logo

Хабарҳо

ТОҶИКИСТОН. МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ПУРЗӮР МЕГАРДАД

 
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»-ро ба тасвиб расонданд.
 
Шараф Каримзода, муовини вазири адлия, зимни баррасии лоиҳаи қонун иброз дошт, ки муқовимат ба терроризм таърихи қадима дошта, дар даҳсолаи охир он дар сатҳи байналмилалӣ мубрам гардидааст. Бинобар ин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашон зикр намуданд, ки дар замони муосир зарурати тақвияти заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба терроризм ҷой дорад. Бо ин мақсад, Вазорати адлия якҷоя бо Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм»-ро таҳия намуданд.  
Лоиҳа аз 12 боб ва 46 модда иборат буда, принсипҳои асосии муқовимат ба терроризм, асосҳои ҳуқуқию ташкилии пешгирии терроризм ва мубориза бо он, роҳу усулҳои бартараф намудани оқибатҳои амали террористиро бо мақсади таъмини бехатарии шахс, ҷамъияту давлат, инчунин, ҳифзи соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва амнияти кишварро муайян менамояд. 
Гуфта шуд, ки дар лоиҳа муқаррароти нав вобаста ба муқовимати иттилоотию таблиғотӣ, аз ҷумла уҳдадориҳои воситаҳои ахбори омма, ҳимояи объектҳои таҳдиди террористӣ, муқовимат бар зидди маблағгузории фаъолияти террористӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ бар муқобили терроризм, пешбинӣ шудааст.     
Шоҳмурод Рустам, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, зикр кард, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ терроризм ҳамчун як зуҳуроте аз гурӯҳи кирдорҳои алоҳидаи ҷиноятҳои ифротӣ бар муқобили шахс, ҷомеа ва давлат буда, воситаи ноилшавӣ ба мақсадҳои муғризонаи гурӯҳҳои миллатгаро, экстремистӣ ва ташкилоту ҳаракатҳои онҳо мубаддал гардидааст. 
- Дар муқоиса аз қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», ки соли 1999 қабул шудааст, дар лоиҳаи пешниҳодшуда мавзӯи танзими он васеътар гардида, истифодаи системавӣ ва маҷмӯи чораҳои сиёсӣ, иттилоотию таблиғотӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва тадбирҳои дигари муқовимат ба терроризм танзими қонунии худро ёфтаанд, - иброз дошт Ш. Рустам.
 
Маҳмуд МИРЗОЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 679
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед