logo

иҷтимоиёт

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ Ё НАҚШИ ОЗМУНИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ГИРОМИДОШТИ ХИЗМАТҲОИ МОНДАГОР

Табиист, ки зиндагӣ тӯлонӣ нест ва на ҳамеша имкон медиҳад, ки кас ба хостаҳояш расаду аз худ чизе ба ёдгор   гузорад. Вале, ҳастанд нафароне, ки дар ин умри кӯтоҳ хотирае аз  худ боқӣ мегузоранд, ки садсолаҳои баъдӣ ҷовидона мемонад. Аз ин даргоҳ зиндагии фарзонафарзандони миллати тоҷик ҷиҳати омӯхтани  рафтори инсонӣ дарси ибрат аст.
15 марти соли ҷорӣ рӯзномаи «Ҷумҳурият»  дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав ба хотири гиромидошти 110 - солагии шоири маҳбуб, ҳомии сулҳ устоди зиндаёд Мирзо Турсунзода озмун эълон намуд. Дар як муддати кӯтоҳ, аниқтараш давоми чор моҳ, озмуни ҷумҳуриявӣ ба озмуни байналмилалӣ табдил ёфта, дӯстдорони мероси пурғановати устод аз Россияву Ӯзбекистон то Афғонистон ва Ҳиндустону Покистон зиёда аз 200 матлаб дар жанрҳои мухталифи публитсистиву журналистӣ вориди рӯзнома намуданд. Боиси ифтихор аст, ки аз инҳо 20 матлабаш ба қалами муаллифони хориҷӣ тааллуқ дорад, ки ин аз эътибори ҷаҳонии шоири маҳбуби тоҷик дарак медиҳад. Шоирон, адибон,  журналистон,  драматургон, омӯзгорон ва, ҳатто, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ин муддат  матлабҳоеро рӯи коғаз оварданд, ки басо ҷолибу хонданибоб буд. Баъд аз натиҷагирии доварон, ниҳоят ғолибон муайян шуданд ва  рӯзи ҷамъбасти озмун низ фаро расид. Иштирокдорони озмун ва кормандони рӯзнома  роҳ  ҷониби зодгоҳи устод Мирзо Турсунзода гирифтем. Чунки мувофиқи маслиҳат ҷамъбасти озмун бояд дар шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав баргузор мешуд.  Раҳораҳ дохили микроавтобус  аз ашъори устод шеър мехондему бо табъи болида сафарро идома медодем. Ҳангоми расидан ба ноҳияи Шаҳринав назди пайкараи устод Мирзо Турсунзода ҷавондухтарону писарон бо сарулибоси идона ва хурсандии беканор ба пешвозамон омаданду ҷашни устодро бароямон муборакбод гуфтанд. Раиси ноҳия аз иқдоми пешгирифтаи рӯзномаи «Ҷумҳурият» арзи сипос намуда, доир ба бузургдошти Мирзо Турсунзода сухан гуфт. Сарояндагон аз ашъори шоир мехонданду мерақсиданд ва рӯҳи устод Мирзо Турсунзода дар фазои идона парвоз менамуду  як саҳнаи аҷиб пеши назар ҷилвагар мешуд. Ҳангоми расидан ба шаҳри Ҳисори бостонӣ мардумаш аз ҳамдиёри хеш бо ифтихор сухан мекарданду саҳми устодро дар  рушди фарҳангу забон ёдовар мешуданд. Шеъру достонҳои нодири шоирро қироат намуда, баракати шаҳрро аз файзи фарзонафарзандони Меҳан медонистанд. Ташкили барномаи «Шоми дӯстӣ» дар ин макон меҳмонони хориҷиро ба ваҷд оварда, аз осоиштагиву якдилии мардуми тоҷик сухан мекарданд. 
Лаҳзае, ки дар толори барҳавои шаҳри овозадори Турсунзода, сокинони зиёде ҷамъ омадаву «Мирзо Турсунзода аз мост» мегуфтанд, дарк намудам, ки муҳаббати мардуми тоҷик ба ин марди воқеан ҳалиму меҳрубон беандоза аст. Тамоми шаҳр либоси идона ба бар намуда, яке месуруду дигаре мерақсид. Ин қадар самимияту ихлос ва истиқболи гарму воқеии мардум бори дигар собит намуд, ки халқи тоҷик аз азал ба шеъру шоирӣ ва гиромӣ доштани   мардони асили худ арҷ мегузоранду номи онҳоро то абад зинда медоранд. Воқеан, устод Мирзо Турсунзода на танҳо аз шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав аст, балки ӯ аз тамоми гӯшаву канори  Тоҷикистони азиз ва, ҳатто, фарзанди тамоми дунёст, зеро оид ба зиндагӣ ва фаъолияту мероси адабии устод навиштан аз ҷониби ашхоси гуногуни  кишварҳои дунё далолат ба он мекунад. Пас аз таассуроти бардоштаам аз ин озмун ба хулосае омадам, ки зиндагиро аз бузургон бояд омӯхт. 
 
Гулнисои САЪДОНШО, 
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 29.06.2021    №: 128    Мутолиа карданд: 653
31.01.2023


ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

АЗ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ

ВАО: “Теъдоди қурбониёни ҳамлаи террористи маргталаб дар Пешовар ба 72 нафар расид”

Ҷаҳон дар як сатр

ТАҶЛИЛИ БОШУКӮҲИ САДА ДАР ХАТЛОН

НАМОЯНДАИ ШИРКАТИ CNPC ДАР ХАТЛОН

ХАТЛОН. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ҶАЛАСАИ НАЗОРАТӢ

СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ИҚТИСОДӢ. ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ФАЪОЛИЯТИ СОЗМОН НАҚШИ МУАССИР ДОРАД

27.01.2023


БМТ. ПАЁМ САРМАШҚИ ФАЪОЛИЯТ ХОҲАД БУД

25.01.2023


Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТАЪСИСИ АВВАЛИН МАРКАЗИ ҒИЗОИ МАКТАБӢ

МУЛОҚОТ БО САФИРИ ҚАЗОҚИСТОН

23.01.2023


Ҷаҳон дар як сатр

14 май дар Туркия интихоботи президентӣ баргузор мешавад

«САЪБА»

17.01.2023


САМАРАНОКИИ ФАЪОЛИЯТ ВА ШАФФОФИЯТ

Мулоқоти Имангали Тасмагамбетов бо Сергей Поспелов

Игор Черевченко – сармураббии “Истиқлол”

16.01.2023


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024

13.01.2023


ШАМЪИ ХОТИРА

11.01.2023


Муроҷиатномаи Раиси шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт

Санаи муҳорибаи аввалини Нурулло дар UFC аниқ шуд

ХОРУҒ. ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНА

10.01.2023


БА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ СИМКОРТҲО МУҲЛАТИ КАМ МОНД

ҲИСОР. ДАР АРАФАИ СОЛИ НАВ 217 СОКИНИ ШАҲР СОҲИБИ ЗАМИН ШУД

ДБССТ. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ВУ-СЪАТИ ТОЗА МЕГИРАНД

Пешниҳоди Александр Лукашенко

Ҷаҳон дар як сатр

ҶИУ-ҶИТСУ

Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

ТЕННИС

БОХТАР. ҒОЛИБОНИ ОЗМУНҲО ҚАДР ШУДАНД

ФАЙЗОБОД. ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ

09.01.2023


ХОРУҒ. БО ДАСТУРИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР МАҲАЛЛАИ ТИРЧИД КӮДАКИСТОН СОХТА МЕШАВАД

03.01.2023


«ВЗЛЁТ ПЕРЕД ЗАКАТОМ»


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед