logo

Хабарҳо

ЯК СЕМИНАР – ОМӮЗИШИ МУҲИМ

 
Бо иштироки табибони оилавии  маркази саломатии шаҳрии № 2 – и шаҳри Душанбе семинар – омӯзиш ҷиҳати кумак ва дастгирии беморони саратон  доир гардид. Дар рафти семинар – омӯзиш мутахассисон доир ба пешгирӣ ва табобати саривақтии бемории саратон ва дастгирии калонсолон ҳангоми гирифторӣ ба ин беморӣ суҳбату  маслиҳатҳои судманд доданд. 
 
-  Мутаассифона, дар дунё то ба ҳол табобати пурраи бемории саратонро пайдо накардаанд, вале, барои пешгирӣ аз ин навъи беморӣ, роҳҳои махсусро истифода намудан мумкин аст. Пеш аз ҳама, ин ба худи шахс вобастагӣ дорад. Зикр намудан ба маврид аст, ки бештар вақт   шахсони аз 65-сола боло гирифтори ин  беморӣ мешаванд. Бинобар ин, 80 дарсади беморонро калонсолон ташкил медиҳанд. Ин намуди касал ду навъ дошта, якумаш умри кӯтоҳу дуюмӣ умри тӯлонӣ дорад, - иброз дошт Фирӯза Абдуллоева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Авесто».
Боиси таассуф аст, ки аксар вақт аз муносибати нодурусти табибон ва шахсоне, ки ба аёдати беморон меоянд ва ё нигоҳубини онҳоро бар дӯш доранд, он авҷ гирифта, ҳатто, ба марг оварда мерасонад. Аслан, тамоми бемориҳо аз тарзи нодуруст  истифода бурдани ғизо ва пайваста асабонӣ будан сар мезанад. Сабаби ба бемории саратон гирифтор шудани одамонро мутахассисон ба номуътадилии фаъолияти системаи асаб ва танҳоӣ рабт медиҳанд. Саратон бемории сироятнашаванда аст. Биноан, мо бояд  аз ин беморон  дурӣ наҷӯем,  балки ба онҳо дасти мадад дароз намоем.   Зикр намудан ба маврид аст, ки мувофиқи илми тиб ҳар нафар, бахусус ашхоси калонсол,  дар муҳлатҳои муайян бояд аз озмоишгоҳи саратоншиносӣ гузашта, худро аз гирифторӣ ба ин беморӣ пешгирӣ намояд. 
«Ман ҳамчун  табиби соҳибтаҷриба аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон хоҳиш менамоям, ки дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дарсҳои махсуси омӯзиши тиб ҷорӣ намоянд то наврасон тавонанд дар вақтҳои зарурӣ ва то  омадани табибон ба бемор  ёрии аввалияро расонанд», - гуфт Ф. Абдуллоева. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»  


Баёни ақида (0)    Санаи нашр:    №:    Мутолиа карданд: 686
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед