвар ба соҳибони «мошинҳои сабз» иҷозат медиҳанд, ки аз таваққуфгоҳҳо ройгон истифода намоянд, мошинҳоро бо неруи барқ ройгон пур кунанд ва ҳатто дар баъзе ҷойҳо аз хатсайрҳои махсуси барои нақлиёти ҷамъиятӣ муайяншуда истифода намоянд.
Ӯзбекистон аз соли 2019 ба ҷорӣ кардани нақлиёти барқӣ оғоз намуда, аз 1 январи соли 2019 меъёри боҷи гумрукӣ барои ворид намудани электромобилҳо (коди ТН ВЭД 870380) аксиз барои ворид намудани электромобилҳо ба Ӯзбекистон аз 18 июли соли 2019 ба сифр баробар шудааст.
АФЗАЛИЯТҲОИ КАЛИДИИ ИСТИФОДА АЗ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИИ БАРҚӢ
Ҷорӣ намудани мошинҳои барқӣ илова бар кам кардани партоби миқдори CO2 дар атмосфера, коҳиш додани баландии сатҳи садо дар роҳҳо, баланд бардоштани сатҳи бехатарии нақлиёт, рушди инфрасохтор дар мутобиқат бо роҳандозии электромобилҳо, коҳиш ёфтани хароҷотҳо ва дигар масъалаҳо имкон медиҳад.
Илова бар ин, дар шароити ҷумҳурии мо арзон, дастрас, маҳсулоти худӣ, минбаъд зиёд шудани истеҳсоли неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва зарурати васеъ кардани бозори ин маҳсулоти стратегии ватанӣ, зарурати коҳиш додани вобастагии мамлакат аз маҳсулоти стратегӣ, аммо воридотӣ ва дар ин замина таъмини таҳкимбахшии Истиқлоли давлатӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ муҳим арзёбӣ мегардад. Итминон дорем, ки ин иқдом, бахусус дар соли таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ оғози нек ва марҳилаи нави рушд дар саҳифаи таърихи ҷумҳуриамон хоҳад гардид.
Абдурауф ҶӮРАЕВ
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 24.06.2021 №: 126 Мутолиа карданд: 979