logo

иҷтимоиёт

“АЗ ОЗМУНИ “ҶУМҲУРИЯТ” САОДАТМАНДАМ!” ЧАНД НУКТА АЗ ҲАМОИШИ МУҲАББАТВАРЗОНИ УСТОД МИРЗО ТУРСУНЗОДА

Нашрияи “Ҷумҳурият”, ки баъди чанде ба сад соли пур мерасад, дар таърихи якасрааш таҷрибаҳои пурбору сабақбарангезе фароҳам оварда, садҳо рӯйдодҳоро дида ва ба кӯлбори таърих гузошта, анъанаҳои боризу барозандаеро паси сар кардааст. 
 
Падид омадани аввалин шумораи ин нашрия дар аввали таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон – дар марҳалаи хос ва ҳассоси миллати тоҷик, замони бисёр сарнавиштсози миллатсозии даҳаи дувуми садаи бист, замони осебрасон ва харобовари миллӣ, даврони “ҷабри таърих” ба халқи тоҷик ва меросбарони ҷондодаи миллат воқеан ҳам, “Иди тоҷик” маҳсуб мешуд ва ин ҷаридаи фарида аз шумораи дувум дар “Бедории тоҷик” - он ва вусъати назарраси худшиносии миллии онон нақши пурборе  дошт. Ин нашрия дар давраи баъдӣ ҳам аз бузургтарин  маҳсули матбуоти миллии тоҷикӣ ба унвони “Тоҷикистони советӣ” ва ё “Тоҷикистони шӯравӣ” шинохта ва эътироф шуд. Ин нукта низ барои мо бисёр сабақангез аст, ки нашрияро яке аз муаллифони фидоиву хушбини он, пешвои ҷараёни миллигарии тоҷикии даҳаи дувуми садаи бист устод  Садриддин Айнӣ “модари матбуоти Тоҷикистони советӣ” ном ниҳода буд. Хидмату талоши абадзиндаву размандаи сардабирони батадбири  ин  нашрияи  пурсадо  дар дарозои мавҷудиаш - Абулқосим Лоҳутӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ, Ашӯр Ҳалимов, Шодӣ Саидов, Ғоиб Қаландаров, Ибод Файзулло, Нур Табаров, Мазҳабшо Муҳаббатшоев, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, Субҳон Кошонов, Камол Абдураҳимов, Муҳаммад Ғоиб ва дигар аламбардорони соҳибном, ҳамзамон анъанаҳои бунёдгаронаи он дар ҳар давра бо ранги сурх на танҳо дар саҳифаҳои нашрияи “Ҷумҳурият”, балки дар ҷаридаи олам ба хушӣ сабт шудааст.
Имрӯз анъанаҳои хуби нашрияи “Ҷумҳурият” дар тарҳу қолаби тоза идома доранд. Аз рӯйдодҳои наву бесобиқаи ояндасоз ва фардонигар дар панҷ соли охири даврони истиқлоли миллӣ роҳандозӣ ва баргузории озмунҳои баландарзиш дар гиромидошти корномаи арбобон ва чеҳраҳои барозандаи сиёсат, илм, адабиёт ва фарҳанги миллӣ дар қаламравҳои мухталифи Тоҷикистон мебошад: озмуни гиромидошти рӯҳи пурфутӯҳи журналист ва шоири шинохта Ғоиб Сафарзода дар ноҳияи Восеъ,  арбоби намоёни сиёсат Нусратуллоҳи Махсум дар Рашт, нобиғаи нотакрор дар замони нав Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Айнӣ, аллома ва эҳёгари номи тоҷик дар ҷаҳон Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғд аз зумраи падидаи камназиру масарратбахши ҷомеа буданд ва дар сатҳи бисёр баланд, хеле муҳиму мондагор доир шуда дар хотираи аҳли ширкат ангезаҳои бас ҷолиб ба миён овардаанд, ки то ҳол фаромӯш нашудаанд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, тарғиби Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои  мардумӣ, муаррифии ҷавонони комгор ва болаёқати кишвар ва ҳифзи адабиёти кӯдак дар Тоҷикистон низ озмунҳои бонуфузе таҳти унвони “Тоҷикистон – хонаи умеди мо”, “Пайрави Пешво”, “Беҳтарин шеъри бачагона” дар ҳамкории муҳассан бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мақомоти шаҳрҳои Душанбе, Данғара ва Панҷакент дар сатҳи хеле ҷиддӣ – ёдмону пуршукӯҳ баргузор кард, ки аз иртиботу муносиботи усулии муассисаи бонуфузи матбуотии кишвар бо раванди такомули сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии мо дарак медиҳад. 
Ин ибтикори нашрияи “Ҷумҳурият” ҳам хеле ҷолиби диққат аст, ки пас аз баргузории озмунҳо маҷмӯаи матолиби онҳо – фароҳамомада аз мақолаҳое барои озмун ва арзёбиву натиҷаҳои кори он дар китобҳои ҷудогона хеле хуб ва гуногунҷиҳата таҷассум ёфтаанд. Ба василаи чунин озмунҳои пурсадо чанд ҳазор мақолаи илмиву публитсистӣ дар хазинаи миллат фароҳам омадаанд, ки барои таърих ва насли оянда маводи хубе хоҳанд буд. Арзишмандтарини он мақолаҳоро корбарон ва  дастандаркорони “Ҷумҳурият” дар қолаби китобу маҷмӯаҳо ба зевари табъ оростаанд. Алҳол дар ихтиёри банда як китоби арзишманди армуғонӣ бо номи “Бобоҷон Ғафуров ва шинохти тоҷикон” қарор дорад, ки онро Абдулқодири Раҳим ва Қурбон Мадалиев тартиб дода, соли 2019 дар нашриёти “Хуросон”-и Хуҷанд дар сатҳи баланди полиграфӣ ба нашр расидааст. Ин китоби базебу хушзинат фарогири ҳам мақолаҳои хубу хондании озмун дар заминаи корнома ва симои абадзиндаи аллома Бобоҷон Ғафуров аст ва ҳам арзёбии корномаи нашрияи “Ҷумҳурият” дар марҳалаи ҳозираи шукуфоии Тоҷикистон, амиқрафти худшиносиву таърихогоҳии насли замони мо. Дар як бахши ин китоби пурбаҳо ба хидматҳои пайвастаи нашрия дар заминаи баргузории чунин озмунҳо ва шеваву асбоби таҳияи он низ диққат ва баҳои хос дода шудааст. 
Аз назари ман дар марҳалаи имрӯзи Тоҷикистон ҳамин гуна талошу хидмат бояд моро дар ҷодаи пешрафти сатҳи тафаккури миллигароӣ ва амиқназарии миллӣ мусоидат намояд. Ҳифзи аҳли миллат дар рӯҳияи ормонҳои худшиносӣ ва шукӯҳу боландагии миллӣ танҳо назарияе сабзу ормонӣ перомуни китобҳо нест, балки он бояд як ҷанбаи бисёр устувори амалкарди ҷиддӣ дошта бошад. Фикр мекунам, ки бо амали шоистаи ин нашрия худшиносии миллии мо равнақу ривоҷу арҷи боз ҳам назаррасе хоҳад дарёфт.
Имсол бори аввал насиб шуд, ки дар ҷараёни озмун бахшида ба корномаи устод Мирзо Турсунзода ширкат биварзам. Ростӣ бо иштирок дар ин чораҷӯии баландахтар ба уқёнуси хушмавҷи озмуни баландмавҷ жарфтар фурӯ рафтам ва арзу тӯли онро фаро гирифтам; ниятҳои поку созандаи чораварзони онро нек пай бурдам. Як озмуни сараву бошукӯҳе аст. Ба шарофати ин озмун бори нахуст бо зумрае аз чеҳраҳои эҷодиву кории нашрияи ормонии “Ҷумҳурият” бо сарварии сардабир, ҷавонмард ва эҷодмарди хуширодаи “Ҷумҳурият” - соз Қурбоналӣ Раҳмонзода аз наздик ошно шудам. Аҷаб муҳити дилнишин ва назаррабо пеши чашмам ва назди эҳсосам ҷилвагар буд. Ин ҷо зумрае аз коршиносони адабӣ ва матбуотӣ – шоир Абдулқодири Раҳим, публитсист Қурбон Мадалиев, пажӯҳишгар Муҳаммадулло Табаров, шогирди хушқалами қадимиям, ки аз банда дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд сабақ ёфтааст, Фирӯз Ҷумъаев, шоир ва пажӯҳандаи бошарофат Бузургмеҳри Баҳодур дар канори чанд ҳамкорашон ба такмил ва ҷонбахшоии нашрияи “Ҷумҳурият” саҳм мегиранд. Албатта, ҳамаи кормандон ва аҳли завқи нашрияро, ки ба мо зиёда хизмат анҷом додаанд, наметавонам ҷудогона ном бигирам. Бо бархе онон бори аввал бархӯрдам ва суҳбатҳо анҷом додам. Дар ҳоли ҳозир дидору ҳамсуҳбатӣ бо ходимони хушбин ва хушпазири ин даргоҳи садоқатоин – Моҳира Сангмамадова, Лашкар Шарифзода, Фарзона Файзалиева, Гулнисои Саъдоншо, Меҳрангез Қодирова, Комрон Сафар ва дигарон бароям хеле ҷолиб буданд, ки ин бародарону хоҳаронро ҳаргиз наметавон фаромӯш кард. Фикр мекунам ҳамкорӣ ва ҳамнишиниамон оянда бештар хоҳад гашт.
Чун бори нахустин ширкат варзидам, шояд баландиву боландагиву саодатмандии озмунро аз ин пеш на ба он миқёс меандешидам, ки ба чашм дидам. Воқеан, озмуни баландиёре буд ва ҳам ҷамъбасти хеле оливу наку дошт. Аҷаб тарҳ ва чорае нашрияи “Ҷумҳурият” дар ҳамкорӣ бо ҳайати боҳиммату иродатварзи раҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, ноҳияи Шаҳринав андешидаанд.
Ба озмун беш аз дусад мақолаи соҳибназарони тоҷик ирсол шуда ва беш аз сад адади он дар саҳифаҳои нашрия ба табъ расида, ки куллияи онон арзиши расову назаррас доштанд. Аз ин зумра, 20 муаллиф ҷойҳои аввал дарёфта ва ҳам соҳиби туҳфаҳои ҳавасмандӣ гардиданд. Банда ҳам хушнудам, ки бо нигориш ва ирсоли мақолае аз хусуси як саҳифаи хоно ва нисбатан ҷолиби фаъолмандии устод Мирзо Турсунзода дар солҳои 30-40-уми садаи бист аз ин озмун саодате хотирмон дарёфтам. Хушдилам, ки ба сатҳу савияву сифати мақола дастандаркорон ва аҳли назар баҳои арзандаву шоиста дода, бандаро сазовори ҷойи дувум донистанд. Шукру сипос барои чунин арзёбӣ!
Аз озмун метавон зиёда баҳра бардошт ва банда дар ин чораҷӯйии дурӯза бо даҳҳо чеҳраҳои илмиву адабиву матбуотии дохиливу хориҷӣ хуш ва самимона бархӯрдам, бо бисёр чеҳраҳои нави куҳану ҷавон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ва хориҷ аз он ошноӣ пайдо кардам. Дидор ва суҳбат бо аҳли хиради адаб, илм, фарҳанг ва матбуоти тоҷик – Убайдулло Раҷабов, Абдулҳамиди Самад, Камол Насрулло, Масрур Абдуллозода, Шаҳрияи Атҳамзод, Ҷонибеки Асрориён, Умари Шерхон, Зафар Мирзоён, Амина Шарофиддинова, Муҳаммадҷаъфари Ранҷбар ва дигарон нуктаҳои хосе дошт.
Аз ҳама муҳим, Худованд чунин муносиб дониста, ки то имрӯз боре ба ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода нарафта будам ва ба василаи озмун имкон фароҳам омад, ки бори аввал аз ин ду қаламрави барои арсаи Тоҷикистон муҳим дидан намоям. Ҳисори шодмони куҳнадидамро дар чашмонам таҷдид кардам. Чашмонамро аз дидори Ҳисор шустам. Он қалъаи таърихиро ба серӣ тамошо кардам, рӯйдодҳои таърихро дар чашмандозам аз нав гирд гардондам. Дидор аз шаҳри Ҳисор ва сайри қалъаи овозадори он маро бори дигар ба ёди таърих бурд, бори дигар шуҷоату матонати фарзандони тоҷик дар ҳифзи марзу бум ва таъриху фарҳанги оламгири мо ҳуши маро маҳв кард. Воқеан, ҳар “дару девор, сангу хоки ин макон аз таърихи водии паҳновари Ҳисор, ки дар гузашта Шумон ном дошт, қисса мекард”. 
Ман дидам, ки дар ин фурсати чандсолаи истиқлол ва ба шарофати Ҷашни 3000-рааш Ҳисори шодмон шодмонтар ва ёдмонтар шуда, ин қаламрави бесобиқаи таърих хеле дигаргун гардидаву ба чашмҳои аҳли имрӯз хеле хуш нишаста ва неруву зӯр бахшидааст.
Муҳаббати мардуми ин се қаламрави пайванд ба ормонҳои Мирзо Турсунзода – Шаҳринав, Ҳисор ва Турсунзода (Регар) ҳам хеле зиёд буд. Маҷмӯан, маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи муҷассамаи устод Мирзо Турсунзода дар Шаҳринав, дидор аз таърихҷойҳо, хоса Қалъаи Ҳисор, барномаҳои томравои фарҳангӣ дар “Шоми дӯстӣ” (Ҳисор), ҷамъбасти озмун дар толори “Дӯстӣ”-и Турсунзода ва хотиманишасти озмун – ҳамагӣ дар сатҳи хеле баланд сурат ёфтанд. Воқеан, рӯҳан тоза шудем, барои вусъати кор дар оянда неруи тоза дарёфтем. 
Ин маросими ҷамъбаст ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти 110-умин солгарди Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода воқеан ҳам, аз чораҷӯиҳои пурнури адабӣ буд ва “ба ҷашни ваҳдату ҳамдиливу ҳамгироӣ табдил ёфт. Ҳама аз сулҳу дӯстӣ ва муҳаббати бепоёни Меҳан, ки ормони ҳамешагии шоири сулҳҷӯву озодихоҳ, ваҳдатоин ва ватансаро буд, ёдрас шудаву номаш ба некӣ зикр мекарданд, ...“оламе дар хонаи тоҷик”, дар диёри шоир, дар меҳмондории устод Мирзо Турсунзода буд” (иқтибос аз як гузориши “Ҷумҳурият”). 
Дар тарҳрезӣ ва рангёбии ин чораҷӯии бузурги фарҳангӣ нақши хосаи раиси ноҳияи Шаҳринав Ҷаббор Носирзода, раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода ва раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода низ хеле хоност. Ҳамсафарону дӯстони ба ин озмун даъватшудаи ман аз вилояти Суғд – сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд, муаррих, номзади илми таърих Мирзотоҳир Набиев ва муовини сармуҳаррири нашрияи “Ҳақиқати Суғд”, шоир ва адабиётшинос Сурайё Ҳакимова низ бардошти бештару хубтаре аз ин озмун доштанд, ки ҳамеша сари забонашон буд. Сурайё Ҳакимова низ бо ифтихорномаву туҳфаи хотиравии идораи нашрия ва мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав сазовор гашт.    
Нашрияи рақами аввали Тоҷикистон– “Ҷумҳурият” дар шароити кунунӣ ифодагари майлу ормонҳои сифатан нави мардуми тоҷик аст, ки дар марҳалаи комилан нав ва сатҳи тамоман муносиб ба ормонҳои нави ҳастиҷӯии милливу истиқлолталабии бесобиқаи тоҷикон дар садаи бисту як идома меёбад. 
Ба кори минбаъдаи нашрияи “Ҷумҳурият” бо сарварии сардабири батадбири он Қурбоналӣ Раҳмонзода авҷу барор хоҳонам! 
 
Субҳони АЪЗАМЗОД,
устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, 
номзади илмҳои филология, дотсент,
суратгир Комрон САФАРОВ, "Ҷумҳурият"


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2021    №: 128    Мутолиа карданд: 664
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед