logo

иҷтимоиёт

ҲАФТ ШЕРДИЛ

Шурӯъ  аз солҳои 90-уми асри гузашта бо фарди некзамир, китобдори ҳирфаӣ,  журналист ва муҳаққиқи тоҷик Бекназар Аҳмадов қаробат пайдо намудам.
Солҳои 1992 – 1995, ҳини фаъолиятам дар рӯзномаи «Нидои ранҷбар», бо ин шахсияти нотакрор ҳамкории зич доштам. Хушоянд аст, ки мавсуф мисли равоншод Раҳмон Сафар, ба қавле, тамоми умр дар ҷамъоварии матолиб аз корнамоиҳои ҷангии тоҷикистониён, зафарёрони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 – 1945, кӯшиши зиёде  ба харҷ медод. Он айём бо албомҳои эшон ошно гаштам. Маҳз дар рафти чунин вохӯриҳо, нисбат ба диловарии қаҳрамонони Иттифоқи Советӣ аз Тоҷикистон суҳбати пурмуҳтавое доштем. Боре мусоҳибам ҷӯё шуд: 
- Умаралӣ, чӣ қадар фарзандони Тоҷикистон ба ҷанг рафтаанд?
- Доманаи 300 ҳазор.
- Аз Тоҷикистон чӣ миқдор афсарону сарбозон ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ сарфароз гаштанд? 
- 54 тан.
- Аз ҳисоби мардуми бумӣ чанд нафар?
-14 нафар. Неъмат Қаробоев, Домулло Азизов, Фатҳулло  Аҳмадов, Сафар Амиршоев, Ҳайдар Қосимов, Раҳимбой Раҳматов, Ҳодӣ Кенҷаев, Саидқул Турдиев, Исмат Шарифов, Эргаш Шарифов, Чӯтак  Ӯразов, Тӯйчӣ  Эрйигитов, Исмоил Ҳамзаалиев ва Ӯрунбек Ёқубов.
- Нағз…
- Кӣ якумин шуда ба ин унвони олӣ сарфароз гардидааст?
- Неъмат Қаробоев, соли 1940 дар ҷанги СССР – Финляндия...
- Дар хотир нақш банд, боз ҳафт шердили зафарёр, ҳафт тоҷикписар – Аҳмадҷон Қурбонов, Тохтасин Мирзоев, Тӯйчӣ Назаров, Азим Раҳимов, Амиралӣ Саидбеков, Вилдан Ҳабиев ва Олим Ҳакимов низ  бо ин унвони олӣ мушарраф шудаанд, - афзуд дар фуровард ҳамсуҳбатам.
Аз ин миён, ному насаби ду тан – Амиралӣ Саидбеков ва Аҳмадҷон Қурбонов бароям ошно буд. Аммо, мутаассифона, то ба он рӯз матолибе дар боби қаҳрамонии онҳо нахонда будам. 
Аз ҳамон лаҳза ба ҷустуҷӯи ҳаёти меҳнатию ҷангии зафарёрон ҷадал кардам ва ба оҳистагӣ дар бораи онҳо маълумоти зарурӣ пайдо намудам. Инак, бархе маълумот аз боби шердилони зафарёр.
 
АҲМАДҶОН ҚУРБОНОВ 
(10.10.1921 – 6.2.1945)
Дар маҳаллаи Шерқӯрғон, ноҳияи   Ҷомбой  (ҳозира  Булун-ғур) - и вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон, ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Дар зодгоҳ синфи 7-ро тамом кардааст.
Рабфаки (факултети коргарони) Самарқандро хатм намуда, бо роҳхат ба шаҳри Сталинободи РСС Тоҷикистон меояд. Пас аз хатми курси муаллимтайёркунӣ, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ барои фаъолияти омӯзгорӣ ӯро ба деҳаи Арали ноҳияи Колхозобод (ҳозира Восеъ) мефиристад.
Соли 1940 комиссариати ҳарбии ноҳияи Арал (ҳозира Восеъ) А. Саидбековро дар 19-солагӣ ба сафи Армияи Сурх даъват мекунад. Аз августи соли 1941 дар ҷабҳа.
Майори гвардия А. Қурбонов дар 24-солагӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (24.3.1945) сарфароз  мегардад. 
 
ТОХТАСИН МИРЗОЕВ (15.6.1913 – 1943)
Дар деҳаи Марҳамат, ҳозира шаҳри Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон, ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ ибтидоӣ. 
Соли 1942 комиссариати ҳарбии Марҳамат (шаҳри Андиҷон) ӯро дар 29-солагӣ ба сафи Армияи Сурх даъват мекунад.
Сарбози қаторӣ Т. Мирзоев  20 декабри соли 1943 бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф мешавад. 
 
ТӮЙЧӢ НАЗАРОВ (15.5.1896 – 18.8. 1974)
Дар деҳаи Қалъача, ҳозира ноҳияи Фарғонаи вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон, ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ ибтидоӣ.
Моҳи майи соли 1943 аз комиссариати ҳарбии ноҳияи Фарғона ба сафи Армияи Сурх даъват мешавад. 
Сарбози қаторӣ Тӯйчӣ Назаров 10 апрели соли 1945 бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (10.4.1945) сарфароз мегардад. 
 
АЗИМ РАҲИМОВ (27.2.1925 – 17.5.1997)
Дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи коргар, ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик.
Соли 1933 ба мактаби миёнаи тоҷикӣ рафта, соли 1941 синфи 8-ро тамом кард. Дар фабрикаи пиллакашии Бухоро кор мекард.
Моҳи марти соли 1943 комиссариати шаҳри Бухоро дар 18-солагӣ ӯро ба Армияи Сурх даъват кард. Аз моҳи июни соли 1944 дар ҷабҳа.
Сержанти гвардия А. Раҳимов дар 20-солагӣ ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (27.2.1945) мушарраф мешавад. 
 
АМИРАЛӢ САИДБЕКОВ 
(15.5.1920 – 8.4.1945)
Дар деҳаи Талимазор, ҳозира тумани Риштони вилояти Фарғонаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон, ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Техникуми педагогиро хатм намудааст.
Падару модари Амиралӣ Саидбеков, аслан, аз булукоти Балҷувони собиқ вилояти Кӯлоб буда, то таваллуд шудани ӯ волидон ба водии Фарғона кӯч мебанданд.
Баъдан, Амиралӣ ба деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалинг, ба назди бародараш баргашта, омӯзгори синфҳои ибтидоӣ мешавад. Ҳамзамон, дар курсҳои маҳви бесаводӣ ба калонсолон дарс мегӯяд. Барои хидмати шоиста А. Саидбеков соли 1938 бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз мешавад.
Соли 1939 комиссариати ҳарбии ноҳияи Ховалинг ӯро дар 19-солагӣ ба сафи Армияи Сурх даъват мекунад. 
Иштирокчии Ҷанги СССР – Финляндия (1939 – 1940). Аз июни 1941 дар армияи амалкунанда.
Лейтенанти калон А. Саидбеков дар 25-солагӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (29.6.1945) сарфароз мегардад. 
 
ҲАБИЕВ ВИЛДАН САИДОВИЧ 
(10.9.1924 – 11.3.1945)
Дар деҳаи Средняя Терёшка, ноҳияи Старокулаткински вилояти Улянов (ҳозира Саратов), дар оилаи деҳқон, ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Синфи 7-ро тамом кардааст. 
Вақте Вилдан 12 сол дошт, хонаводаи онҳо аз Россия ба шаҳри Шаҳрихони РСС Ӯзбекистон мекӯчанд. Дар артел пойафзол медӯхт.
Соли 1942 комиссариати ҳарбии ноҳияи Московский (аз 13.11.1970 шаҳри Шаҳрихон)-и вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Вилдан Ҳабиевро дар 18-солагӣ ба Армияи Сурх даъват кард.  Дар армияи амалкунанда аз апрели 1943.
Сержант В. С. Ҳабиев дар 19-солагӣ ба унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (30.10.1943) мушарраф мешавад. 
Нимпайкарааш дар шаҳри Старокулаткински вилояти Саратов гузошта шудааст.
 
ОЛИМ ҲАКИМОВ (12.5.1919 – 20.11.2003)
Дар деҳаи Бурҷмуллои ноҳияи Бӯстонлиқи вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ (ҳозира вилояти Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон) ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. 
Соли 1939 ба Армияи Сурх даъват мешавад. Майор Олим Ҳакимов дар 26-солагӣ бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ (27.2.1945) сарфароз мегардад.     
 Умари  ШЕРХОН, публитсист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 24.06.2021    №: 126    Мутолиа карданд: 489
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед