logo

иқтисод

РАШТ ДАР ОСТОНАИ ҶАШНИ МИЛЛӢ

Мо ифтихорманд аз он ҳастем, ки имрӯз мардуми сарбаланди тоҷик дар фазои муътадили сиёсӣ ва сулҳу амнияти пойдор, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди ҷомеаи пешрафта бо азми қавӣ қадамҳои устувор мегузоранд. Мардуми ноҳияи Рашт низ бо шукргузорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат бо дарки баланди масъулият фаъолияти худро ҷиҳати саҳмгузорӣ дар рушди Ватани биҳиштосоямон равона намудаанд. Ин аст, ки ноҳия дар баробари дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ободу зебо гардида, сатҳи некуаҳволии мардум боло меравад, -  гуфт раиси ноҳияи Рашт Раҳимҷон Набизода. 
Нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми солҳои 2019-2020 ва 5 моҳи соли 2021  гувоҳи он мебошанд, ки мардум дар доираи нақшаву барномаҳо ва ҳадафҳои гузошташуда фаъолият бурда, сол ба сол ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил мегардад.       
Дар  соли 2020  нақшаи қисми даромади буҷети ноҳия бо назардошти маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби  буҷети ҷумҳуриявӣ 72 миллиону 660 ҳазору 371 сомонӣ пешбинӣ шуда, 73 миллиону 808    ҳазору 470  сомонӣ ё  102 фоиз иҷро гашта бошад, ҳоло ин нишондиҳанда 33 миллиону 25 ҳазор сомонӣ ё 101,6 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Зикр бояд кард, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба амалигардонии корҳои созандагию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2018-2021 ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби маблағҳои соҳибкорон ва шарикони рушд бунёди 15 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ҷумла, ташкил ва ба кор оғоз намудани коргоҳи мебелбарорӣ, истеҳсоли хишти пухта ва сементӣ, масолеҳи сохтмонӣ (қуму шағал), хӯроки чорво, корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди пашм, мева, истеҳсоли обҳои ташнагишикан ва маҳсулоти қаннодӣ, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуданд.
Ба истифода супурдани корхонаи истеҳсоли макарон то Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар назар аст.
Дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 458 миллиону 882,9  ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба  соли 2019 -  ум 6  миллиону 492,9 ҳазор  сомонӣ  зиёд ва суръати афзоиш 101,5   фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар 5 моҳи соли ҷорӣ ба зиёда аз 31  миллион сомонӣ расида, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли пеш 106,8 фоизро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба зиёд намудани майдони кишти  картошка хоҷагидорон тасмим гирифтанд, ки соли ҷорӣ дар майдони 3047 гектар кишти  ин зироати муҳимро анҷом диҳанд. Нақша барзиёд иҷро гардид. Айни замон нашъунамои картошка хуб буда, барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Инчунин, дар 858 гектар ғалладона ва 240 сабзавот кишт ва дар 23 гектар боғҳо бунёд шуданд.
Дар ноҳия ҷиҳати омодагӣ ба Ҷашни  30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ ва созандагию бунёдкорӣ дар солҳои 2018 - 2020  зиёда аз 225 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт ва дар давоми панҷ моҳи соли равон корҳои сохтмонии 14 иншоот ба анҷом расонда шуд. Дар иншооти дигар корҳои сохтмонӣ ва таъмиру барқарорсозӣ идома доранд. 
Бояд тазаккур дод, ки имсол барои ҳамаи мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли таърихӣ - баргузории Ҷашни бузурги 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба ҳисоб рафта, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки бо дарки масъулияти баланд ҷиҳати пурра ва босифат амалӣ гаштани нақшаи чорабиниҳои идона фаъол бошем ва ин санаи таърихиро бо нишондиҳандаҳои назаррас ва корҳои ободонию бунёдкорӣ истиқбол гирем.  
Як нукта боиси зикр аст, ки саҳми соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар иҷрои корҳои ободонию созандагӣ назаррас буда, то ба имрӯз аз ҷониби онҳо 168 иншооти таъйиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифт. Аз ҷумла, дар давоми солҳои 2018-2020 аз ҷониби соҳибкорон ва аҳолӣ 71 километр роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳия, асфалтпӯш шуд. Инчунин, аз ҷониби соҳибкорон ва саҳмгузории бахши хусусӣ  4 толор ва 12 майдончаи варзишии замонавӣ, 14 чоҳи амудӣ ва 8 хати оби нӯшокӣ, 9 бинои нави таълимӣ ва 12 синфхонаи иловагӣ, 2 беморхонаи хусусӣ ва 4 бунгоҳи тиббӣ,  4 китобхона,   12 лоиҳаи чароғонкунии кӯчаҳо ва кашидани хати барқ, 4 корхонаву коргоҳи истеҳсолӣ ва 21 маркази савдову хизматрасонӣ бунёд гаштанд ва боварии комил дорем, ки ин иқдом соли ҷорӣ низ идома ёфта, боиси ободу зебо гаштани ҳамаи гӯшаву канори ноҳия мегардад.                  
 
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
Дилшод АМИРОВ, “Ҷумҳурият”
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2021    №: 127    Мутолиа карданд: 974
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед