logo

сиёсат

НАҚШИ ШАХСИЯТ ДАР ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

(Таҷаллии Пешвои миллат дар паҳнои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ)
Таърих ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад кард, ки роҳи тайкардаи Эмомалӣ Раҳмон аз он рӯзи муборак, яъне 19  ноябри соли 1992 то ба имрӯз пур аз муборизаву талошҳо буда, миллат ва кишварро ҳақиқатан ҳам ба истиқлолияти воқеӣ расонда тавонист. Бо роҳбарӣ ва хирадсолории ӯ зиёда аз 40 моҳ гуфтугӯ бо мухолифин дар мамлакатҳои гуногуни хориҷӣ ва собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар сатҳи баланд гузаронда шуданд. Таърих гувоҳ аст, то ба имрӯз ягон роҳбари аввали ҷумҳуриҳо барои бозгашти гурезаҳо заҳмат накашидааст ва ин таҷрибаи нодири сулҳофарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дунё шоистаи дастгирӣ гашт ва сиёсати давлатдориро ба куллӣ дигаргун намуд. 
Андешаҳои арзишманди  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯриҳо, конфронсҳо, анҷуманҳо ба он оварда расонданд, ки дарёи зиндагонӣ маҷрои осоиштаи худро ёфт. Дар ин бора Қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд чунин гуфта буд: “Имрӯз на танҳо мардуми Тоҷикистон, балки тамоми тоҷикону форсизабонони олам ба хирадмандӣ, ҷасорату мардонагии Эмомалӣ Раҳмон ифтихор доранд. Истиқлолият ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон ва дӯсти ҳақиқии Афғонистон аст”. Бояд гуфт, ки Пешвои миллат, ки воқеан, қалби сулҳпарвару ваҳдатофар доранд, тавонистанд дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон сулҳу ваҳдатро абадӣ гардонанд. Сарвари давлат ҳамеша таъкид менамоянд, ки дар кишвари соҳибистиқлол мардум бо ҳамдигар бояд  дӯсту бародар бошанд. 
Панҷ амали таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди давлати муосири тоҷикон асос гузошт, ки масъалаҳои зеринро дар бар мегирад: таъсиси ҳокимияти давлатӣ, ташкили низоми дурусти идораи давлатӣ, таъсиси мақомоти  марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ. Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, чорум барои ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуда буданд. Масалан, таъсиси Артиши миллӣ, пурзӯр намудани дифои Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо ҳамаи мамлакатҳое, ки  мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ  ба муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ намоянд ва ғайраҳо. Дар назди Сарвари давлат масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа - ваҳдати миллӣ буд. Бояд гуфт, ки ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи муҳими таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод. Бо ҷасорат, матонат, ояндабинӣ, ҷоннисорӣ ва далерӣ Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд зина ба зина  бо мардуми шарифи Тоҷикистон аз сахтиҳо  наҳаросида, баҳри ободӣ, шукуфоӣ ва сарсабзии сарзамин талош варзанд. Оре, таҳлилҳои таърихӣ,  илмӣ ва муқоисавӣ нишон медиҳанд, ки мо метавонем роҳи дар даврони истиқлолият тай кардаи худ, инчунин, ваҳдати миллиро ҳамчун бозёфти нодири халқамон муаррифӣ намоем. 
Самараи неки истиқлол ва ваҳдати миллӣ аст,  ки имрӯз Тоҷикистон дар  дунё чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шудааст. Истиқлолияту ваҳдат  ҳамчун ду боли як кабӯтар буда, парвози ҷаҳонӣ дорад ва боиси ифтихор аст, ки ин таҷрибаи Тоҷикистон аз тарафи давлатҳои хурду бузург омӯхта мешавад. Тавре ки Пешвои миллат изҳор намудаанд: “Вазифаи ҷонӣ ва қарзи имониву рисолати инсонии ҳар як фарди бонангу номус, худогоҳу худшинос ва ватандӯсту ватанпарасти халқи мо таҳкими дӯстиву бародарӣ, сулҳу созиш, тақвияти ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолият мебошад”. Эмомалӣ Раҳмон - Асосгузори сулҳу ваҳдат, наҷотбахши давлат, кафили якпорчагии кишвар, эҳёгари фарҳанги миллӣ, расму оинҳо, роҳандози мактаби давлатдории муосири миллӣ, меъмори давлатдории навини тоҷикон шинохта ва эътироф шудаанд. Ҳақ ба ҷониби Президенти вақти ИМА Ҷорҷ Буш аст, ки чунин гуфтааст: “Эмомалӣ Раҳмон дар замони бисёр тезутунд ба кишвараш ва халқаш сарвар гардида, тавонист халқу давлаташро аз вартаи ҳалокату нестӣ наҷот диҳад. Вай дар муддати  начандон кӯтоҳ дар мамлакат сулҳ барқарор кард ва ба арсаи байналмилалӣ баромад. Чунин сиёсатмадорон каманд...”  
Халқи бунёдкору тамаддунофари тоҷик дар давоми 30 соли Истиқлолият ба шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. 
 
Бобоҷони НУРЗОД,  Аълочии фарҳанг 
ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2021    №: 127    Мутолиа карданд: 601
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед