logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
 
БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
 
МУАММОИ «ВАҲДАТ»
1. Ҳаммаънои ягонагӣ ва муттаҳидӣ. 2. Муассиса, корхона. 3. Ҷумҳурӣ дар Осиёи Миёна. 4. Рамзи миллӣ. 5. Фатҳу кушоиш. 6. Миллат. 7. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 8. Маркази давлати Сомониён. 9. Собиқ Президенти  Академияи миллии  илмҳои Тоҷикистон. 10. Воқеаи  муҳими сиёсӣ дар ҳаёти Тоҷикистон. 11. Муродифи байрақ, парчам. 12. «***и ду гетӣ тафсири ин ду ҳарф аст». 13. «*** чизи таҷовузнопазир аст». 14. Ҳаммаънои амр, ҳуҷҷати расмӣ. 15. Шаҳр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 16. Паранда, рамзи сулҳ. 17. Омма, мардум. 18. Ибтикор, иқдом.     19. «Бо он ки дари  ***  занад, ҷанг маҷӯй». 20. Ба ҳам омадани ақидаҳо, ҳамдигарфаҳмӣ. 21. Шаҳре, ки дар он гуфтушунид оид ба мусолиҳаи миллии тоҷикон баргузор шуда буд. 22. «***у тартиб ҳар куҷоест пойдор…». 23. «*** идроку ҳушёрӣ диҳад». 24. Соф, беолоиш. 25. Баробар ба сад сол. 26. Қаҳрамондухтари шинохтаи Уструшана (Истаравшан). 27. Муродифи адл, инсоф. 28. «*** бар паланги тездандон…». 29. Ҷумҳурӣ, кишвар, давлат. 30. Шакли ҷамъи ифтихор. 31. Сурх, сафед, кабуд. 32. Атрибуте, ки дар нишони миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос ёфтааст. 33. Шаҳре, ки гуфтугузори сулҳи тоҷикон ба вуқӯъ пайваста буд. 34. Ҳувият, асл. 35. Тиҷораткунанда. 36. Ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. 37. Муаллифи асари «Давлати Сомониён». 38. Воҳиди маъмурӣ. 39. Асари Б. Ғафуров. 40. Исми маъмулии мардонаи тоҷикӣ. 41. Нанг ва ***. 42. Асъори миллӣ.            
 
Мураттиб  Файзалӣ МУҲАММАДИЕВ, сокини шаҳри Душанбе
 
ҶАВОБ БА «ПИРАМИДА-МУАММОИ «СӢ»», АЗ 18 ИЮНИ СОЛИ 2021:
1. Сӣ. 2. Син. 3. Сирк. 4. Симоб. 5. Симурғ. 6. Сирдарё. 7. Сингапур. 8. Синтаксис. 9. Сиёсатнома. 10. Сиркулятсия. 11. Ситсилиябону. 12. Сиёсатмадор. 13. Сипаҳсолор. 14. Сиктивкар. 15. Ситсерон. 16. Синбод. 17. Сим-сим. 18. Силур. 19. Сино. 20. Сих. 21. Сӣ.
 
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
«ТОҶИКИСТОНИ КЛАССИК» 
ВАСФИ КИШВАРИ ОФТОБӢ ДАР «ФАЙНАНШЛ ТАЙМС»
«Мехоҳам бори дигар он ҷо бошам: фаротар аз роҳҳои ҳамвори Тоҷикистон». Зери ин унвон ҷаҳонгарди аврупоӣ хонум Софи Робертс, ки моҳи декабри соли 2019 ба Тоҷикистон сафар карда буд, хотироти ҷолиби хешро доир ба ҷаззобияти сайёҳии кишвари мо дар сомонаи рӯзномаи байналмилалии «Financial Times» (7 августи соли 2020)  нашр намудааст. 
Ҷаҳонгард зимни сафар ба Бадахшон аз шаҳри Бохтар гузар намуда, бо мавзеъҳои фарҳангии он, хусусан Аҷинатеппа шинос гардид. Дар идомаи сафар тариқи Шоҳроҳи Абрешим С. Робертс аз мадрасаи Хоҷа Машҳад дидан намуда, манораҳои дугоники мадрасаро тавсиф кард. Ӯ тавассути шоҳроҳи Помир, қад-қади дарёи Панҷ зери қуллаҳои осмонбӯси қаторкӯҳҳои Бадахшон саёҳат намуда,  ҳикоят  мекунад, ки қалъаи қадимаи Карон дар мавзеи Қалъаи Хумб ва  манзараҳои зебои ин диёр барояш ниҳоят писанд омаданд. Ба нигоштааш, Бадахшон яке аз ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта,  метавонад дар ҷалби ҷаҳонгардони экологӣ саҳми назаррас гузорад.
Бо беҳтар гаштани вазъи эпидемиологии ҷаҳон С. Робертс нақша дорад сафари 14-рӯза ба Тоҷикистон таҳти унвони «Тоҷикистони классик» роҳандозӣ намояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН
 
 
ШАҲОДАТНОМАИ РОНАНДАГӢ КӢ ОНРО «ИХТИРОЪ» КАРД?
Аввалин шаҳодатномаи ронандагӣ дар ҷаҳон 14 августи соли 1893 аз тарафи Луи Лепин, ҳуқуқшинос, сардори полиси шаҳри Париж, ба ронандаи номаълуми фаронсавӣ супурда шудааст. Ин шаҳодатнома «дар бораи қобилияти идора намудани воситаи нақлиёти механикӣ - муҳаррикдор» ном дошт, ки он замон шаҳодатномаи ронандагиро ҳамин тавр ном мебурданд.
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ
 
 
ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ
Рубрикаи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, ғолибон бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешаванд. Мувофиқи талабот, довталабон бояд номи муаллифони матнҳои пешниҳодшударо пайдо ва ба идораи рӯзнома пешниҳод намоянд.
 
Пас аз вилояти Кӯлоб, вохӯриҳои мо дар водии зарнисори Вахш, яъне вилояти Қӯрғонтеппа оғоз гардид. Рафти вохӯриҳо собит мекард, ки дар ин водӣ аксарияти мардум моро дастгирӣ мекунанд. Фақат як чиз ба чашм мерасид: он қисми одамоне, ки нисбати мо майл надоштанд, мавқеи бетарафиро пеш гирифта буданд. 
* * *
Кулбаам бе ту хамӯш аст чу гӯр,
Дари дил бе ту надорад овоз.
Ҳамчунон лахчаи дар кунҷи танӯр,
Манаму гӯшаи андӯҳу гудоз.
 
ҶАВОБ БА РУБРИКАИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ», АЗ 18 ИЮНИ СОЛИ 2021:
Баҳром Фирӯз,  Ҷалолиддини Балхӣ
 
 
Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
 
Вайбер: 93-547-00-05, bzm_701@mail.ru
Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА
 
 
 
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ҚУДРАТИ ШЕЪР
Оҳангсози навхати ҷавон, вале ҳавобаланде, ки ғолибан ашрофзода буд, аз ашъори Шиллери номдор шеъреро интихобан оҳанг баста, дар ҳузури Брамс намоиш дод.
- Воқеан, олӣ,- гуфт Брамс, баъд аз гӯш кардани мусиқӣ.
- Наход то ин ҳад ба шумо писанд омада бошад,- ҳаяҷонашро пинҳон карда натавонист ҷавон.
- Бале, ман оҳанги шуморо гӯш карда, бори дигар ба қудрати шеъри асил қоил шудам. То ин дараҷае, ки шумо фач ва ниҳоят беҳунарона навохтед, танҳо шеъри Шиллер метавонад мазмунашро ҳифз кунад. 
Аз русӣ тарҷумаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ
 
 
КИТОБХОНӢ
ЯК СИРРИ САРВАТМАНД ШУДАН АСТ
«Пул, пул, пул. Пул бошад, ҳамааш мешавад!». Нафароне, ки чунин андеша доранд, ҳеҷ гоҳ аз вартаи камбағалӣ раҳоӣ намеёбанд. Тавре Стив Сиболд, муаллифи китоби «Фикру андешаи сарватмандон» иброз медорад, пурсишҳои зиёд  нишон доданд, ки маҳз камбағалон пули зиёдро маънии зиндагӣ мешуморанд. Сарватмандон бошанд, баръакс аз даромад не, аз амалӣ сохтани орзуву ақидаҳои худ роҳат мекунанд. Аксарияти нафарони пулдор чандин маротиба муфлис шуда бошанд ҳам, ба ин файласуфона назар кардаанд. Ба пул не, ба амал диққат доданашон сарвати онҳоро аз нав афзудааст. Барои он ки одам тарзи дурусти истифодаи пулро омӯзад, вақт лозим аст ва китоб хондан ҳатмист.                                                       
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
 
 
СИЛВЕСТР ВА ҚИССАИ ЁРИ ВАФОДОРАШ
Ё АЗ ПОЙАФЗОЛИ ДАРИДА ТО ҶОИЗАИ «ОСКАР»
- Вақте ман 26-сола будам, ҳамагӣ чанд либоси куҳнаву як пойафзоли дарида доштам. Касе ба ман аҳамият намедод, ҳамсуҳбат намешуд. Танҳо Баткус дар ҳама ҳолат ёру ёварам буд. Вале нодорӣ ва ҷабри зиндагӣ маҷбурам кард, ки ин ҷонвар - саги вафодорамро ба арзиши 40 доллар фурӯшам, - хотираҳояшро ёдовар шудааст Силвестр Сталлоне, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд.
Ҳунарманди маъруф, ки соли 1971 касе ӯро намешинохт, бори нахуст барои нақшофарӣ дар филми «Рокки» даъват шуд. Ин филм ба ӯ 15 ҳазор доллар даромад дод ва аввалин коре, ки кард, бо ҳамин маблағ Бактусро ёфта харид.
Воқеан, филми «Рокки» соҳиби ҷоизаи «Оскар» шуд. 
Таҳияи Нигина РАҲМОН
 
 
ҚОНУНҲОИ БУЛАҶАБИ ИМА
(ТАНҲО БАРОИ МАЪЛУМОТ)
*Дар шаҳри Ҷаспери иёлати Алабама шавҳар ҳуқуқ дорад, занашро бо чӯбдаст занад, фақат қутри чӯбдаст на бояд аз қутри ангушт зиёд бошад.
 
*Агар дар Миннесоте занҳо либоси Санта-Клаус ба бар намоянд, 30  шабонарӯз ба маҳкама кашида мешаванд.
 
*Дар ҳудуди иёлати Аляска қонун паррондани хирсро иҷозат медиҳад, аммо сурат гирифтанро не.
 
*Дар Миссури кормандони хадамоти оташнишонӣ ҳуқуқ надоранд, занро дар либоси шабона наҷот диҳанд.
 
*Тибқи қонун, дар Мичиган мӯйи сари зан моликияти ҳамсар маҳсуб меёбад.
Таҳияи Фарзона ФАЙЗАЛӢ
 
 
ХАТКАШОНИ ФОРИҒБОЛ ДУ СОЛ ЗИНДОНӢ ШУД
Додгоҳи музофоти Аликантеи Испания хаткашонеро барои хунукназарӣ нисбат ба иҷрои вазифааш ба ду соли зиндон ва 1800 евро ҷарима маҳкум кард. Ӯ дар давраи аз соли 2004 то моҳи апрели соли 2015-ум 3272 мактубро ба ҷои таъйиншуда нарасондааст. Мактубҳоро бояд ба сокинони шаҳрҳои Иби ва Онтинент бурда мерасонд, аммо онҳо ба дасти муштариён нарасиданд. Пулис моҳи апрели соли 2015 ин номаҳоро аз хонаи хаткашон дарёфт намуд.
Таҳияи Гулистон МАВЛОНАЗАРОВА
 
 
ЧЕМПИОНАТИ АВРУПО
ДАНИЯ ПАС АЗ 29 СОЛ БОЗ ТАЪРИХСОЗӢ КАРД 
Соли 1992 мунтахаби Дания оид ба футбол дар финали Чемпионати Аврупо тими Олмонро бо ҳисоби 2:0 шикаст дода, қаҳрамон гардид ва пирӯзиашон ҳам арзанда буд, вале ин ҷо гап дигар аст. 
Дар ҳамон мусобиқот варзишро ба сиёсат часпонда, мунтахаби Югославияро бидуни ягон сабаб аз чемпионат хориҷ карданд. Он замон дар кишвар акнун ҷанги шаҳрвандӣ шурӯъ мешуд, ки баъдан давлатро қисм-қисм ҷудо намуд. Бо вуҷуди ин, сербҳо, хорватҳо, словенҳо, македониҳо ва босниягиҳо маротибаи охирин зери як парчам омода буданд, ки ҳунарнамоӣ кунанд. Вале таҳримоти барояшон эъломшуда, нагузошт, ки дар марҳилаи ниҳоӣ ширкат варзанд ва мунтахаби Югославияро тими Дания иваз намуд. Ҳол он ки Дания ба марҳилаи ниҳоӣ набаромада буд. 
Дар чемпионати кунунии Аврупо низ даниягиҳо бори аввал дар таърихи ин мусобиқот бо ду бохт ва як пирӯзӣ ба даври 1/8 финал роҳ ёфтанд.
Оё ин бор Дания мухлисонро боз ба шигифт меоварда бошад?
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ
 
 
КИШВАРҲОИ СУЛҲХОҲ
ТОҶИКИСТОН 10 ЗИНА БОЛО РАФТ
Тибқи гузориши нави Институти иқтисод ва сулҳи Австралия (Institute for Economics & Peace, IEP), Тоҷикистон дар раддабандии Нишондиҳандаи ҷаҳонии сулҳ – 2021-ум 10 зина боло рафт. Ин дар ҳолест, ки тибқи раддабандӣ, ки 163 кишвари ҷаҳонро дар бар мегирад, Тоҷикистон аз соли 2018 ба ин сӯ, пайваста мақоми беҳтар касб менамояд.
Зимнан, кишвари мо ба рӯйхати давлатҳое шомил шудааст, ки сатҳи амнияти боэътимод доранд. 
Лола РИЗОӢ
 
 
МЕҲМОНИ ЗИЁДАТӢ
Брамс, ки аз ҷавонӣ ҷамъомадҳои серодамро дӯст намедошт, бо гузашти солҳо худро қариб аз ҳама канор мегирифт. Барои ҳамин, пеш аз шаби эҷодияш ташкилкунандагони маҳфил рӯйхати меҳмононро ба ӯ пешкаш карданд ва фаҳмонданд, ки ҳар касеро лозим медонад, хат занад.
Брамс чанд бор гаштаву баргашта рӯйхатро мехонад ва баъди андешарониҳои зиёд қаламро мегираду аз аввали рӯйхат номи худашро хат мезанад.
Аз русӣ тарҷумаи Фараҳзод ҚУРБОНАЛӢ
 
 
ОЁ МЕДОНЕД?
АЗ МАРОСИМИ ДАФНИ ФИЛҲО ТО ЗАРФҲОИ ГАНДУМӢ
Аз миёни ҳайвонот, филҳо ягона ҳайвоне мебошанд, ки миёни худ маросими дафн доранд. 
***
Дар қаторкӯҳҳои Анд (Амрикои Ҷанубӣ) дар баландии 3812 метр кӯли баландтарини ҷаҳон – Титикака воқеъ аст.
***
Як ширкат дар Тайван зарфҳоро аз гандум омода мекунад, ки онро истеъмол карда мешавад.
***
75 дарсади инсонҳо аз сухан кардан дар назди омма ҳарос доранд.
***
Уилям Шекспир дар як сана таваллуд шудаву вафот кардааст.
***
Дар асри XVIII барои болаззат шудани қаҳва ба он равған илова мекарданд.
***
Гаронтарин чой дар ҷаҳон «Да хун пао» ном дорад, ки арзишаш 25 ҳазор доллари амрикоист.
Таҳияи Даврон РАҲМОНОВ
 
 
ЭЪҶОЗИ ҲУНАР
ТАСВИРИ ЭҶОДНАМУДАИ ЧЕРЧИЛЛ 1,8 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
Дар Ню – Йорк тасвири кашидаи собиқ сарвазири Британияи Кабир Уинстон Черчилл дар музояда 1,8 миллион доллар фурӯхта шуд. Сиёсатмадор ин тасвирро тобистони соли 1921 эҷод намудааст. Дар сурати андозаи 76 бар 63,3 сантиметр ҷангал ва хандақи обдор на дуртар аз шаҳраки на чандон калони бритонӣ тасвир гардидааст. 
То ин замон ин сурат як ҷузъи коллексияи соҳибкори юнонӣ Аристотел Онассис будааст.
Ёдовар мешавем, ки тасвири дигари Черчилл бо номи «Манораи масҷиди кутубия» ба маблағи 11,6 миллион доллар фурӯхта шуд. Онро ҳунарпешаи амрикоӣ Анҷелина Ҷоли ба фурӯш гузошта буд.
Таҳияи Барноз РАҲМОНШОЕВА
 
 
ТЕАТР ВА ТАМОШОБИН
«ГАҲВОРА» ЛОНДОНИҲОРО АЗ ШОМ ТО СУБҲ БА ХОБ МЕАНДОЗАД
Аз соли 2011 дар театри Barbican-и Лондон ҳар шом барномаи театрикунонидаи ғайриодиеро бо номи «Гаҳвора» ба намоиш мегузоранд, ки дар муддати кӯтоҳ тамошобинони зиёде пайдо намудааст. Дар ин шоу - барномаи махсуси ғайриодӣ бинандагон барои истироҳати бофароғати хеш аз рӯи хоҳиш бо курсиҳои мулоим ва ё рахтҳои хоби як, ду ва сенафара дароз кашида, давоми намоиш  хоби ба роҳат мераванд. Шояд маҳз ин кор боис гардидааст, ки мардум аз театр дур нашуданд.    
Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО
 
 
КОРКАРДИ ПАРТОВ
ТАҶРИБАИ ШВЕДСИЯ НАМУНАИ ИБРАТ АСТ
Шведсия ба шарофати кӯшишҳои муштараки шаҳрвандон ва истеҳсолкунандагон ба коркарди қариб 100 дарсади партовҳои кишвар даст ёфт. Нисфи партовҳо дубора коркард гардида, барои тавлиди гармӣ ва барқ истифода мешаванд. Муваффақияти шведҳо дар ин соҳа ба дараҷае расидааст, ки дар худашон партов тамом шуда, аз кишварҳои ҳамсоя – Ирландия, Норвегия ва Британияи Кабир ворид карда истодаанд. Партов аз аҳолӣ тариқи чоҳҳои зеризаминӣ, ки солҳо канда шудаанд, интиқол меёбад. 
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
 
 
МУАЛЛИМ…
Симон СОЛОВЕЙЧИК:
*Муаллим сарояндаест, ки мухлисон ба поси ҳунараш каф намекӯбанд…  
 
*Муаллим ҳайкалсозест, ки маҳсули ӯро касе надидааст…  
 
*Муаллим табибест, ки беморонаш намехоҳанд ба зудӣ шифо ёбанд… 
 
*Муаллим ҳамон падару модарест, ки меҳру муҳаббати фарзандро надидааст… 
 
Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 25.06.2021    №: 127    Мутолиа карданд: 2039
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед