logo

иҷтимоиёт

БАДАХШОН. ВАҚТИ МАСЪУЛИЯТУ ОЯНДАСОЗИСТ

Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти раёсати раиси вилоят Ёдгор Файзов машварати васеъ доир шуд, ки дар он натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар панҷ моҳи аввали соли равон муваффақ арзёбӣ гашт. 
Муовини раиси вилоят Анвар Иматшозода дар гузориши худ зикр кард, ки маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ  нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 қариб 5 дарсад зиёд мебошад. Нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 108 дарсад таъмин гардид. Гардиши савдои хориҷӣ 8856,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 4,3 баробар ё 6822,8 ҳазор доллар беш аст. Дар ин давра ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 1767,5 ҳазор кВт-соат неруи барқ содирот шуд. 
Чуноне муовини раиси вилоят иброз дошт, бо вуҷуди корҳои анҷомёфта, ҳанӯз ҳам дар ВМКБ 61 деҳа ба пуррагӣ бо барқ таъмин нест. 
Дар соҳаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва тандурустӣ   аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо ба маблағи беш аз 158  миллион сомонӣ 20 лоиҳа татбиқ гардид. Тариқи амалишавии 9 лоиҳаи инфрасохторӣ ба маблағи беш аз 90 миллион сомонӣ, аз ҷумла дастрасии аҳолӣ ба оби  ошомиданӣ беҳтар гашта, хатҳои интиқоли неруи барқ навсозӣ  ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявию байналмилалидошта таъмир шуданд. 
Қатъи назар аз корҳои соҳилмустаҳкамсозӣ ва пешгирии хавфи офатҳои табиат, дар деҳоти вилоят 14 минтақаи хавфнок вуҷуд дорад. 
Ҳамзамон, тайи панҷ панҷ моҳи соли равон ба маблағи  4947,2 ҳазор сомонӣ  зиёда аз 20 километр роҳҳои маҳаллӣ аз таъмири ҷорӣ баромад. Аммо, бо вуҷуди ин, то ҳол 14 деҳа роҳҳои мошингузар надорад. 
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов, аснои таҳлил, таъкид кард, ки дар шароити кунунӣ, бо назардошти вазъи мураккаби ҷаҳон, таъмини суботу оромӣ, волоияти қонун, роҳ надодан ба ҳар гуна иғвою дасиса, муташаккилӣ ва дастҷамъӣ дар ҳимояи марзу буми кишвар, манфиатҳои миллӣ аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳар як сокини вилоят ба ҳисоб мераванд. Раисони шаҳру ноҳияҳо муваззаф гардиданд, ки вобаста ба дифои сарҳади давлатӣ бо сохторҳои низомӣ бештар ҳамкорӣ намуда, тамоми саъю кӯшишро ба масъалаи ҳифзи манфиатҳои давлат равона намоянд. 
Ёдгор Файзов, таъкид кард, ки масъулон бояд масъалаҳои киштукори баҳорӣ, истифодаи самараноки замин, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои боир, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти худӣ ва таъмини бозори истеъмолии вилоятро бояд дар мадди аввал қарор дошта бошанд. 
Дар баробари ин, вусъати корҳои ободонӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, рушди бемайлони иқтисодӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, таъсиси корхонаҳои хурди истеҳсолӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ, истифодаи мақсадноки грантҳои институтҳои молиявӣ, тавсеаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд ва баргузории бештари чорабиниҳои фарҳангӣ муҳим арзёбӣ гашт. 
Раиси вилоят, ҳамчунин, барои  бартараф сохтани камбудиҳо дар самти нигоҳдории роҳҳои автомобилгард, таъмини сокинони шаҳри Хоруғ бо оби полизиву ошомиданӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ бо тухмии хушсифат, тезондани ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар иншооти обрасон, кумак ба оилаҳои аз офатҳои табиат зарардида ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим супоришҳои мушаххас дод. 
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2021    №: 128    Мутолиа карданд: 595
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед